Убайди Зоконӣ ҳаҷвнависи навовар
Нақша:
Ҳаёт ва фаъолияти Убайди Зоконӣ.
Манбаи асосии эҷодиёти Убайди Зоконӣ.
Мазмун ва мундариҷаи ғоявии асарҳои Убайди Зоконӣ.
Хусусиятҳои ғоявии эҷодиёти Убайд.
Танқиди ҳаҷви ҳукуматдорон ва хусусиятҳои пасти он.
Тарзи ҳаҷвнигории Убайди Зоконӣ ва халқияти эҷодии ӯ.
Хулоса.
Убайди Зоконй адиби машҳури ҳаҷвнигор ва шоири рангинхаёли хуштабъу озодфикри форстоҷик мебошад. Қувваи ҳаҷви у ба дараҷае баланд аст, ки дар таърихи афкори иҷтимоии мо худ ҳамто надорад ва ғолибан исьёни тунду тези социалии шахси муборизро ба муқобили иллатҳои манфур ва масҲарагиҳои дунёи феодалӣ нухуфта ва ин тартиботро бо намояндагони сиёсию диниаш фош ва маҳкум сохтааст. Ин адиби равшанфикри далерсухан соли 1270 (1370) дар дехаи Зокон, ки назар ба гуфти Давлатшоҳи Самарқандй (асри XV) аз аъмоли (тобеони) Қазвин будааст, ба дунё омадааст. Номаш Убайдуллост, ки баъдҳо ихтисоран ба шакли «Убайд» тахаллус карор додааст. «Зоконй» ишора ба нисбати зодгоҳаш ва куня — лақаби ифтиҳориаш Низомиддин мебошад. Мактабро дар ватанаш хатм карда, таҳсили олиро дар мадрасаи Бағдод идома додааст. Дере нагувашта у шухрату овозаи шоирй дармеёбад ва дар илму хунар мумтоз мегардад. Аммо аз сабаби бенавой ва камии маош хаё таш ноором буд ва парешонҳол мезист. Ба карз рутида ва аз ин боис шикоят мекард:
Мардум ба айш хушдилу ман мубталои қарз,
Ҳар кас ба кору шуғлеву ман дар балои қарз.
Ин кашокаши зиндагй уро ба талаби нон аз дари давлат мандони замона овард. Убайд акида дошт, ки ба ивази асар ва шеърҳои мадехавй аз дари ҳокимон ризку рузй ҳосил менамояд. Ба ин максад соли 1328 «Наводируламсол» ном асари пандомезе тартиб дода ва бо ин дастовез ба хизмати султон Абусаиди Злҳонй (1315—1335) ро овард. Аммо ин_ талаби вай бебарор гардида ва аз ин ҳокиму атрофиёнаш некй надид. Хамоно нафраташ ба аҳли чоху мансаб афзун буд. Ба муқобили ин кавм исьёну шур мебардошт ва макру фиребу ноодамии онҳоро мазаммат мекард. Назар ба гуфти Давлатшох (асри XV) азбаски «марди хуштабъ» буд ва аз ибтидои эчодиёт ба хазлу шухй ниҳоят майл мекард, ин табиати зарифона ва хусусияти эҷодиаш боло гирифта, дар ин давра шеърҳои баландмазмуни иҷтимой мегуфт ва бозори ҳаҷву масҳараи социалиро авҷ медод. Аммо карз хамоно гиребонгири адиби хирадманд буд. Вай наметавонист аз карзу карзҳох лахзае ором гирад. Сахт бенавой мекашид ва аз адои карз очиз омада шикоятро ба осмон мебардошт:
Вой бар ман, ки рузу шаб шудаам
Доиман хамнишину хамдамн карз.
Муддате гирди Ҳар касе гаштам,
Бӯ1 ки орам ба даст маржами кара
Охируламр ҳеч, кас накшод
Пои ҷонам зи банди марками карз.
Дар ин айём Убайд аз химмату муруввати ҳокими шахри Шероз — Абуисҳоки Инчуй (1340—1354) мешунавад ва бо вуҷуди дилмондагй аз хизмати ҳокимон бинобар андаке бехбудй дидан соли 1341 аз Бардод ба Шероз мешитобад. Хамин ки ба дари ҳоким меояд, киссаи ачиберо шунида, мутахаййир мегар дад. Аз руи маълумоти Давлатшох ба вай мерасонанд, ки он лахза «масҲарае омадааст ва шох баду машрул аст». Убайд хис мекунад, ки муруввати Абуисҳок ба ном ва у аслан шоад айшпарасту масхарабоз ва хатто «ба умури подшохй беэътибор» (Давлатшох) мебошад. Зарофати ҳаҷви у боло гирифта, ба танқиди нешдор табдил меёбад ва бо кахру исьёни зидди шох ба ифшои хусусияти пасти у кушида, зимнан аҳволи нобобу ҳории хирадмандони замонаро нишон дода мегуяд: «Ҳар щ такарруби султон ба масҲарагй муяссар гардад ва хуззолон2 макбул ва махбуб ва уламо ва фузало махчуб3 ва манкуб бошанд. Чаро бояд ки касе ба ранчи такрор пардозад ва бехуда димори латифро ба дуди чароги Мадраса касиф созад». Убайд мавриди кабулро интизор нашуда аз дари шох бармегардад ва ин рубоиро мувофиқи ҳол ба забон мегирад:
Дар илму хунар машав чу ман соҳиби фан,
То назди азизон нашавй ҳор чу ман.
Ҳохи, ки шавй кабули арбоби замон
Кинг1 овару кингирй куну кингира зан.
Ҳаҷву танқиди нешдор дар ин арафа ба принципи эчодии Убайди Зоконй табдил ёфта буданд ва вай кабохати ахли чоху мансабро беибо фош менамуд. Ин ду чиз идеали иҷтимоиро зидди беадолатиҳо барчаста ифода менамуданд. Аммо ҳаҷви нешдор, албатта, писанд намеафтод, хатто шоир аз дусто наш таъна мешунид, ки аз хунару фазлаш чаро ичтиноб наму да, ба хасорат (зиёиу зарар) машрул мешавад, ки аз тарики акл наменамояд. Убайд собиткадамона худро химоя мекард ва ҳаҷву танқидро вазифаи марди мубориз хисобида, ба ин воси га аз ҳочагони давлатманду риёкор касд мегирифт. Аз каси фии бозори илм сухан ронда бо сузу гудоз масҲарабозию бемазагии мехтарон — бузургони мулкро маломат менамуд:
Эй ҳоча, макун то битавонй талаби илм,
Кандар талаби ротиби Ҳарруза бимонй.
Рав, масхарагй пеша куну мутрибй омуз,
То доди худ аз мехтару кехтар биситонй.
Бо вучуди инҳо азоби карз ва бенавой Убайдро мачбур карданд, ки аз Шероз дур нарафта, бори дигар ба Абунсҳоки Инчуй мурочиат намояд. Кушишҳои Е бенатича намонданд. Вай ба хизмати ин ҳоким род ёфта ва чанде дар дарбор истикомат кард. Дар ин рузгор дар эчодиёти | касидаи мадхия нисбатан боло гирифт. Аммо равняй эчодиаш — ҳаҷв чашмаи хушкнашаванда буд ва ҳаҷвиёти тунду тез, бо вучуди андаке кам гардидан, аз забонаш шунида мешуданд. Убайд Шерозро дуст ме дошт ва ин шахри дилороро бо он гулгашти афсонавии Мусаллову оби чонбахши Рукнободаш ситонш мекард:
Насими ҳоки Мусаллову оби
Рукнобод Рарибро ватани хеш мебарад аз ёд.
Зихй хучистамакомеву чонфизо мулке,
Ки бод хиттаи 2 олиш то абад обод.
Ба ҳар тараф, ки равй, нагма мекунад булбул,
Ба ҳар чаман, ки расй, чилва мекунад шамшод...
Убайд, чунон ки гуфтем, соли 1341 ба Шероз омад. Соли 1353 ҳокими Кирмон Муборизиддин ба Шероз ҳуҷум карда ва ин шахрро гирифт. Бояд гуфт, ки бо вучуди айшпараст ва дастдори масҳарабозон будани Абуисҳок мисли Убайди Зоконй соҳибфазлон дар хизмати у чамъ омада буданд ва дарбори вай як навъ ба мухити адабй табдил ёфта, шеъру шоирй он чо мақом пайдо карда буд. Аммо бо фатхи Шероз ва фирори Абуисҳок ин доираи адабй пароканда мегардад. Убайд аз дулобии кор ва гирудорҳо ба хайрат меафтад ва шеърҳои рамолуду бадард менависад. Дар яке аз ғазалҳояш ин оҳанги норозиёна ва номуродй чунин садо додааст:
Ҳосил зи зиндагонии мо чуз вубол нест
Ваз рӯзгор бахра ба гайр аз малол нест...
Аз гам чунон пур аст дили мо, ки баъд аз ин
Дар вай ба хеч гуна тарабро мачол нест.
Ҷонам фидои ҳотири сохибдиле, ки гуфт:
«Шероз чои мардуми сохибкамол нест».
Дарвешию рарибию захмат зи хад гузашт,
3ин беш, эй Убайд, маро эхтимол нест.
Айёми Ҳарачу марач дар Шероз Убайдро ба ин гуна шикоят водоштанд. Шероз шахри дустдоштаи у буд ва онро таъриф мекард. Вале парокандагии мухити адабии дарбори Абуисҳок ва истилои шахр аз тарафи ҳокими мутаассиби Кирмон айшу тараби хамаро талх карданд, дили Убайд моломоли рам буд ва ба сараш «дарвешию рарибию захмат» бор шуданд. Акнун у «Шерозро чои мардуми сохибкамол намедид» ва аз он чо баромада рафтанро максад намуд. Аммо ватанашро низ он айём номусоид медид ва бинобар ин боз гашта ба Бардод омад. Дар Бардод он вактҳо султон Увайси Чдлоирй (1354—1373) пойтахт дошт ва дарборашро ба мухити адабй табдил дода буд. Шоири бономи дарбор Салмони Совачй ин мухити адабиро сарпанохй мекард. Убайд, ки тамоман дарвешвашу бенаво буд, ҳост, ки ба ин дарбор каробат чуяд. Аммо шоирони маддох дар шахси Убайд ракиби худро дида, нагузоштанд, ки шох уро кабул намояд. Зиёда аз ин, бо вучуди донистани теззабонй ва ҳаҷвиёти ифшогаронаи Убайд, Салмони Совачй аз. мансаб истифода бурда ба таънаи у кушид:
Ҷаханнамию хичогу Убайди Зоконй
Мукаррар аст ба бедавлатию бедннй.
Агарчи нест зи Казвину рустозод аст,
Валек мешавад андар хадис казвинй.
Аммо ин китъаи Салмони Совачй бо вучуди мазмуни таъризомезаш ниҳоят мухим карор гирифта ва хусусияти Убайди Зокониро дуруст ва вокей тавсиф намудааст. Убайди Зоконй дар он айём хакикатан бедавлату бенаво буд, ки манзури Салмон хам таънаи ин чиз аст. Вале ин чо уро бедин, хичогу ва дузахй номидани шоири таъризгар низ хакикати ҳолро дуруст ифода мекунад. Убайд бо баромадҳои зиддидиниаш, ки ба тарики ҳаҷву киноя ва танқиди нешдори муқобили хурофоти динй ба амал меовард, ба бединй маъруф шуда буд ва аз ин ҷи ҳат маломат медид. Уро таъкибу таъна карда, дузахй меномиданд. Бинобар ин, китъаи мазкури Салмон гарчи кахри Убайдро оварда ва хамоно рохи чавобро боз намудааст, аммо имруз ■барои мо кимати алохида дорад. Аз рустодехаи шахри Казвин будани Убайд „(ки Зокон ном дошт) низ дар китъа дуруст ишора шудааст. Казвиниён дар он замонҳо ба ширинкорй шухрат доштанд (ҳоло низ хамин хеланд). Ва Салмон аз ин маънй истифода карда, уро марди соддалавх номидааст.
Аз руи гуфти Давлатшох Убайдро бо Салмон дар канори обе мулокот даст медихад. Аммо Убайд худро ба у намешиносонад. Салмон мепурсад, ки у аз куҷост? Убайд мегуяд, ки аз Казвин аст. Ва Салмон изҳор месозад, ки аз шеърҳои у дар Казвин чизе медонанд ё не. Убайд, ки бисьёр шеърҳои Салмонро медонист, мавриди чавобро дарьёфта аз гуфтаи у чанд байтро интиҳоб карда ва бо сухани худаш ба ҳуҷум мегузарад. Филфавр таъкид менамояд, ки шеъри зерини Салмон дар Казвин машхур аст:
Ман Ҳароботияму1 бодапараст,
Дар Ҳароботи мурон ошику мает.
Мекашандам чу сабу 2 душ ба душ,
Мебарандам чу кадаҳ даст ба даст.
Ин шеър хайратмандона хусусияти ҳаҷвй гирифтааст ва Убайд бо гуфтаи худаш Салмонро нозукона масҲара кардааст. Аммо зиёда аз ин шеърро ба завчаи Салмон нисбат дода, аз ин тараф низ ба у дарафтидааст. Салмон аз ин зарофатҳо дармеёбад, ки Убайд назди уст ва аз у узр пурсида, вайро навохта зару либос такдим медорад. Давлатшох таъкид кардааст, ки ҳар дуй ин адибон баъди ин бо якдигар дуст шуда ва сухбату хушиҳо кардаанд. Чунин буд сифати адибони пешкадами он давраҳо. Онҳо бо хам бахс менамуданд, хамдигарро, агар лозим шавад, танқид мекарданд, вале дустиро дар хеч ҳол фаромуш намесохтанд ва зидди нобаробарию иллатҳо хамрох мубориза мебурданд.
Дар ин арафа дар Шероз табаддулоти сиёсй ба амал омад. Писарони Муборизиддиншох — Шохшучоъ ва Шохмахмуд муқобили падар cap бардошта, уро аз тахт маъзул карда ва ба чашмонаш мил кашиданд. Шохшучоъ ба ҳокимият омада ва ба маданияту адабиёт эътибор дод. Убайд, ки аз таассуб ва Ҳарачу марачи Муборизиддиншох канора гирифта буд, бо шунидани ин вазъият аз Бардод боз ба Шероз омад. Шоир интиҳои умрро дар ин шахр гузаронд ва хеле пир шуда, аз руи ка ринаҳо соли 1370, дар синни 100солагй вафот кард.
Do'stlaringiz bilan baham: |