идеяи
таносух
, яъне аз як љисм ба љисми дигар гузаштани рўњ пайдо гардид.
Гумон меравад, ки брањманњо ин идеяро аз динњои мардуми мањаллї-
дравидњою мунда ќабул карда бошанд. Дар ќонунњои Ману идеяи
таносухи рўњ фаќат дар боби охири 12-ум зикр гардидаасту халос.
Тибќи тасаввуроти брањманњо пас аз марг рўњи инсон намемурад ва
ба ягон љисми дигари моддї медарояд. Ба кадом љисм даромадани љон аз
рафторњои гузаштаи он одам ва риоя кардани ќоидањои каставї вобаста
аст. Агар шудрањо ќонунњои каставиро наѓз риоя намуда, ботавозўъ ба
кастањои дигар хидмат карда бошанд, рўњи онњо имконияти баъди марг
ба љисми одамони кастањои болої дохил шуданро доранд. Вале касе, ки
ќонунњои каставиро риоя намекунад, он метавонад ба њайвон табдил
гардад.
Дар замони брањманњо адабиѐти зиѐди динию фалсафї навишта
мешавад. Ин адабиѐт дар таърих номи «Упанишад»-ро гирифт. Он
иборат таќрибан аз 250 китоб буд.
Дар кастаи кшатрийњо, ки бо брањманњо раќобат доштанд,
таълимотњои материалистї зиѐд ба назар мерасиданд. Масалан, низоми
«чарвака» тасдиќ мекард, ки олам аз чор унсур (об, бод, хок, оташ)
иборат аст. Низоми дигар-«локаята» бошад, умуман вуљуди худоњоро
инкор мекард.
Яке аз системањои фалсафї, ки дар оянда њамчун дини њиндї
инкишоф ѐфт, йога буд. Йога таълимоти сўфиѐна буда, маќсадаш бо
истифода аз машќњои гуногун тарбияву худтакмилдињии љисму рўњ
мебошад. Дар ин таълимот низомњои махсуси нафаскашї ва ќоидањои
дигар ба хотири њифзи тозагии бадан ва худтакмилдињии рўњ истифода
мегардиданд.
3.Љараёнњои Љайнизм ва Будизм.
Инкишофи љараѐнњое, ки дар Њинд бо якдигар мубориза мебурданд,
ин аз як тараф инъикоси афзуда истодани зиддиятњо дар дохили синфи
њукмрон бошад, аз тарафи дигар, баъзеи он љараѐнњо дар байни оммаи
мардум њамовозї пайдо карда, эътирози бешууронаи мардумро бар
зидди зулми сохти каставї инъикос мекарданд.
Аз љумлаи чунин љараѐнњо љайнизм ва буддизмро, ки ќариб дар як
ваќт дар асрњои VI-V то мелод пайдо шуда буданд, ном бурдан мумкин
аст. Ин ду таълимот бо якдигар наздик буда, яке бар дигарї таъсир
гузоштааст. Њардуи ин љараѐнњо сохти каставиро ќабул надоштанд ва
роњи халосии инсонро аз машаќќат ба кўшишњои худи фард вобаста
медонистанд. Њарду љараѐн карма, яъне таќдир ва таносухи рўњро
маъќул дониста, дар љои аввал таълимоти ахлоќиро оид ба гузаронидани
њаѐти таќводоронаю зоњидона мегузоштанд. Аммо таќдири ин ду љараѐн
њархела буд.
Љайнизм, ки асосгузори он Вардњамана Мањавира (599-527) ѐ ки
Љинна (аз кшатрийњо)-буд, чунин таълим медод, ки олами моддї чизи
бад аст ва инсон бояд ба он бикўшад, ки аз он рањої ѐбад. Ва талаби
зоњидии ќатъї, ки мутобиќи он баъзе љайнињо аз пўшидани либос сарфи
назар мекунанд, бояд зан нагиранд, ягон кас-њатто њашаротро накушанд,
аз њамин љост. Барои њамин љайнињо њатто обро бояд аз тариќи тўр
бинўшанд, то ки тасодуфан бо об ягон њашаротро фурў набаранд. Бо ин
маќсад дањони онњо бояд бо дока пўшида шуда бошад, то ягон
њашаротеро њангоми нафаскашї ва сухан гуфтан фурў набаранд.
Талаби дигари љайния ин беозорї буд, яъне инсон бояд ба ягон кас
ранљу озор нарасонад. Ин талаби љайния гўѐ ба муќобили зулми каставї
нигаронида шуда буд. Зеро, масалан брањман метавонист махаверо, ки
ба ў даст расонад, бикушад ѐ озор дињад. Љайнизм талаботњои худро
тадриљан сабук кард ва он дар байни тољирон ва сокинони шањрњо пањн
гардид. Он то имрўз дар Њинд пайравони худро, ки наздик ба 3-
миллионанд дорад, вале он чун буддизм ба хориљи кишвар пањн
нагардид. Љайнињо аксаран дар штати (вилояти Бињор зиндагї ба сар
мебаранд).
Китоби муќаддаси љайнињо «Агамас» ном дошта, таълимоту
талаботњои ин дин дар он гирд оварда шудаанд. Як љузъи ин китоб ба
зиндагиномаи Мањавира бахшида шудааст. Љайнињо чунин мешуморанд,
ки Мањавира аз осмон ба назди онњо фурўд омадааст. Дар баробари ў
љайнињо боз ба 24 нафар ба ном тиртњанкарасњо (инсонњои муќаддаси
наљотдињандагони инсоният) эътиќод доранд.
Буддизм дар асрњои наздик ба давраи мелодї дар Њинд нисбат ба
љайнизм хеле зиѐд пањн гардид. Сабабаш дар он буд, ки талаботњои ин
дин он ќадар душвору ќатъї набуданд. Буддизм замоне дар давраи
њукмронии сулолањои Мауря ва Кушонињо (асрњои III то мелод-то II
мелод) дини давлатї буд. Ин дин кастаи брањманњоро сахт ба ташвиш
оварда буд. (Дар бораи буддизм њоло чанд дарсе дар пеш дорем).
Do'stlaringiz bilan baham: |