Мавзўи 4. Фалсафаи асри миёни ва давраи нав.
Нақша;
1.
Фалсафаи Ғарб дар асрҳои миѐна. Номинализм ва реализм. Ғояҳои
англогетика, патристика, схолистика. Ривочѐбии тафаккури фалсафй дар давраи бедории
Европаи Ғарб. Ж. Бруно, Н. Коперник, Галилей, Н. Кузанский ва ғайра.
2.
Фалсафаи давраи нави Европа. Ф. Бэкон, Т. Гоббс, И. Кант, Гегел ва ғайраҳо
дар асри XYIII – маърифатпарварй: Вольтер, Руссо, Лометрий, Дидро, Гелвиций, Голбат.
3.
Фалсафаи замони ҳозираит чаҳон ва чараѐнҳои асосии он.
Хислати динии афкори фалсафй. Ташаккули афкори фалсафии асри миѐна ба
сахтию сангинй сурат гирифтааст. Интиқол аз сохти ғуломдорй чунин як давронеро дар
бар мегирад, ки зимни муборизаи сахти ғуломону ғуломдорон арзи вучуд карда, ба арсаи
ҳокимияти давлатию маънавй ва сиѐсй табақаи рўхониѐнро ба вучуд меорад. Бунѐди
фарҳанги асри миѐна тахминан ибтидои асри I хазораи мо то суқути ммперияи Ғарбии
Римро (асрҳон I—IV п. аз м.) дар бар меград. Мубориза дар ин давра дар байни равияҳои
фалсафии равоқиѐн, эпикуриѐн ва афлотуниѐни чадид, ки дар заминаи бутпарастии пешин
пайдо шудаанд ва ҳамчунин марказҳои та-юаккули эътиқоду афкори чадиде, ки баъдан
пояю бунѐди таъ-лимоти теологй ва фалсафиро созмон додаанд, давом мекард. Ҳамзамон
мазҳаби масеҳия мекўшид, то комѐбихои фалсафаи қадим, ба ҳусус, афлотунияи чадид ва
равоқиѐнро бо худ омех-та бисозад.
Фалсафаи Юнони қадим агарчи бисѐрхудой (политеизм)-ро чонибдорй мекард, боз
ҳам дорои хислати космологй буд, зеро ки он томияте, қи кулли мавчудотро тачассум
менамуд, чуз табиат ғайре набуд.
Афкори фалсафии асрҳои миѐна аз адѐни яккахудоии (монотеистй) яҳудия, масеҳия
ва ислом ибтидо гирифта, ба онҳо мепайвандад ва хислати теоцентрй( аз юн. {пеоз—худо)
низ касб мекунад. Барои фалсафаи асрҳои миѐна он нерўе, ки кулли мавчудотро ташхис
медиҳад, табиат не, балки худо ба шумор меравад.
Бунѐди фикри яккахудоии масеҳияро ду усули муҳиме таш-кил медихад, ки ба
шуури динию асотирй мувофиқ бошанд ҳам, ба афкори фалсафии олами бутпарастй
комилан бегонаанд: офариниш ва ваҳй. Ҳар кадоме аз ин фикр худои яккаю ягонаро мадди
назар доранд ва бо он пайваста низ мебошанд. Агар.фикри офариниш пояи онтологии
фалсафаи асрҳои миѐ-нато таъсис бидиҳад, фикри ваҳй ба асоси назарияи маъри-фат
қарор дорад. Робитаю' тобеияти фалсафаи асрҳои миѐна бо теологияю тамоми созмонҳои
он маҳз аз ҳамин чо бар меоянд. Тавре ки ҳам таъкид намудааст, аҳкоми калисо нуқтаи
ибтидой ва асоси ҳар гуна тафакурро ташкил медиҳад. Вай мазмуни ҳуқуқшиносй,
табиатшиносй ва фалсафаро комилан ба таълимоти калисо мувофиқ мекард.
Яке аз мазҳабҳои яккахудой мисли масеҳияю ислом яҳудия буда, дорои чор асл аст:
1. фикри «холиқияти» қавми; яхуд; 2. бути худои ягонаи Яҳѐ; 3. эътиқод ба начот ва
васиятҳои худо: 4. одат ва маросимҳои махсус.
Яҳудия дар хазораи якуми п. аз м. дар заминаи омезиши адѐни бисѐрхудой ва
эътиқод ба қувваи табий пайдо шуда, то дарачаи чамоаи нави динй, яъне синагога (юн.
мачлисгоҳ) рушд кардааст. Аз шарҳу тафсирҳои фаровони қонун, адабиѐти талмудй
(мачмуй осори динй, ахлоқй, ҳуқуқй ва маишии яҳудия, ки дар асрҳои VI п. аз м. пайдо
шудаанд) низ ба вучуд меоянд, ки мутобиқ ба тағйироти муносиботи чамъиятй дар яҳудия
дар он ҳам тағйироту ислоҳоти чиддие шомил мегардад. Яҳудия фақат баъди таъсиси
давлати Исроил (соли 1948) ини давлатй табдил меѐбад. Вале ба ҳайси мазҳаб дар
ташакулу ҳифзи фикри ваҳдонияти мардуми яҳуд саҳми арзанда гузоштааст.
Дар ибтидо фалсафаи яҳудия ба забони арабй ва баъдан аз асрҳои ХШ—Х1У
шурўъ карда, ба забони ибрй интишор меѐбад. Ба фалсафаи мазкур ҳамон се тамоюли
фалсафаи арабизабон низ хос мебошад: 1. метафизикаи динии мушобеҳ калом; 2. равияи
тасаввуфие, ки аз чониби қабболия (ҳадис) ва пайравони афлотунияи чадид пешниҳод
шудаанд; & арастуяи араб.
Намояндаи метафизикаи динй—«раввинизм» Саъад бинни Юсуф кўшидааст, то
фалсафаро тобеи дин гардонда, исбот бикунад, ки мавзўи хирад ҳам иборат аз ҳақиқати
ваҳй аст. Қаболия таълимоти тасаввуфиест, ки асосашро афкори рамзии «навиштачоти
муқаддао ташкил медиҳад. Қабболиѐн мекў-шиданд, то дар зери пардаи китоби муқаддас
кадом як маънии пинҳониро чўѐ бишаванд. Онҳо чунин мепиндоштанд, ки дар ҳуруфи
теъдоди он кадом як маънии рамзие ниҳон аст.
Дар асрҳои XI—XII дар Испониѐ як идда асарҳое пайдо мешаванд, ки кўшидаанд,
то фикрҳои афлотунияи чадидрс бо ақоиди динй омезиш бидиҳанд.
Мутафаккиру пайрави афлотунияи чадид Солмон бинни Габирол (1021—1070),
муаллифи «Сарчашмаи ҳаѐт», кўшидааст, то усули аз хеч офаридани оламро бо фикри
пантеистии судуроти он омехта бисозад. Ба ақидаи Габирол, худо е чавҳари аввал
тавассути иродааш ҳастиро аз ҳеч офаридааст. Аввалин чизе, ки аз чавҳари аввал пайдо
шудааст, хирад ѐ ақли кайҳонй мебошад, ки дорои моддаи хамагонию сурат аст. Кулли
падидаҳои минбаъда аз ҳамин хиради кайҳонй содир шудаанд.
Ба ақидаи Габирол, маншаи тамоми мавчудоти чисмонию маънавиро моддаи
универсалй ѐ ҳамагонй (куллй) ташкил медиҳад. Фақат худо, ки дар он сўи модда карор
дорад, аз он орй мебошад. Чунин андеша на факат ғазаби рўҳониѐни яҳуд, балки
чонибдорони арастуияро низ ба вучуд меорад.
Намояндаи машҳури арастуя Моисей бинни Маймон (1135— 1204) дар Кордов
тавлид шуда, бар асари таъқибот ба Марокашу Миср ҳичрат карда, табибии султон
Салоҳуддинро бар ўҳда мегирад. Маймон дар асари барчастааш, ки бо номи «Раҳнамои
роҳгумзадагон» маъруф мебошад, вазифаашро иборат аз он медонад, ки тавассути
фалсафа ва таълимоти Арасту ҳақиқати динҳоро исбот бикунад. Ба ақидаи Маймон, ба он
чи, ки хилофи хирад нест, бовар бояд кард.
Аммо Маймон, бар хилофи арастуя фикри аз ҳеч офари-дани олам, эҳѐи чисм ва
абадияти нафсро низ эътироф дошт. Хидмати барчастаи Маймон ин аст, ки мехост, то
таълимоти Арастуро дар фалсафаи яҳудия татбиқ бикунад. Чунин рафтор боиси қаҳру
ғазаби аҳли дину чаҳолат ва таъқиботи Га биролу Маймон мешавад. Чунончи, раввинҳои
яҳуд дар мубо-риза алайҳи ақоиди Маймон ба қозйѐти калисо мурочиат низ мекунад.
Вале Маймони «покшуда» дар Аврупои Ғарбй шўҳрати беназир пайдо карда, ба
схоластикаи авохири асри миѐна таъсири калон мерасонад.
Ҳамзамон бо инқирози давлати араб (асри XV) таъсири дин низ зиѐд мешавад.
Муассисаҳои динй мекўшанд, то ҳар чи бештар афкори қобили ҳаѐтро аз байн бибаранд.
Таълимоти Августин. Фикри худо. Тибқи ақидаи насрония, худо метавонад оламро
дар ҳар лаҳзае аз ҳеч биофарад ва дар ҳар лаҳзаи минбаъда онро ҳифз бикунад. Чунин
чаҳонбинй дар фалсафаи насронй бо номи креационизм (лот. Сгеайо,сохтан, офаридан)
низ маъруф мебошад.
Креационизм табиат не, балки худоро халлоқи хама чиз медонад ва онро нисбат ба
эзидхои кадим, ки шабехи табиат буданд, боло мегузорад. Вай мисли худои яккаю ягонаи
Афлотуну афлотуниѐни чадид дорои хислати трансцендентй (он-сўй) мебошад. Дар чунин
ҳолат табиату кайҳон аз фаъолиятиг. эчодй маҳрум шуда, тамоми фаъолият ба худо
нисбат дода мешавад. Креационизм ақидаи маншаи олам будани сурату моддаро рад
карда, ба чои он усули вохид—вучуди вахдати, мутлақ, яъне худоро гузошта, оламро
зухуроти он меиомад. Аз ин рў, тафовути байни худою хилқат абадиаид.
Августини Хушҳол (354—430) ном файласуфи қарни IV—V Аврупо хамин
андешаро пайравй намуда, худоро ба ҳайси ҳастии олй, чавҳари олй, сурати олй ва хайри
олй муаррифй карда, чонибдори сарнавишти муқаддас шудааст. Худо дар «Аҳди қадим»
ном чузъи «Таврот» дар бораи хеш ба инсон' чунин хабар додааст: «Ман ҳаққам, олам
нисбат ба худо мус-тақил набуда!, балки бастаи он аст. Аз ин чост, ки мо дар олам
тағйироту табдилоти хамешагиро низ мушоҳида мекунем».
Аз ин чо чунин хулоса бармеояд, ки ҳастии худоро метавои маърифат кард ва
маърифати он сирф аз тарики фавқуттабиа сурат гирифта, мифтоҳашро эътиқод, яъне
қобилияти нафсони ташкил медиҳад. Дарасрҳои миѐна фаҳмиши ҳастй дар чунин як
андарз барчаста ифода ѐфтааст: «ҳастию хайр бозгаштно-пазиранд». Азбаски худо ҳастию
хайри олй аст, офаридаҳоят низ хайру комил мебошанд. Аз ин чо фикри дигаре "бармеояд,
ки шарр худ аз худ адам ѐ нестй буда, воқеияти мусбат ва моҳият намебошад, Чунончй,
чин дар шуури асри миѐна адамест, ки хешро дар шакли ҳастй вонамуд месозад. Шарр бо
хайр ва аз ҳисоби хайр зиндагй мекунад. Аз ин ру, хайр идо-ракунандаи олам аст. Шарр
агарчи хайрро бекадр мекунад, боз ҳам онро аз байн бурда наметавонад. Дар ин таълимот,
ки баѐнгари оҳанги хушбинонаи чаҳонбинии асри миѐна мебо-шад, аз фалсафаи авохири
даврони эллинй, ба хусус, равоқияю» эпиқурия тафовут дорад.
Табиат инсон—офанндан худ. Муҳимтарин хусусияти фалсафаи солҳои мнѐна ин
аст, ки худоро маншаъ ва пояи кулли мавчудот номида, табиатро аз ҳама гуна
мустақилият маҳрум кардааст. Тибқи ақоиди фалсафаи мазкур, худо дорои Еқудрати
бепоен аот ва аз ин рў, метавонад табиатро на факат биофарад, балки бар хилофи самти
табиии он низ фаъолият бикунад. Худо қобили мўъчизот аст.
Дар дини насронй се аҳком хеле маълум аст: 1. офариниш; эътиқод ба мўъчиза ва
ҳеч будани табиат: 3. эътирофи хилқати ҳаводис. Ҳамаи ин ба тағйир пазируфтани
муносибт ба табиат таъсири калон мерасонад. Чунончи, мавзўи баҳси асрҳои миѐнаро
табиат не, балки маърифати худою нафси инсон ташкил медиҳад. Агарчи дар баъзе
маврид нисбати маърифати табиат баъзе таваччўхе зоҳир мегардид, боз ҳам он табиат
набуда, балки рамзҳое буданд, ки ба воқеияти олитаре нисбат доштанд ва дорои айнияти
сирф динию ахлоқй мебошанд. Табиист, ки дар чунин. вазъ ҳеч ягон ҳодисаи табий хешро
ошкор карда наметавонад. Олам барои инсони асри миѐна барои хайр не, балки барои
панд хидмат мекард.
Мутафаккирони асрҳои миѐна масъалаи инсонро нисбат ба пешиниен ба таври
рангин ҳаллу фасл кардаанд. Аммо ду тафҳими муштараки моҳияти инсон онҳоро бо ҳам
мучтамеъ сохтааст: якум, инсон ба ҳайси рамзу шабех худо, дуюм, 6а ҳайси ҳайвони
нотиқа, ки дар вақту замонаш Афлотуну Арасту иброз дошта буданд. Мутафаккирон ба
ҳамин таълимот такя карда, иксонро ду хел арзѐбй намудаанд. Аз ин чост, ки йайни
антропологияи онҳою файласуфони бутпарасти атиқй баъзе тафовутҳои чиддй низ ба
назар мерасанд, Чунончи, тибки тафҳими мутафаккирони асрҳои миѐна инсон ҳокими
табиат иабуда, балки рамзи худост. Аз ин рў, аз чавкоти табиат берун буда, бар болои он
қарор дорад. Аммо афлотунияю арастуя инсонро аз ҳеч ягон низоми дигар берун
наовардаанд ва ба он дар ягон низоми ин ѐ он бартарии мутлақро низ нисбат надодаанд.
Масалан, барои афлотуниѐн, ки моҳияти инсонро сирф зз нафси нотика иборат медонанд,
вай дар силсилаи мавчудот дар чойи «паст», яъне баъд аз нафсу малоика, чину дев ва
дигар мавчудоти «пок» қарор дорад. Арасту инсонро ба ҳайси ҳайвоне, ки дорои нафси
башарист, муаррифй мекунад. Тибқи таълимоти Инчил, инсон агарчи аз хоку об офарида
шудааст, боз ҳам, мисли наботу хайвон, дорои ҳиссу ҳаракат буда, на фақат ба онҳо, балки
ба худо низ қариб мебошад. Тасаввуроти зерин маҳз дар чавкоти насрония пайдо шудааст:
инсон малики табиату гули сари сабади офариниш аст.
Нафс ва чисм. Хирад ва ирода. Тибқи таълимоти насрония, фарзанди худо—Логос,
ѐ худ Исой Масеҳ дар инсон барои он тачассум ѐфтааст,"ки бо ҳалокаташ дар чормех
гуноҳи насли ннсонро пок карда, то онро аз ҳалокат начот бидиҳад.
Тазаккур бояд дод, ки фикри тачассуми худо дар инсон барои кулли фарҳанги
бостонии бутпарастию динҳои яккахудой; аз чумла, ислом низ бегона мебошад. Қабл аз
насрония ақидае ҳукмрон буд, ки аз сабаби тафовути зиѐдашон илоҳию насрониро
наметавон бо ҳам омезиш дод. Ҳатто дар масеҳия ҳам„. ки худо бар болои олам қарор
дорад, ба чисми инсон кўчонидани он амрест басе мушкил ва сангин. Беҳуда нест, ки
мақому манзалати эътиқод дар масеҳия нисбат ба хирад болотар» аст. Муаммоҳоро хирад
не, балки фақат эътиқод маърифат мекунад.
Усули дигари антропологияи масеҳияро фикри эҳѐи чисм ташкил медиҳад.
Масеҳия бар хилофи ақидаи Афлотун, ки аз интиқоли нафс аз бадане ба бадане (пас аз
фавти чисм) чонибдори мекард, таълим медиҳад, ки дар сурати фаро расидани марг инсон
бо тамоми чеҳраи чисмию рўҳониаш фавт хоҳад кард. Зеро, тибқи таълимоти насрония,
нафс наметавонад, ки хорич аз чисм вучуд дошта бошад.
Аввалин файласуфе, ки зарурати ба низом даровардани фикрҳои насронияро дарк
карда, онро асоси таълимоташ дар бораи инсон қарор медиҳад, Ориген (асри III) буд. У
чунинс мешуморид, ки инсон аз рўҳу нафс ва чисм таркиб ѐфтааст. Вале рўҳ ба инсон не,
балки ба худо таалуқ дорад, зеро ки аз чониби он тақдим шудааст ва ҳамеша мутаваччеҳи
хайру ҳақиқат мебошад. Ба ақидаи Ориген, нафс маншаи фардияг ва интихобкунандаи
фосилаи байни хайру шарр аст. Нафс бояд табиатан тобеи руҳ ва чисм бояд тобеи нафс
бошад. Вале, азбаски нафс иборат аз ду кисмаст,бахши поѐниаш дар бештари авқот
афзалият касб карда, инсонро мутаваччеҳи айшу шаҳ-ват медорад. Агар инсон ба онҳо
одат бикунад, гуноҳе содир» менамояд, ки авфнопазир мебошад. Чунончи, тартиботи
офаридаи худоро чаппа, яъне олиро тобеи зишт сохта, ҳокимияти шарро бунѐд мекунад.
Ҳамин тавр, шарр аз худою табиат ва чисм не, балки аз худи инсон, дакиқтараш аз
суистеъмол намудани озодие, ки худо барояш додааст, бармеояд.
Саволе ба миѐн меояд, ки агар фалсафаю илоҳиѐти асри-миѐна чисмро маншаи
шарр нашуморида бошанд, пас, он зўҳде, ки хоси роҳибони асримиѐна аст, аз кучо пайдо
шудааст? Магар дар ин чо зиддияте нест? Дар байни зўҳди роҳбарони асримиѐна ва зўҳди
зоҳидони собика, ба хусус, равоқия чй тафовутест?
Зўҳди асримиѐна ҳаргиз маънои аз чисм даст кашиданро ифода намекард. Чунончй,
вай зидди худкушй буда, онро гуноҳи азим медонист. Мақсад аз зўҳд ба маншаи олй, яъне
рўҳ тобеъ намудани чисм ва тарбияи бадан мебошад.
Азбаски худо дорои озодии иродааст, ҳеч гуна заруратро намепазирад. Ҳеч гуна
зарурат, навиштааст Августин, туро бар хилофи иродаат ба чизе, ки бошад, мачбур карда
намета-вонад, зеро ки иродаю қудрати иллоҳй дар моҳияти худо мусовианд.
Дар инсон ҳам ирода дар мадди аввал қарор дорад. Аз инг рў, дар фалсафаи
асримиѐна антропологияи юнонию рационализми ахлоқии он мавриди тачдиди назар
қарор мегирад. Агар дар атиқа маркази ахлокро дониш ташкил медода бошад, дао асрҳои
миѐна чунин марказро имон созмон медиҳад, яъне дар-ин давра аз хирад ба ирода гузашта
мешавад. Чунончи, ба ақидаи Августин, кулли мардум. моҳияти иродаанд. Августии ҳаѐти
ботинии одамон, аз чумла, худашон низ назора карда,. таъкид мекунад, ки инсон қобил
аст, то хайрро бифаҳмад, аммо иродааш-ба ў тобеъ намешавад. Аз ин рў, вай кореро ба
анчом мерасад, ки хоҳише ба он надорад. Ман, навиштааст-Августин, якеро писандидаму
аз паси дигаре рафтам. Августин дугонагии инсонро маризии" нафс меномад. Аз ин рў, ба
ақидаи уламои асримиѐна, инсон наметавонад бидуни кўмаку ѐрии худо, яъне бидуни
арзонии баракати ў ҳавокг ҳавасҳои чурмомезашро аз байн бибарад.
Тавре ки маълум шуд, инсон дар асрҳои миѐна хешро дигар ба ҳайси узви таркибии
кайҳон эҳсоснамекунад. Вайтў-аз кайҳону табиат канда шуда, бар болои "онҳо қарор
дорад. Тибки ният инсон бояд аз кайҳон боло ва сабаби табиат бошад. Вале-аз сабаби
серчурмй ихтиѐрашро аз даст дода, комилан тобеи хайру эҳсони худо аст. Вай ҳатто аз он
мақоме, ки атиқиѐн барояш муайян карда буданд, яъне имтиѐз доштан нисбат ба ҳайвон
низ маҳрум аст. Муҳимтарин хусусияти антропологияи асримиѐнаро вазъи дугонагии
инсон ташкил медиҳад. Ин чо дар масъалаи муносибати инсон нисбат ба воқеияти олй ҳам
ақидаҳо тафовут доранд: худои шахсй нисбат ба худ муносибати шахсиро низ талаб
мекунад. Маҳз аз ҳамин чо тағйироти ботинии инсон шурўъ мешавад. Вай акнун тавре
мавриди таваччўҳи чиддй қарор мегирад, ки амсолашро ҳатто равоқиѐк низ
намедонистанд. Юнониѐни қадим нафси инсонро ѐ ба кайҳон (дар чунин маврид ўро
«кайҳони сағир») ѐ ба ҳаѐти томи ичтимоие нисбат дода, ҳайвони чамъияте меномиданд,
ки дорои хирад аст. Августин баъд аз Павели ҳаввор (апостол) бикўшид, то исбот
бикунад, ки чаҳони ботинии инсон комилан ба сўи холиқи болои кайҳон нигаронда
шудааст. Тибқи фалсафаи асри миѐна,"худи инсон ҳам аз умқи нафси хеш бехабар аст ва
аз он чуз худо касе бохабар намебошад. Аммо маърифага умқн мазкур барои начоти бани
башар низ зарур аст, зеро ки маҳз бо ҳамин роҳ метавон сирри ниятҳои нопокро фош
карда. хешро аз онҳо эмин дошт. Аз ин рў, тавбаи ҳаққонй аҳамияти хоссае касб мекунад.
Фарҳанги чадиди Аврупо аз он сабаб-сипосгузори асрҳои миѐна аст, ки тавба ном жанри
адабиро,. ки ба равони инсон таъсири амиқ мерасонад, ба вучуд овард. «Тавба>-и Жан
Жак Руссо ва Л. Н. Толстой агарчи байни худ тафовут доранд,вале аз як манбаъ—
«Тавба»-и Августин сарчашма гирифтанд.
Таваччўҳ ба ҳаѐтн ботинии нафсонии инсон ва на фақат бо олами хорич*—табиату
чамъият, балкн бм халлоқи трансценденти нисбат додани инсои боиси тавлмди эҳсоси
«Ман» гардид, ки аз он фарҳанги атикаро хабаре набуд.
Таълимот дам мажриди «таъмихи муқаддас». Масъалан таърих дар марҳалаҳон
аввали асримиѐна чунин як шавқу завқ ва таваччуҳеро ба вучуд овард, ки мислашро
шуури атиқй намедонист. Агарчи дар Юнону Рими қадим муаррихони барчаста—Геродот
ва Фукидид зиндагй карда, дар бораи таърихн кадим асарҳо навиштаанд ва агарчи таърих
аз шаклҳои худшиносии мардум буд, вале онро ба ҳайси воқеияти онтологи мавриди
баррасй қарор надодаанд. Оташпарастон ҳастиро бо таърих не, балки бо табиату кайҳон
пайваст медонистанд. Дар асрҳои миѐна чои «кайхони мукаддас»-и қадиммиѐнро
«таърихи мукаддас» ишғол мекунад. Ин мафҳум аст. Зеро аз нигоҳм насрония воқеаи
чаҳонй, яъне тачассуми худописар дар Исои инсон воқеаи таърихй буда, онро метавон
факат бо назардошти таърихи пешинаи бани башар мавриди андеша қарор дод. Чунин
даъвои рўҳониѐнро ҳам, ки бо «гузашти айѐм» аз байн рафтани олами фасоду чурм ва
бунѐди ҳокимияти ҳазор-солаи порсоѐнро чонибдорй мекунад, бояд ба ҳайси ҳодисам
таърихй низ андеша кард. Умед ба охират, яъне иршоди эсха-тологии (аз юн. езсЬа!оз —
охирнн) тафаккури асримиѐна боиси ба дарки маънии таърих чалб намудани таваччўхи
файласуфон шуд. Омўзиши ҳазорсолаи китоби мукаддас ба эчоди чунин дастури махсуси
таъвили матнхои таърихие овард, ки минбаъд бо номи герменевтика (аз юн. — шарҳ,
таззеҳ) низ машҳур мешавад. Рост аст, ки чунин таъвил дар асрҳои миѐна тобеи аҳкоми
дини насронй буд. Вале, сарфи на-зар аз ин, сахми вай дар тарбйяи андешаи воқеияти
таърихй хеле бузург мебошад. Таваччўҳ ба дастури мазкур дар дав-рони Эхѐ, яъне асрҳои
XV—XVI низ хеле меафзояд.
Таваччўҳ ба таърих ба- ҳайси воқеияти ҳақиқй, ба ҳаѐтн нафси инсонй ва «инсони
ботин» ба таҳлили ҳофиза—қобилияте, ки асоси антрОпологии дониши таърихиро ташкил
медиҳад, такон дод. Тасодуфй нест, ки мо дар ақоиди Августин ҳам аввалин кўшиши
тадқиқи нисбатан босубботи ҳофизаи инсо-ниро пайдо мекунем. Агар файласуфони
юнонй замонро аз диди хаѐти кайҳонй баррасй карда, онро, аввалтар аз ҳама, бо ҳаракати
самовй вобаста карда бошанд, Августин, баръакс, исбот карданй шудааст, ки он, пеш аз
ҳама, комѐбии нафси инсонй мебошад. Аз ин рў, агар кайҳону ҳаракатҳояш вучуд на-
дошта бошанд ҳам, нафсу замон боқй хоҳанд монд. Ба акидаи Августин, шароити
имконпазирии замонро чунин сохти нафсамон ташкил медиҳад, ки дар он метавон се
ҳадафро пай бурд: умеде, ки ба оянда, таваччўҳе, ки ба нмрўз ва ҳофизае, ки ба гузашта
нигаронида шудааст.
Инсоне, ки аз дидн замони ботинй таҳлил шудааст, на фақат инсони табий, балки,
ҳама, мучуди таърихй низ ба шумор меравад. Аммо дар асрҳои миѐна чунин фаҳмишро
наметавон татбик кард, зеро ки дар он таърих шомили доираи «воқеаҳои мукаддас» буд.
Аз ин чост, ки дар он баъзе вокеиятҳои фавкуззамонию фавқут таърихи низ
инъикос ефтаанд. Фақат дар даврони Эҳѐ-чунин шароите ба вучуд меояд, ки аз пардаи
«муқаддасот» халос шудани таърихи дунѐвй ва ба ҳайси воқеияти мустақил таҳлилу
баррасии онро имконпазир мегардонад.
Барраси» фавкро чамъбаст намуда, фалсафаи асри миѐнаро-метавон фалсафаи
теоцентрй номид, зеро ки кулли мафҳуми умдааш бо худо нисбат дошта, аз чонйби он
ташхис мешаванд.
Афкори фалсафии асрҳои миѐна на фақат дар Аврупои Ғарбй, балки дар Шарку
Рум хам инкишоф ѐфтааст. Агар маркази адѐну фарҳанги Ғарбро Рум ташкил бидиҳад,
чунин марказ барои олами Шарқи насронй Қустантина ба ҳисоб меравад. Агарчи байни ин
ду фалсафа баъзе чиҳатҳои умумист, вале-онҳо бархе тафовутҳо низ мебошанд.
Фалсафаи фомаи Ақвинй. Фомаи Аквинй (1225- 26—1274) аз барчастатарин
чеҳраҳои схоластикаи асрҳои миѐна буда, шогирди илоҳиѐту табиатшинос ва файласуфи
машҳур Алберти Бузург (1193—1280) мебошад. Фома ба таълимоти Арасту такя карда,
кўшидааст, то усулҳои асосии теологияи насрониро собит бисозад. Ба ин хотир ў
таълимоти Арастуро аз нав сох-тааст, то ки ба аҳкоМи динии аз ҳеч офаридани олам ва
худою инсон будани Исои Масеҳ зид наояд. Фома, мисли Августин. ва Боэций (тах. 480—
525) ҳастиро мабдаи аз ҳама олй номида, таҳти он худои насронй, яъне офаридгори
оламро фаҳмидааст. Фома ҳастию моҳият ѐ мавчудияту моҳиятро аз ҳам фарк кунад ҳам,
ба ҳеч вачх онҳоро ба якдигар муқобил на-гузошта, кўшидааст, то мисли Арасту бунѐди
муштараки онҳоро пайдо бикунад. Ба ақндаи Фома, моҳият (зот) ѐ чавҳар (субстанция)
дорои ҳастии мустақил аст. Аммо араз (акциденция—хосият ва сифат) баръакси он аст.
Вай факат туфайли чавҳар вучуд дораду бас. Тафовути шаклхои чавҳарию аразй низ аз
ҳамин. чо багжеоянд. Шакли чавҳарй ба ҳар чиз дар бораи ҳастии оддн иттилоъ медиҳад.
Аз ин рў, ҳини ба вучудоии он «чизе пайдо шуд» ва ҳини маҳвшавй «чизе фано шуд»
мегўем. Шакли аразм ҳастии чиз набуда, балки манбаи кайфият (сифат)-ҳои муайян аст.
Фома, мисли Арасту, ҳолатҳои қуввати (потенциалй)-ю феъли (актуалй)-ро фарқ карда,
ҳас-тиро ба хайси аввалин ҳолати феълй мавриди барраси карор додааст. Ба ақидан ў,
чизҳо вобаста ба дарачаи феълиятшон дорои ҳастии мухталиф мебошанд. Фома вобаста ба
савияи феълият, ки дар татбики шакл, яъне маншаи фаъол дар чизҳо зоҳир мегардад, чор
савияи ҳастияти чизхоро таъкид намуда-аст. Ба жкидаи Фома, сурат (шакл) дар савияи
поѐнни ҳастй фақат муайянии зоҳирии чизхо буда, аносири ғайриузвй ва фужулотро
дарбар мегирад. Вай дар савияи дигар ба ҳайси иллати (сабабн) охирини чнзҳо, кн
ботинан дорои салоҳанду Арасту онро «нафси наботй» низ номидааст, зоҳир мегардад.
Нафси мазкур қудрати аз ботин ба чисм шакл доданро дорад. Набот аз чумлаи онанд.
Савияи саввум аз ҳайвонот аст. Азбаски дар ин чо сурат иллати фаъол аст, вучуд на фақат
дорои мақсад, балки ибтидои фаъолияту ҳаракат низ мебошад. Сурат дар тамоми савияҳои
мазкур бо роҳҳои мухталиф вори-ди модда гашта, онро ташкил медиҳад ва илҳом
мебахшад. -Ниҳоят, дар савияи чорум сурат ба ҳайси ташкилдиҳандаи усули модда не,
балки ба сифати худ ба худ ѐ фориғ аз модда зоҳир мегардад.
Рўҳу ақл ва нафси нотиқа барин махлуқҳои олии сунъй аз чумлаи онанд. Азбаски
нотиқаи инсонро ба модда робита нест, баробари фавти бадан низ фано намепазирад. Аз
ин рў, Фома ба нафси нотиқа «вучуди худ ба худ» низ ном ниҳодааст. Таровути нафси
ҳайвонию нотиқаи инсонй ин аст, ки аввалй вучуди худ ба худ ба шумор намеравад. Пас,
вай дорои хусусиятҳои нафси нотиқа, яъне тафаккуру ирода низ намебошад. Тамоми
фаъолияти ҳайвон, мисли бештари афъоли инсон (чуз тафаккуру ирода), бо кўмаки бадан
сурат мегирад. Аз ин рў, нафси ҳайвонй бо фано шудани чисм мефавтад, вале нафси
инсониро ҳаѐтест човидонй. Фома Арастуро пайравй карда, хирадро олитарин истеъдоди
инсонй меномад ва дар ирода ҳам тағйири ақлро дида, қобилиятн фарқ кардани хайру
шарро аз чумлаи корҳои он меҳисобад. Фома, мисли Арасту, иродаро ба ҳайси ақли амалй,
яъне ақле, ки ба маърифату дастурҳои назарй ва муроқиба не, балки ба фоъолияту амалиѐт
равона карда шудааст, муаррифй менамояд.
Ба ақидаи Фома, фақат фард вучуди ҳақикист. Вай зуҳуроти персонализм (аз лот.
шахс, шахсият) буда, хоси онтологияи Фома ва мавзўаш фаъолияти «моҳиятҳои
пинҳонй»-и фард, яъне нафс, рўҳ ва кувваҳо мебошад. Аз поктарин худои ҳастй шурўъ
карда, то кўчактарин мбҳиятҳои сунъй, яъне тамоми вучуд дорои мустақилияти нисбист.
Аммо мустақилияти мазкур ба андозаи ҳаракаташ ба поѐн, яъне ба андозаи заъиф гаштани
фаъолияти ҳастии вучудҳо беш аз пеш кам анудан мегирад.
Таълимоти Фома дар асрҳои миѐна дорои нуфузи зиѐд ва аз чониби калисои Рим ба
расмият шинохта шуда буд. Таълимоти мазкур дар қарни XX бо номи неотомизм, ки аз
бонуфузтарин чараѐнҳои фалсафаи католикии Ғарб ба шумор меравад, машҳур мешавад.
Баҳс дар бораи табиати мафҳумҳои куллй (универсалияҳо). Схоластика ба ҳайси
равияи асосии фалсафии даврони фео-далй вобаста ба вазъи ташаккули муносиботи
ичтимой дар шакли мушаххас зоҳир шудааст. Умдатарин масъалае, ки боиси таваччўҳи
схоластон (олим, мактаб) шудааст, ҳамоно муносибати дониш ба эътиқод мебошад.
Масъалаи мазкур аз эътирофи бартарии эътиқод нисбат ба хирад шурўъ. шуда, то
муносибати байни мафҳумҳои чузъию куллиро, ки дар фалсафаи асрҳОи миѐна бо номи
«универсалияҳо» ѐд мешавад, дарбар мегирад. Аҳамияти масъалаи мазкур ин аст ки мисли
дигар масоили мунозиравии схоластхо аз аҳамиятғ* илмй маҳрум набуда, балки, баръакс,
роҳи инкишофи минбаъ-даи фалсафаро нишон додааст. Дар фалсафа дар атрофи ҳамин
масъала дар байни равияҳои реализму номинализм муборизаи тўлонй давом кардааст.
Фаҳмиши «реализм» (воқеъгарой)-и асри миѐна бо фаҳмишикунунии он яксон
нест. Чунончй, ҳоло таҳти мафҳуми реализм воқеияти айниро мефаҳманд, аммо дар
асрҳои миѐна онро ба маънои таълимоти бунѐди воқеии мафҳумҳои куллй, яъне
универсалияҳо истеъмол мекарданд. Тибқи акидаи воқеъгароѐн (реалистон), фақат
мафҳумҳои куллй дирои воқеияти айнй буда, дигар ҳама- ачсоми чузъй аз -он маҳруманд,
зеро ки бастаи фикру сухани инсонианд. Аммо мафҳумҳои куллиро бо фикру сухани
инсон робитае нест. Аз таҳлили ақоиди вокеъгарой чунин хулосае бармеояд, ки он ба
афлотуния робитаи кавй дорад, зеро ки ин ҳам фиқр ѐ идеяҳоро воқеию човидонй ва ди-
гар ҳама чизҳои олами маҳсулро даргузару муваккатй меномад. Ба ақидаи воқеъгароѐн,
мафҳумҳои куллй фақат дар зехну ақли худо, яъне қабл аз чизҳо вучуд доранду бас. Инсон
тавассути хираде, ки дорад, моҳияти ашѐ, яъне мафҳумҳои куллиро маърифат мекунад.
Вокеъгароѐч, аз чумла Анселми Кентербери (1033—1109) -ро ақида ин буд, ки маърифати
олам, аз чумла, кулл аз тарики хирад сурат мегирад.
Ба воқеъгарой номинализм (аз лот. потто — номҳо) ном чараѐни дигаре муқобил
буд. Рушди номинализм ба асрхои ХШ—Х1У мувофиқ меояд. Намояндагони машҳураш
Уилям Оккам (1285—1349), Иоганн Буридан (охири қарни ХШ—Х1У) ва Николайи
Отрекурй мебошанд.
Номинализм таълимоти Арастуро дар бораи ҳастй, ки бо маҚулаи моҳият пайваст
медонист, мавриди тачдиди назар қарор медиҳад. Агарчи Фомаи Аквинй ҳастию моҳиятро
аз ҳам фарқ мекард (ба ақидаи ў, ҳастию моҳият фақат дар худо бо ҳам интибоқ доранд),
боз ҳам дар чунин ақида буд, ки мо-ҳият нисбат ба дигар мақулаҳо ба ҳастй наздиктар аст.
Азбаски идроки мохият на аз тариқи эхсос, балки аз тариқи акл сурат мегирад, хирад
нисбат ба он бартарй дорад. Аммо номинализм бузургй ва тавоноии худоро низ койил аст.
Ба акидаи номиналистон, офариниш маҳсули иродаи худост. Ин чо-онҳо таълимоти Дунс
Скот (такр. 1266—1308)-ро, ки тобеияти хирадро ба ирода исбот намуда, иродаи худоро
иллати тамоми ҳастй медонист, пайравй кардаанд. Аммо номиналистон нисбат ба Скот
хеле пеш хам рафтаанд. Чунончи, Скотро ақида ин буд, ки ҳини хилкати чизхо дар иродаи
худо интихоби моҳиятҳо низ вучуд дошт. Вале Уилям Оккам фаҳмиши собиқаи моҳият,
яъне акидан дар ақли худо вучуд доштани фикр (мафҳумҳои куллй)-ро рад мекунад. Ба
ақидан ў, вучуди фикрҳо дар ақли худо ба ҳайси тимсолҳои чизҳо ҳол аст, зеро ки ибтидо
худо бо иродааш чизҳоро меофарад ва баъди таквини онхо ба хотири муаррифиашон дар
ақли ў фикри ашѐ низ лайдо мешавад.
Ба ақидаи Оккам, ягона чизе, ки ба таври воқей вучуд дорад, чузъ аст. Ҳар он чи, ки
берун аз нафс аст, чузъ мебошад ва мафҳумҳои куллй фақат дар нафси мудрик ба вучуд
меоянд. Тибки назари мазкур, моҳият (чавҳар), ки дорои араз (акциденция) аст ва араз низ
бидуни чавҳар вучуд дошта наметавонад, ҳастии мустақилияташро аз даст медиҳад. Ба
ақидаи номиналистон» худо ҳар гоҳе, ки хоҳад, бидуни чавҳар аразро ба вучуд меорад.
Табиист, ки дар чунин маврид тафовути су-ратҳо (ашкол)-и чавҳаг.ию аразй аз байн
меравад ва муҳимтарин мафҳуми томизм—сурат ѐ шакли чавхарй низ мавриди эътироф
карор намегирад. Номинализм савияҳои мухталифи дастии чизҳо ва силсилаи маротиби
онтологии онҳоро қоймл намебошад. Вай ба тамоми чузъу томи олами маҳсус як хел
муносибат мекунад. Муҳимтарин хислати номинализмро ҳамоно тачриба ташкил медиҳад,
ки минбаъд аз чониби файласуфони равияи тачрибавии англис—Ф. Бэкон, Ц Локк ва Д.
Юм мавриди рушду такомул қарор гирифтааст.
Номинализм дар мавриди маърифату акл дорои назарм нав мебошад. Чунончи, ба
ақидаи он, маърифат ба моҳияти чизҳо не, балкн ба маърифати фард мутаваччеҳ мебошад.
Пас, вай маърифати ҳадсй (интуитивй) буда, араз мавзўаш аст ва дониш нозими робитаи
байни падидаҳост. Номинализм нстеъдоди назариро аз хислати онтологиаш маҳрум карда,
ақлро дар сари силсилаи маротиби мавчудот карор намедиҳад.
Ба акидай Николайи Отрекурй, ақл ҳасти набуда, балким тасаввурот дар бораи он
аст. Ин чо фикре ниҳон аст, ки оиро метавон ба таври зайл муаррифй кард: субъект ба
хайси воқеияти махсус-муқобили объект аст. Пас, вай метавонад ба риштаи мустакили
таҳқиқот табдил бипазирад. Гузашта аз ин дар ин чо фикри нисбат ба чисму модда
бартарии падвдаҳои пуҳу ақли инсонй низ ифода ѐфтааст.
Ҳамин тавр, номинализм аз бисѐр чиҳат самту хислати ии-кишофи ҳам фалсафа ва
ҳам табиатшиносии тачрибавии асрҳои XVI—ХУП-ро муайян кардааст. Рушди
материализми даврони Эҳѐю замоии нав бо номинализм низ робитаи қавй дорад.
Фалсафаи Рим. Асри миѐна дар Аврупо аз соли 746, яъне» аз давраи империяи Рими
Ғарбиро забт кардани олмониѐн шурўъ мешавад. Вале империяи Шарқии Рим—Рум аз ин
истилои ваҳшиѐна эмин мемонад. Дар таърихи Рум байни давраҳои кадиму асри миѐна
наметавон ҳадДи муайян гузошт, зеро ки дар Рум тамоми анъанаҳои олами Юнону Рим ва
Шар-ки Эллинй маврнди ҳифзу муроқиба қарор гирифтаанд. Аз ин рў, Рум тайи қарнҳои
зиѐде инсбатн днгар кишварҳои асри-миѐнаи Аврупо аз лиҳози пешрафтҳои фарҳангй
фарқ мекард.
Фарҳанги Рум тачассуми беҳтарин комѐбиҳои фалсафаи атиқй, анъанаҳои
фарҳангии мардуми Миср, Сурия, Арманистон, Осиѐи Сағиру Қафқоз, Қрим ва Славяну
арабҳ мебошад. Аммо вайро наметавон омехтан аносири фарҳангҳои гуногун номид.
Баръакс, Рум бо он ваҳдати фарҳангию давлатие, ки хоси ў буд, аз тамоми мамолики
дигари Аврупо фарқ мекард. Дар он шакли православии дини насронй ҳукмфармо буд.
Румиѐн нисбати илму маърифат ҳурмату эҳтироми зиѐд доштанд. Фақеҳу
файласуфи Рум Яҳѐи Димишқй (нимаи дуввуми асри VI—соли 753) «Сарчашмаи дониш»
ном китобашро аз мақоли ҳикматомези «дониш—чароғ ва нодонй—зулмот» сар карда,
кўшидааст, то тавассути далелҳои фаровон дурустии онро исбот бикунад. Файласуфони
Рум фаҳмиши атиқии илм-ро ҳифз карда, онро ба ҳайси дониши соф ақлй муаррифй
намудаанд, ки зиддн дониши тачрибавию амалие мебошад, ки илмро ҳуиар меномад.
Тибқи анъанаҳои қадим, кулли илмҳо таҳти номи фалсафа муттаҳид шуда буданд. Яҳѐи
Димишқй фалсафаро шарҳ дода, шаш таърифи беҳтарини онро, ки дар даврони атиқй
ташаккул ѐфта буд, мутазаккир шудааст: 1. Фалсафа маърифати табиати мавчудот аст. 2.
Фалсафа маърифати корҳои илоҳию инсонй, яъне тамоми умури диданй ва
ғайридиданист. 3. Фалсафа машқест барои марг. 4. Фалсафа шабеҳи худо шудан аст.
Иисон тавассути чор чиз метавонад шабеҳи худо бишавад: ҳикмат ѐ донистани хайри
маҳз; адолат, ки дар тақсимоти мутасовй (баробар) ва беғаразй ҳини қазоват зоҳир
мегардад: порсоие, ки болотар аз адолат буда, бар ҳар гуна бадй бо некй чавоб медиҳад. 5.
Фалсафа макшаи кулли ҳунару илм мебошад. 6. Фалсафа муҳаббат ба ҳякмат аст. Азбаски
ҳикмати ҳақиқй худост, муҳаббат ба худо низ фалсафаи ҳақиқн ба шумор меравад.
Бонуфузтарин равияи охири даврони атиқаро, ки намояндагонаш дар Рум умр ба сар
мебурданд, афлотунияи чадид та'шкил медиҳад. Вай зимни дастурҳои Арасту таълимоти
Афлотунро дар бораи ҳастии ҳақиқй, яъне идея ѐ фикрҳои мучаррад, ки тавассутй ақл
дарк карда мешаванд, ба иизом даровардааст. Намояндагони машҳураш Плотин (204—
270) ва Црокл (432—485) буданд. Барои афлотуниѐни чадид олам азчунин як силсилаи
маротибе иборат аст, кй дар он хар зинаи лоѐнй тобеи зинаи олй мебошад. Дар болотарин
эинаи мазкур воҳид қарор дорад, жи онро худо, хайр ѐ «он чн, ки дар он сўи тамоми
мавчуд» буда (дар лотинй «трансцеиденцня») низ меноманд.
Зинаи саввум нафс аст. Аммо вай воҳид набуда, балки дар байни ачсоми зинда
таксим шудааст. Масалан, нафси кайҳонй (афлотуниѐн кайҳонро чондор мепиндоштанд),
нафсҳои девон, одамон, наботот ва ҳайвонот. Гузашта аз ин, нафс дорои чунбиш ѐ ҳаракат
ҳам мебошад. Вай манбаи тамоми ҳаракат, даячон ва изтироб аст.
Зинаи чорум чисм аст. Вай мисли нафс беҳтарин сифат, яъне хирадмандй ва
мутаносибиро аз ақл ва мисли чисм сурат шаклро аз нафс пазируфтааст. Сифатҳои дигар:
бечонй, карахтй ва беҳаракатй ўро бо модда наздик мекунад. Модда ѐ мубтадо асоси
чизҳои махсус буда, беҳаракат, чумуд ва бидуни кайфият мебошад. Моддаро вучуд нест
ва он ба ҳеч ягон ақл, яъне ҳастй тааллуқ надорад. Аз ин рў, аз чониби ақл сухан ҳам
пазируфта намешавад. Мо мавчудияти онро сирф аз тариқи манфи: агар аз кулли ачсом
сураташон, яъне аломатҳои муаррифкунандаи онҳо: кайф (сифат), камм (миқдор, вазъ ва
ғайраҳо) гирифта бишавад, он чи ки мемонад, модда мебошад.
Инсон дар фалсафаи афлотунияи чадид аз ваҳдати акли илоҳию чисми- бечону
карахт иборат аст. Аз ин рў, дар чунин маврид мароми зиндагиро чизе. ташкил медиҳад,
ки бо ҳар роҳ ақлу рўҳи инсониро аз таъсири чисм бираҳонад ва билохира бо Ақли кабир
низ бипайвандад. Фаҳмост, ки манбаи тамоми шарр чисм ва манбаи хайротро маърифати
чамеи ҳаводиси ақлрасу воло ва фалсафа ташкил медиҳанд. Инсон вазифадор аст, ки фикр
карданро биомўзад ва ба василаи машқу парҳез чисмашро ба худаш тобеъ бикунад.
Таъсири фалсафаи афлотуниѐни чадид, пеш аз ҳама, Плотину Прокл ба мутафаккирони
насронии Рум низ хеле калон аст. Машҳуртарин файласуфи ин давра Дионисии
Ареопагити (асри V) моҳияти таълимоти насронияро тавассути истилоҳу мафҳумҳои
афлотунияи чадид мавриди баррасй карор додааст. Асархои Дионисий ба инкишофи
минбаъдаи равияи фалсафаи ир-фонии Руму Ғарб таъсири бузург расонидааст. Табиист,
ки мутафаккиронй Рум наметавонистанд риштаҳои мухталифи улуми атиқиро мавриди
таҳқиқ қарор бидиҳанд. Чунончи, онҳо ҳангоми халли масоили умумии табиатшиносй,
кайҳоншиносй, нучум, табииѐт ва риѐзиѐт бештар ба омўзишу шарҳи назарияҳои атиқи
маҳдуд шудаанд. Аммо дар ҳалли масоили фиқҳ як идда назарияҳои ачибро низ эчод
кардаанд. Дар «Баҳсҳои сегона» (дар бораи ваҳдати худо дар се чеҳра) онтологияи
фалсафй ѐ таълимоти ҳастй ва дар баҳсҳои христологй шахсияти инсон, нафс ва чисми ў
таҳқнқ шудаанд. Баъдан (асрҳои VIII— IX) баҳсҳо дар атрофи бутҳо сурат гирифта,
назарияи тимсолу рамзҳо низ эчод шудааст. Сохтори низоми догматикй ба донишҳои
мантиқй низ зарурат дошт. Аз ин рў, мантик тайи қарнҳои VI—XII низ хеле рушд
мекунад. Афкори фалсафии Рум, аз қарнҳои X—XI шурўъ карда, бештар дар ду самт
инкишоф намеѐфт: догматикаи рационалистй ва ахлоқи ирфони.
Ба тамоюли аввал ҳамин хос буд, ки ба олами махсус, улуми табииѐту ҳайат,
нучум, ақлу хиради инсон (илми мантик), классикаи атиқй, таърих ва сиѐсат таваччўҳи
хосе зохир мекард. Чунин буд доираи назари барчастатарин намояндаи фарҳанги асри XI
Рум Михаил Пселл, ки дар риштаҳои фалсафа, сиѐсат, таърих, забону адабиѐт асарҳо эчод
кардааст.
Тамоюли дуввум, ки бо номи «Исихазм» (юн. писихия—роҳат, оромй) маъруф
мебошад, асосан дар осори роҳибону зоҳидон Иоанн Лествичник (асри VII) ва Григорий
Палама (тақр. 1297—1360) баѐн шудааст. Таваччўҳи асосии онҳоро олами ботинии инсон
ва дар рўҳияи ахлоқи насронии фурўтанй, итоаткорй, фармонбардорй ва оромии дохилй
такмил додани он ба худ чалб мекард. Муборизаи равияҳои рационалистию иycонй, ба
хусус дар авохири мавчудияти империяи Рум хеле зиѐд шуд. Таълимоти Г. Палама дар
кишвар, алалхусус, дар байни табақаҳои поѐнию миѐнаи рўҳониѐн хеле паҳн мешавад. Ба
ў файласуфи калабрй Варлаам (ваф. 1348) зид баромада ақидаи нисбат ба имон бартарии
хирадро чонибдори мекунад. Равияи рационалистй дар асрҳои XIV—XV боз ҳам рушд
карда, бо инсонгароии Аврупои Ғарбй қаробати фикрй пайдо мекунад. Аз намояндагони
машҳураш Георгий Гелист Плифон (1355—1452), Мануил Хрисолор ва Виссариони
Никеиро метавон ѐдовар шуд.
Саҳми адабиѐти динию зоҳидгароии Рум дар ташаккули <фарҳанги маънавии халқи
рус ва фалсафаи мардуми Қафқоз хеле бузург мебошад.
Do'stlaringiz bilan baham: |