Тарзи ҳаҷвнигории Убайди Зоконӣ ва халқияти Эҷодии ӯ
Убайди Зоконй шоири хушсухан, нависандаи зарифтабъ ва файласуфи нуктадон мебошад. Вале дар ҳамаи асарҳои у сухани ҳаҷвию танқидй мавқеи асосй доранд. Равияй асосии эчодиёташ, чунон ки гуфтем, ҳаҷву танқид аст. Ин ду мавзуи иҷтимой дар асарҳои вай оддй ва ё бемат лаб наомадаанд. Убайд хамеша бо максади муайян, махз ба рои ифшои сирри диндорони сохибмансаб ва танқидй хамо кати онҳо, инчунин ҳокимони золим камар бастааст. Ҳамай инҳоро бо часорати махсус ба амал овардааст ва дар ин рох барои у киноя, истиора сухани мазхакавй ва ҳаҷви тезутунд ёрй расондаанд. К,ахрамонҳои Убайд аз табакаҳои гуногунанд. Образи намояндагони дину давлат дар асарҳои у хамоно ман фй тасвир шудаанд. Вай ба Султон Махмуд барин шохи зо
яим шяринкори халкй—Талхакро муқобил мегузорад. Дар хикояҳояш намояндагони халкй оддй: дарвеш, дехкон, гулом ва ширинкорон— Талхак, Ҷуҳо, Казвинй, Хуросонй, Хачй, аъробй, нахвй хамеша зидди бадй, ноадолатй, беинсофй, ноба робарй мубориза бурда, бетамизии ахли мансабу динро фош месозанд; золимон ва мутаассибонро байни мардум масҲара ва хандазор менамоянд. Ин чиз халкияти хикояҳои Убайди Зоконй ва аҳамияти иҷтимоии онҳоро тавзех медихад. Ба ин хикоят нигарем: «Султон Махмуд, дар зимистоне сахт ба Талхак гуфт, ки «бо ин чомаи якло 1 дар ин сармо чи мекунй, ки ман бо ин хама меларзам»? Гуфт: «Эй подшоҳ ту низ монанди ман кун, то наларзй». Гуфт: «Магар ту чй кардай». Гуфт: «Ҳарчи чома доштам, хамаро дар бар кардам». Дар хикоят аз забони Талхак беинсофии ахли доро махкум гардидааст.
Гурухи дигари хикояҳои Убайд аз ха€ти мардуми табакаи оддй бахс карда, нодорамй ва бенавоии онҳоро тавзех меди ханд ва ба ин тарз боз нобаробарию беадолатии давраи фео далиро махкум месозанд. Чунончи: «Нанозаеро бар рохе ме бурданд. Дарвеше бо писар бар сари рох истода буданд. Пи сар аз падар пурсид, ки «бобо, дар ин чо чист?» Гуфт: «Ода мй». Гуфт: «Кучош мебаранд?» Гуфт: «Ба чое, ки на хурданй бошад ва на пушиданй, на нон ва на об, на хезум ва на оташ, на sap, на сим, на бурьё, на гилем». Гуфт: «Бобо, магар ба ҳонаи мо мебарандаш»? Ё худ дар хикояти дигар меҳонем: «Дарвеше ба дари ҳонае расид, пораи ноне биҳост. Духтараке дар ҳона буд, гуфт: «Нест: Гуфт: «Чубе, химае» 1 Гуфт: «Нест». Гуфт: «Порае намак». Гуфт: «Нест». Гуфт: «Куааи об». Гуфт: «Нест». Гуфт: «Модарат кучост?» Гуфт: «Ба таъзияти хешо вандон рафтааст». Гуфт: «Чунин ки ман ҳоли ҳонаи шумо ме бинам, дах хешованди дигар мебояд, ки ба таъзияти шумо оянд».
Гузашта аз ин навъ хикояҳои иҷтимой Убайди Зоконй хикояҳои соф халкии зебое дорад, ки ба латифаҳо ниҳоят шабе ханд ва аз ин чихат магз андар магз халкй буда, рухия ва табиати мардуми оддиро инъикос намудаанд. Ин ҳикоятҳо каро бати ногусастании гуфтаҳои Убайдро бо хаёти маишию заро фатҳои табакаи поёнии чамъият ва халкияти эчодиёти уро боз бе^тар тавзех медиханд. Инак меҳонем: «Хуросонй бо нардбон ба 6ofh дигаре мерафт, то мева бидуздад. Худованди бог3 би расид ва гуфт: «Дар боги ман чи кор дорй?» Гуфт: «Нардбон мефурушам». Гуфт: «Нардбон дар боги ман мефурушй?» Гуфт: «Нардбон аз они ман аст, дар кучо, ки ҳохам, мефурушам».
Ин кабил зарофатҳо ва латифаҳои Убайд, инчунин хикоят ҳои танқидий у ҳоло низ аз аҳамият ҳолй нестанд ва рузгори
маишию иҷтимоии мардумро рангин сохта, барои бартараф кардани нуксонҳои ҷамъиятй кумак мерасонанд.
Хулоса. Убайди Зоконй бо рисолаҳои худ як услуби нави нигоришро дар адабиёти мо ворид кардааст. Ҳамчунони «Ахлокулаш роф», «Рисолаҳои «Дахфасл»у «Садпандаш гуё пеш аз вай дар адабиёти мо боздид намешаванд. Албатта, асарҳои насрии омехтаи назм пештар буданд. Вале он чи, ки Убайд дар «Ах лок,улашроф» аввал шарху тавзех оварда, пас гохе байте 1 ҳикояте накл карда, максадро ба таври пушида ва номуайян бо мусобика ва ё зиддияти ду мазхаб изҳор доштааст, кам дар кам ба ёд мерасад ва у дар ин маврид тарзи нави нигориш ба кор бурдааст. Таълифи асарҳо ба тарзи лугат ва пандҳои зар булмасалмонанд низ чизи нав буданд ва хамаи инҳоро Убайди Зоконй зоҳиран барои Ҳарчи бехтару амиктар ифода кардани фикри танқидй ва тезутундии ҳаҷвиёт истифода кардааст, ки баёноташ дар ин мавридҳо хакикатан нишонрас ва мувофиқи матлаб баромадаанд. Аммо тарзи хикоянависии у дар рисо лаи «Дилкушо» дар он давраҳо мушохида мешуд ва минбаъд ин чиз инкишоф ёфтааст.
Адабиёт:
А.Афсаҳзод. Ҳофизнома. Душанбе: Ирфон,1971
Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. Душанбе: Ирфон,1983
Энсиклопедияи насри тоҷику фрс. Душанбе, 2010.
Убайди Зоконӣ. Ҳикоёти латиф. ‒Душанбе, Адиб, 1990.
Убайди Зоконӣ. Куллиёти мунтахаб. ‒Душанбе, 1963.
Саъдӣ Махдиев. Проблемаи жанри латифа. ‒Душанбе: Дониш, 1977.
Шабакаи интернет.
Do'stlaringiz bilan baham: |