Фаҳмиши адабиётшиносии услуби эҷодӣ. Фарқи он аз фаҳмиши забоншиносии ин истилоҳ



Download 22,12 Kb.
Sana21.02.2022
Hajmi22,12 Kb.
#34239
Bog'liq
УСЛУБИ ЭҶОДӢ


УСЛУБИ ЭҶОДӢ
Нақша:

  1. Фаҳмиши адабиётшиносии услуби эҷодӣ.

  2. Фарқи он аз фаҳмиши забоншиносии ин истилоҳ.

  3. Доира ва ҳудуди унсурҳои услуб.

Услуб ҳамчун махсусияти эҷодии адиб ё гурўҳи суханварон ва шакли муайяни тасвири онҳо.


Услуби эҷодӣ ҳамчун ифодаи фардӣ – конкретии тарзи асарофарӣ. Зоҳир гардидани услуби эҷодӣ дар мавзўъ, ғоя, сужет, образҳо, забон, устухонбандӣ ва ғайра.
Заминаи субъективӣ ва объективии ташаккул ва таҳаввули услуб.
Услуб ва сабк. Се сабки маъмули адабиёти асримиёнагии тоҷику форс: сабки хуросонӣ, сабки ироқӣ ва сабки ҳиндӣ.
Вобастагии камолоту ғановатмандии адабиётҳои миллӣ бо камолоти услубҳои фардӣ. Мусоҳиба оиди ин нуқтаи назар.
Услуби эчодй аз калимаи арабй гирифта шуда, тартиб ташкил мебошад. Ҳар як нависанда аз чиҳати савия, интихоби мавзўъ, нигориш, тарзи тасвир ва хаёлот, офариниши образу характер, корбасти санъатҳои сухан дорои хусусиятҳои худро дорад, ки он услуби фардии эчодии адиб номида мешавад. Дар ҳаққи услуб сифатҳои гуногун равон, покиза, баланд, барчаста, обдор, носуфта, дурушт, кўҳна, нав ба кор мебаранд. Услуб муродифоти дигар ҳам дорад, онро ба чои шева, тарз тариқ, равия, мазҳаб ба кор мефармояд.
Сабкро як қисми услуб ҳам номидаанд. Тарзҳои мухталифи истифодаи воситаҳои бадеӣ, образ, забон ва баён, сабкҳои гуногунро дар эҷодиёти адибон ба вуҷуд меорад. (Бояд гуфт, ки дар адабиётшиносии форсӣ сабку услуб моҳиятан ягонаанд) мувофиқи он таърифе, ки ба сабк нисбат дода мешавад, ин аст: сабк дар асоси омилҳое чун ҷаҳонбинии фардӣ, заминаи тарбиятӣ, муҳити иҷтимоӣ, давраи таърихӣ шакл мегирад. Ин таърифро метавон ба услуб ҳам нисбат дод. Маълум мешавад, ки услуб моҳиятан мафҳуми васеъ аст. Ба қавли адабиётшиноси маъруфи тоҷик Х.Мирзозода «услуб танҳо масъалаи шакл не, ҳам мазмун, ҳам ғояҳо, ҳам сабки суханронӣ, ҳам санъатҳои адабӣ фаҳмида мешавад».(159) баъзе аз муҳаққиқон (Лотман) «услуб-худи эҷодкор аст», мегўянд, яъне аз тарзи корбасти тасвиру образҳо, талқини мазмун ва ғоя, тарзи баён мо дар бораи муаллифи асар маълумот мегирем.
Услуби эчодй - он тафрикаи хоссае, ки нависанда хангоми интихоби мавзуъ ва халли он, тачассуми гояву мазмун, сохтани сужету банду басти асари бадей, офариниши образу характер, корбасти жанру метод, истифодаи забон ва санъатхои бадей ва амсоли инхо аз худ зохир менамояд, услуби фардии эчодии адиб номида мешавад. Доираи масъалахои услуб васеъ мебошад. Чунончи, хангоме, ки сухани услуб пеш меояд, шеваи нигориши муаллифе дар назар дошта мешавад. Услуб он чизест, ки нависандаро аз нависандаи дигар чудо месозад. Барои мисол портрета персонажро гирем. Яке ба он эътибори багоят зиёд медихад, дигаре камтар, яке онро якбора мекашад, дигаре кисм-кисм нишон медихад, яке онро аз забони персонажи дигар ба калам дихад, дигаре онро худаш мекашад ва г.
Дар хаққи услуб одатан сифатхои гуногун - равон, покиза, барчаста, обдор, носуфта, кухна ва г. истифода мебаранд. Чигунагии услуби эчодй ба ду чанба: объективи ва субъективй вобаста мебошад. Равиши умумии услубро чигунагии сохти чомеа, ходисаю масъалахои мухими хаётй, завку афкори ахли чамъият ва гайра муайян менамоянд, чунки нависандаи парвардаи онхоянд. Масалан меъёри услуби эчодии Рудакию Анварй фарки чиддие дорад, ки сабабгори он мухити объективии адибон аст. Чанбаи субъективии услуби адибон ин чахонбинй, дониш, завку малака ва истеъдоду лаёкати нависандагии онон аст, ки дар давру шароитхои гуногун ба тарзхои ба худ хос ифода мешаванд.
Услуб муродифоти дигар хам дорад, онро ба чои шева. тарз, тарик, сабк, равия, мазхдб низ кор мефармоянд, ки хамаи онхо дар адабиётшиносии асримиёнагй вомехуранд. Хоконии Шервонй гуфтааст:
Хаст тарики гариб назми ман аз расму сон,
Хаст шиори бадеъ шеъри ман аз пуду тор.
Хоконй медонист, услуби равшани фардй дорад, бинобар ин “тарики гариб”-ро ба зикр овардааст. У хамин маъниро такрор хам кардааст:
Тарзи гариби ман аст накши хирадро тироз,
Шеъри бадеъи ман аст шурби суханро шиор.
Худи хамин суханвар истилохи шеваро низ ба маънои услуб истифода намудааст(“ шева”ро бо калимаи “тоза” бакор бурдааст):
Подшохи назму насрам дар Хуросону Ирок,
К - ахли донишро зи хар лафз имтих он овардаам.
Мунсифон устод донандам, ки дар маъниву лафз,
Шеваи тоза, на расмй бостон, овардаам. (Хоконй)
Дар катори муродифхои номбурда гохе “сабк”-ро хам дучор омадан мумкин аст. Хамон навъе, ки суханшиноси дакикназар Мухаммадчаъфари Махчуб тадкики кардааст, истилохи сабкро бори аввал нигорандаи “Аш-шеър_в-аш-шуаро” Кутайбаи Дина вари сабт намудааст. У дар мукаддимаи китоб(чопи Лайдан, 1902 с. 9) гуфтааст: “Шеърро нек биёзмудам ва онро бар чахор гуна ёфтам: навъе аз он дорой лафзе зебо ва маъоние дилкаш аст, навъе дигар аст, ки лафзе зебову ширин дорад, аммо агар жарф дар он дарнигарй, дар маънии он фоидате нахохи ёфт ва йй навъ аз шеър бисёр аст; кисмате дигар аз он дорои маънии накуст, аммо лафзхои он кутоху норасост.. . . Ин шеър бо он ки дорой маънй ва сабке накуст, обуравгани он кам аст”.
Дар хамин маврид чунин мулоҳиза пеш меояд, ки миёни истилоҳоти услуб ва сабк фарқе гузоштан, доираи аввалиро маҳдуд, ва ба маънии хусусиятҳои хоссаи фардии адиб қабул кардан ва доираи дуюмиро васеътар ба маънии ҷиҳатҳои муштараки услубии гурӯҳи суханварон донистан авло мебошад. Мавҷудияти сабкхои таърихии хуросонй, ирокй ва хиндй хамин андешаро кувват медиханд:
Бояд гуфт, ки дар дохили як мактаби адабӣ баробари монандӣ ва ҳамоҳангиҳо дар ақидаву ғояҳо, масъалаҳои услубӣ метавонад гоҳо тафовут дар сабку услуб низ ҷой дошта бошад. Дар муайн кардани сабку услуб ҷиҳатҳои муштараки осори гурўҳе аз адибон ба инобат гирифта мешавад. Услуб фардӣ ва умумӣ низ ҳаст. Сабк бар мактаб бартарият дорад, ба ин далел, ки ҳар эҷодкор метавонад соҳиби сабки хоса буда, ба мактабе тааллуқ надошта бошад, аммо ҳар як соҳибмактаб ногузир ба сабке соҳиб аст. Дар таърихи адабиёт сабкро вобаста ба замон ва макони таърихӣ ба намудҳо ҷудо намудаанд:
САБК - (ар. гудохтани нуқтаву зар) – қисме аз услуби баён, истифодаи воситаҳои тасвири забон ва хусусиятҳои забони нависанда дар асари ў сабк аст. Дар назми мумтоз се сабкро қайд кардаанд.
САБКИ ХУРОСОНЙ – ин сабк дар асрҳои 1Х-Х дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ба вуҷуд омада, дар асри Х1 ҳамчун анъана давом кард. Устодони ин сабк Рўдакй, Фирдавсй, Дақиқй, Унсурй, Фаррухй дида мешавад. Хусусияти ба назар намоёни ин сабк, ки дар заминаи забони миллии халқ ба майдон омада буд, соддагии забон, ифода, баён, образҳо ва реалистона будани тасвирҳост. Пайравони ин сабк ба забони халқ такя намуда, аз кор фармудани калимаҳои арабй ҳаддал имкон худдорй мекарданд.
САБКИ ИРОҚЙ – ин сабк дар ғарбу ҷанубии Эрон, ки Ироқи форс ҳам мегуфтанд, аз асри Х1 арзи вуҷуд карда, то асри Х1У дар авҷи тараққй буд. Хусусияти ин сабк зиёд будани калимаҳои арабй, чй дар шеъру чй дар наср буда, калимаву ибораҳои халқии тоҷикй камтар шуда, ҷои худро ба арабй додааст. Аз ин рў, санъатҳои шеърй то рафт муғлақтар ва душворфаҳм шудааст. Истилоҳоти илмй аз қабили фалсафа, нуҷум, риёзиёт, ҳайёт ва ғайра, ки ба хонандаи васеъ фаҳмо нест, дар назм ҷой гирифта, мафҳумҳо ва образҳоро торик кардааст. Илова бар ин , истилоҳоти сўфиёна таъсири зиёде пайдо карда, низ мазмуну мундариҷаи шеърҳоро душворфаҳм намудааст. Дар ин сабк барои душворнависй як навъ мусобиқа мекарданд. Душворнависиро ҳунар медонистанд, фаҳмидани шахси шунаванда ва хонанда шарт набуд. Шояд як сабаби пайдоиши ин сабк дар он бошад, ки ҳокимони мамлакат, ки ҳукронҳои турк буданду забонро намедонистанд, шеърҳои махсусан мадҳияе, ки ба султонҳо бахшида мешуд, аҳамияте надошт, ки фаҳмида шавад. Бинобар ин барои душворнависй кўшиш менамуданд, ки ҳатто фаҳмидани шоир ҳам душвор бошад. Дар ин сабк Амъақи Бухорой, Бадри Чочй, Анварй, Заҳири Фарёбй, Хоқонй ва дигарон мавқеи намоён доранд.
САБКИ ҲИНДЙ – ин сабк аз асри Х1У-ХУ аз шеърҳои Амир Хусрави Деҳлавй дар Ҳиндустон оғоз ёфта, то охири асри Х1Х, ҳатто ибтидои асри ХХ давом ёфтааст. Махсусан дар асрҳои ХУ11-ХУ111 дар авҷ буд. Намояндаи барҷастаи ин сабк Мирзо Абдулқодири Бедил аст. Услуби ўро, ки пайравони зиёде дошт, сабки бедилй меномиданд.
Хусусияти услубии ин сабк он аст, ки калимаву ибораҳо соддаву осон бошад ҳам, мафҳумҳо торику муғлақанд, зеро афкори фалсафй, илмй, иҷтимой бо истиораву маҷози душворфаҳм чунон вазнин карда шудааст, ки фаҳмид ани мақсади шоир душвор аст. Дар адабиёти маорифпарварй, ки рў ба халқ оварда буду халқ услуби бедилии онро намефаҳманд, бозгаштан аз ин сабк оғоз ёфт:
Сухан ба парда задам солҳо басе, Аҷзй,
Касе ба сирри дили манн нагашт маҳрами роз.
САҲЛИ МУМТАНЕЪ - (ар.саҳл – осон, мумтанеъ - номумкин) – шеъре, ки дорои мазмуни оливу амиқ, вале шакли сода ва равон дошта бошад. Дар асрҳои Х-Х1 кўшиш мекарданд, ки услуби шеъри шоир саҳли мумтанеъ бошад. Саҳли мумтанеъ барои он номанд, ки зоҳиран дар хондан хеле оддй ва сода намояд ҳам, ҳар кас ин тавр дар маънй амиқ ва дар шакл шеъри сода гуфта наметавонад. Масалан, ба шеъри «Бўи ҷўи Мўлиён» бисёриҳо тақлид кардаанд. Вале муяссар нашуданд. Сардафтари шеъри саҳли мумтанеъ устод Рўдакй аст.
МАКТАБИ АДАБӢ ВА МОҲИЯТИ ОН
Таърифи мактаби адабӣ.
Фарқи он аз истилоҳоти муҳити адабӣ, доираи адабӣ, ҳавзаи адабӣ.
Ба соҳибмактаб алоқаманд будани мактаби адабӣ.
Мактаби адабии Ҷомӣ ва Навоӣ дар Ҳироти асри ХУ.
Ба ҳодисаҳои азимтарини иҷтимоии замон вобаста будани пайдоиш ва ташаккули мактаби адабӣ. Дар дохили мактаби адабӣ имкон доштани мавҷудияти сабкҳои гуногуни эҷодӣ ва услубии фардӣ. Хусусияти куллию муштаракии мактаби адабӣ ва хусусияти ҷузъию фардии услуби эҷодӣ.
Асоси предмети тасвири адабиёту санъатро хакикати зиндагй ташкил мекунад. Хастй бо роҳу равишхои гуногун, марому матлабхои мухталиф ва сифату рангуборхои хархела либоси бадей дарбар мекунад. Услуб, мактаб, чараён ва методи эчодй барин мафхумхои мухими назарй бевосита ва ё бавосита бо хакикати вокей алокаманд мебошанд, ки дар ин фасл ин масъалахоро алохида алохида баррасй намудан шарт ва зарур аст.
Мактаби адабй - иттиҳод ва чамъомади нависандагон дар як услуби эчодй мебошад. Масалан доираи адабии Ҳирот дар асрҳои XV сарвари он А.Чомй. Пайдоиши мактаб ҳамеша ба адиби забардасте вобаста мебошад, ки ба туфайли зеҳни тез ва чаҳонбинии бурро дошта, масъалаҳои муҳими замонро ба тезй пай барад. Дар ин сурат адибони забардаст пайравони худро пайдо мекунад. Ана ҳамин адибони пайрав бо мурури замон мактаби адабии адиберо ба вучуд меоваранд.
Мувофиқи маълумоте, ки дар фарҳангҳои хориҷӣ, аз ҷумла вожаномаи адабии Симо Дод оварда мешавад, мактаби адабӣ ҳамон аст, ки гурўҳи адибони услубу сабки муайян доштаро ба ҳам меорад. Агар як мактаби адабӣ доираи фаъолияташро васеъ кунад ва ҳатто ба кишварҳои дигар таъсир расонад, онро метавон наҳзат ё ҷараён номид, чунончи, романтизм, ки дар Олмон ба вуҷуд омада, ба Инглистону Фаронса ва дигар мамлакатҳои Европа роҳ ёфт. (с.447) дар адабиёти форсӣ мактаби адабии Ҳирот, мактаби вуқўъ(ё восўхт), мактаби бозгашти адабӣ ё дар замони нав мактабҳои Айнӣ ва Лоиқ шўҳрат доранд. Гоҳо истилоҳи «мактаб» бо калимаи «ҳавзаи адабӣ» ҳам ном бурда мешавад.
Мактаби адабй - каробат ва иттиходи нависандагон мебошад дар масъалахои асосии услуби эчодй. Гохе мактаби адабиро бо истилохи мухити адабй, доираи адабй, хавзаи адабй, ки дар нуктаи чугрофие чамъ омадани адибонро мефахмонад, нодуруст омезиш медиханд. Ин мафхумхо дойраи васеъ доранд, зеро доираи адабй метавонад чандин мактабхои адабй дошта бошад. Масалан, доираи адабии Хирот асри ХУ илова ба мактаби адабии Абдурахмони Чомй боз чандин мактабхои адабиро дарбар мегирифт. Пайдоиши мактабхои адабй пеш аз хама ба фаъолияти адибони забардаст вобаста мебошад. Зеро равияй тараккипарварона ва пешрафтаи ин адиб дар интихоби мавзуъ, жанр, ва тарзи нигориш на танхо диккати хонандагон, инчунин ахди каламро ба худ чалб менамояд. Мактаби адабй хамеша сохибмактаб дорад. Масалан мактаби Рудакй, мактаби Абуалй ибни Сино, мактаби адабии Саъдй, мактаби адабии Чомй, мактаби адабии Хофиз, мактаби А. М. Горкий, мактаби С. Айнй, мактаби А. Лохутй ва М. Турсунзода ва г. Тачрибаи бои зиндагй ва эчодии С. Айнй дар офаридани насри реалистии точик барои хама наели иависандагони адабиёти муосир мактаби хосаи адабй шудааст.
Нависанда Абдулхамид Самадов дойр ба мактаби Айнй чунин мущохидаи дакике баён кардааст: “ устод Айнй зиндагии Талху пурошуби халк, рухияи
кахрамонхояшро такя бар пойдевори назм ва насри ривоятиамон зада, бо тамоми чузъиёташ тасвир карда тавонист, оличаноб тасвир карда тавонист! Чунки устод парвардаи харду мактаб - назм ва насри классикй буд, решай
у аз замини шеъру сухани асил гизо мегирифт, нигохи пурмехру хирадмандонааш аз офтоби гарми чехраи халки точик харорату рангхо мечуст. Акнун асархои устод Айнй барои наслхои имруза ва ояндаи насрнависони точик, бешубха, мактаби хосаи адабй хохад гашт, балки ин мактаб солхо боз дар хизмат аст”.
Дар ташаккули мактаби адабй гайр аз осори бадеии нависандаи забардасте, ки шоистаи пайравй карор гирифтааст, боз фаъолияти бевоситаи худи он адиб хам роли мухим мебозад. Масалан, Сотим Улугзода, Чалол Икромй, Рахим Чалил, Пулод Толис, Фотех Ниёзй ва дигарон, ки намояндагони мактаби адабии устод Айнй мебошанд, ба замми асархои худи устод, аз сухбату маслихатхо, тахриру мактубхои у низ бахраманд шудаанд.
Нишонаи мухимтарини мактаби Айнй дар масъалаи предмети тасвир - хакконй нишон додани хаёти токатфарсои халки точик дар дами вопасини аморати феодалии Бухоро, ташнагии вай ба озодй, чонбозихояш дар
рохи Инкилоб, кумаки аскарони сурх, шахди хаёти сотсиалистй мебошад. Хамаи шогирдони устод Айнй, ки ба таърихи маданиятамон хамчун адибони наели камсомол дохил шудаанд, ба ин принсипи устод содик мондаанд. Нишонаи дигари мактаби адабии Айнй - тарзи содаю демократй ва муассири нигориш хисоб меёбад.
Хар як аз адибони мактаби Айнй услуби фардии худро дорад, вале мактаби адабй ин услубхои фардиро ба хам муттахид менамояд, намегузорад, ки ру ба парокандагй оранд. Мактаби адабии С. Айнй имруз аз чор-панч наел
иборат аст, адибони наели камсомол, адибони солхои пас аз чанг, адибони солхои шасту хафтод, адибони солхои бозеозй, адибони даврони сохибистиклолй ва f. Дар хамаи ин мархилахо мактабхои адабии назму насри адабиёти точик анъанаи устод Айниро идома додаанд; Баъди устод С. Айнй устод С. Улугзода, Чалол Икромй, Ф. Мухаммадиев, Караматулло Мирзоев, А. Самадов, Сорбон , У. Кухзод дар наср, М. Турсунзода, М. Каноаг, Лоик Шералй, Бозор Собир дар назм хамчун сохибмактаб шинохта шудаанд. Дар
кишвари сохибистиклоли мо на танхо мактабхои адабй, инчунин чандии мактабхои илмй-адабиётшиноей, мисли мактаби адабиётшиносии С. Айнй, мактаби шаркшиносии А. Е Бертелсу А. Н. Болдирев, мактаби адабиётшиносии А. Мирзоев, мактаби адабиётшиносии Ш. Хусейнзода ва мактаби адабиётшиносии X. Мирзозода фаъолият кардаанд ва ин мактабхои илмй-адабиётшиноей имрузхо низ идома доранд.
Савол ва супоришот:
Таърифи мактаби адабӣ .
Фарқи мактаби адабиро аз истилоҳоти муҳити адабӣ, доираи адабӣ, ҳавзаи адабӣ нишон диҳед.
Ба соҳибмактаб алоқаманд будани мактаби адабӣ шарҳ диҳед.
Доир ба мактаби адабии Ҷомӣ ва Навоӣ дар Ҳироти асри ХУ маълумот диҳед.
Download 22,12 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish