Вазорати олӣ ва таълими миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон донишгоҳи давлатии фарғона факултаи филологӣ



Download 38,74 Kb.
bet7/10
Sana23.02.2022
Hajmi38,74 Kb.
#147868
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10
Bog'liq
морфология

Сохти калима ва шаклҳои он. Ба назардошти таркиби сарфии калима сохти калимаҳо муайян карда мешавад. Калимаҳо аз ҷиҳати сохт содда, сохта, мураккаб ва таркибӣ мешаванд. Ин ҷо гуфтан ҷоиз аст, ки дар натиҷаи инкишофи таърихи тўлониро аз сар гузаронидани забони тоҷикӣ дар баъзе калимаҳо вандҳо бо решаи калимаҳо яклухт шуда, шакли як калимаи ба ҳиссаҳо ҷудонашавандаро гирифтаанд, ки ҳоло созаҳои маънодор ва ёридиҳандаи ин гуна калимаҳоро ҷудо кардан мумкин намегардад. Ин буд, калимаҳои мазкур дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун калимаҳои рехта арзи вуҷуд намудаанд.
Калимаҳои реша аз калимаҳои решагӣ ва сохта то андозае фарҳ мекунанд. Ин гуна калимаҳо дар ваҳти корбастшавиашон ҳамчун калимаи сохта ва ё мураккаб сурат гирифта буданд, вале ҳангоми дар таърихи инкишофи тўлонӣ ба ҳодисаҳои гуногун дучор шудани забон мувофиҳи ҳоидаву ҳонунҳои он маъно ё ки таркиби овозии онҳо тағйир ёфта шаклан соддатар шудаанд.
Рехташавӣ ё худ соддашавии калимаҳои реша асосан дар ҳолатҳои зерин ба амал меояд: а) дар ҳолати барҳам хўрдани созаҳо; б) дар ваҳти тағйир ёфтани таркиби овозии калимаҳо; в) дар ҳолати барҳам хўрдани калимаҳое, ки ҳамин гуна соза доранд. Дар як ваҳт дар як калима ба вуҳўъ омадани ин ҳодисаҳо эҳтимол дорад. Вале, аксар ваҳт яке аз онҳо боиси рехташавии калимаҳои сохта ва мураккаб мегардад. Ба ин маънӣ калимаҳои фарҳанг, гиребон, зимистон, тобистон, дуредгар, челонгар, деҳҳон, шўрбо, хокистар, гўсфанд, зиндон, бегона, шапалак, андохтан, пазируфтан, пайвастан, офтоб, сорбон, ҳомун, дашном, барзгар ва монанди инҳо ба гурўҳи калимаи рехта мансубанд.
Ба сохта будани баъзеи ин калимаҳо пасвандҳои таркибиашон гувоҳӣ медиҳанд, вале барҳам хўрдани маънои луғавии решаи калима имконият медиҳад, ки инҳо имрўз ҳамчун калима ба ҳисоб гирифта шаванд. Ба ин навъи калимаҳои рехта воҳидҳои луғавии «зимистон», «барзгар», «дуредгар» ва «сорбон»-ро дохил кардан мумкин аст. Ба ин навъ калимаи «барзгар» рехта аст. Решаи ин калима «барз» буда, -гар пасванд аст.
Дар калимаи «гиребон» тағйироти маъноӣ ва ҳам тағйироти овозӣ ба амал омадааст. Ин калима дар забони паҳлавӣ дар шакли «гривбан» омадааст. Ҷузъи авали ин калима –грив дар Авесто дар шакли «грива», дар забони паҳлавӣ дар шакли «грив» дучор мешавад, ки маънои луғавии он «гардан» аст. Ҷузъи дуюми калимаи «гиребон» -бон аз решаи феълии «па»- нигоҳ доштан, посбонӣ кардан, поидан, ки сифати феълиаш «бан»-бон аст, аз ҷузъи дуюми калимаи мураккаб ба пасванд гузаштааст. Пас, маънои таркибии ин калима гардондан аст.
На танҳо калимаҳои сохта, балки як миҳдор калимаҳои аслан мураккаб ҳам дар натиҷаи барҳам хўрдани маънои ҷузъҳояшон ба калимаҳои рехта дохил мешаванд, чунки ҷузъҳои онҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик таҳсимнашавандаанд. Ин гуна калимаҳоро ба ду гурўҳ ҷудо кардан мўмкин аст:

  1. Калимаҳои аслан мураккабе, ки дар натиҷаи барҳам хўрдани маънои яке аз ҷузъҳояшон ба шумораи калимаҳои рехта дохил шудаанд. Масъалан, ҷузъи дуюми калимаҳои аслан мураккаби «хокистар» ва «шўрбо» (-истар, -бо) ҳоло ҳеҷ гуна маънои луғавӣ надорад. Ин ҳиссаҳоро пасванд ҳам гуфтан мумкин нест, чунки онҳо дар ягон давраи инкишофи забон ҳамчун пасванди калимасоз истифода нашудаанд.

  2. Калимаҳои аслан мураккабе, ки маънои ҳар ду ҷузъҳояшон ҳам барҳам хўрда танҳо маънои таркибии онҳо боҳӣ мондааст. Чунончи, калимаи «гўсфанд» аз ду ҷузъ: гўв-(гов) ва –сфанд// спанд иборат аст. Ҷузъи якуми ин калима гў-(гов) маънои ҳайвони судмандро дорад, -спанд бошад ба маънои «пок». «муҳаддас» истифода шудааст. Аз маънои ҷузъҳо бармеояд, ки маънои таркибии калимаи «гўсфанд» ҷонвори пок, ҷонвори муҳаддас мебошад.

Монанди ҳамин калимаҳои «андохтан», «пазируфтан», «пайвастан»,ки таърихан бо пешвандҳои ан-, паз-, пай- сохта шудаанд, аз сабаби дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун созаи ёридиҳанда вуҷуд надоштани пешвандҳои мазкур феълҳои «андохтан», «пазируфтан», «пайвастан» ба калимаҳои рехта дохил мешаванд ва дар шумори феълҳо мебошанд.
1. Калимаҳои содда. Калимаҳое, ки танҳо аз як реша ё ки асоси аслӣ иборатанд, калимаҳои содда мебошанд. Ба гурўҳи калимаҳои содда калимаҳои решагӣ дохил мешаванд: об, даст, ҳаво, хок, нок, санг, гул, хор, чўб, сар, дил, гўш, сабз, талх, шаш, нўҳ, даҳ, ман, ту, шумо, дер, зуд, рав, гуфт ва монанди инҳо. Зиёда аз ин, калимаҳои решагие, ки шарҳашон дар боло гузашт, ба калимаҳои содда мансубанд.
2. Калимаҳои сохта. Калимае, ки тавассути созаҳои ёридиҳанда (пешванду пасванд) аз калимаи решагӣ сохта шудааст, калимаи сохта номида мешавад. Калимаҳои сохта асосан аз созаҳои зерин иборатанд:
А) аз пешванд ва реша: ҳам+роҳ, бе+раҳм, бо+одоб, но+тарс, бар+кашид, дар+омад, боз+гашт…
Б) аз решав а пасванд: кор+гар, боғ+бон, санг+ин, мард+она, як+ум, ду+юмин, сабз+ид, хез+он, хон+иш, гул+зор, даст+ӣ, ҳунар+манд…
В) аз пешванд, реша ва пасванд: ҳам+роҳ+ӣ, но+дон+ӣ, бе+раҳм+она, бо+адаб+она, бе+ҳаё+ёна, ҳам+кор+ӣ, бар+камол+ӣ, но+умед+ӣ…
3.Калимаҳои мураккаб. Калимаҳое, ки аз ду ва ё зиёда реша сохта шудаанд, калимаҳои мураккаб номида мешавад: санг+пушт, модар+арўс, чой+хона, сар+тарош+хона, дил+рабо, гул+даст, дил+танг, чор+даҳ, як+чанд…
4. Калимаҳои таркибӣ. Калимаҳое, ки аз ду ва ё зиёда калимаҳо барои ифодаи як мафҳум таркиб ёфтааст, калимаҳои таркибӣ ном дорад: ҷумҳурии Ўзбекистон, хавфу хатарнок, пушту паноҳдор, бисту як, ҳазору чорсаду се, ҳар кӣ , ҳеҷ кас, ҳамин ҳадар, сиҳат шудан, тамошо кардан..., моддиву маънавӣ, илмиву техникӣ, маданиву равшаннамоӣ…

Download 38,74 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish