56.Лингвистикаи дескриптивй
Асосгузори лингвистикаи дескриптивй забоншинос, этнограф ва антропо.логи америкой Франс Боас ва Блумфилд мебошад. Блумфилд дар яке аз асарҳои аввалини худаш «Муқаддимаи омўзиши забон» ва «Ба психологияи халқҳо»-и В.Вунт такя намуда бошад, вале аз соли 1926 Блумфе.лд ба принсипҳои бихеворизм омўзиши одобу ахлоқи одамон такя менамояд ва ин ақида дар асари машҳури ў «Забон» 1933 ифода ёфтааст. Ў ба муқобили психологизм баромада, забонро тамоман аз шуур ҷудо мекунад ва онро ҳамчун системаи сигналҳои рафтору одоби одамонро муайянкунанда мефаҳмад.
Забоншиносон ва психологҳои америкой фаъолияти нуткро ҳамчун одоби шифоҳӣ даҳонакй, ҳамчун таассуроти гўянда ба ин ё он шароит вазият мефаҳманд. Забон системаи сигналҳоест, ки алоқаи берунӣ ва дохи.лй дорад ва аз ин рў, забоншиносй ба метолингвистика, долингвистика, микролингвистика ва лингвистика ҷудо мешавад.
57.Метолингвистика-як шохаи забоншиносй.
Металингвистика шохаи забоншиносиест, ки ҷиҳати маъноии забонро дар алоқамандй бо тафаккур ва ҳаёти ҷамъиятии соҳибони он меомўзад, бинобар он вай чунин и.лмҳоро этнолингвистика, психолингвистика, сосиолингвистика, менталингвистика, фонетика ки хусусиятҳои акустикӣ ва артикулясионии овозҳоро меомўзад ва паралингвистика ки имову ишора, интонасия ва ғайраро меомўзад, муттаҳид менамояд. Ҳозир дар забоншиносй сохторе қабул карда шудааст, ки аз ҷиҳати мураккабй ба қисмҳои зерин ҷудо мекунанд: предлингвистика, микролингвистика ва металлингвистика.
58.Предлингвистика ва хусусиятхои ба худ хоси он.
Предлингвистика - ходисаи физиологй-акустикии забонро меомўзад. Берун аз ин ҳодисаҳо забон вуҷуд дошта наметавонад, чунки чузъи ҷудонашавандаи одам - ҳамчун мавҷудоти биологй мебошад ва воситаи асосии фикрбаёнкунии он аст. Предлингвистика, ё ки бевосита фонетика ду аспекти омўзиши забонро дар бар мегирад - аспекти антропафонй вобаста ба органҳои нутқ - хусусиятҳои анатомй ва физиологй муносиб доштани забон, ки дар натиҷаи характери органҳои нутқ хусусиятҳои акустикии он омўхта мешавад. Асиекти дуюм метавонад бо техникаву аппаратураи зиёди ҳозиразамон омўхта шавад. Ин хар ду аспект дар омўхтани забон хеле заруранд, вале бо ин восита танҳо қадами аввали тадқиқот сар мешавад. Ин масъала, яъне: антропофоника физиологияи овозҳои нутқ ва акустика дар курси «Мадҳали забоншиносй» васеъ дида мешавад.
59.Микролингвистика ва хусусиятхои ба худ хоси он.
Микролингвистика шохаи забоншиносиест, ки алоқа, муносибати тарафайн ва муқоисаи дохили системаи забонро меомўзад. Ба тарзи дигар гўем, и.лм доир ба ифода, на маъно. Матн, порчаи нутқ асоси реалии ин и.лм ба ҳисоб меравад.Аз ҷиҳати сатҳ тадқиқ намудани забонро ба асосгузори ҷараёни дескриптивй Блумфилд нисбат медиҳанд. У аз сатҳи оддй аз омўзиши фонология, яъне муайян намудани фонемаҳо ва роҳҳои васлшавии онҳо ба воситаи методҳои тадқиқоти фонетикй методи озмуни акустикӣ, методи спектографй... сар кардани тасвири забонро бамаврид ва муҳим мешуморад.
Хишшети микролингвистика дар вақти тадқики нақшаи ахборот баёни нутқ мушоҳида мешавад. Элементҳои мавҷудаи структуралии забон овозҳо, калимаҳо, қисмҳои морфологии калимаҳо, ҷумлаҳо барои ба касе гузаронидани фикре хизмат мекунанд, инро дар забоншиносй маълумот меноманд. Ин шакли нутқ дар чунин ҷадвал ҷой мегирад:
61. Методи кимография.
Қадимтарин методи акустикии таҳқиқи нутқи овозй методи кимография (аз калимаи юнонии кита - мавҷ ва graph - навиштан аст) гирифта шудааст.
Дар мавриди истифодаи ин метод кори узвҳои холигиҳои даҳону бинй ва ҳалқ ҳангоми тачаффузи овоз ё калимаи даркорй ба воситаи дастгоҳи махсус (кимограф) дар қоғази махсус инъикос карда мешаванд. Баъди коркарди кимограф аз рўи ҳамин қоғаз кимограмма оиди кори узвҳои нутқ дар сохтани овозҳо натиҷа гирифта мешавад. Туфайли методҳои элекроакустикӣ методи кимография дар фонетикаи имрўза кам истнфода мешавад.
62.Спектографи динамикй
Дар асоси спектографи динамикй муҳаққиқ метавонад на танҳо сохтмони умумии спектри овоз, балки тағйироти овозҳоро дар асоси талаффузи ҳиҷо, калима, ҷумла дар муҳитҳои гуногуни фонетикй таҳқиқ намояд ва натиҷа гирад. Маълумтарин спектографи имрўза «сонофаф» ё «нутқи хоно» (вндимая речь) ба ҳисоб меравад. Дар спектофаммаи «нутқи хоно» қувваи овоз ба дараҷаи сиёҳии акси интенсивӣ мусоид аст: сиёҳй ҳар қадар зиёд бошад, қувваи овоз ҳамон андоза зиёд аст. Ҳоло дар тадқиқотҳои фонетикй мошинҳои ҳисобкунандаи электронй (МЭҲ) истифода бурда мешавад. Бо мақсади ба даст овардани маълумоти дақиқ ба МЭҲ дастгоҳи махсуси табдили нутқи овозй ба сигнали электронй илова карда мешавад ва дар асоси он нутқи овозй дар тадқиқотҳои фонетикй на танҳо анализ, балки синтези нутқи овозиро, ки барои истифодаи «мошинҳои гўё» аҳамияти калон дорад, имконпазир мебошанд.
63. Овозхои нутк ва хусусиятхои он.
Хусусияти физикй ва физологии овозҳои нутқ бо ёрии мушоҳидаи бевосита ва роҳҳои методи тарбиявй - фонетикй омўхта мешавад. Хусусиятҳои артикулясионй-психологӣ ва акустикӣ психологии овозҳои нутқ ба воситаи методи классификасионй ва тахлили компонентии артикулясияи овозҳо ва кори артикулясионй омўхта мешавад. Овозҳои нутқ чарангоси гуногун доранд. Масалан, Отто Йесперсен 1860-1943 яке аз асосгузори ин назария, овозҳои нутқро вобаста ба дараҷаи чарангосашон аз кам ба зиёд ба таври зер гурўҳбандй кардааст. 1.Ҳамсадоҳои зичи бечаранг - п, т, ч, к, ҳ, ъ. 2.Ҳамсадоҳои роғи бечаранг - ф, д, ҳ, х . 3.Ҳамсадоҳои димоғй - м, н 4.Ҳамсадоҳои пахдўй – л 5.Ҳамсадоҳои зичи чарангдор - б, д, г 6.Ҳамсадоҳои роғи чарангдор - в, з, ж, ғ 7.Ҳамсадоҳои ларзон – р. 8.Садонокҳои бардошти боло - и, у. 9.Садонокҳои бардошти миёна - э, о, ў. 10.Садонокҳои бардошти поён – а. Мувофиқи ақидаи тарафдорони назарияи физикии ҳиҷо, ҳар як калима аз тағйири мураттаби чарангоси овозҳо ва ҳар як ҳиҷо аз як мавчи ҷарангос иборат аст. Аз сабаби он ки ҳамеша садонокҳо ва сонориҳо нисбат ба ҳамсадоҳо чарангоси бештар доранд, онҳо авчи қуллаи хичоро ба вуҷуд меоранд. Ҳамсадоҳо дар теғаҳои ин мавч чой мегиранд (дар бораи қонуни ченкунии фишор бо 105 нютон). Ба ҳамин равиш афзоиш ва коҳиши тадричии мавчи ҳиҷо аз ибтидо то интиҳои ҳиҷо таъмин мешавад.
64.Назарияи физикии ҳиҷо.
Назарияҳои физиологй ва физикии ҳиҷоҷудокунӣ забоншиносонро водор сохт, ки роҳҳои дигари ҳалли ин масъаларо ҷустуҷў кунанд. Дар натиҷаи ин ҷустуҷў дар солҳои охир назарияи нави ҳиҷоҷудокунӣ ба миён омад, ки он бо номи назарияи фонетикй ё назарияи комплексй маъруф аст. Асосгузори ин назария олими рус Л.В.Бондаренко дар як силсила тадқиқотҳои худ хусусиятҳон физиологй ва лингвистии ҳиҷой забони русиро мавриди омўзиш қарор дода, ба чунин хулоса омад: дар нутқ ҳиҷой кушода ва ҳиҷой баста афзалият доранд. Ҳама гуна ҳиҷой баста дар занчири гуфтор ба ҳиҷоҳои кушоде табдил мешаванд, зеро овозҳои таркиби ҳиҷой кушода дорои яклухтй ва ҳамбастй мебошанд. Ин ҳамбастии овозҳои таркиби ҳиҷо дар муносибати овозҳо аз рўи тамдид, лаҳни асосй ва қувва ошкор мегардад. Л.В.Бондаренко дар асоси ин мушоҳидаҳо қайд мекунад: ҳар як ҳиҷо баробари ба охир расидани талаффузи садонок анҷом мепазирад ва ин қонун ба ҳамсадоҳои баъдина ва зада вобастагй надорад2. Аз назарияи физикии ҳиҷо маъмултаринаш назарияи қобилияти ҷарангос ё сонорй мебошад. Мувофиқи ин назария, ҳиҷо аз маҷмўи унсурҳои серҷаранг сонорй ва камҷаранг иборат аст. садонок унсури хатмии ҳиҷо нест. Барои ташкили ҳиҷо танҳо мавҷудияти ду унсуре, ки ба дараҷаи чарангоси худ фарқ мекунад, қофй аст.
Do'stlaringiz bilan baham: |