1. Мукаддима маълумот дар бораи фан



Download 0,85 Mb.
bet14/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

83.Иқтибос-таркиби лугавии забон.
Иқтибос яке аз роҳҳои асосии бой гардонидани таркиби луғавй буда, бештар ба лексика таъсир мерасонад. Калимаҳои қабулшуда пурра ба қонуну қоидаҳои забони нав итоат мекунанд. Бо аффиксҳо ва ё решаҳои дигар калима месозанд, ки инро дар забони иқтибосшуда дучор намекунем. Ҳангоми иқтибос маънои лексикии калима, ҷиҳати овозй ва ё хусусияти морфологии калима тағйир ёфтанаш мумкин аст. Калимаҳои иқтибос бо роҳи иртиботй ва ғайрииқтибосй дохил мешаванд. Бо роҳи иртиботй дохил шудани калимаҳо зиёдтар дучор мешавад. Бо роҳи калимаҳои арабй ва қисман туркй-ўзбекиро дар забони тоҷикй мисол гирифтан мумкин аст. Ё ки дар забони руминй 22 фоизи калимаҳои славянй дида мешавад. Дар англисй бошад калимаҳои зиёди франсузию лотинй мушоҳида мешавад. Инро дар забоншиносй суперстрат мегуянд. Бо роҳи ғайрииртиботй одатан истилоҳҳо - терминҳо қабул мешаванд ва аксар бевосита не, балки ба воситаи забони дигар. Калимаҳо аз забонҳои дигар бо ду роҳ - зўран ва ихтиёрй иктибос карда мешаванд. Калимаҳо ҳамон вақт аз як забон ба забони дигар зўран иқтибос мешаванд, ки як халқ ба халқи дигар ҳуҷум кунад, онро ба итоати худ медарорад ва солҳои сол ҳукмронй мекунад. Дар ин ҳолат халқи мағлуб камнуфуз ва ё таърихи дуру дароз надошта бошад ва ё соҳиби хату алифбо ва маданияти баланд набошад, ба он зўрй тоб наоварда ба халқи ғолиб ассимилясия мегардад ва забони халқи мағлуб аз байн меравад. Дар ҳолати дуюм, яъне халқи қадима ва тараққикарда будани халқи мағлуб халқи ғолиб зўран калимаҳои худро ба забони вай мегузаронад ва дар натиҷа таркиби луғавии забони халқи мағлуб бой мегардад. Ин гуна калимахо пурра ба қонуну қоидаҳои забони хадқи мағлуб итоат мекунанд. Калимаҳои иқтибосй зарурати ҳаётй дошта бошанд, ба фонди луғавии забони халқи мағлуб медароянд, аз они худӣ мешаванд, дар акси ҳол баробари барҳам хўрдани ҳукмронии халқ ғолиб калимаҳои иқтибосй ҳам аз истеъмол мебароянд. Профессор Ачарян Р. инро дар мисоли забони арманй хеле хуб нишон додааст. Ҳангоми ҳукмронии арабҳо ба забони арманй аз арабй 702 калима иқтибос шуда бошад, ҳоло дар забони арманй ҳамагй 32 калимаи арабй дучор мешаваду халос. Ба забони тоҷикй аз арабй калимаҳои зиёде иқтибос шуда буд, ҳоло микдори он калимахо хеле кам шудааст. Дар иқтибоси ихтиёрй калимаҳои юнонй ва лотиниро дар забони тоҷикй аз қабили грамматика, лексикология, лексикография, фразеология, динор, иқлим, номус, пиёла, мўмиё, теорема. аксиома, геодезия, формула, республика, курс, ректор, доктор, дотсент ва ғайра мисол гирифтан мумкин аст.

Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish