Лексияи 3
: Таърихи динњо дар сарзамини Њиндўстон.
Наќша:
1.
Оинњои ведї ва брањманї.
2.
Ќонунњои динии шоњ Ману.
3.
Љараёнњои Љайнизм ва Будизм.
4.
Њиндуизм ва ислоњоти динии он.
Адабиёт:
1.
Боги, брахманы, люди. Четыре тысячи лет индуизма.-М., 1969.
2.
Гусева Н.Р. Джайнизм.-М., 1968.
3.
«Законы Ману».-М., 1960.
4.
Ильин Г.Ф. Религия древней Индии.-М., 1959.
5.
Ольденбург Г. Будда, его жизнь, учение и община.-М., 1905.
1.Оинњои ведї ва брањманї.
Таърихи динњо дар Њинд ба се давра људо мешавад: давраи ведї,
давраи брањманї давраи њиндуизм.
Давраи аввалро ведї ба он хотир меноманд, ки маљмўањои матнњои
ќадимаи аз кишвари мазкур ѐфташуда «веда» ном доштанд (веда, яъне
дониш). Матнњои ведањо ба забонњои аврупої тарљума карда шудаанд.
Ведањо ин маљмўањои матнњое мебошанд, ки дар замонњои гуногун пайдо
шудаанд. Ведањо ба чор маљмўаи асосї-самњитњо таќсим мешаванд.
Маљмўаи аз њама ќадим дар байни онњо
«Ригведа»
мебошад, ки он
китоби гимнњост. Ба ин маљмўа китоби
«Самаведа»
марбут аст. Он
дорои матнњои намоз ва урфу одатњо мебошад. Баъди он маљмўаи
«Яљурведа»
, китоби ибодатњо ва сипас маљмўаи аз њама дер
«Атњарваведа»
меояд, ки ин ахир дорои сурудњою дуоњои соњирї
мебошад.
Ин маљмўањо њаљман хеле калон буда, як Ригведа дорои 1028 гимн
мебошад. Дар давоми асрњои зиѐд онњо дањонакї аз як кас ба каси дигар
гузашта, хеле баъд дар замонњои дер ба рўи коѓаз оварда шудаанд. Аз
њамин рў, муайян кардани таърихи пайдоиши онњо кори хеле душвор
аст. Новобаста ба ин, матнњои Ригведа аз текстњои замонњои дер хеле
фарќ мекунанд. Мањз онњо манзарањою сањифањои равшану воќеии
динњои аввалаи њиндуориѐињоро ба мо нишон медињанд.
Дар ибтидо ќабилањои ориѐие, ки аз пуштакўњњои Эрон ба Њинд
њуљум оварданд, дар вазъи нимкўчигї ќарор доштанд ва аз сохти
обшинаи ибтидої ба сохти љамъияти синфї мегузаштанд. Ин ќабилањо
бо мардуми мањаллии Њинд аз љињати маданї умумияте надоштанд.
Онњо њавзаи дарѐи Њинд ва баъдтар њавзаи дарѐи Ганга ва сипас
Шимолу Ѓарб ва Шарќи Њиндустонро низ ишѓол намуданд. Ин давраи
гузариш дар Ригведа ва ведањои дигар инъикос гардидааст.
Дар дини ориѐињои Њинди он замон политеизм (бисѐрхудої) вуљуд
дошт. Аќидае вуљуд дорад, ки адади он худоњо 33-то мебошад, вале дар
як љои ведањо гуфта мешавад, ки 3399-то худо вуљуд дорад. Маълум нест,
ки кадоме аз ин худоњо худои асосї ба њисоб мерафт. Ва инчунин маълум
нест, ки кадоме аз он худоњо ќадимтарин буд. Вале аз рўи баъзе
нишонањою аломатњои худои
Индра
, ки дар ведањо омадаанд, чунин
њисобидан мумкин аст, ки ў худои аз њама ќадимтарини њиндуњо будааст.
Дар ведањо ў худои аз њама маъруфтарини њиндуњост. Ба Индра дар
ведањо то 250 гимн бахшида шуда, дар гимнњои дигар низ ў зуд-зуд ѐд
гаштааст. Индра аз як тараф худои љанговар бошад, аз тарафи дигар он
худои раъду барќ низ буд. Баъзењо чунин аќида доранд, ки Индра дар
ибтидо худои ќабилањои ориѐї ѐ худои яке аз ќабилањо-тритсу, худои
љанговар буда, худои раъду барќ шудани он баъдтар љой дошт. Дар
Ригведа ќудрати Индра ин тавр тавсиф гардидааст: «дар як рўз Индра
њамаи њафт ќалъањои онњо (душманон)-ро ба воситаи зўрии худ хароб
сохт». Дар матнњои дигар бошад Индра њамчун худои раъд, худои осмон,
соњиби офтобу рўшної тасвиф ѐфтааст. Ќиссаи асотирие низ оиди љанги
Индра бо аждањои бузурги љањонї Вритра, ки таљассуми абрњои барќдор
аст ва аз ин аждањо худоњои дигар дар њарос буданд, дар ведањо оварда
шудааст. Индра бо ў љангида, ѓалаба ба даст меоварад.
Худои дигар дар матнњо
Варуна
мебошад. Варуна-худои осмони
шабона ва обњои њавоию заминї шуморида мешуд. Чунончи дар матнњо
омадааст: «Варуна аз бушкае, ки поѐнаш сўрох аст, ба њарду љањон ва
фазо он чиро, ки дар бушка буд, рехт. Подшоњи тамоми љањон бо њамин
чи тавре, ки борон кишти гандумро об медињад, заминро обод менамояд.
Ў хоку замину осмонро шодоб месозад. Њангоме ки Варуна мехоњад ўро
бидўшанд, кўњњо бо абрњои сиѐњ фаро гирифта мешаванд ва мардњои
беќарор лаљомњои аспњои худро сар медињанд».
Фаќат дар баъзе матнњои алоњида Варуна њамчун худои асосї
ситоиш карда мешавад. Осмони рўзона худои дигаре бо номи
Do'stlaringiz bilan baham: |