Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумхури ўзбекистон институти давлатии педагогии шаҳри чирчиқ вилояти тошканд факултаи методикаи таълими синфҳОИ



Download 414,05 Kb.
Sana21.02.2022
Hajmi414,05 Kb.
#66153
Bog'liq
имлои нидо слайд


ВАЗОРАТИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ МАХСУСИ ҶУМХУРИ ЎЗБЕКИСТОН
ИНСТИТУТИ ДАВЛАТИИ ПЕДАГОГИИ ШАҲРИ ЧИРЧИҚ ВИЛОЯТИ ТОШКАНД
ФАКУЛТАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ СИНФҲОИ ИБТИДОИЙ ВА КОРҲОИ ТАРБИЯВИ СПОРТИ
АЗ ФАННӣ ЗАБОНИ МОДАРИ
КОРИ МУСТАҚИЛОНА

МАВЗУЪ:Имлои нидо


Ичро кард:Юлдашева Гулида
Чирчик-2019-2020
Имлои нидо. Нидо ҳиссаи ёвари нутқ аст, ки ҳиссиёт ва ҳаяҷонро ифода мекунад. Нидоҳо ҳиссиёти гуногуни инсонӣ монандгони: шодӣ, ваҷд, тааҷҷуб, ҳайрат, маломат, сарзаниш, таън (а), тахмин, фарз, тарсу ваҳм, ҳарос, хавф, дарду алам, ранҷ, норизоӣ, нохушнудӣ, ҳасрат, андӯҳ, афсусу дареғ, истеҳзо, тамасхур, ҳаҷв, таҳдид, хатар, хашму ғазаб, қаҳру итоб …- ро ифода мекунанд. Нидоҳо вобаста ба тобишҳои маъноӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
а) нидоҳои ҳиссӣ: ваҳ, оҳ, ҳайф, ҳайҳот, офарин, аҷаб, лаббай, хайрият, афсӯс, дареғ (о), дардо (о), во, хушо, туф (у) …;
б) нидоҳои амрӣ: э, эй, ҳой, аё, ало, ҳон, хамӯш, ором
Нидоҳои боло ҳама адабиянд ва дар осори классикон корбурд шудаанд. Дар забони мардум, яъне дар лаҳҷаҳои гуногуни тоҷикӣ имрӯз нидоҳои зиёди ҳиссӣ ва амрӣ ҳам дар шакли пурра ва ҳам дар гунаи ихтисор истифода мешаванд, ки қаблан дар адабиёти классикӣ ба кор намерафтанд. Ба инҳо мисол шуда метавонанд:
а) гунаи ихтисор: э, о, а, и, у…;
б) нидоҳои пурра: ҳа, ҳо, ҳи, ҳе, ҳу, эҳ, уҳ, ӯҳ, уф, воҳ, вой, баҳ, паҳ, ана, ина …
Аломати нимтире дар нидоҳо. Баъзе аз нидоҳои адабӣ ва мардумӣ ба сабаби такрор шудан дар навишт аломати нимтире мегиранд. Мисоли нидоҳои адабӣ: эй- эй, ҳой- ҳой, ҳон- ҳон, оҳ- оҳ, хушо- хушо, аҷаб- аҷаб, ҳайф- ҳайф, афсӯс- афсӯс, ваҳ- ваҳ … Мисолҳои нидоҳои мардумӣ: э- э, у- у, ҳа- ҳа, ҳи- ҳи, уҳ- уҳ, баҳ- баҳ, паҳ- паҳ …
Намунаҳои шеърӣ барои нидоҳо:

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб. (Камол)
Хушо Шерозу вазъи бемисолаш,
Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш. (Ҳофиз)
Зи шири шутур хӯрдану сӯсмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тахти каёнро кунад орзу,
Туфу бар ту, эй чархи гардун, туфу.
(Фирдавсӣ)
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В- аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Он мурғи тараб, ки номи он шубоб,
Афсӯс, надонам, ки кай омаду кай шуд.
(Хайём) 
Оҳ аз ин рӯзгори баргашта,
Ӯ зи ман лаҳза- лаҳза баргардад. (Ҳилолӣ)

Аё шоҳ, Маҳмуди кишваркушой,
Зи кас, гар натарсӣ,
битарс аз Худой. (Фирдавсӣ)
Эй бод, агар ба манзили аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор арза деҳ бари ҷонон паёми мо.
* * *
Дареғу дард, ки то ин замон надонистам,
 Ки кимиёи саодат рафиқ буд, рафиқ. (Ҳофиз)
Download 414,05 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish