Услуби публисистӣ.
Ин услуб махсуси хабарнигорону журналистон аст. Ин услуб ба иттилоот ва хабаррасонӣ сару кор дорад, иттилоъ ва хабарҳо дар мавзӯоти гуногуни дархӯри ҷомеа, чи иҷтимоӣ, чи сиёсӣ, чи иқтисодиву тиҷоратӣ, чи низомиву ҳарбӣ, чи илмиву фарҳангӣ, чи варзишиву тандурустӣ, чи … Чи навигарӣ ва навгоние, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа рух медиҳанд, аз тариқи услуби публисистӣ паҳн ва интишор мегарданд. Аз ҳамин ҷиҳат, хусусиятҳои асосии ин услуб, паҳн намудан ва интишори ахбору иттилооти гуногунмавзӯъ ва гуногунмазмун дар ҷомеа аст. Пешбарандагони ин услуб мухбирон, яъне хабарнигорон ва журналистон мебошанд. Васоити пешбарандаи ин услуб, телевизион, радио, шабакаи интернет, рӯзнома, ҳафтанома, ҳафтавор, моҳнома, маҷалла, журнал ва ҳар чизе ки қобили интишор ва хабаррасонӣ ба ҷомеа аст, мебошанд. Ин услуб ҷавонтарин услуб дар забони тоҷикӣ мебошад. Таърихи пайдоиши ин услуб ба таърихи мавҷудияти аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ бо номи “Бухорои Шариф”, “Овози тоҷик”, ки бо ибтикори устод Айнӣ ва ҳаммаслакони ӯ интишор мешуданд, сахт алоқаманд аст.
Рӯзноманигорӣ, журналистика (франс. journal – рӯзнома, jor – рӯз; асоси лот. diuria – рӯзбайъ) – ниҳоди махсуси иҷтимоӣ, сиёсӣ ва эҷодие, ки вазифаи асосиаш ҷамъ овардан, омода кардан ва пахши ахбори иҷтимоӣ тавассути воситаҳои ахбори омма (матбуот, радио, ТВ, интернет, кино ва ғайра) аст. Зери мафҳуми Журналистика ҳамчунин маҷмӯи фаъолияти ҳамаи субъектҳои ин соҳа – касбҳои гуногун, фанҳои илмиро низ мефаҳманд.
Таърих
Журналистика, аслан бо пайдоиши матбуот ба вуҷуд омадааст, аммо то ба вуҷуд омадани нашрияҳо иттилоърасонӣ дар шакли ҷорчигӣ, қаландарӣ ва воизӣ вуҷуд дошт. Ин шаклҳои журналистикаи «тожурналистӣ» ҳануз дар Юнон ва Рими қадим маъмул буд. Ихтирои дастгоҳи чопӣ, ки аз ҷониби Э. Гутенберг ба амал омад, боиси ташаккули иртиботи оммавии хаттӣ, интишори нашрияҳо ва чопи китоб гардид, ки дар ташаккули журналистика ҳамчун омили муҳим замина гузоштанд. Аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи Аврупо (Олмон-1609, Англия-1622, Франсия-1631) ба вуҷуд омадаанд. Ин нашрияҳо бештар равияи илмӣ доштанд ва дар онҳо имкониятҳои матбуоти даврӣ, минҷумла иттилоърасонӣ ва тарғиб дар сатҳи паст қарор дошт. Инқилоби буржуазии Аврупо ба инкишофи сифативу миқдории Ж. такон бахшид. Дар журналистика муносибатҳои бозорӣ ба вуҷуд омад, ки ба дигаргун шудани нақш ва мавқеи журналистика дар ҷомеа мусоидат кард. Дар журналистикаи Ғарб мавқеи фаъоли иҷтимоӣ ва озодии сухан хусусияти хос гардид. Дар Русия аввалин рӯзнома «Ведомости» аст, ки соли 1702 бо дастгирии Пётри 1 таъсис шудааст. Махсусияти журналистикаи русро дар асрҳои 19-20 маҷаллаҳои адабии ғафс («Отечественные записки», «Современник», «Новый мир», «Звезда», «Дружба народов»), ташкил медиҳанд, ки ҳамчун минбари ҷамъиятӣ барои музокираи масъалаҳои мубрами сиёсиву иҷтимоӣ истифода мешуданд. Нависандагону шоирони рус ҳам журналист ва ҳам муҳаррирони ин нашрияҳо буданд (Н.М. Карамзин, А. С. Пушкин, Н.А. Некрасов, М.Е. Салтиков-Щедрин, Ф.М. Достоевский, А.П. Чехов, М. Горкий). Дар муқоиса ба Ғарб журналистикаи рус зери фишори маҳдудиятҳои сензуравӣ ташаккул ёфтааст.
Do'stlaringiz bilan baham: |