1. Мукаддима маълумот дар бораи фан



Download 0,85 Mb.
bet12/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

70.Аломати ЗАБОНӢ
Аломати забонӣ ба куллй аз аломатҳои дигар фарқ мекунад, зеро вай аломати асосии коммуникативй мебошад, вале аломатҳои дигар: сигналу рамз символ нисбат ба аломати коммуникативиашон ёридиҳанда мебошанд. Аломати забонӣ аз кабили калимаю ҷумла ҳам дарк карда мешавад ва ҳам ахбори вобаста шударо ифода мекунад. Ҳамин калимаю ҷумла функсияи номгузорию предикативиро адо намуда, забонро ба тафаккуру ҷамъият алоқаманд мекунанд. Калима чун аломат ба ҳамаи забонҳо хос аст, вале мафҳум ва тарзи ифодааш дар забонҳо гуногун аст. Масалан, мафҳуми чои истиқомат дар забонҳои тоҷикй хона, дар русй дом, дар ўзбекй уй, дар украинй дим ва ғайра. Ин аломатҳо фонема, морфема, калима. ҷумла якумдараҷаанл, вале аломатҳои забони сунъй дуюмдараҷаанд ва субститут номида мешавад. Субститутҳо предмету мафҳумҳоро иваз накарда, балки аломатҳои якумдараҷа бошад, ҳарф субститути он мебошад.

71.ЛИНГВОСЕМИОТИКА ва масъалаҳои асосии он
Лингвосемиотика гуфта он қисмати забоншиносиро меноманд, ки хусусиятҳои аломатнокии забонро меомўзад ва ҳамин чиз забоншиносиро бо семиотика алоқаманд мекунад. Азбаски тарафдорони назарияи аломат онро гуногун мефаҳманд, бинобар он предмет ва вазифаҳои лингвосемиотика низ як хел фаҳмида намешавад. Як гурўҳ олимон аломат гуфта ҳама гуна предметро меноманд, ки онҳо бо органҳои ҳис дарк карда мешаванд ва онҳо ҳамчун сигнали ягон воқеаву ҳодисаи дигар хизмат мекунанд. Мас. - Боя ва Блумфильд аломати забон гуфта овозу ҳарфро мефаҳмад Ч-ин фаҳмиши аломати забон аз тарафи мактаби фономенологӣ яктараф буда, моҳияти аломати забонро пурра ифода намекунад. Гурўҳи мактаби мантиқӣ - психикй ба ҷиҳати функсионалй ва аломат диққат медиҳад, вале ҷиҳати материалии онро ба назар намегирад. Аломат предмети реалй ва ё ҳодисаи ҳақиқй нест мегуяд А.А.Леонтев. Вай модел қолаб аст, ки ҷиҳати функсионалии ҳамон предметро ҷамъбаст мекунад... Мувофиқи ақидаи тарафдорони ин ду мактаб аломат ба сари худ вуҷуд надорад, вай чузъи шароит вазъияти аломат мебошад. Гурўҳи сеюм билатериалй ягонагии материалию идеалиро аломат меноманд. Гумбольд, Сессюр, Потебня, Бодуэн де Куртен: калима, морфема ва ҷумларо аломати забон номидаанд. Забон воҳидҳои гуногун дорад, аз ин рў, вай аз аломатҳои оддии дигар фарқ мекунад. Он аломатҳо содда бошанд, аломатҳои забон мураккабанд.


72.МУНОСИБАТИ ЛЕКСИКОЛОГИЯ БО ФАНҲОИ ФИЗИКА,
Мавзўи ранг дар лексикографияи забони тоҷикй яке аз он масъалаҳоест, ки мавриди омўзиши муштараки фанҳои гуногун физика (қисмати спектроскопия), психология (категорияи идрок), забоншиносӣ (соҳаи лексикография ва морфология - ҳодисаи субстантивасияи ҳиссаҳои нутқ) қарор гирифтааст. Калимаҳои ифодакунандаи ранг ва маънои онҳо дар асоси материалҳои асари илмии асри X «Ҳидоят-ул-мутааллимин фит-тиб» минбаъд «Ҳидоят» аз назар гузаронида мешавад. «Ҳидоят» нахустин асари илмиест, ки дар давраи аввали ташаккули забони адабии классикй дар Бухоро таълиф шудааст. Муаллифи ин асар Абўбакри Робеъ бинни Аҳмади Ахваюни Бухорой буда, дар илми тиб касби хоса ва маҳорати баланде доштааст. Ин хусусият боиси он гардидааст, ки муаллиф истилоҳоти тибби замони худ, хусусан аз ҷумла калимаҳои марбути рангро дақиқкорона истифода намудааст ва барои инкишофи соҳаи луғати забони адабӣ саҳме гузоштааст. Бештарини калимаҳои ифодакунандаи мафҳуми ранг, ки дар истифода кор фармуда шудаанд, дар забони адабии имрўзаи тоҷик низ маъмуланд. Чунончи: сурх, сапед, сиёҳ, сияҳ, кабуд, зард, зангор, сабз, осмогун, ҷигарй, носй, сиёҳранг, арғувонй, сафедором, хокистаргун, гачдумгун, сурхранг, заъфаронй ва ғайра.

73. МУНОСИБАТИ ЛЕКСИКОЛОГИЯ БО ФАНҲОИ ТИБ
Бо ибораи дигар, агар ранг ҳар қадар ба сафедй моил бошад, ҳамон қадар равшан ва ё агар ба сиёҳй моил бошад, ҳамон қадар баланд мешавад. Ҳамин тамоили рангҳо дар илми тиб ифода меёбанд. Хулоса, забоншиносй, хусусан соҳаи лексикология, ва морфология бо фанҳои гуногун - физика кисмати спектография психология, илми тибб, муносибат доранд. Хусусияти идроки рангҳои гуногун дар санъати кино, театр, ҳунарҳои бофандагию дўзандагй, рассомй ва ронандагй аҳамияти хеле калон дорад. Омўхтани тибби пешина ва тибби баркамоли имрўза дар илми забоншиносй чй микдор аҳамияти калон дошта бошад, таҳлилу тадқиқи терминологияи ин соҳа дар такмилу вусъати забоншиносии тоҷик ҳамин қадар роли муҳим мебозад. Барои муайян намудани муносибати забон бо илми тибб осори тиббии пешинаро омўхтан ва манзури хонандагон гардонидан зарур аст. Нашр шудани баъзе намуна аз осори тиббии Гипократ (асри У-У1 то мелод), Абу Бакрн Розй (асри Х-Х1мелодй), Абў Алй Ибни Сино (асри Х-Х1 мелодй) ва ғайраҳо дар ин бора қадами аввал аст ва тадқиқоти ҷиддиро талаб мекунад. Вале таҳлилу тадқиқи терминҳои осори гузаштагон мавзўи басо доманадоре буда, меҳнати пурмашаққатро талаб мекунад, назари тиббию лингвистиро мехоҳад. Масалан, китоби «Тибби акбарй», ки муаллифаш Муҳаммад Акбар мебошад, дар байни солҳои 1700-1701 ин асар навишта шудааст, ба шоҳ Аврангзеб такдим карда мешавад. Асари мазкур ба забони тоҷикй тарҷума шуда, баъзе қисматҳои онро аз нав кор карда, асари нисбатан оригинал офаридааст. Асари «Тибби акбарй» чун осори тиббй дар Ҳиндустон соли 1894 нашр шудааст. Китоб аз ду чилд (411 саҳифа), аз 21 боб иборат буда, дар ҳошияҳо шарҳи баъзе луғатҳо дорад.


74.Фикрхои олим Муҳаммад Акбар оиди китоби “Тибби акбарй”.
Масалан, китоби «Тибби акбарй», ки муаллифаш Муҳаммад Акбар мебошад, дар байни солҳои 1700-1701 ин асар навишта шудааст, ба шоҳ Аврангзеб такдим карда мешавад. Асари мазкур ба забони тоҷикй тарҷума шуда, баъзе қисматҳои онро аз нав кор карда, асари нисбатан оригинал офаридааст. Асари «Тибби акбарй» чун осори тиббй дар Ҳиндустон соли 1894 нашр шудааст. Китоб аз ду чилд (411 саҳифа), аз 21 боб иборат буда, дар ҳошияҳо шарҳи баъзе луғатҳо дорад. Аз кадима ва таркибҳои арабй сурат бастани аксар терминҳои тиббиро дар таркиби дуғавии «Тибби акбарй» равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Инак, чанд мисол, ки номи касалиҳоро ифода мекунанд: чунун, нисьё, исҳо, сакта, ратаҳ, сулок,, кобус, субот, даввод, чамуд ва ғайра. Ин гуна калимаҳо, чунон ки дар «Ғиёс-ул-луғот», «Баҳори ачам», «Бурҳони қотеъ» ва «Фарҳанги забони тоҷикй» маънидод шудаанд, номи касалиҳои гуногуни ба инсон мансубро ифода мекунанд. Масалан: Исҳол - ягон касали ё хоби бад дар инсон ҳосил мешавад, дар форсй салоча низ мегўянд. Сакта - касалиест, ки ҳиссу ҳаракат тамом мешавад ва мариз чунин намояд, ки мурдааст. Ин калимаҳо ҳоло дар забони зиндаи тоҷик ҳанўз дар истеъмоланд. Баъзе аз истилоҳоти арабии «Тибби акбарй» синоними тоҷикй дорад. Масалан, калимаи салъа номи касалии варам аст, ки дар рўй, гулў пайдо мешавад. Ин калима дар забони тоҷикй бодомак ва ғуррӣ (агар варам дар гулў бошад) номида мешавад. Ёки омос ва варам синоними якдигаранд. Дар «Фарҳанги забони тоҷикй» ин калимаҳо чунин шарҳ ёфтаанд. Омос - дамидагй дар аъзо бадан, варам. Ин ду калима бо ҳамин маънй дар асари «Тибби акбарй» серистеъмоланд. Дар забони имрўзаи тоҷик калимаи варам нисбат ба омос хеле серистеъмол аст. Ёки калимаи сарсом. Этимологияи ин калима чунин аст: сар ва сом ба маънии варами сар. Аз ин ташреҳот чунин маълум мешавад, ки сарсом номи касалиест доираи сар ва димоғ ҳосил мешавад ва аз минингит иборат аст ва ё ба он наздик аст. Афъюн - калимаи юнонй буда, моддаи заҳрдорест, ки аз шираи ғўзаи кўкнор тайёр мекунанд ва мастию беҳушй оварад.

Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish