Таркиби сарфии калима. Калимаҳо аз лиҳози таркиби сарфиашон низ ҳобили таваҷҷўҳ аст. Ибораи « сохти сарфии калима» аз созаҳои сохташудани калимаро ифода мекунад. Пас, ибораи «таркиби сарфии калима» аз созаҳо иборат будани сохти сарфии калимаҳоро мефаҳмонад. Созаҳо аз лиҳози муносибаташон бо маънои луғавии калима ба хелҳои решагӣ ва ёридиҳанда ҷудо мешаванд. Созаи решагӣ дорои маънои луғавӣ буда, аз реша (асос) иборат аст. Ба созаҳои ёридиҳанда вандҳо- пешванд, пасванд ва миёнванд мансубанд. Бандакҳо ( бандакҳои феълӣ, хабарӣ, изофӣ ва бандакҷонишинҳо) низ созаҳои ёридиҳандаанд. Вале азбаски бандакҳои мазкур дар ибораву ҷумла муносибати наҳвии як калимаро ба калимаи дигар нишон медиҳанд, онҳоро созаи наҳвӣ низ меноманд: китоб-аш, китоби ў, навиштӣ, ту навиштӣ, анборчи-ам- ман анборчӣ…
Ҳамаи созаҳои решагӣ ва ёридиҳанда, ки барои сохтани калимаҳо кор фармуда мешаванд, ҷузъҳои маънодор буда, аз як овоз ва ё маҷмўи овозҳо иборатанд. Масъалан, дар феъли «меояд» реша бо як овоз (-о-) ифода гаштааст, дар калимаи «даста» бошад, бо як овоз ифода гаштани пасванд (-а) ба назар мерасад.
Таркиби калима аз ҳиссаҳои зерин иборат аст: реша, пасванд, пешванд, миёнванд, асос ва бандак.
Он ҳиссаи маънодори калима, ки бо дигар ҳиссаҳо мафҳуми муайянкуни дошта таҳсим намешавад, реша ном дорад. Решаи калима- созаи решагӣ унсури ҳатмӣ ва таъминкунандаи маънои калима мебошад. Дар калимаҳои «гулдон», «гулшан», «гулистон», «гулзор», «гулфом» ҳиссаи «гул» реша буда, ҳисми асосии ҳамаи калимаҳои мазкур ба шумор меравад.
Созаи ёридиҳандае, ки ба охири реша (асос) ҳамроҳ шуда, калимаи нав месозад, пасванд ном дорад. Дар калимаи «кўҳсор», «кўҳӣ», «кўҳистон» ҳиссаҳои «сор», «ӣ», «истон» пасванд мебошанд, зеро ки онҳо пас аз решаи калима омада, аз он (кўҳ) калимаҳои нав сохтаанд.
Созаи ёридиҳандае, ки пеш аз реща омада, калимаи нав месозад, пешванд номида мешавад, масалан, дар калимаҳои «баромад», «фуромад», «даромад» ҳиссаҳои бар-, фур-, дар- пешванданд, чунки онҳо аз реша-асоси аслии «омад» калимаҳо сохтаанд.
Созаи ёридиҳандае, ки дар байни решаҳо–асосҳои калимаи мураккаб омада, калимаи нав месозад, миёнванд ном дорад. Дар калимаҳои «даводав» ва «занозан» миёнванди–о дар байни ду асоси якхелаи замони ҳозира омада калимаи нав сохтааст, вале дар калимаи «гуфтугў» миёнванди –у- дар байни асосҳои замони гузашта «гуфт» ва ҳозира «гў» омада, калимаи нав сохтааст.
Созаи ёридиҳанда ё худ наҳвие, ки барои сохтани шаклҳои наҳвии калима хизмат мекунад, бандак ном дорад: омадам, омадӣ, омад, омадем, омадед, омаданд; дастам, дастат, дасташ, дастамон, дастатон, дасташон.
Ҳиссаи маънодори калима, ки пеш аз бандак омадааст,асос ном дорад. Масалан, дар калимаҳои «равам», «равӣ», «равад», «равем», «равед», «раванд» ҳиссаи «рав» асоси аслӣ буда, ҳиссаҳои –ам, -ӣ, -ад, -ем, -ед, -анд бандаки феълии замони ҳозира мебошанд.
Чи тавре ки ишора рафт, асосҳо аслӣ ва сохта мешаванд. Асоси аслӣ ва реша мусовӣ буда, асоси сохта ғайр аз реша дорои вандҳо мебошад. Масалан, дар калимаи «монданд» ҳиссаи «монд» асоси аслӣ буда баробари реша аст. Вале дар калимаи «сабзидан» ҳиссаи «сабзид» асоси сохта буда, аз реша (сабз) ва пасванди феълсози –ид иборат аст.
Ҳайд бояд кард, ки иштироки решаҳо низ дар калимасозӣ як ранг нест. Ин буд, ки решаҳо аз ҷиҳати иштирокашон дар калимасозӣ аз якдигар фарҳ мекунанд. Баъзеи онҳо дар калимасозӣ фаъол буда, гурўҳҳои калимаҳои ҳамрешаро ба вуҷуд овардаанд: чойхона, ошхона, китобхона, болохона, меҳмонхона, тарабхона ва монанди инҳо. Баъзеи дигарашон дар калимасозӣ фаъол нестанд. Аз ин рў, фаҳат дар сохтани калимаҳои алоҳида кор фармуда шудаанд: коргардухтар, аттордухтар; модарарўс, падарарўс ва монанди инҳо.
Монанди ҳамин вазифаи вандҳо низ дар калимасозӣ яксон нест. Ба ин маънӣ вандҳо ба се гурўҳ ҷудо мешаванд: а) вандҳои калимасоз, б)вандҳои шаклсоз в) вандҳои синкретӣ27.
Созаи ёридиҳандае, ки ба ҳиссаи маънидори калима ҳамроҳ шуда, маънои луғавии калимаро тағйир медиҳанд, ванди калимасоз мебошад: даст- дастӣ, боғ-боғбон, хон –хониш; раҳм-бераҳм, кор-ҳамкор, дон- нодон ва монанди инҳо.
Созаи ёридиҳандае, ки ба ҳиссаи маънодори калима ҳамроҳ шуда, танҳо маънои дастурии калимаро тағйир медиҳад, ванди шаклсоз ном дорад: талаба- талабагон, дарахт-дарахтон, китоб- китобҳо, калон-калонтарин, дер-дертар, гуфт-бигуфт-мегуфт, бин- бубин, гўй- магўй…
Созаи ёридиҳандае, ки ба ҳиссаҳои маънодори калима ҳамроҳ шуда, ҳам вазифаи калимасозӣ ва ҳам вазифаи шаклсозиро иҷро мекунад, ванди синкретӣ номида мешавад. Масалан, дар калимаи «хўрондан» ҳиссаи –он ҳам маънои луғавӣ ва ҳам маънои дастурии асосро тағйир додааст. Монанди ҳамин пасвандҳои –ча ва –ак ҳам хурдӣ ва ҳам баҳои субъективию28 эҳсосиро ифода карда метавонанд. Вандҳо аз ҷиҳати истеъмолиашон мунтазам ва номунтазам мешаванд.
Созаи ёридиҳандае, ки дар таркиби калима зуд-зуд мавриди истифода ҳарор мегирад ва ҳолиби муайяни калимасозиву шаклсозиро ба вуҷуд меоваранд, ванди мунтазам ном дорад. Масалан, пасвандҳои –ин, -и (-гӣ), -она, -чӣ, -гар ва пешвандҳои бо-, ба-, но-, бе аз ҳабили вандҳои мунтазам мебошанд.
Созаи ёридиҳандае, ки дар таркиби калима аҳёнан истифода мешавад ва ҳолиби муайяни калимаҳоро ташкил намедиҳад, ванди номунтазам номида мешавад. Вандҳои номунтазам дар сохтани калимаҳои ҷудогона мавриди истифода ҳарор мегиранд. Чунончи, пасвандҳои –он, -ор,- ук ба ҳамин гурўҳи вандҳо мансубанд.
Вандҳо аз ҷиҳати дараҷаи иштирокашон дар калимасозӣ ба хелҳои сермаҳсул, каммаҳсул ва бемаҳсул ҷудо мешаванд.
Ҳайд бояд кард, ки вандҳои мунтазам ва номунтазам аз вандҳои сермаҳсул, каммаҳсулу бемаҳсул фарҳ мекунанд. Ванди номунтазам дар айни замон ванди бемаҳсул аст, вале мафҳуми сермаҳсул бо мафҳуми мунтазам айнияти маҳз нест, зеро ки дар байни вандҳои мунтазам вандҳои бемаҳсул низ ба мушоҳида мерасанд. Мафҳуми сермаҳсул ва каммаҳсулу бемаҳсули ванд ба ин маънӣ марбут аст, ки вай дар ҷараёни калимасозӣ дар сохтани калимаҳои нав то кадом ҳадду дараҷа иштирок менамояд.
Гуфтан зарур аст, ки миҳдори калима маҳсулнокии вандро муайян намекунад, зеро ки ин маъниро танҳо бо роҳи омўзиши таърихи калимасозӣ муайян кардан мумкин аст. Бисёр вандҳои мунтазам, ки ҳоло бемаҳсул гаштаанд, дар гузашта дар калимасозӣ сермаҳсул буданд. Пас дар хусуси маҳсулнок будан ё набудани вандҳо дар сурате сухан рондан мумкин аст, ки доираи калимаҳои дар забони адабии ҳозираи тоҷик фарогирифтаи вандҳо бо доираи калимаҳои дар давраи пешина сохтаи онҳо муҳоиса карда шаванд. Масалан, пасванди мунтазам –ина, -ки бо асоси сифат ва исм дар чанд калима дучор мешавад, ҳоло бемаҳсул аст.
Ҳамин тавр, бархилофи мафҳумҳои мунтазам ва номунтазам, ки категорияи синхиронианд29, мафҳумҳои сермаҳсул ва каммаҳсул ва бемаҳсул категорияи диахронӣ30 мебошанд.
Созаи ёридиҳандае, ки дар забони адабии ҳозира дар сохтани калимаву шаклҳои нав фаъоланд ва ёкалимаҳои бо ин вандҳо сохташуда аз нав серистеъмол шуда бошанд, вандҳои сермаҳсул ном доранд. Масъалан, вандҳои –чӣ, -ӣ(-гӣ), -она; бо-, бе-, ме-, нокӣ-,ият сермаҳсул мебошанд.
Агар миҳдор ва доираи калимаҳои ягон ванд то андозае маҳдуд бошад, онро каммаҳсул меноманд: Чунончи, пасвандҳои –ор ва –сор аз ҷумлаи вандҳои каммаҳсул мебошанд.
Вандҳое, ки дар забони адабии ҳозираи тоҷик калима ва шаклҳои нав намесозанд ва ё тамоман номунтазаманд, вандҳои бемаҳсул номида мешаванд. Чунончи, вандҳои –ор, -ок, -ук, -ур, -ваш, -би аз ҳамин ҳабиланд.
Do'stlaringiz bilan baham: |