ХУСУСИЯТҲОИ ҒОЯВИИ ЭҶОДИЁТИ УБАЙД
Убайди Зоконй ба назари мо адиби забардасти равшанфикр, ифшогари далерсудани иллатдои манфури замонаш ва шадси дар танқидй иҷтимоию дачви социалй принципиалй менамояд. Тамоми асардои у бо гояи баланди иҷтимой ва дусусан мазмуни пурқуввати дачвомезашон адамияти фавкулодда доранд. Ҳаҷв принципи асосии эчодии ин устоди каломи бадеъ аст. Ин хусусияти эчодиёти уро дануз дар асри XV Давлатшоди Самаркандй таъкид кардааст: «Ҳазлиёт ва мутоибот ва адочии (ҳачви) Убайд ва расоил (рисолаҳо), ки дар ин боб таълиф кардаазт, шудрате азим доранд». Аммо ҳачву мутоибаи Убайди Зоконй аз дигарон, масалан пешгузаштагон хеле фарқ доранд. Дар асри X мисли Тайёни Марғазй, Мунҷики Тирмизй ва дар асри XII хамчунони Сузании Самаркандй шоирони ҳаҷвнигор буданд. Ҳаҷвҳои ондо бештар бо мудити табак,адои гуно гуни адолй, даёти шадсй ва кучаю бозор алоқаманд будааст, дачвнёти Убайд баробари ин хусусиятдо ба танқиду ифшои далеронаи синфи хукмрон ва шариатпанодон равона шудааст ва аз ин чихвт шоири мо хатто мувофиқи гуфтаи дурусти шоири муосираш Салмони Совачй ба «ҷаҳаннамию бединй» ном баровардааст (ба болотар нигаред). Ин фикри шахсии Салмони Совачй набуд, ки дар ҳаҷви у ба кор бурдааст. Мувофиқи кушишҳои далеронаи зиддидиниаш, ки Убайд дар Ҳар кадам ба кор мебурд ва баромадҳои сахти муқобили иамояндагони дину султонҳои аҳд ба дузахй ва бединй гунахкор гардида буд. Аммо у парвое надошт, беибо ба фошофош мекушид ва ба ин восита парда аз руи диндорону ҳокимони вакт бардошта, ба шараи онҳоро намоён месохт. Дар ин буданд фарки ҳаҷвиёти Убайд аз дигарон ва куввату иктидори у хамчун адиби рав шанфикри тавонои асраш. Ҳоло фикрамонро бо чанде мисол равшан менамоем:
Танқиди ҳаҷви ҳукуматдорон ва хусусиятҳоипасти онҳо
Дар рисолаи «Дилкушо» дар ин хусус чунин ҳикояте омадааст: «Шахсе аз мавлоно Изудуддин пурсид, ки «чун аст, ки дар замони хулафо мардум даъвои худой ва пайрамбарй мекарданд ва акнун намекунанд?» Гуфт:
«Мардуми ин рузгорро чандон аз зулм ва гуруснагй афтодааст, ки на аз худояшон ба ёд меояд ва на аз пайрамбар». Дар хикоят зулми ҳокимон ва афтодагию бенавоии халк бо мукоиса нишон дода шудааст. Аз гуфтори адиб аён аст, ки зулмро махкум ва бенавоёнро тарафдорй карда, акидаҳои гуманистй пешбарй намудааст. Дар хикояти дигар меҳонем: «Деҳқоне дар Исфаҳон ба дари ҳоча Баҳоуддини соҳибдевон рафт. Бо ҳочасаро гуфт, ки «ба ҳоча бигуй, ки худо берун нишастааст, бо ту коре дорад». Ба ҳоча бигуфт. Ба эхзори2 у ишорат кард. Чун даромад, пурсид, ки «ту худой»? Гуфт: «Оре». Гуфт: «Чй гуна?» Гуфт. «Ҳол он ки ман пеш деҳхудо ва борхудо ва ҳонахудо будам. Наввоби3 ту дех ва бор ва ҳона аз ман ба зулм бисутуданд, худо4 монд». Дар хикоят зулми дастпарварони сохибдевони камхирад дар дехаву махалҳо ба тасвир омадааст. Убайд дар тафсири ин нукта аз маънии калимаи худо, ки сохи б аст, истифода кардааст. Дехконони он давраҳо сохиби деху бору замин буданд ва амлоку амволи бисьёрии онҳо аз тарафи ҳокимони махалҳо бо Ҳар баҳонаҳо тороч мегардиданд. Убайд ин гуна беинсофию беадолатиро чашми дидан надошт ва руирост ин тартиботро лаън намудааст. Дар хикояти навбатй дар симои султони золими асри XI Махмуди Ғазнавй аз забони Талхаки ширинкор ҳаҷву танқиди сохибчоҳон ба баён омадааст: «Зани Талхак фарзанде зоид. Султон Махмуд уро пурсид, ки «чй зодааст?» Гуфт: «Аз дарвешон чй зояд, писаре ё духтаре». Гуфт: «Магар аз бузургон чй зояд?» Гуфт: «Эй худованд г, чизе зояд беханчоргуй ва ҳонабарандоз». Аз ин сахттар танқиду масҳараи рубаруи ҳокимони золим камтар вокеъ мешаванд ва часорати Убайд дар ин гуна мавридҳо хуб хувайдост. Убайд зимнан аз забони Талхак — образи ширинкори халкй хусусияти пасти Султон Махмудкибру ғурури ӯро маҳкум месозад: «Султон Махмуд рузе дар ра заб буд. Талхак ҳост, ки уро аз он малолат берун орад. Гуфт: «Эй султон, номи падарат чй буд?» Султон биранчид, руй бигардонид. Талхак боз баробар рафт ва ҳамчунин суол кард. Султон гуфт: «Мардаки калтабони саг, ту бо он чй кор дорй?» Гуфт: «Номи падарат маълум шуд, номи падари падарат чун буд? «Султон бихандид». Ё ин ки бо даюс номида шудани Султон Махмуд дар хикояи зерин пастию разолати у ва дар тимсоли у тамоми ҳокимони нобакор мазаммат гардидааст: «Султон Махмуд cap ба зонуи Талхак ниҳода буд, гуфт: «Ба сари зонуи ту киҳо cap гузоранд?» Гуфт: «Даюсон». Чунин сухано ни нешдори киноявй зарбае буданд, ки ҳокимони замони Убайдро бо хамаи рафторҳои кабехашон зери ҳок мекашиданд ва чигунагии замони нобаробари манфур ва зулмбуньёдро ифшо месохтанд.
Убайди Зоконй ба шариатпаноҳон муносибати оштинопазир дошта ва дар ҳар кадам беибо ба ифшои макру ҳилаи авомфиребонаи онҳо кушидааст. Баробари ин хилатҳои шаръй ва хурофотро маҳдум карда, дар замоне, ки идеологияи ислом хукмрон ва таассуби динй хамаро банду бает сохта буд, теша ба решай пусидаи дину диёнат зада, ақидаҳои равшанфикрона ва пешкадами чамъиятиро далерона ривоҷ додааст. Аксари хикояҳои рисолаи «Дилкушо», фикраҳои рисолаи «Садпанд», тавзеҳоти рисолаи «Дахфасл» дар ин масъ алаҳо бахс кардаанд. Дар асарҳои дигари Убайд низ афкори зиддидинии у мавкеъ гирифтаанд. Чунин менамояд, ки Убайди Зоконй умуман бо дину хурофот собика надошта ва ба асосҳои социалии ин масъала дуруст сарфаҳм рафтааст. Аз ин чо муҳокима, танқид ва ҳаҷвиёти у дар ин бобат хусусияти равшанфикрона доранд ва барои баргардондани руҳияи мардуми асраш аз дину диёнати беманфиат ва талкини адли чамъият ба тарафи фикри равшану солим фоидаи амалй расондаанд. Баъзе аз ин кабил гуфтаҳои уро мисол меорем. Дар ҳикояте овардааст: «Шахсе ба мазоре расид, гуре сахт дароз дид. Пурсид: «Ин гури кист?» Гуфтанд: «Азони аламбардори расул2 аст. Гуфт: «Магар бо аламаш дар гур карданд!» Яъне Убайд ақида кардааст, ки байраки ислом зери ҳок шуда ва сарнагун гардад, зеро зараре, ки ислом овардааст, аз ҳад берун буда ва ин гуна дин ба касе лозим нест. Дар ҳикояти зерин даҳдиату азоби рузадорй лаън ва хурофоти нописанди он масҲара гардидааст: «Шахсеро дар понздахуми рамазон бигирифтанд, ки ту Щш хурдай. Гуфт: «Аз рамазон чанд руз гузаштааст?» Гуфтанд: «Понздах руз». Гуфт: «Чанд руз мондааст?» Гуфтанд: «Понздах руз». Гуфт: «Мани мискин аз ин миён чи хурда ботам?!» Яке аз заруриёти диния — хаччи ҳонаи Каъба — охирин нуктаи зиёратгохи бодабдабаи мусулмонон дар хикояти навбатй танқид шудааст: «Аъробй ба хач рафт. Дар тавоф дастораш бирабуданд. Гуфт: «Худоё, як бор, ки ба ҳонаи ту омадам, фармудй, ки дасторам бирабуданд. Агар як бори дигар маро дар ин чо бинй, бифармой, то дандонҳоям бикашанд». Хурофоти кибла ва зарурати дигари динй—намоз ба ин тарз ҳаҷв гардидааст: «Шахсе дар ҳонаи казвинй ҳост намоз гузорад. Пурсид, ки «кибла чун аст?» Гуфт: «Ман хануз ду сол аст, ки дар ҳонаам. Куҷо донам, ки кибла чун аст». Дар хурофоти диния Пули Сирот ном мафхуме ҳает, ки барои тарсондани ода мон ва дар чаҳолати якумрй нигох доштани онҳо аз маънии он истифода мекунанд. Убайд дар ҳаҷви ин мафхум ва танки дн ташвикотчии он — воиз (намояндаи дин) овардааст: «Лу раке дар мачлиси ваъз ҳозир шуд. Воиз мегуфт: «Сирот аз муй бориктар бошад ва аз шамшер тезтар ва рузи киёмат ҳама 'касро бар у бояд гузашт». Лурй барҳост, гуфт: «Мавлоно, он чо хеч дорабзине 1 ё чизе бошад, ки даст дар он чо зананд ва бигзаранд?» Гуфт: «На». «Гуфт: «Нек ба риши худ механдй, воллоҳ агар мурр бошад, аз он чо натвонад гузашт?!» Убайд дар гуфтаҳои зиддидиниаш хурофот парастонро чун шахсони маккор мазаммат кардааст: «Хатиберо гуфтанд: «Мусулмонй чист?» Гуфт: «Ман марде хатибам, маро бо мусулмонй чй кор?» Дар хурофоти диния бинобар тарсондани мардум азоби кабр ро фикр кардаанд ва изҳор доштаанд, ки пас аз мурдан дар зери ҳок Мункар ва Накир ном касон омада, майитро муьофи ки гунохҳояш ташвиш медихад. Ин хурофоти тамоман пуч ва бемантик аст, Убайди Зоконй онро дар хикояте масҳара сохта аст: «Казвинй дар ҳолати назъ2 афтод. Васият кард, ки дар шахр карбоспораҳои кухнаи пусида биталабанд ва кафани у бисозанд. Гуфтанд: «Гараз аз ин чист?» Гуфт: «То Мункар ва Накир биёянд, пиндоранд, ки ман мурдаи кухнаам, захмати ман надиханд». Дар рисолаи «Дахфасл» меоварад: «Алби хиштон чи набинанд». Дар рисолаи «Садпанд» меҳонем: «Ҳаҷ макунед, то хирс бар мизочи шумо галаба накунад ва беимон ва бемурувват нагардед». Дар ин фикраҳо чизи нобудаи хаёлй бихишт ва ба хирсу тамау ноинсофй асос гирифтани хач наку хиш гардидаанд.
Танқиду ҳаҷви устодонаи намояндагони дину давлат — қозиён, раисон, воизон, суфию шайҳ муаззин, инчунин муассисаҳои динй — масҷиду ҳонакох дар асарҳои Убайди Зоконй бо тафсил ёфтаанд. Баъзе намунаҳо аз гуфтаҳои у ба карори зай* ланд: «Муаззине бонг мегуфт ва медавид. Пурсиданд, ки «ча ро медавй?» Гуфт: «Мегуянд, ки овози ту аз дур хуш аст; Ме давам, то овози худро аз дур бишнавам», «Талхакро пурсиданд, ки «даюсй чй бошад? Гуфт: «Ин масъаларо аз козиён бояд г.урсид». «Шахсе дар боги худ рафт, суфй ва хирсеро дар бор дид. Суфиро мезад, хирсро хеч намегуфт. Суфй гуфт: «Эй му сулмон, май охир аз хирс камтар нестам, ки маро мезанй ва хирсро намезанй». Гуфт: «Хирси мискин мехурад ва ту мехурй ва мебарй».
Дар рисолаҳои «Дахфасл», «Таърифоти муллодупиёза» ва «Садпанд» суфй, козию муфтй, хатиб, факеҳ шайҳ зохид чу нин мазаммат шудаанд: «Алкозйон, ки хама уро нафрин ку нанд», «Чашми козй — зарфе, ки ба хеч чиз пур нашавад». «АлхатибҲар», «Алшайхиблис». «Алсуфймуфтхур», «Ал муфтй — бедин». «Сухани шайҳон бовар макунед, то гумрох на шавед». «Аз хамсоягии зохидон дурй чуед, то ба коми дил та воиед зист». «Калимоти шайҳон ва бангиён дар гуш магиред».
Масчид хамчун чои фиску фасод ва нобоварию бадкорй масха ра мегардад: «Мавлоно Шарафиддини Домронй бар дари мас чиде мегузашт. Ҳодими масчид сагеро дар масчид печида буд ва мезад. Саг фарьёд мекард. Мавлоно дари масчид бикшод, саг ба дар част. Ҳодим бо мавлоно итоб кард. Мавлоно гуфт: «Эй ёр, маъзур дор, ки саг акл надорад. Аз беаклй дар масчид меояд. Мо, ки акл дорем, Ҳаргиз моро дар масчид ме бинй?».
Ин кабил хикоятҳо ва фикраҳо дар хакки намояндагони дину давлат ва оиди муассисаҳои динй хукме буданд, ки ба решаҳои дин ва кабохату сафохати намояндагони он теша зада, онҳоро махкум ва хандазор сохтаанд. Чунин баромадҳои равшанфикрона мафкураи зиддидинии Убайди Зокониро хеле хуб намоён месозанд. Кас ба далерию гайрати у дар он замо ни таассуби динй коил мемонад.
Do'stlaringiz bilan baham: |