Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков


Гуфтори чордаҳум Давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён



Download 1,67 Mb.
bet6/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   20
57
Гуфтори чордаҳум Давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён
Нақша:

  1. Тоҳириён ва давлати Тоҳирӣ (821-873).

  2. Саффориён ва давлати Саффорӣ (873-900).

Давлати Тоҳириён дар солҳои 821-873 милодӣ арзи ҳастӣ намудааст, ки асосгузораш Тоҳир ибни Ҳусайн эътироф гардидааст. Тоҳир соли 821 хокими волии Хуросон ва Мовароуннаҳр шуда, ҳокимияти худро мустаҳкам ва мамлакатро мустақилона идора мекард. У соли 822 ҳатто фармон дод, ки дар намози ҷумъа (Хутба) номи халифа ба забон гирифта нашавад. Дере нагузашта Тоҳирро дар вақти хобаш мурда дарёфтанд. Тахмин меравад, ки Тоҳирро одамони халифа захр дода куштаанд.
Аммо Халифа ал-Маъмун тарсида волигиро аз хонадони Тоҳириён нагирифт ва писари Тоҳир Талха (822-828)-ро волии Хуросон таъин кард.
Баъди вафоти Талха бародари ӯ Абдуллоҳ ибни Тоҳир, подшоҳи маъруфтарини Тоҳириён гардид (828-844). Абдулло ба ном вассали халифа бошад ҳам, вале ҳокими ҳақиқатан ҳам мустақил шуд. У Хуросон ва Мовароуннаҳрро ба давлати мустақил табдил дод. Вориси арзандаи Абдуллоҳ писараш Тоҳири 11 (844-862) буд. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммад ибни Тоҳир (862-873) унсурҳои парокандашавй ва суст гардидани давлати Тоҳириён ба чашм мерасиданд.
Пойтахти Тоҳириён шаҳри Нишопур буд, ва он хеле инкишоф ёфт. Тоҳириён оид ба мустаҳкам намудани ҳокимият ва ҷорӣ кардани таъсири худ як қатор чорабиниҳо андешиданд. Онҳо исломро такягоҳи худ пиндошта, бо тамоми қувват онро тарғиб мекарданд. Дар давраи Талха тамоми мулкҳои мустақили боқимондаи кишвар тобеъ гаштанд, аз ҷумла лашкари араб таҳти фармондеҳии Аҳмад ибни Абдухалид вилояти Уструшан бо пойтахташ Бунҷикат (Шаҳристон)-ро пурра забт кард (822). Дар давраи Абдуллоҳ баъзе заминҳои гузхо (огузҳо) забт гардиданд.
Дар замони Тоҳириён, хусусан Абдуллоҳ ибни Тоҳир низоми обёрӣ танзим шуд ва наҳрҳо ва шабакаҳои нави обёрӣ барпо гаштанд. Худи Абдуллох роҷеъ ба обёрӣ рисола иншо намуд. Бо фармони Абдуллоҳ фақеҳон-донишмандони шариати ислом асари «Китоб ал-қаннот»-ро навиштанд ва он дар Хуросон то замони ҳамлаи мугулон ба сифати дастурамали обёри ва зироат истифода мешуд. Тоҳириён барои ҳисоби замин ва дуруст ҷамъ кардани андоз чораҳо андешиданд. Дар номаи Тоҳир ба Абдулло маслиҳатҳо ва панду насиҳатҳо ба ҳокимон баён шудааст.
58
, Тоҳириён бо ҳомигӣ ва парастории хеш ба адабиёт ва илм шӯҳрат ёфтаанд. Дар пойтахти онҳо Нишопур қасрҳо, китобхонаҳо, таълимгоҳҳо, корвонсаройҳо сохт.а шуданд. Худи Тоҳириён шеърҳо эҷод карданд, асарҳои илмӣ навиштанд. Аз ҷумла Тоҳир бо шеърҳояш ба забони арабй маъруф буд. Абдулло шоир, нависанда ва олим буд, доир ба назм ва шеърият рисолаҳо таълиф кард. Ҳамаи Тоҳириён ашрофони бомаърифат буданд ва барои доираҳои васеи аҳолӣ барои дастрас намудани илму дониш кӯшиш менамуданд. Суханони Абдуллоҳ: «Илму фанро ба шоиставу носазо дастрас намудан лозим аст. Илм бошад, ғами худро хӯрда метавонад, то ки ба нолоиқ насиб накунад». Ё ин, ки Абдуллоҳ саҳеҳтар ин тавр гуфтааст: «Донишро ба ҳамаи марду зани мусулмон додан даркор аст. Вай худаш гамхорӣ карда, дастраси одами лоиқ мегардад». Баъди садаи маҷбуран арабикунонии донишу фарҳанг ва дину ойини замони Тоҳириён давоми эҳёи тоҷикон шуд, ки ибтидояш дар аҳди Сомониён авҷ гирифта буд.
Дар асрҳои УШ-1Х дар Хуросон ва Мовароуннаҳр табақаи махсуси Ғозиён ал-Мутавия («ихтиёриён») ба вуҷуд омад. Ба сафи он унсурҳои гуногуни табақаҳои поёнии ҷомеа (заминдорони хонахароб гардида, ҳунармандон ва дигарон) дохил мешуданд. Онҳо ба дастаҳои ихтиёрии сарбозон таҳти роҳбарии пешвоён ҷамъ омада, ба хизмати ҳокимони гуногун мерафтанд, дар ҷангҳо иштирок мекарданд ва ноҳияҳои сарҳадиро аз тохтутози бодиянишинон муҳофизат мекарданд. Ғозиён иштирокчии фаъоли ҳаракати мардумии зидди ҳокимони маҳаллӣ ва ашрофи феодалӣ низ буданд. Аз байни ин табақа сулолаи Саффориён аз вилояти Сиистон (Саистон, Сакистон, Саҷистон) баромада дар аҳди бародарон Яъкуб ва Амр ибни Лайс дар муддати кӯтоҳ тамоми Хуросонро ба зери тасарруфи худ гирифтанд.
Яъқуб ва Амр дастаи худро ташкил карда ба дастаҳои дигари Ғозиёни Сиҷистон ҳамроҳ мешаванд. Дар муддати кӯтоҳ обрӯю эътибори Яъқуб дар байни Ғозиён ва фармондеҳи ҳамаи дастаҳои Сиҷистон баланд гардид ва сулолаи ҳокимони ин кишварро асос гузошт. Яъкуб дар ҷавонй дар шаҳри Заранҷ шогирди саффор (мисгар) буд ва аз ин ҷо сулолаи вай унвони Саффориён гирифтааст.
Минбаъд Яъқуб волии Кобул, Синд ва Макронро тобеъ, соли 867 Ҳирот ва Ҳушанг, соли 869 Камина ва Форсро забт кард. Соли 871 халифа Мӯтамид (870-892) Яъқубро волии Балх ва Тоҳиристон таъин намуд. Бо ҳамин халифаи Саффориён ва Тоҳириёнро задухӯрд андохт. Соли 873 Яъқуб қӯшуни Муҳаммад ибни Тоҳирро торумор карда, маркази давлати Тоҳириён Нишопурро ба даст даровард ва халифа ба вай идоракунии Хуросон,Табаристон, Ҷурҷон, Рай ва Форсро расман супорид.
59
Соли 876 байни Халифа ва Яъқуб зиддияти ошкоро ба амал омад. Яъқуб ба Багдод лашкар кашид, лекин дар назди Дайр-ул-Акӯл шгасаст хӯрд. Сабабаш: ёрии пешвои зинҷхоро (гуломони зангй), ки бо сардории Алӣ ибни Муҳаммади Буркан дар Ироқ шӯриш бардошта буд, рад кард. Баъди шикасти Яъқуб Халифа Муҳаммад ибни Тоҳирро аз зиндон озод карда боз волии Хуросон ва атрофии он таъин кард. Яъқуб бошад, ҳокимияти худро танҳо дар Эрони ҷанубй нигоҳ дошта тавонист ва соли 879 вафот кард.
Бояд гуфт, ки Яъқуб ба қӯшун такя намуда, барои нигоҳ доштани он илова бар андоз вилоятҳои забткардаашро талаву тороҷ менамуд. Дар аҳди ӯ аҳволи мардум беҳтар нагардид, андоз ва маҷбуриятҳо кам нашуд Такягоҳи асосии ӯ заминдорони майда ва миёна буданд ва манфиати онҳо ҳимоя карда мешуд. Бинобар он табақаи боло муборизаи вориси Яъқуб Амр (соли 879-900) -ро бар зидди Исмоили Сомонй дастгирӣ накард. Амр мавқеашро дар Хуросон мустаҳкам карда, даъвои Мовароуннаҳр кард. Вале ин кӯшиши ӯ боиси ииқирози давлати Саффориён гардид. Дар муҳорибаҳои соли 899 ва 900 гвардия ва лашкари халқии Сомониён кӯшуни Амрро торумор намуданд ва мулкҳои Саффориёнро ба давлати худ ҳамроҳ карданд. Сулолаи Саффориён чун вассалҳои Сомониён дар Сиистон ҳукмрон буданд. Сулолаи Саффориҳо то охири асри 15 вуҷуд дошт ва дар сарчашмаҳо ба назар расад ҳам, онҳо мавқеи намоёни сиёсӣ надоштанд.
Дар фарҷом, бояд қайд намоем, ки Яъқуб асосгузори сулола ва давлати Саффориён паҳлавони асили тоҷик, ҷанговари обутоб ёфта ва бо сабру тоқат буд, ҳаёти хоксорона ва оддӣ дошт. Ӯ сару либоси пахтагй мепӯшид, зери сараш сипар ва байрақро гузошта хоб мекард.
60
Гуфтори понздаҳум Исмоили Сомонӣ - бунёдгузори давлати Сомониён.
Нақша:

