1. Мукаддима маълумот дар бораи фан



Download 0,85 Mb.
bet16/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

85.ЗАБОН ВА МАДАНИЯТ
Масъалаҳои забону маданият хеле мураккаб буда, олимон онро гуногун шарҳу эзоҳ додаанд, чунки худи маданиятро ҳар хел мефаҳманд. Олими америкоӣ Боас Ф. маҷмўаи тамоми ҳаёти гайрибиологии ннсонро маданият мешуморад. Психологи собиқ Леонтьев Ал. фаъолияти иҷтимоии одамонро маданият медонад. Илми доир ба ҷамъият маданиятро ба маданияти моддй ва маънавй ҷудо мекунад. Маданияти моддй гуфта тамоми маҳсули моддй ва ба назар намоёни меҳнати инсонро гўянд, ба маданияти маънавй боигарии руҳй-маънавй хос аст. Ҳамин тариқ, маданият чун ҳодисаи ҷамъиятӣ ин маҷмўи боигарии моддиву маънавиест, ки ҷамъияти муайяни одамон омўхтааст ва инчунин омўхта истодааст. Забоншиноси Америка забонро чузъи маданият мешуморанд. Дар забоншиносии муосир доир ба ин масъала се ақида мушоҳида мешавад. Дар конференсияи соли 1973, ки ба муносибати забон маданияти халқҳои гуногун бахшида шуда буд, низ ин фикр баён гардид.

  1. Забон шаклу чузъи маданият нест;

  2. Забон чузъи маданият аст;

  3. Забон шакли ифодаи маданият мебошад.

Азбаски маданият чун ҳодисаи ҷамъиятӣ тамоми боигариҳои моддиву маънавиро дар бар мегирад, забон чун ҳодисаи ҷамъиятй яке аз компонентҳои асосии маданият мебошад. Таъсири забон ва тафаккур ин таъсири забон ба маданият мебошад, вақте ин таъсири ҳалкунандаву муайянкунанда нест. Бояд қайд кард, ки забон ба тамоми чабҳаҳои маданият як хел муносибат надорад. Масалан, муносибати забон бо адабиёти бадеиву саньати тасвирй ва рақси наққошӣ як хел нест. Асари бадеиро бе забон тасаввур кардан мумкин набошад, дар санъати тасвирӣ, рақс ва ё наққошй забон роле намебозад. Албатта, ин гуна муносибатҳо дутарафа мешаванд, роли адибонро дар инкишофи забони адабӣ ба хотир овардан кифоя аст. Инкишофи маорифу маданият махсусан чоп намудани китоб мукаммал ва пурра гардонидани нормаи забони адабӣ сабаб мешавад. Таърихи забони адабӣ бо таърихи маданият, забони коргузорӣ ва илм сахт алоқаманд мебошад. Дар такомул ва ташаккули забони адабӣ роли адабиёти бадей ниҳоят калон аст Дар ташаккули миллати тоҷику форс назм ва насри бадей чун воситаи инкишофу тараққиёти забони адабӣ хеле калон аст.


86. ҚОНУНҲОИ ДОХИЛЙ ВА БЕРУНИИ ТАРАҚҚИЁТИ ПСИХОЛИНГВИСТИКА
Мавҷудияти қонунияти муайяни тараққиёти забон ва сабабҳои берунии ба таърихи забон таъсиррасонанда дар назарияи забоншиносй муаммои инкишофи дохилй ва берунии забон ва инчунин муаммои зиддиятро чун манбаъ ва асоси тағироти таърихии забон ба вуҷуд овард. Дар забоншиносй доир ба қонунҳои тараққиёти дохилй ва берунии забон фикрҳои гуногун мавҷуд аст. Намояндагони ҷараёни ҷавонграмматикҳо ба қонуни дохилии тараққиёти забон қонунҳои генетика ва анологияро дохил намуда буданд. Баъдтар қонуни дохилии тараққиёти забон гуфта тараққиёти таърихии забони ҷудогона ва ё гурўҳи забонҳо дар давраи муайян ва дар қабатҳои гуногуни забон фаҳмида мешуд. Қонуни берунии тараққиёти забонро Ф.Бопп ва Август Шлейхер бо қонунҳои биологию физикй омехта карда буданд, чунки забонро организм меномиданд. Тарафдорони ҷараёни психологӣ, ки забонро фаъолияти психикй медонистанд, қонунҳои забонро бо психология як мешумориданд. Ҳодисаи бо қонунҳои мантиқ як шуморидани қонунҳои забон низ ба назар мерасад. Марр Н.Я вобаста ба болосохт шуморидани забон дар қонуниятҳои забон зоҳир гардидани қонуниятҳои идеологию иқтисодиро медид. Ҳам қонунҳои дохилию ҳам қонунҳои берунии тараққиёти забон умумй ва хусусй мешаванд. Ба қонунҳои умум он қонунҳое дохил мешаванд, ки дар аксари забонҳо ва тамоми қабатҳои забон мушоҳида мешаванд. Ба қонунҳои хусусй бошанд, он қонунҳое, ки ба забони ҷудогона ва ё гурўҳи забонҳою ин ё он қабати забонӣ тааллуқ дорад, дохил мешавад.





87.Методхои мукоисавй.
Методи муқоисавй дар ду намуд - муқоисавй-таърихй ва муқоисавй-тақкоскунй зоҳир мегардад. Ин методҳо ҳам аз рўи мақсаду вазифа, ҳам материали тадқиқоту ҳудуди истифодаи он ва ҳам роҳу методикаи тадқиқи и.лмй аз ҳам фарқ мекунанд. Методи муқоисавй-таърихй на танҳо мукоисаи ду забон ва ходисаҳои онҳоро нишон медиҳад, балки инкишофи забонҳои хешро ошкор менамояд. Мақсади методи муқоисавй-таққоскунй тасвир кардани ходисаи муқоисашавандаи ду ва ё зиёда забонҳо, муқаррар намудани умумият ва фарқи ин ходисаҳо бе муқоиса бо гузаштаи онҳост. Методи муқоисавй-таърихй ба умумияти генетикаи забонҳо такя кунад, методи муқоисавй-таққоскунй ба мафҳуми ҳодисаи муқоисашавандаи ду забон такья мекунад, ки онҳо мумкин аст, умумияти таърихй надошта бошанд. Бо методи муқоисавй-таърихй ҳам забонҳои хеш ва ҳам вариантҳои таърихии худи.як забонро омўхтан мумкин аст.


88. Роҳҳои дарккунй ва методҳои лингвистикй.
Роҳҳои дарккунй ва методҳои лингвистикй. Аз рўи назарияи идрок метод ин тарзу усул ва роҳҳои донистан ва ё омўхтани ҳақиқати объективй, дарк намудани табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Методи диалектикии дарккунй инъикоси диалектикии худи табиат мебошад. Методҳои ҷудогонаи тадқиқот дар ҷараёни инкишофи илм ба амал меоянд ва аниқ мегарданд ва он ба маҷмўи донишҳои ҷамъшуда вобаста мебошад. Донишҳои ҳосилшуда барои ба даст даровардани донишҳои нав ба нав ёрй мерасонад ва чун метод хизмат мекунад. Масалан, чор амали арифметикии оддй барои ҳалли масъалаҳои мураккаби математикй восита гардиданд. Ё ки ҳамроҳи сунъии замин кашфиёти нодири илм буд, ҳоло бошад, ҳамчун воситаи тадқиқот истифода шуда истодааст. Тарзу усулҳои дарккунии умумй ва хусусй мешавад. Методи фалсафй хусусияти умумй дорад ва методология он ба принсипҳои методи дарккунй, ки ба ин ё он системаи фалсафй хос аст, вобаста мебошад.

89.Методология-методи фалсафии дарккунй.
Методология ин конкретонидани методи фалсафии дарккун мебошад, ки дар ин ё он соҳаи илми ҷудогона ба амал, усулу методҳои ҷамъбасткунии худро пайдо кардааст. Методи фалсафй ё ки методи дарккунй таълимотест, дар бораи қонунҳои умумии табиат, ҷамъият ва тафаккур. Методи диалектикӣ эътироф мекунад, ки табиат материалй мебошад, материя якум ва шуур дуюм мебошад. Ҳастй, табиат омўхташаванда мебошад. Ҳодисаи ҳақиқати объективй бо ҳамдигар алоқаманд буда, ба ҳам таъсир мерасонанд. Онҳо дар ҳаракат ва тараққиёт мебошанд ва ин тараққиёт ба еабаби зиддияти байниҳамдигарй ба амал меоянд. Принсипҳои методологии умумй дар натиҷаи хулосабарории илмҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Аз ин рў, методи диалектикӣ материалистии дарккунй, ягонагии ҳамаи илмҳо, ҳа.маи тадқиқотҳоро, ки ба методи диалектикӣ такя мекунад, ифода менамояд. Ҳар як илм методҳои тадқиқотии худро дорад ва ин методҳо ба воситаи методи умумиилмй бо методҳои фалсафй ва мантиқӣ муносибат пайдо мекунад. Ба методҳои умумиилмй методҳои математикй, физикй, биологй, филологӣ дохил мешаванд. Методҳои лингвистӣ бо ҳамаи ин методҳо муносибат дорад. Методхои филологӣ аз ин методҳо бо он фарқ мекунад, ки дар он таҷрибаи дастгоҳи инструменталй қариб гузаронида намешавад. Филолог дар асоси матн таҷриба мегузаронад, дар асоси қолабҳои моделҳо назария мебарорад.
Ба тариқи муқоисавй - таърихй маънидод кардани далелҳои конкретй барои тадқиқотҳои таърихиву филологӣ ниҳоят муҳим мебошад. Умумияти методҳои ҳамаи илмҳо эътироф намудани он аст, ки дарккунии илмии ин ҷараён аст, аз ин ҷиҳат қонуну қоидаҳои тадқиқот мавҷудияти дараҷаҳои гуногун дар дарккунй ба эътибор мегирад.

Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish