1. Мукаддима маълумот дар бораи фан



Download 0,85 Mb.
bet37/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   ...   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

145.Хати суғдй ва хусусияти он.
Хати суғдй. Суғдиён қадимтарин мардумони Осиёи Миёна буда, асосан дар Бухоро, Самарқанд, Панљакент ва умуман водии Зарафшон иқомат доштанд ва бо яке аз шохаҳои забони форсии миёна гуфтугў мекарданд. Чй ном доштани забони ин мардум маълум нест, вале олимон забони онҳоро мувофиқи номи кишварашон забони суғдй гуфтанд. Ёдгорихои хаттии сугдй низ мисли дигар хатҳои бостонй форсй то асрҳои охир маълум набуданд. Нахустин ёдгориҳои ин хат дар оғози асри XX аз Хутан ёфта шуданд, ки ба асри 1V тааллуқ доранд. Дар ёфтан, хондан ва ошкор сохтани асрори хати суғдй олимони рус хизмати шоиста ва бузурге кардаанд. Дар ин роҳ маҷмўаи мактубу ҳуччатҳои ҳокими Суғд дар асри VI - Деваштич, ки соли 1947 аз кўҳи Муғи ноҳияи Айнй ба даст омадааст, аҳамияти калони илмй дорад. Хати суғдй аз хати форсии оромй ба вуҷуд омадааст. Аммо баъзе олимон пайдоиши онро ба асрҳои V111-1Х мелодй нисбат медиҳанд. Ин ақида хатои маҳз аст. Олимони дигар навиштаанд, ки хати суғдй аз хати монэей пайдо шудааст. Ин ҳам ба ҳақиқат рост намеояд. Чунон ки баъдтар хоҳем дид, худи хати монавй дар асри II мелодй ихтиро шудааст. Пас хати суғдй, ки 300-400 сол пеш вуҷуд дошт, аз он сарчашма гирифта наметавонист. Инчунин, аз хати суғдй дар асри III мелодй хати хоразмй ибтидо гирифтааст, ки то асри VIII ривоҷ дошт.
Алифбои суғдй аз 23 аломат иборат буд, ки 18-19 адади он дар амал истифода мешуд. Баъзе калимаҳо ба воситаи идеограмма ифода мегардиданд, яъне дар хати суғдй хусусияти идеограммии хат тамоман барҳам нахўрда буд. Хати суғдй дар вилоятҳои гуногуни Осиёи Миёна бо каме фарқ истифода мегардид. Чунончи, академик Б.Ғафуров дар асари худ - «Тоҷикон» навиштааст, хати суғдии самарқандй ва бухорой яке аз дигар фарқ мекард. Суғдиён барои таълими хат машқҳои махсус доштанд, ки ҳар толиби омўзиш мебоист онҳоро иҷро намояд. Дар асри VIII мувофиқи навишти Б.Ғафуров дар Суғд дабистонҳо (мактабҳо) вуҷуд доштанд, ки он чо талабагон хатҳои арабй, паҳлавй ва суғдиро меомўхтанд. Хати суғдй дар асри мазкур дар арсаи байналхалқй ҳанўз аҳамияти муҳими худро аз даст надода буд.
146.Хусусиятхои ба худ хоси хати монавй.
Хати монавй. Хати монавй хатест, ки онро пайравони дини монавй истифода мебурданд. Ин дин соли 247 мелодй аз тарафи Монй 215-273 вазъ шудааст, ки дар давоми қариб ҳазор сол яке аз динҳои маъмултарин буд. Монй ва Бобул дар оилаи марди форс ба дунё омадаанд. Азбаски ақидаҳои Монй ҳаётан муҳим ва то андозае орзую омоли доираи васеи мардумро ифода мекард, дар байни халқҳои гуногун зуд паҳн шуд. Вай дар давоми асрҳои 111-1V тамоми Осиёи Ғарбй, Аврупой Ҷанубй, Африқои Шимолй ва Испанияро фаро гирифт. Ақидаҳои Монй дар асри IV ба Осиёи Миёна ва ба гирду атрофи он ворид шуд ва то асри VIII таъсири зиёд дошт. Дар замони ҳукумати уйғурҳо дини монавй, дини расмии давлатй эълон карда шуд, Соли 726 ва то асри XIII мавқеи худро нигоҳ дошта омад. Азбаски дини монавй дар Хутан хеле ривоҷ доштааст, баъзе олимон ўро чун наққоши чинй қаламдод кардаанд. Монй наққоши бузург низ буд. Китоби муқаддаси «Аржанг» бо хати ниҳоят зебо иншо ва бо миниатюраҳои рангоранги нафису дилкаш оро ёфта буд.



Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   ...   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish