Услуби публисистӣ



Download 34,5 Kb.
bet3/4
Sana24.02.2022
Hajmi34,5 Kb.
#199428
1   2   3   4
Bog'liq
Услуби публисистӣ

Журналистикаи тоҷик
Дар пайдоиши журналистикаи тоҷик се омил: матбуоти тофорсӣ, матбуоти умумифорсӣ ва матбуоти Туркистон замина гузоштааст. Дар таъсири ин омилҳо нахустрӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» соли 1912 дар шаҳраки Когон (наздикии Бухоро) ба табъ расид. Баъд аз ин рӯзномаи «Самарқанд» (1913) ва маҷаллаи «Оина» (1913-1915) интишор гардиданд. Дар оғоз журналистикаи тоҷик хусусияти маорифпарварона дошт, зеро бо дастгирии маорифпарварону таҷаддудхоҳон ба вуҷуд омада, ислоҳоти мактубу маорифро пайгирӣ мекард. Рушди илму техника боиси инкишофи шаклҳои гуногуни журналистика гардид. Дар солҳои 1920 журналистикаи суратгирӣ, дар солҳои 1930 журналистикаи радио, дар солҳои 1950-1960 журналистикаи телевизион ва дар ибтидои асри XXI журналистикаи чандрасонӣ ба вуҷуд омад.
Ҷараёни инкишофи журналистикаи тоҷикро ба се марҳилаи асосӣ: тоинқилобӣ, замони шӯравӣ ва давраи истиқлол ҷудо мекунанд, ки ҳар кадом хусусияти хос дорад. Ба давраи аввал хусусиву тиҷоратӣ, дуюм ҳизбӣ ва сеюм низоми гуногун хос аст. Журналистика якчанд вазифаро иҷро мекунад, аммо муҳимтарини он иттилоърасонӣ аст. Дар ҷомеаи муосир иттилоот ба мол табдил ёфтааст, ки манфиатҷӯйӣ аз журналистикаро зиёд мекунад («Ҳар ки иттилоот дорад, ҷаҳонро идора мекунад»). Дар замони шӯравӣ вазифаи асосӣ тарғибу ташвиқ буд ва журналистика ҳамчун воситаи таъсири идеологӣ амал мекард. Баъзан бо назардошти вазифаҳои идорӣ ва ташкилӣ журналистикаро «ҳокимияти чорум» меноманд. Журналистика ҳамчунин вазифаҳои иртиботӣ, фарҳангӣ, рекламвӣ ва реакритивиро иҷро мекунад. Яке аз шартҳои мавҷудияти журналистика дар ҷомеа озодии матбуот аст. Ин шарт аз ҷониби Ҷ. Милтон дар асоси фаҳмиши принсипҳои идеалистии озодии сухан ба вуҷуд омада, дар заминаи он илми журналистикаи буржуазӣ инкишоф ёфтааст. Журналистикаи муосири тоҷик ба модаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон («Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода мешавад») такя мекунад. ВАО-и озод танҳо дар ҷомеаи демократӣ буда метавонад, дар навбати худ озодии матбуот нишондоди сатҳи демократия аст. Дар шароити демократия журналистика манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиро ба тарзи гуногун баён мекунад. Журналистикаи озод имкон медиҳад, ки масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ ва миллидошта, ошкоро мавриди музокира қарор гиранд, ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ дар кори давлат иштирок намоянд, сензура аз байн равад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон расман сензура вуҷуд надорад. Давлат барои мавҷудияти журналистика асосҳои қонунгузориро таъмин намудааст. Дар Тоҷикистон соҳаи журналистика ва ВАО-ро Конститутсияи ҶТ, қонунҳои ҶТ («Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (1990, 2013), «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (1996), Дар бораи иттилоот» (2002), «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (1998), «Дар бораи сирри давлатӣ» (2002), «Дар бораи реклама» (2003) ва ғ. ба танзим медароранд. Фаъолияти журналистикаро ҳамчунин этикаи касбӣ ба танзим медарорад. Санадҳои байналхалқии этикаи касбии гуногун: (мас. «Принсипҳои байналхалқии этикаи касбии журналист», 1983), кодексҳои кишварҳои алоҳида (мас. «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» (2009), меъёрҳои касбии ширкатҳои расонаӣ, идораи нашрияҳо ва ғ. мавҷуданд. Иттиҳодияҳои касбию журналистӣ ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоие низ мавҷуданд, ки риояи этикаи журналистиро пайгирӣ мекунанд. Мас., дар ИМА аз «омбудсменҳо» (мунаққидони нашрияҳо, ки арзу шикояти мардумро аввал омӯхта, баъд интишор мекунанд) истифода мебаранд.


Download 34,5 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish