1. Мукаддима маълумот дар бораи фан



Download 0,85 Mb.
bet7/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

21. Методи осисиллография
Истифодаи асбобҳои электроакустикӣ, ки ҳоло дар фонетикаи зксперементалй васеъ ба кор бурда мешаванд оссиллограф, спектограф, интонофаф дар ҳалли бисёр масъалаҳои фонетикй ва орфоэпияи забони адабии тоҷик кўмак мерасонад. Масалан, муайян ва муқаррар намудани чою тарзи тачаффузи овозҳои ҷудогона хусусиятҳои акустикии овозҳои нутқ бс истифодаи ин асбобҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Бинобар ин, ҳангоми тадқиқи табиату хусусияти фонетикй ва арзиши фонологии ҳамсадоҳои такрор аз натиҷаҳои тадқиқоти олимони ин соҳа ба қадри имкон истифода бурдан лозим аст. Ҳангоми истифодаи методи осисиллография нутқи овози бевосита аз микрофон ё аз новори магнипюфон ба воситаи асбоби махсус оссиллограф дар навори кино сабт мешавад. Баъди коркарди озмоишгоҳи аз рўи навор, ки оссиллограмма ном дорад, хусусиятҳои физикии овозҳои нутқ мавриди мутолиа қарор мегирад. Оссиллограмма доир ба лаҳн ва қувватнокии овозҳои нутқ маълумоти пурра медиҳад, аммо ҳамаи масъалаҳоро ҳал намекунад. Масалан, дар асоси оссиллография оиди сифати танини овозҳо мулоҳизаю муҳокима рондан мумкин аст. Барои ошкор сохтани ин хусусияти овозҳои нутқ аз методи спектография ифода мебаранд.

22.Методи спектография
Методи спектография дар тадқиқи нутқи овозй бо мақсади таҳқиқи даққиқтари нутқ ва пеш аз ҳама, барои муайян кардан сохтмони спектри овозҳо таьсири байниҳамдигарии садонокҳою ҳамсадоҳо, ки боиси сифати ҷилоҳои гуногуни онҳо мебошанд, мавриди истифода қарор мегирад. Дар мавридҳои истифодаи ин метод нутқи овози гўянда бевосита аз микрофон ё аз навори магнитофон бо асбоби махсус, ки спектограф ном дорад, дода мешавад. Спектограф хусусиятҳои физикии овозҳоро дар навори кино сабт мекунад. Баъди коркарди спектограф озмоишгоҳи дар асоси ҳамин навор, ки спектограмма ном гирифтааст, танини сифати овоз ё сохтмони ҳачми он таъин карда мешавад. Дар фонетикаи имрўза ду навъи спектограф: статикй ва динамикй истифода мешаванд. Ҳангоми истифодаи спектографи статикй ҳар як овози нутк дар тўли талаффузаш мавриди омўзиш қарор мегирад. Барои иҷрои ин кор овози нутқро дар асоси асбоби махсус сепаратор аз овозҳои лигари таркиби калима ё ҷумла ҷудо карда, дар навори магнитофон сабт мекунанд ва аз он ба спектограф медиҳанд, баъд зудиҳои таркиби овозҳои нутқ ва қувватнокии онҳо дар экрани спектограф намоён мешавад ва муҳаққиқ онҳоро ҳисоб карда дар қоғази махсус ннъикос менамояд ва дар асоси маълумоти ҳосилшуда спектограммаи статикй ё лаҳзагии овозҳоро месозад. Дар асоси спектографи динамикй муҳаққиқ метавонад на танҳо сохтмони умумии спектри овоз, балки тағйироти овозҳоро дар асоси талаффузи ҳиҷо, калима, ҷумла дар муҳитҳои гуногуни фонетикй таҳқиқ намояд ва натиҷа гирад.


23.Муносибати забоншиноси бо математика
Масъатаи таъин намудани муносибати байни забоншиносй ва математика мураккаб аст. Ин алоқа танҳо дар далелу ҳодисаҳои забонӣ, тадбиқ намудани методҳои математикй ифода меёбад. Тадбиқи методи статистикаи математикй барои ба таври объективй муайян намудани ҳачми луғатҳо монанди луғати русй барои мактабҳои миллй имконият медиҳад.
Инчунин аз фанҳои математика забошиносй ба назарияи маълумот низ алоқаманд аст. Назарияи маълумот бо ҷараёни каналҳои алоқа шунавонидани маълумотро меомўзад.

24. Лингвистика ва шархи он
Фане, ки дар бораи забошиносй баҳс мекунад, илм дар бораи забон ё лингвистика ном дорад. Калимаи лингивистика истилоҳи умумиҷаҳонй буда, дар баъзе забонҳо бо тағьироти фонетикй [дар забонҳои франсузй -latingustigue:анлисӣ- linguisties; немисй- die linguistik] дучор шавад ҳам, ба як маъно истеъмол мешавад. Лингвистика аз чиҳапш донистани нормаҳои амалии забон, дарк кардани қонуниятҳои он ва муайян намудани соҳаҳои назарявии забон мебошад. Барои лингвистика забон объекти асосии тадқиқот мебошад. Лингвистика сохти забон, функсия, тарақкиёти он ва инчунин муносибат ва алоқаи онро бо ҷамъият, шуур, тафаккур ва маданият меомўзад.

25.Забоншиноси ва фанхои табии бо кибернетика
Кибернетика аз калимаи юнонй буда, маънояш «идора мекунам» аст, илми идоракунй ва ҷои ахбор мебошад. Забон низ ҳамин гуна хусусият дорад, аз ин ҷиҳат байни онҳо умумият мушоҳида карда мешавад. Ғайр аз ин муносибат ва алоқаи он бо математика, информатика, семиотика, мантиқи шаклй-математикӣ солҳои охир муқаррар шуд. Ниҳоят забошиносй бо кибернегика алоқаи наздик дорад, ки ин зодаи асри XX мебошад. Кибернетика маълумоту асосҳои илмиро ба тарзе мегузорад, ки дар ин истифода бурдани мошин мумкин бошад. Шаклҳои гуногуни меҳнати инсон, аз ҷумла меҳнати фикрй ҳам, ба ўҳдаи мошин гузошта мешавад. Аз ин ҷиҳат, мошинҳои ҳисобкуние ба вуҷуд омадаанд, ки меҳнату амалиётҳои гуногуни инсонро осон мегардонанд. Ғайр аз ин мошинҳо хато намекунанд ва хатои одамро ислоҳ карда метавонанд. Мошин худаш истеҳсолотро идора мекунанд, маълумотҳоро фаҳмида онро ба тарзи матлуб аз дигар кор мекунад, аз як зибон ба забони дигар тарҷума мекунад ва ғайра.

26.Ахамияти фанни кибернетика барои инкишофи забоншиноси
Кибернетика аз калимаи юнонй буда, маънояш «идора мекунам» аст, илми идоракунй ва ҷои ахбор мебошад. Забон низ ҳамин гуна хусусият дорад, аз ин ҷиҳат байни онҳо умумият мушоҳида карда мешавад. Ғайр аз ин муносибат ва алоқаи он бо математика, информатика, семиотика, мантиқи шаклй-математикӣ солҳои охир муқаррар шуд. Ниҳоят забошиносй бо кибернегика алоқаи наздик дорад, ки ин зодаи асри XX мебошад. Кибернетика маълумоту асосҳои илмиро ба тарзе мегузорад, ки дар ин истифода бурдани мошин мумкин бошад. Шаклҳои гуногуни меҳнати инсон, аз ҷумла меҳнати фикрй ҳам, ба ўҳдаи мошин гузошта мешавад. Аз ин ҷиҳат, мошинҳои ҳисобкуние ба вуҷуд омадаанд, ки меҳнату амалиётҳои гуногуни инсонро осон мегардонанд. Ғайр аз ин мошинҳо хато намекунанд ва хатои одамро ислоҳ карда метавонанд. Мошин худаш истеҳсолотро идора мекунанд, маълумотҳоро фаҳмида онро ба тарзи матлуб аз дигар кор мекунад, аз як зибон ба забони дигар тарҷума мекунад ва ғайра.

28.Забошииносй ва семиотика
Бисёр забоншиносон забон ва ё саҳеҳтараш калимаро аломат, рамз номидаанд. Аристотел философҳо Гобсс, Локк, Лейбнис ва Гумбольд Фортунатов бо тарзҳои гуногун ҳамин ақидаро таъкид кардаанд. Ба гуфти Богородский калимаҳои нутқи мо рамз ва ё аломат барои ифодаи мафҳум ва ҳамфикр мебошанд. Пештар масъала вобаста ба алоқаи забону тафаккур қайд карда мешуд. Ҳоло ҳам философҳо ва ҳам забоншиносон таъкид мекунанд, ки калима мафҳумро, ҷумла муҳокимаро ифода мекунанд, калима бошад, рамз ва ё аломати мафҳум мебошад. СЕМИОТИКА. Семиотика назарияи умумии аломат мебошад. Вай табиат ва системаи аломат, намудҳои аломат ва тағйиротҳои онро меомўзад. Одатан се ҷиҳати аломат қайд карда мешавад, муиосибати аломатҳо бо якдигар, муносибати аломат бо предмети истифодашаванда ва муносибати истифодабарандагони аломат нисбати аломат. Азбаски аломатҳо гуногунанд, онро ба ду гурўҳи калон ҷудо мекунанд: а).аломатҳои табий: б).аломатҳои сунъй. Аломатҳои табий аслан аломат нестанд, зеро онҳо чузъи ҳамон предмет ва ё ҳодисаанд. ки мардум онро меомўзанд ва дарк мекунанд: Офтоби сўзон - нишонаи аломати тобистон; Барф - хосияти зимистон аст. Ҳамин аломатҳо - офтобу барф, нишонаи тобистону зимистон мебошад. Вале аломатҳои сунъй барои ба шакл даровардан, нигоҳ доштан ва хабар расонидан махсус офарида шудааст. Онҳо сунъй буда, ҳамчун воситаи муносибат хизмат мекунанд ва аз ин рў, онҳоро аломати коммуникативй ва информативй меноманд. Аломатҳои информативй гуногун буда, ҳам аз рўи таъинот, ҳам аз рўи сохт ва ҳам аз рўи ташкиливу системаашон аз ҳам фарк мекунанд ва чунин намудҳо дорад:



Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish