30.Забоншиноси ва география.
Фанни география ҳам бо забон алоқа дорад. Номҳои накшу нигор аз аломатҳои объектҳои физикӣ-географй баҳрҳо, дарёҳо, кўҳҳо, чазираҳо, ҳамвориҳо, номи мамлакатҳо, аломатҳои гуногунро дар харитаҳо пеш аз ҳама, ба категорияҳои забонӣ тааллуқ дошта, географ аз он аломатҳо ба таври васеъ истифода мебарад. Вазифаи аввалин ва асосии забон иштироки он дар ташаккули фикр мебошад. Тафаккур ҳамчун инъикоси ҷамъбасткунандаи ҳастй дар шуур ба калимаю ҷумлаҳо ҳамеша мўҳточ аст, зеро бе калимаю ҷумла ва муҳокима, на хулосабарорй ва на мафҳум ба амал меояд. Инро аз ҷиҳати физиологй академик Павлов Ил. нишон додааст.
55.Лингвистикаи математикӣ
Забоншиносй ва фанҳои табий нисбат ба илмҳои дигар нав аст. Маълум, ки забоншиносй то асрҳои охир дар доираи илмҳои дигар омўхта мешуд (таърих, биология, философия). Ниҳоят дар наздик забоншиносй ва фанҳои табий чун илми мустақил шакл гирифт. Илмҳои дақиқ: химия, физика, техника низ ҳамин ҳодисаро аз сар гузарониданд. Математика, ки асоси ҳамаи ин илмҳо мебошад, ин илмҳо чун як қисми математикй дар таркиби он омўхта мешуд. Дар солҳои охир дар бораи алоқаи забоншиносй бо математика адабиёти зиёде чоп шуда ва олимон ақидаҳои худро баён карданд. Ин масъала ҳоло дар инкишоф аст. Забоншиносй дар адабиёти илмии Ғарб чун илм мавқеи мустаҳками худро ишғол намуда, қонунҳои дохилии худро муайян карда, бо суръати тез инкишоф меёфт. Албатта, баробари забоншиносй илмҳои дигар - физика, химия, илмҳои техникй ва асоси ҳамаи ин илмҳо математика ҳам бо суръати тез инкишоф ёфтан гирифт. Акнун дар бораи забоншиносй чун қисми таркибии илмҳои дигар (философия, биология, таърих, адабиёт) сухан намерафт, балки дар бораи алоқаи забоншиносй ва забон бо он илмҳо сухан мерафт. Дар забоншиносии рус дар аввали асри XX академик А.А.Марков аввалин бор методҳои математикиро дар соҳаи забон тадбиқ намуд. Ў матни «Евгений Онегин»-ро соли 1913 ба таври статистикй тадқиқ кард. Дар охирҳои асри гузашта олимони Ғарб Иул (Франсия), Кайдинг (Германия) ва дигарон ба ин машғул шуда буданд. Аммо дар солҳои охир тадқиқоти статистикй-математикй дар соҳаи забон пеш рафт. Ин гуна тадқиқотҳои статистикй барои муайян намудани қонуниятҳои фонетикй, маҳсулнокии грамматикй (калимасозии аффиксҳо) ва муносибати хешигарии забонҳо гузашта мешуд. Ин ҳолат сабаби дар рўзҳои мо ба вуҷуд омадани луғатҳои басомад ҳам гардид. Дар луғати басомад калимаҳо дар асоси ягон асар ё эҷодиёти ягон нависанда гузошта мешавад, ки микдори лексикаи он бо андозаи истеъмоли калимаҳо муайян карда мешавад. Масалан, «Частотный словарь Унсури»-и Н.Османов, 1970. Дар он калимаҳои: ош-1000; об-100; аз-2600: офтоб-40; пайғом-1; хавоза-1; хор-5; дониш-14 маротиба истеъмол шудаанд. Калимаҳои дигар низ дараҷаи истеъмолашон баробар нест.
Do'stlaringiz bilan baham: |