Вазорати таълими олӣ ва миёнаимахсуси ҷУМҲурии ӯзбекистон



Download 1 Mb.
Sana27.03.2022
Hajmi1 Mb.
#512349
Bog'liq
Носири Хисрав. Акидахои ахлокӣ ва пандомузӣ аклу хирад.

ВАЗОРАТИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ ВА МИЁНАИМАХСУСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САМАРҚАНД

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ИБТИДОИ

Мавзӯъ Носири Хисрав. Акидахои ахлокӣ ва пандомузӣ аклу хирад..

Самарқанд - 2016


Лоик Шерали ва эчодиёти у

Накша:
1.Маълумот дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Носир Хисрав
2.Мероси адабии шоир.
3.Таҳлили асарҳои пурмазмуни «Рўшноинома Саодатнома»-и Носири Хусрав.
4.Моҳияти асарҳои хоси шоир батаълиму тарбияи наврас.
Ҳаким Абўмуиниддин Носир бинни Хисрав бинни Ҳормс Ал-Қубодиён дар ҳудуди моҳҳои август ва сентябри соли 1004 дар Қубодиён (Қубодиёни ҳозираи вилояти Қурғонтеппаи ҶШС Тоҷикистон) дар оилаи деҳқони давлатманд ба дунё омадаает. Вай маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, арўз, фалсафа, ҳисоб, алгебра, табиатшиносӣ, тиб, ҷуғрофия, ҳандаса, нуҷум, таърих, забони юунонӣ ва ғайраро бо роҳи худомузӣ аз бар намуда буд.
Баъди фориғ шудан аз таҳсил Носири Хисрав дар 26-солагӣ ба дарбори Ғазнавиён ба хизмати давлатӣ медарояд. Сипас, зиндагии ў то тирамоҳи соли 1045 дар пойтахти Салчуқиён-шаҳри Марв мегузарад. Вай то 40-солагиаш дар Марв дар хизмати дарбор будааст. Дар он замон давлати Салчуқиёнро аввал Ҷоғирбек ва баъд Ҷалолиддин Маликшоҳи Салчуқӣ идора мекарданд. Носири Хисрав дар дарбори ў вазифаи боҷу хироҷғундориро адо менамуд.
Мероси мазмунноки Носири Хисрав
Рӯшноинома
Саодатнома
Кушоиш ва роҳаиш
Ваҷҳи дин
Сафарнома
«САОДАТНОМА»
Ин нахсутин масавии Носири Хисрав буда, ҷиҳатҳои падомузӣ дорад. Дар он масъалаҳои ахлоқӣ ва фалсафӣ бештар муҳокима мешаванд. Дар бораи адади байтҳои «Саодатнома» ва номи он худи шоир ин тавр мегўяд:
Бигуфтам байт сесад аз дили пок,
Ҳама дўшизагони таъбу идрок.
Табиат дода ороиш тамомаш,
Хирад карда «Саодатнсма» номаш.
«РЎШНОИНОМА»
Ин маснавии дигари Носири Хисрав аст. Он солҳои зиндагии шоир дар Юмгон таълиф шудааст. «Рўшноинома» асари ахлоқӣ буда, аз ҷиҳати ҳаҷм ду баробари «Саодатнома» мебошад. Дар он афкори фалсафии омехта ба мазҳаби исмоилӣ бештар дида мешавад. Ифодаи чунин афкори шоир дар муҳокимарониҳои ў дар бораи пайдоиши оламу одам, бунёд гардидани ҷамъият, ба табақаҳо тақсим шудани онҳо, пайдоиши давлат, идора намудани он ва амсоли онҳо ифода мегардад.
Чи тавре ки дар «Сафарнома» гуфта шудааст, Носири Хисрав хост, ки соли 1045 тарзи зиндагии худро тағъир диҳад. Ў ҳамин тавр ҳам мекунад. Шоир ба обрў ва шўҳрати худ нигоҳ накарда, аз вазифааш даст мекашад ва ҳамаи чизу чораашро ба бечорагону бенавоён тақсим карда медиҳад. Худ тарки ватан намуда ба сафар мебарояд. Ин сафари ў аз 16 октябри соли 1045 то 23 октябри соли 1052 давом мекунад.
Дар давоми 7 сол Нисири Хисрав Ҳинду Озорбойҷон, Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин, Миср, Ҳиҷоз, Мадина, Макка, Басра, Еруссалим ва дигар ҷойҳоро дида, дидаю шунидаҳояшро дар асари машҳури худ «Сафарнома» ба қалам медиҳад.


МЕРОСИ АДАБИИ НОСИРИ ХИСРАВ
Эҷодиёти Носири Хисрави Қубодиёнӣ хеле бой буда, мероси гаронбаҳое, ки ў боқӣ гузоштааст, аз назму наср иборат аст. Ў дар асарҳои худ ба масъалаҳои ҳаёти иктисодӣ, иҷтимоӣ, маишию маърифатӣ, фалсафа, конноту илоҳиёт ва ғайра дахл мекунад.
Мероси манзуми Носири Хисрав аз газал, қасида, қитъа, рубОИ ва маснавӣ иборат буда, ашъори лирикии ў дар девони алоҳида ҷамъ оварда шудааст. Ғайр аз ин, маснаеиҳои «Рўшноинома», «Саодатнома», асари мансури ў «Сафарнома», рисолЭДЗИ фалсафиаш «Ваҷҳи дин», «Зодул-мусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ва «Кушоиш ва роҳаиш» хеле машуҳранд.
Дар шеъри «Дар ҳаққи кашоварзон» Носири Хисрав маком ва мартабаи кашоварз, яъне деҳқонро ба дараҷаи олӣ бардошта, тамоми неъматҳои моддӣ, ҳастии ҳаёт, фаровонӣ, хушбахтӣ, ризқи ҳайвонҳою ваҳшиҳо, паррандаҳо, хуррамию ободии мамлакатро аз қувваи бозуи деҳқон медонад. Шоир макоми деҳқонро дар зиндагӣ дар мадди аввал гузошта, қайд мекунад, ки ободии олам аз деҳқон аст:
Беҳ аз санои олам деҳқон аст,
Ки ваҳшу, тайрро роҳатрасон аст.
Шоир ҳатто хотирнишон мекунад, ки аз ҳунарманд неъмати муфт ба даст намеояд, вале фазилати деҳқон он аст, ки аз ҳосили дасти ў бисёриҳо муфт баҳра мебаранд:
Зи сонеъ, ройгон нафъе нахезад,
Зи деҳқон оқибат чизе бирезад.
тамом
Download 1 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish