Жанрҳои рӯзноманигорӣ
Жанр дар рӯзноманигорӣ – намуди маводи публитсистӣ, шакли ташкил ва инъикоси воқеият, ки маҷмӯи аломатҳои сохториву композитсиониро фарогир аст. Дар журналистика баъзе онро шаклҳои муайяни инъикоси воқеият тавсиф намоянд, гурӯҳи дигар тартиби маънавии нисбатан устуворро омили асосии ташкили жанр меҳисобанд. Шаклҳои гуногун ва мухталифи инъикоси воқеа, ҳолату рӯйдод, ҷараён ва вазъият, ки аз ҷиҳати аломат, хусусият ва сохт унсурҳои умумӣ, такроршаванда ва хоса доранд, жанр номида мешавад. Дар назарияи журналистикаи муосир чун қоида ба сифати аломатҳои асосии жанрсоз предмети инъикос, мақсади инъикос ва усули инъикос низ шинохта мешавад. Ин омилҳо дар ҷараёни ташкили жанр низ беаҳамият нестанд. Ҳар гуна зуҳуроти табиӣ ва иҷтимоӣ, ки барои инсон аҳамият дорад, метавонад предмети инъикос қарор гирад. Аммо танҳо предмети инъикос омили жанрсоз буда наметавонад. Дар инъикоси предмет муносибати муаллиф нақши муҳимро иҷро мекунад. Муносибати муаллиф ба предмети инъикос боиси рангорангии жанрҳо ва муайян шудани мушаххасоти онҳо мегардад. Жанр табиати худро дорад, ки таркиби онро категорияҳои гуногун: таърихӣ, шакли махсуси ташкили мавод, типологӣ, гносеологӣ, мифологӣ, аксеологӣ ва эҷодию созмондиҳӣ ташкил медиҳанд. Жанр тартиби шаклӣ ва маънавии нисбатан устувори ташкили асар аст, ки мундариҷаи он ба тарзи муносибат ба воқеият ва дараҷаи маърифати эҷодкор вобаста мебошад. Ҳар як жанр хусусият ва аломатҳои характерноки худро дорад. Жанрҳо, пеш аз ҳама, бо хислати объекти инъикосшаванда фарқ мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо объекти публитсистикаро фактҳо, воқеияти иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Дар хабар факт инъикос мешавад. Дар мухбирнома, репортаж, ҳисобот, очерк ва ғ. сухан бевосита дар бораи ҳодисаҳои зиндагӣ меравад. Дар ҳолати дигар (масалан, дар навиштани тақриз, баъзан табсира) муаллиф ба тавзеҳи воқеият сару кор мегирад.
Жанрҳои журналистикаро бо назардошти хусусиятҳои умумӣ, усулҳои инъикос ва муносибати муаллиф ба воқеият ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:
1) жанрҳои хабарӣ (хабар, ҳисобот, мусоҳиба ва репортаж), ки мақсади асосиашон доир ба воқеаву рӯйдоди нав ба таври фаврӣ дарак додан мебошад;
2) жанрҳои таҳлилӣ (мухбирнома, табсира, мақола, нигориш, тақриз, хулосаи матбуот, мактуб, таҳқиқи журналистӣ ва ғайра). Дар ин гурӯҳи жанрҳо ҳадафи асосӣ баёни фикр буда, факту рақам дар онҳо нақши собитсозиро мебозанд;
3) жанрҳои публитсистӣ-бадеӣ (лавҳа, очерк, фелетон, памфлет, пародия, луқма, эпиграмма, шарж), ки дар онҳо воқеаҳои ҳаётӣ дар қолаби бадеӣ, вале типнашуда тасвир меёбанд.
Дар журналистикаи муосир аксари жанрҳо вазифа ва хусусияташонро тағйир додаанд. Мусоҳиба бештар барои таҳлили оммавии масъалаҳои иҷтимоӣ истифода мешавад. Репортаж хусусияти нақлӣ пайдо карда, бештар воқеаҳои тазодро фаро мегирад. Фелетон ҳамчун баёнгари ҳуқуқвайрокунии инсонҳо истифода мешавад. Дар ВАО-и имрӯз, хоса матбуот, нигоштаҳое ба назар мерасанд, ки хусусияти омехта доранд. Баъзе муҳаққиқон чунин нигоштаҳоро ба сифати жанри алоҳида (назарпурсӣ, саволу ҷавоб, мониторинг, рейтинг, версия, вокуниш ва ғайра) шинохтаанд.
Do'stlaringiz bilan baham: |