  1. Мухтасар дар бораи Оли Сомон.

  2. Ҳокимони вилоятҳои калонтарини Мовароуннаҳру Хуросон таъин гардидани наберагони Сомонхудот ва соҳиби ҳокимият гардидани онҳо.

  3. Исмоили Сомонӣ-бунёдгузори давлати миллии тоҷикон Сомониён (874-999).

Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмад (849-907) ба ҳукми такдир ва сарнавишт асосгузори аввалин давлати миллии тоҷикон-Сомониён (874-999) буда, барои ташаккули он ва хоса барои вахдату ҳамгироӣ, сохтори идории давлатӣ ва худшиносии миллии тоҷикон корномаи ҷовидонаро анҷом додааст. Дар давлати миллии тоҷикон - Сомониён -ду тан аз пешвоёни асили меҳанпарасту адолатпеша бо номи Исмоили Сомонӣ ёд мешаванд. Нахуст, Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмад ибни Асад, ки аз замони салтанати Наср бинни Аҳмад ба корҳои давлатй ҷалб шуда, сониян амири Мовароуннаҳр ва ниҳоят амири Мовароуннаҳру Хуросон, Сиистону Мозандарон, Райю Исфаҳон, Гургону Табаристон, яъне бунёдгузори ҳақиқии давлати Сомониён мегардад. Дуюм, вориси хеле арзанда ва дури ӯ - Абӯ Иброҳим Исмоил бини Нӯҳи Сомонӣ (999-1005), ки маъмулан Исмоили Мунтасир (фотеҳ) мегӯянд, баъд аз сукути давлати Сомониён, аз соли 999 то соли 1005, яъне зиёда аз панҷ сол барои барқарор намудани салтанати аз даст рафтаи Сомониён набардҳои ибратангез бурдааст.
Зарурият ба ёдоварист, ки аз ҳафт писарони Аҳмад ду тан - Наср (875-892) ба мансаби амири Мовароуннаҳр ва Исмоил бошад, аввал ба маснаби амири Мовароуннаҳр (892-900) ва баъд амири Мовароуннаҳру Хуросон (900-907) мегардад ва пасон ба унвони асосгузор ва амири давлати миллии тоҷикон - Сомониён ёд мешавад.
То солҳои 40-уми асри IX раванди марказият гирифтани ҳокимият дар Варорӯд ба дасти сулолаи Сомониён аз ҷониби Нӯҳ ибни Асад (819-842) сурат мегирад. Ба он далеле, ки Нӯҳ ба гайр аз Сугди Самарқанд Фаргона, «билоди туркон» (маҳалли аҳолинишин, сарзамин) ҳатто Косону Ураштро забт менамояд ва баъдан ин иқдомро бародар ва вориси ӯ, - падари Исмоили Сомонй, -Аҳмад ибни Асад (842-864) давом дода, барои идора кардани корҳои давлатй (аз с.842) писари калонии хеш Наср ибни Аҳмадро (842-892) ҷалб менамояд.
Сукути салтанати Тоҳириён (821-873) ва ба сари кор омадани Саффориён (879-900) фазои ҳарбию сиёсӣ ва идории Хуросону Мовароуннаҳрро тагйир дод. Аз ин сабаб бо таъбири Халифа-ал-
61
Мӯътамид (810-892) Мовароуннаҳр ба сифати воҳиди ҷудогонаи ҳудудию маъмурӣ аз ҳайати Хуросон бароварда шуда, барои идора кардани он ба Наср бинни Аҳмад дар соли 875 маншур (фармон) ирсол карда мешавад.
Наср бинни Ахмад барои комилан истиқрор ёфтани ҳокимияти Сомониён дар Мовароуннаҳр бо дархости мардуми азиятдида бародари хеш - Исмоили 25-соларо волии Бухоро таъин мекунад, ки ӯ то соли 892, яъне 18 сол ин марказшаҳри сиёсию стратегӣ ва гаҳвораи тамаддуни тоҷиконро идора мекунад. Маҳз дар ҳамин давра, Исмоил ба сифати чеҳраи сиёсии замон аз ҷониби табақаҳои иҷтимоии ҷомеа қабул карда мешавад.
Исмоили Сомонй кӯшиш менамуд, ки дар Бухоро ҳокими комилан мутлақ гардад, аз ин рӯ аз додани андоз ва дигар ӯҳдадориҳо ба хазинаи марказии Сомониён даст кашид, ки ин муқовимати байни ӯ ва амир Наср бинни Аҳмадро ба вуҷуд овард.
Дар натиҷаи муқовимати ҳарбӣ соли 886 Исмоил аз вазифаи волии Бухоро сабукдӯш ва ба вазифаи омили хироҷи Бухоро таъин карда мешавад. Соли 886 муқовимати нави ҳарбии амир Наср ва Исмоил ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа Наср шикаст хӯрда, асири Исмоили Сомонй гардид. Вале Исмоил Насррро ба сифати амири Мовароуннаҳр ва сарвари силсилаи Сомониён эътироф намуда, ба Самарқанд фиристод ва худ дар маснади волии Бухоро боқй монд.
Бо ин ҳама маҳз ин ду набард афзалияти сиёсии Исмоилро дар корҳои давлатдорй, ҳаракатҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳарбӣ таъмин намуд. Соли 892 амир Наср вафот кард ва ҳокимият дар тамоми Мовароуннаҳр ба дасти Исмоили Сомонӣ (892-907) гузашт, инчунин тахтгоҳи давлат аз Самарқанд ба Бухоро оварда шуд ва соли 893 Исмоил бо фармони халифа Мӯътазид (892-903) амири тамоми Мовароуннаҳр эълон карда шуд. Худи ҳамон сол Исмоил бо мақсади таъмини амнияти ҳавзаҳои Шимолу Шарқии Мовароуннаҳр ба водии Талас (Тироз) ба муқобили туркони бадавӣ (кӯчӣ) ҳуҷум кард ва онро торумор намуд. Дар он ҷо анқариб 10 ҳазор турконро бо подшоҳашон асир гирифта, боигарии беҳисоберо ғанимат бурда, калисои бузурги насронии шаҳри Тирозро ба масҷиди мусулмонӣ табдил дод ва ба худ лақаби Исмоили «ғозй»-ро гирифт. Инчунин, дар ин сол Истаравшан -ҳавзаи таърихию фарҳангии тоҷикнишин ба ҳайати давлати Сомониён ҳамроҳ карда шуд.
Суқути Тоҳириён, истиқрори Сомониён дар Мовароуннаҳр ва тарвиҷи ҳокимияти Саффориён дар Хуросон хилофати Арабро ноором сохт. Ба мақсади ноустувор гардонидани ин салтанатҳо халифаи Араб низоъи ҳарбию сиёсии Исмоили Сомонӣ ва Амр бинни Лайси Саффориро ба вуҷуд овард. Соли 898 Халифа дар бораи аз вазифаи
62
амири Мовароуннаҳр озод намудани Исмоил ва ба ин маснад сарфароз гардонидани Амр бинни Лайси Саффорӣ маншур фиристод.
Амри магрур маншурро гирифта, худи ҳамон.сол (898) ба Шимолу Шарқ ба ҷанги Исмоили Сомонй меояд. Исмоил «аҳлу ноаҳл» ва «ҷӯлоҳа»-ро мусаллаҳ карда, бо қувваи калони ҳарбӣ ба муқобили Амр равона шуда пеши роҳи ӯро мебандад.
Ба Исмоил муяссар гардид, ки рақиби ҳарбии худро пешдастй карда амалиёти ҷангиро ба ҷанубтари Ҷайҳунрӯд гузаронад. Ниҳоят, ҳангоми ҷанги нахустин, ки тирамоҳи соли 899 баргузор гардид, қувваи ҳарбии Саффориён комилан мағлуб карда шуд ва дар ҷанги дуюм, ки баҳори соли 900 дар ҳудуди Балх рух дод, Исмоили Сомонӣ ғолиб омада, Амр бинни Лайсро асир гирифт ва ба Багдод фиристод. Дар натиҷаи ин ду пирӯзй Исмоили Сомонӣ ҳокимияти хешро дар тамоми вилоятҳои Хуросон, Сиистон, Райю Исфаҳон, Табаристону Гургон, ки тобеи Саффориён буданд, пойдор намуд.
Хулоса, Исмоили Сомонй иқтидори ҳарбию сиёсии Сомониёнро комилан истиқрор дода, ба як давлати абаркудрат асос гузошт, ки ба ҳайати он: Мовароуннаҳру Хуросон, ҳавзаи дарёҳои Аму, Зарафшон, Сир, яъне аз Афгонистони марказӣ ва Хуросони Эрон дар Ҷануб, Хоразму Исфиҷову Ҳафтрӯд дар Шимол, дар Ғарб то баҳри Хазар (Каспий) ва дар Шарқ то Помиру Олой дохил мешуданд. Инак, империяи бузурге арзи вуҷуд кард, ки ба ҳайати он сарзаминҳои таърихан тоҷикнишин - Мовароуннаҳру Хуросон, Сиистону Табаристон, Гургону Қазвин дохил мешуданд.
63
Гуфтори шонздаҳум Ҳаёти иқтисодӣ - иҷтимой дар аҳди Сомониён (асрҳои 1Х-Х)
Нақша:

  1. Дастоввардҳои назарраси хоҷагии қишлоқ.

  2. Равнақи истеҳсоли маъдан ва кӯҳкорӣ.

  3. Инкишофи истеҳсоли шиша, сафолот, бофандагӣ ва дигар намудҳои касбу ҳунар.

  4. Тиҷорат ва муомилоти пул.

Ҳаёти нисбатан осоиштаю мустақилияти мамлакат аз Хилофати Араб, барҳам дода шудани хатари ҳуҷуми бодиянишинон ва ба тартиб даровардани идоракунии давлат имконият доданд, ки Хуросону Мовароуннаҳр ба пешқадамтарин ва мутараққитарин кишварҳои Шарқ табдил ёбанд.
Хуросону Мовароуннаҳр мамлакатҳои аграрй, яьне хоҷагии қишлоқ буданд. Дар ин ҷо зироатчигии обёришаванда хеле тараққй карда буд. Барои заминҳо об аз дарёҳои Ому, Сир, Зарафшон, Мурғоб, Қашқадарё, Вахш, Кофарниҳон ва гайраҳо истифода бурда мешуд. Ин дарёҳо тавасеути сохтани дарғотҳо ва наҳру ҷӯйҳо заминҳои ҳосилхези Осиёи Миёнаро аз об таъмин мекарданд. Ба техникаи пасти он замон нигоҳ накарда, одамон наҳру обанборҳои бузурге месохтанд. Синаи кӯҳу дараҳоро шикофта, аз рӯду чашмаҳои кӯҳӣ истифода мебурданд. Усули дар обанборҳо ҷамъ намудани оби борону барф ва тобистон аз ин об дар зироатчигӣ истифода кардан васеъ ба кор бурда мешуд. Дар баъзе ноҳияҳо обҳои зеризаминӣ ҳам истифода карда мешуданд. Дар заминҳои обёришавандаи Хуросону Мовароуннаҳр гандум, ҷав, биринҷ, арзан, лӯбиё, офтобпараст, зағир ва дигар зироатҳо парвариш мекарданд.
Дар богҳои зебо ва дилкушо зардолу, себ, шафтолу, нок, биҳӣ, гелос, анор, анҷир, чормагз, бодом ва дигар меваҳоро парвариш мекарданд.
Навъҳои гуногун ва ширину сершарбати ангур дар токзорҳои Осиёи Миёна хеле зиёд буданд. Харбузаҳои марвӣ ва бухороӣ беҳтарин навъҳои харбуза ҳисоб меёфтанд.
Чорводорй ҳам яке аз машгулиятҳои асосии сокинони Хуросону Мовароуннаҳр буд. Дар хоҷагиҳои шахсй асп, гов, буз, гӯсфанд ва ғайра парвариш мекарданд. Ҳайвонҳои боркаш: аз хачир, уштур, асп ва хар иборат буд.
Хулоса, хоҷагии қишлоқ дар давраи Сомониён серсоҳа ва баландҳосил буд.
Дар қатори хоҷагии қишлоқ истеҳсол ва истифодаи маъданҳои кӯҳӣ васеъ ба роҳ монда шуда буд. Дар Бадахшон сангҳои қимматбаҳо:
64
лаъл, лоҷавард, нуқра, тилло ва намак истеҳсол мекарданд. Дар Хатлон конҳои нуқра, тилло ва намак бисёр буданд. Умуман, дар Осиёи Миёна: тилло, нуқра, сангҳои қимматбаҳо, оҳан, мис, қалъагӣ, симоб, ангиштсанг, нафт, намак, қӯргошим, мармар ва дигар маъданҳои кӯҳиро истеҳсол мекарданд.
Яке аз калонтарин конҳои дар асрҳои 1Х-Х истифода карда шуда, кони нуқра ва қалъагии Кони Мансур ба шумор мерафт, ки дар ҳудуди ноҳияи Хуҷанд ҷойгир шудааст. Кони Мансур корхонаи давлатӣ буда, дар он қувваҳои зиёди коргарӣ истифода карда мешуд. Айнан ҳамин навъ конҳо Олтин Топкан, кӯҳҳои Қаромазор, Фарғона, Қиштутдара (дар болооби Зарафшон) ва дигар ҷойҳо хеле зиёд буданд.
Конҳо дар чуқуриҳои то 150 метр сохта мешуданд. Ба дохили ин конҳо аз рӯи замин ҳаво тела дода мешуд ва онҳо бо ёрии шамъчароғ равшан карда мешуданд. Олотҳои кории кӯҳканҳо хеле оддй буда, аз болгачаҳо, зоғнӯлҳо ва каланду бел иборат буданд.
Меҳнати кӯҳканҳо хеле вазнин ва пурхатар буд. Аз ин ҷост, ки дар натиҷаи меҳнати вазнину тоқатнопазир садҳо ва ҳазорҳо кӯҳканҳо ҳалок мегардиданд. Конҳо намноку рутубатнок ва тангу торик буданд.
Ҳамин тариқ, дар асрҳои 1Х-Х дар Осиёи Миёна маъданҳои кӯҳӣ васеъ истифода бурда мешуданд. Тараққиёти хоҷагии қишлоқ ва васеъ истифода намудани маъданҳои кӯҳӣ сабаби ҳаматарафа тараққӣ намудани ҳунармандй ва косибӣ гардид. Ҳунармандон ва косибон дар ҳаёти ҷамъиятии онвақта мавқеи махсус доштанд. Яке аз ҳунарҳои паҳншудатарин бофандагй буд. Дар Мовароуннаҳр деҳаҳои Зандонаи назди Бухоро, Ведари назди Самарқанд, Дарзанги водии Сурхон ба марказҳои бофандагӣ табдил ёфта буданд. Матоъҳои нозуку зебои дар ин ҷойҳо бофташуда то ба Ироқу Форс, Кирмону Ҳиндустон бурда шуда, аз онҳо либосҳои аъёну ашрофони феодалӣ ва рӯҳониёни олирутба тайёр карда мешуданд. Матоъҳои пахтагин ва абрешимии Мовароуннаҳру Хуросон дар тамоми дунё ном бароварда буданд. Дар Осиёи Миёна чармгарӣ ва аз чарм тайёр намудани пойафзол, зину лаҷоми асп, тасма, хӯрҷин, қамчин, либос ва гайра хеле тараққӣ карда буд.
Дар Самарқанд қогази баландсифате истеҳсол карда мешуд, ки дар тамоми мамлакатҳои Шарқ мислаш набуд. Дар Фарғона, Хуҷанд ва Истаравшан яроқ, олотҳои хоҷагии қишлоқ, зарфҳои металлӣ, корд сохта мешуданд.
Кулолону кӯзагарони Осиёи Миёна касби аҷдодони худро идома дода, ба дараҷаи олии кулолӣ расида буданд. Онҳо ҳар гуна зарфҳои зебои сафолин месохтанд. Марказҳои асосии зарфҳои сафолин Самарқанд, Марв, Хуҷанд, Пайканд, Нисо, Балх, Тирмиз ва ҷойҳои дигар буданд.
65
Истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ ҳам дар Осиёи Миёна хеле ривоҷ ёфта буд. Устохонаҳои шишабарорй дар Самарқанд, Тирмиз, Ҳулбук, Хуҷанд ва дар дигар ҷойҳо мавҷуд буданд. Тараққиёти хоҷагии қишлоқ, саноати кӯҳӣ ва ҳунармандй суръати савдои дохилӣ ва беруниро тезонид ва савдо бо бодиянишинони чорводор хеле ривоҷ ёфт. Марказҳои асосии савдо бозорҳо гардида буданд. Дар дохили шаҳрҳои калон чандин бозорҳо мавҷуд буданд. Ба гурӯҳи чунин шаҳрҳои сербозор Бухоро, Самарқанд, Тирмиз, Балх, Ҳирот, Нишопур ва ғайра дохил мешуданд. Ин шаҳрҳо марказҳои мубодилаи молҳои Шарқу Ғарб буданд.
Чӣ хеле қайд кардем, савдо бо бодиянишинон хеле манфиатовар буд. Марказҳои асосии савдо бо бодиянишинон шаҳрҳои сарҳадии байни Мовароуннаҳру даштҳои маскани кӯчманчиён буданд. Бодиянишинон аз ҳунармандон, зироаткорон ва савдогарон матоҳои пахтагин, пашмин ва абрешимин, ғалла, яроқ ва зарфҳо харида ба онҳо асп, ҳайвонот, пашм, пӯст, маҳсулоти ширй ва ғуломонро мефурӯхтанд.
Савдогарони Мовароуннаҳр ва Хуросон ба бозори ҷаҳонӣ молҳои гуногун, аз ҷумла матоҳои пахтагин, зарин, пашмин, гилем, зин, лаҷом, чорво, харбуза, шоҳиворӣ, дег, яроқ, гуломони туркй, оҳан, аспҳои «бодпо», чормағзу бодом, сангҳои қиматбаҳо ва гайраҳо ирсол менамуданд.
66
Гуфтори ҳабдаҳум Инкишофи илму адаб ва фарҳанг дар замони Сомониён
Нақша:

  1. Дар аҳди Сомониён ба авҷи аъло расидани шеъру шоирӣ.

  2. Комёбиҳои барҷастаи илму фани замони Сомониён.

  3. Шаҳрсозӣ, меъморӣ ва санъати мусиқӣ дар даврони Сомониён.

Асрҳои 1Х-Х айёми гул-гул шукуфии илму адаб ва фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб меравад. Сулолаи Сомониён анъана, хату савод, забони модарӣ ва адабиётро парвариш ва инкишоф дод. Инкишофи илмҳои риёзӣ, нуҷум, ҷугорофия, кимиё, тиб, таърих ва адаб бо суръат идома меёфт.
Шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот, Хуҷанд, Бунҷикат, Ҳулбук, Тирмиз ва ғайра ба марказҳои калони маданияти он замон табдил ёфтанд. Олимон аз аксар кишварҳои мусулмони ба маркази маданияти Шарқ - Бухоро гирд меомаданд. Дар Бухоро китобхонаи хеле ғание бо номи «Савонеҳ-ул-ҳикмат» бунёд гашт. Дар бозори китобфурӯшии Бухоро китобҳои нодир ва асарҳои пурарзиши ҳамон давраро пайдо кардан мумкин буд.
Дар ҳаёти фарҳангии асрҳои 1Х-Х илм ба комёбиҳои бузург ноил гашт. Дар соҳаи таърих ва адабиётшиносӣ Ибни Қутайба (828-889) муаллифи «Китоб-ул-маориф» (китоб дар бораи шеъру шоирон), Абӯбакри Наршахӣ (вафоташ 959) муаллифи «Таърихи Бухоро», Абулмуайяди Балхӣ - муаллифи китоби «Аҷоиб-ул-булдон» (Аҷоиботи шаҳрҳо), Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ машҳур буданд.
Мовароуннаҳр ва Хуросон маркази инкишофи илмҳои риёзй ва нуҷум буданд. Дар миёни олимон риёзидони бузург, мунаҷҷим ва ҷугрофидон Муҳаммад ибни Мӯсо Алхоразмиро (тақрибан солҳои 780-850) ёдовар шудан мумкин аст. Худи истилоҳи логарифм (таҳрифшудаи Алхоразмӣ) ва алгебра (алҷабр) ба илм ба шарофати асарҳои ҳамин олим дохил гаштаанд. Олими машҳур Абдулмаҳмуди Хуҷандӣ (асри X) афзори нуҷуми зовиясанҷро кашф намуд ва онро дар асрҳои миёна барои муайян кардани вазъи аниқи сайёраҳо истифода мебурданд.
Алломаи бузурги Шарқи асрҳои миёна Абӯнасри Форобӣ, ки дар илм нақши фаромӯшнашаванда гузошт, дар ҳамин давра фаъолият дошт. У таълимоти абадӣ будани материяро кашф кардааст..
Мутафаккири барҷаста ва олими энсиклопедист Ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро таваллуд шуда, дар Бухоро ҳамаи илмҳои замонаашро омӯхта, ҳанӯз дар солҳои наврасӣ ба фаъолияти илмию табибй шурӯъ кардааст. Вай бузургтарин файласуф, табиатшинос, табиб, риёзидон, шоир ва муҳаққиқи нодиру мустақил
67
мегардад. Ӯ доир ба ҳамаи соҳаҳои дониши давраи худаш осори илмӣ боқӣ гузошта аст.
Ибни Сино садҳо асар таълиф кардааст. Муҳимтарини онҳо «Китоб-уш-шифо» - асари фалсафии 18 ҷилда ва «Алқонун-фит-тиб» (Қонуни тиб)-энсиклопедияи 5 ҷилда мебошад, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд. Онҳо дар Шарқу Ғарб бисёр машҳур гаштаанд, бо забонҳои гуногуни аврупоӣ тарҷума гардиданд.
Дар Шарқ ва Ғарб асарҳои зиёд «Ал-Қонун» китоби дарсӣ ва табобатӣ буд. Асарҳои Ибни Сино дар тараққиёти илм дар Аврупо ва Осиё нақши калон бозидаанд.
Дар асрҳои 1Х-Х, яъне дар давраи Сомониён шеъру шоирӣ ба авҷи аъло расид, эҷодиёти як зумра шоирон, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941), Абӯмансури Дақиқӣ (вафоташ 977), Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020), Шаҳидии Балхӣ (вафоташ 938) ва дигарон ба замони Сомониён тааллуқдоранд.
Асосгузори эътирофгаштаи назми классикии тоҷику форс, зодаи деҳаи Панҷрӯдак, ҳозира ноҳияи Панҷакент Рӯдакй мебошад. То замони мо аз осори бузурги шеърии Рӯдакй камтар аз ду ҳазор мисраъ бокй мондааст, ки шоҳиди маҳорати олй дар эҷоди анвои шеърии ҳамон замон мебошад. Вай дар асараш ишқи поки инсонӣ, хирад, дониш, шараф, олиҳимматй, ростӣ, башардӯстӣ ва меҳнатро васф кардааст. У шаклҳои асосии шеъри тоҷик: маснавӣ, қасида, газал ва рубоиро то ҳадди камолот расонидааст.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз ситорагони тобонтарини осмони адаб ва фарҳанги тоҷику форс аст. Вай дар қарияи Божи наздикии шаҳри Тӯси Хуросон дар оилаи ашроф таваллуд шуда, маълумоти хубе гирифтааст. Барои эҷоди шоҳасари хеш «Шоҳнома» 35 соли умр ва амлоку амволи худро сарф кардааст. Султон Маҳмуди Ғазнавй «Шоҳнома»--и пешкаш намудаи Фирдавсиро, ки дар он қаҳрамониҳо ва эҷодкориҳои тоҷикон васф шуда буд, қабул накард.
Мавзӯи марказии «Шоҳнома» муборизаи байни хайру шар, некӣ ва бадй, истиқлолият ва озодии Ватан, бахту саодати мардуми он, васфи илму дониш, ҳунар, танқиди ҷаҳолат ва нодонӣ мебошад.
Рӯҳониён шоирро барои тараннуми анъанаҳои тоисломӣ ва гӯронидани ҷасади вайро дар қабристони мусулмонӣ манъ карданд. Уро дар боғаш дар деҳаи Бож дафн намуданд. Номи Фирдавсӣ ҷовидона аст. «Шоҳнома» ганҷи бузурги хазинаи фарҳанги ҷаҳонй мебошад. Таъсири Фирдавсй ба инкишофи минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик бузург аст. Ашъори вай борҳо бо забонҳои гуногуни Шарку Ғарб тарҷума гардидааст.
Дар асрҳои 1Х-Х инкишофи фарҳанги мусиқй идома ёфта, заминаҳои онро ҳанӯз дар давраҳои қадимтарин ниёгони мо гузоштаанд. Тоҷикон аз қадим дорои маҳорати баланди навозандагӣ
68
будаанд, Эҷоди мусиқии классики анъанавии шифоҳӣ ва достонҳои мақомию созӣ огоз ёфт, ки онҳо дар шакли Дувоздаҳ мақом ва баъдан шакли такмилаш дар Шашмақом ҷамъбаст гардидаанд. Миқдори зиёди асбобҳои торй, нафасӣ ва зарбӣ, ҳамчунин номи суруду оҳангҳои асрҳои 1Х-Х маълуманд. Заминаҳои назариявии санъати мусиқӣ ташаккул ёфта, асарҳои Абӯнасри Форобӣ, Абӯали ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯҳафси Сугдй, Абӯсолеҳ, Абулаббоси Бахтиёр ва дигарон маълум аст.
Шаҳрсозӣ, меъморй ва санъати ороишй хеле васеъ инкишоф ёфтанд. Дар бораи сатҳи баланди ҳунари меъморон, бинокорон, устоҳо, ороишгарон бинои мақбараи Сомониён дар Бухоро, ки дар ибтидои асри X сохта шудааст, шаҳодат медиҳад. Мақбара аз хишти пухта сохта шудааст. Дар сохтмони биноҳо ва қасрҳои мӯҳташами феодалон ба кандакорӣ, нақшу "нигор ва ороиши онҳо аҳамияти калон дода мешуд.
Ҳунарҳои бофандагӣ, кулолӣ, сир додани зарфҳои сафолӣ, нақшу нигори матоъҳои гуногун ва гайра ба дараҷаи тараққиёти баланди худ расида буд.
Сарчашмаҳои хаттй дар бораи дар шаҳрҳо сохтани масҷидҳои ҷомеъ, мақбараҳо, манораҳо, бозорҳои болопӯш маълумот медиҳанд. Дар меъмории давраи Сомониён танҳо дар ҳолатҳои фавқуллода хишти пухтаро истифода мебурданд. Дар бинокорӣ аксаран хишти хом истифода мегардид.
69
Гуфтори хаждаҳум Ҳавзаҳо ва марҳилаҳои асосии ташаккули халқияти тоҷик
Нақша:

  1. Марҳилаҳо ва минтақаҳои ҳудудӣ-таърихии ташаккули халқи тоҷик.

  2. Анҷоми раванди ташаккули халқи тоҷик.

  3. Маънои калимаи тоҷик ва назарияҳои асосӣ доир ба ин масъала.

Ташаккули халқи тоҷик ҳанӯз дар ибтидои асрҳои миёна оғоз гардид ва дар асрҳои 1Х-Х, яъне дар замони Сомониён комилан анҷом ёфт, ки он се марҳила ва се минтақаҳои ҳудудӣ - таърихиро дар бар мегирад.
Марҳилаи якум дар ҳайати шоҳаншоҳии Сосониён дар ҳудуди вилояти шимолу шарқии он - Хуросон анҷом пазируфтааст.
Марҳилаи дуввуми раванди ташаккули халқи тоҷик дар Мовароуннаҳр, ки аз қадим халқиятҳои Эронии Шарқӣ - бохтариҳо (тахориҳо), сугдиҳо, хоразмиҳо, инчунин қабилаҳои сакой зиндагӣ мекарданд, вобаста аст. Дар ин давра забони форсӣ - дарӣ дар Мовароуннаҳр устувор гардида, забонҳои Эронии Шарқиро иваз мекунад.
Марҳилаи сеюм давраи хотимавии ташаккули халқи тоҷик ба замони Сомониён рост меояд. Дар ин давра дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, умумияти этникӣ, умумияти забон ва умумияти иҷтимоӣ-фарҳангй раванди ташаккули халқи тоҷик сурат пайдо карда, асосан ба анҷом расид ва давлатдории миллии тоҷик ҳам устувор гардид.
Унсурҳои асосии этникии тоҷиконро бохтариҳо ва тахориҳо (ҳавзаи боло ва миёнаи Амударё), сугдиёну уструшаниҳо (води Зарафшон, води Қашқадарё, ҳавзаи миёнаи Сирдарё), маргиёниҳо ва портҳои эронизабон (ҳавзаи Мургоб, нишебиҳои шимолӣ ва ҷанубиҳои кӯҳҳои Хуросон) Хоразмиҳо (ҳавзаи поении Амударё), фарғониҳо (водии Фаргона), инчунин як қатор қабилаҳои сакоии даштҳои Осиёи Марказй ва назди Помир ташкил додаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар асрҳои 1Х-Х ҷараёни ташаккули умумияти марзй, забонй, маишӣ-фарҳангй ва номи халқи тоҷик анҷом ёфт. Ба туфайли пайкориҳо ва талошҳои Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус Сомониён умумияти марзӣ, сипас давлати марказиятноки тоҷик бо номи ягонаи Хуросон барпо гашт. Маҳз дар Хуросони бузург аз Рай то Фаргона ва аз Кобул то Тароз тоҷикон ҳамчун халқи муаззам комилан ба вуҷуд омаданд.
Дар сарзаминҳои тоҷикон аз охири асри VII то аввали асри IX дар асоси лаҳҷаҳо ва шеваҳои забонҳои гарбӣ ва шарқии эронӣзабони
70
адабии дарӣ-тоҷикӣ ташаккул ёфт. Эҷодкори ин забон оммаҳои халқ: зироаткорон, пешаварон, тоҷирон, чорводорон, сайқалдиҳандагон ва ҷавҳариҳои забони дарй-тоҷикй шоирону адибон, донишмандон, ҳомиёну сарпарастони ин бойигарии маънавй буданд. Забони ғарбии дарӣ-тоҷикй ҷои забонҳои сугдй, бохтарӣ, хоразмӣ, фарғонагӣ, сакоӣ ба таркиби лугавии забони дарӣ-тоҷикӣ ворид гардиданд. Ба туфайли дин ва фарҳанги ислом забони арабӣ тадриҷан ба забони дарӣ-тоҷикӣ таъсир расонид.
Умумияти маишӣ-фархангии тоҷикон, яъне тарзи ягонаи зиндагии хонаводагӣ, расму русуми манзилдорӣ, сару либос, таом, урфу одатҳо ва маросимҳо ба ҷашнҳо, шодмониҳо, дафн, мотам алоқаманд ва гайра ба вучуд омад. Ташаккули ин умумият дар давраи авастоӣ асрҳои УП-У1 пеш аз милод огоз ёфт, қариб 2000 сол давом кард ва дар қарнҳои 1Х-Х комил гашт.
Дар асрхои 1Х-Х зтнонимии «тоҷик» густариш ёфт. Роҷеъ ба маънии номи тоҷик тафсирҳои гуногун маъруфанд. Садриддин Айнӣ «тоҷик»-ро номи халқи аслӣ ва тагҷоии Хуросон аз давраи қадим ҳисобидааст.. ба фикри ӯ «тоҷик» - «тоҷдор» маънй дорад ва аз калимаи «тоҷ» - афсар, кулоҳи ҷавоҳирнишон пайдо шудааст. Мувофиқи фарзияи Бартолд этнонимии «тоҷик» аз «той» - номи яке аз қабилаҳои форси миёна ва армании «тачик» ба маънои «араб» ва дар давраи мусалмонӣ шаклҳои сони «тозик» ва «тозй» ва турки «теҷик», «тоҷик» пайдо шудааст.
Бояд кдйд намоем, ки муҳаққиқон дар асоси маводҳои нави аз нахустманбаъҳо ба даст омада, нисбати дурустии ин ақидаи Бартолд шак овардаанд. Бино бар ақидаи муҳаққнқ А.К. Боровиков фикри тахминӣ дар бобати дар «давраи мусалмонӣ» пайдо шудани шаклҳои сони «тозӣ» ва «точик» аз шакли аввалаи «таҷик» хато аст. Боровиков ба Садриддин Айнӣ пайравӣ карда, этимологияи вожаи «тоҷик»-ро «тоҷдор» (аз кулоҳ, сарпӯши қадима, ки шакли тоҷ ё афсар дошт) маънидод мекунад. Бино ба фарзияи муҳаққиқи дигар А.Н. Бернштам номи «тоҷик» қабл аз арабҳо пайдо шудааст.
Ҳамин тавр, дар асрҳои 1Х-Х, яъне дар зямони Сомониён дар асоси муттаҳидшавии халқиятҳои эронӣ раванди ташаккули халқи воҳиду ягонаи тоҷик пурра ба анҷом расида, оа ин халқ номи «тоҷик» дода шуд.
Сулолаи Сомониён сулолаи тоҷикй ва давлати Сомониён голибан осиёимарказй буд. Давлат дар ҳудуде вуҷуд дошт, ки аҳолиаш аҷдодони тоҷикону аз қадим халқиятҳои эрсни буданд.
Сомониён аз ҷиҳати этникӣ тоҷиконе будгнд, ки ба забони форсй-дарӣ-тоҷикӣ сухан мегуфтанд ва забони модариашонро давлатӣ эълон карданд. Симои антропологии тоҷикони онвақта ва ҳозира ирқй трупой мебошанд. Бунёдгузори ин давлати тоҷикӣ Исмоили Сомонӣ
71
шахси чолок, қатъй, ҷасур, бохирад, бомаром, дурандеш, муташаккил, сиёсатмадори оқил ва ходими бузурги давлатӣ, одилу доно, маърифатпарвару санъатдӯст будааст.
Гарчанде ташаккули ҳалқи тоҷик аллакай дар асрҳои 1Х-Х,анҷом ёфта бошад ҳам, дар асрҳои минбаъда низ он бетағйир намонд. Аз як тараф проссеси консолидатсияи халқи тоҷик тақвияти умумй, маданияти маънавӣ ва моддии он ба амал меомад. Аммо истилои аҷнабиён, парокандагии феодалй ба раванди мӯътадили он просесҳо халал расониданд. Муносибати этникию мадании тоҷикон бо қавму тоифаҳои туркзабон, ки мақоми онҳо дар ҳазораи дуюми милодӣ якбора боло рафт, беш аз пеш аҳамият пайдо мекард. Дар байни халқҳо қаробате пайдо шуд. Онҳо якҷоя зидди истисморчиёни маҳаллӣ ва истилогарони аҷнабӣ мубориза мебурданд. Дар тамоми наҳзатҳои халқии асрҳои минбаъда, дар набардҳои қаҳрамононаи зидди истилогарони хориҷӣ мо тамоми намояндагони ниёгони халқҳои Осиёи Миёнаро, алалхусус, фарзандони ду халқи наздику ҳамсоя - халкҳои тоҷик ва ӯзбекро дар як саф, паҳлӯ ба паҳлӯ, китф ба китф мебинем. Онҳо бо ҳамдигар алоқаву робитаи зич доштанд ва ба якдигар таъсир мерасонданд.
Хуллас, дар асрҳои 1Х-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки он тақрибан пурра ба ҳайати давлатҳои Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус, Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти этникӣ фақат дар миёнаҳои асрҳои Х-Х1 ва ё худ дар нимаи авали асри XI соҳиби ном шуд. Ба қавли Байҳақӣ соли 1043-1044 яке аз муқаррабони Султон гуфтааст: «Мо, ки тоҷик ҳастем»... то ин дам «тозӣ» гуфта, арабҳоро дар назар доштанд. Худи ҳамон Байҳакй ривоят мекунад, ки дар муҳорибаи назди Дандонакон (1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд ва танҳо сарбозони тоҷик бо ҷасорат ҷангиданд. Ҳамин тавр, дар нимаи асри XI истилоҳи «тоҷик» номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфта буданд.
72
Гуфтори нуздаҳум Тоҷикон дар ҳайати давлатҳои Қарохониён ва Ғазиавиён
Нақша:

  1. Ҳукмронни Қарохониён дар Мовароунннаҳр.

  2. Қарохониён ва Қарохитоиҳо.

  3. Қудратманд ва афзудани мулки Ғазна дар даврони Сабуктегин (963-997) ва Маҳмуди Ғазнавӣ (998-1030).

  4. Суқути давлати Ғазнавиён.

То солҳои 90-уми асри X қабилаҳои турки Тиёншони марказӣ ва Ҳафтрӯд таҳти унвони чигил, қарлуқ, ягмо, тюргеш дар ҳудуди аз Қошғар то Исфиҷоб давлате барпо карданд, ки онро муҳаққиқон Қарохониён ё ки Илоқхониён номидаанд. Ба андешаи академик В.В. Бартольд сулолаи Қарохониён аз қабилаи ҷанговари чигил, ки дар Иссиқкӯл ва водии Илӣ сукунат дошт, пайдо шудаастг
Сарсулола ва ҳокими нахустин Сатук Абдал - Карим Қарахон аз байни Қарохониён аввалин шуда дини исломро қабул кард. Омили муҳими ташкил ва аввалин комёбиҳои сиёсии давлати Қарохониён маҳз қабули ислом аз ҷониби хонҳо ва мусалмоншавии аҳолии Тиёншони марказй ва Ҳафтрӯд буд. Соли 960 Мӯсо писари Сатук исломро дини давлатии Ҳоқонии Қарохониён эълон кард.
Давлати Қарохониён давлати мутамарказ набуд. Вай мисли ҳамаи иттиҳодияҳои сиёсии халқҳои бадавӣ ба мулкҳои калон ва майда тақсим мешуд. Сарзаминҳои Қарохониён ба мулки Шарқӣ (асосӣ) бо сардории Ҳоқони Олӣ бо лақаби Арслон - хон, қароргоҳаш Балосогун ва мулки Ғарбй (дуюм) таҳти роҳбарии ҳоқони дигар бо лақаби Бугроқарохон марказаш аввал Тароз, сонӣ дар авали асри XI Қошғар тақсим мешуданд. Мулкҳо тез-тез ба сарзаминҳои мустақил, ки сарҳадҳояшон мунтазам тагйир меёфтанд ва байнашон аксар вақт ҷангҳо давом мекарданд, табдил ёфтанд ва охируламр сари давлати худро хӯрданд.
Дар воқеъ номҳои ҳайвонот - «бугро» (уштур) ва Арслон (шер) бо иловаи истилоҳи «хон» лақабҳои машҳур ва фахрии ҳокимони Қарохониён буданд. Унвони «илоқ» нисбат ба «хон» поёнтар ҳисоб мешуд ва одатан ҳокимони алоҳидаи (ҷузъи) ҳоқонӣ ҳамин тавр ном доштанд. Истилои «течин» (ё текин) унвони аз ҳама бештар маъмули шоҳзодагони сулолаи Қарохониён буд ва ҳокимони мулкҳои майда ин гуна лақаб доштанд.
Аз солҳои 60-70-уми асри XI ҳуҷуми Салчукиён ба ҳудуди давлати Қарохониён пурзӯр мегардад. Соли 1089 Маликшоҳи Салчуқӣ бо қӯшуни худ аз дарёи Аму гузашта Бухоро ва Самарқандро забт кард. Тамоми марзи Қарохониён ба зери тасарруфи Салчуқиён афтод.
73
Салчуқиён сулолаи Қарохониёнро барҳам надоданд, вале аз онҳо хироҷ меситониданд.
Солҳои 30-юм ва ибтидои 40-уми асри ХП Қарокидониён ба Мовароуннаҳр ҳамла оварда, сентябри соли 1141 дар дашти Катвон ба қӯшуни муттаҳидии Қарохониён ва Салчуқиён зарба заданд ва мулкҳои Мовароуннаҳрро истило намуданд. Қарохониён ҳам мисли Салчуқиён ба корҳои дохилии давлати Қарохониён дахолат накарда, танҳо андоз мегирифтанд. Дар охири давраи мавчудияти давлати Қарохониён Мовароуннаҳри Марказӣ ва Фарғона ба ду мулки мустақил чудо шуд. Соли 1212 давлати Қарохониён аз ҷониби Муҳаммади Хоразмшоҳ пурра барҳам дода шуда, сарзамини он ба давлати Хоразмшоҳиён ҳамроҳ гардид.
Давлати Ғазнавиён дар асри X дар натиҷаи парокандашавии давлати Сомониён дар қисми шарқии Авгонистон ба вуҷуд омад (963-1186) номи Ғазнавиён аз шаҳри Ғазна, ки пойтахти он давлат қарор ёфта буд, гирифта шудааст. Шаҳри Ғазна ба ҳайати давлати Сомониён дохил мешуд. Баъди вафоти амири Сомонӣ Абдумалик (954-961) кашмакашҳои дарборӣ ҳукумати марказиро суст карданд. Аз ин вазъият истифода карда, соли 961 Алптегин (асогузори давлати Ғазнавиён), ки дар аҳди Абдумалик ҳокими Балх ва сипаҳсолори тамоми лашкари дар Хуросон будаи Сомониён шуда буд, ба муқобили ҳокимияти марказӣ исён бардошт. У тамоми қувваҳои ба давлати Сомониён зидро муттаҳид намуда, 12 январи соли 963 шаҳри Ғазнаро ишғол кард ва онро пойтахти худ қарор дод. Баъди вафоти Алптегин (976) Сабуктегин ном хешаш соли 977 амири Ғазна шуд. Дар замони ҳукмронии ӯ иқтидори ҳарбии давлати Ғазнавиён хеле зиёд гардида, ҳудуди он дар ҷануб то Пешовар, дар шимол то Хуросон доман паҳн кард. Сабуктегин мавқеи худро мустаҳкам карда, тартиботи меросии тахти султониро ҷорӣ кард. Баъди вафоти Сабуктегин (997) писараш Маҳмуд, ки ҳокими Хуросон буд, ба тахт нишаст. Дар давраи салтанати Маҳмуд (998-1030) давлати Ғазнавиён ба кишвари бузург табдил ёфт.
Соли 999 баъди аз ҷониби Қарохониён барҳам додани давлати Сомониён Маҳмуд вилоятҳои ҷанубии Амударёро забт кард. Сарҳади байни Ғазнавиён ва Қарохониён дарёи Аму муқаррар гардид. Соли 1008 дар яке аз ноҳияҳои Балх байни кӯшунҳои онҳо задухӯрд ба амал омад, ки он бо галабаи Маҳмуд анҷом ёфт ва мавқеи ӯ дар Хуросон мустаҳкам гардид. Хуталон ва Ҷағониён ба давлати Ғазнавиён ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамаи ин халифаи арабро водор намуд, ки давлати Ғазнавиёнро расман шиносад ва ба Маҳмуд унвони «султон» ва «ғозй»-ро диҳад. Дар натиҷаи юришҳои то соли 1030 ҳудудҳои Афғонистони имрӯза, як қатор вилоятҳои Эрон, Осиёи Миёна, музофотҳой шимолӣ ва шимолу гарбии Ҳиндустон ба зери тасарруфй давлати Ғазнавиён
74
афтоданд. Қисми асосии лашкари Маҳмудро гуломон ва дастаҳои «гозиён» ташкил мекарданд.
Пойтахти давлати Ғазнавиён шаҳри Ғазна аз ҳисоби боигариҳои сарзаминҳои истилогардида ва истисмори бераҳмонаи заҳматкашон ободу зебо мешуд. Дар шаҳр қасрҳои пуршукӯҳ, масҷиду мадрасаҳо ва биноҳои дигари ҷамъиятӣ сохта мешуданд. Ғазна дар замони ҳукмронии Маҳмуд на танҳо маркази ҳунармандӣ ва савдо, балки маркази илму маърифат низ ҳисоб мешуд. Дар давраи гул-гулшукуфии давлати Ғазнавиён султонҳо барои инкишофи илму маданият то андозае шароити зарурӣ фароҳам оварданд. Дар пойтахти Ғазнавиён ва шаҳрҳои дигар олимону шоирони машҳур (Берунӣ, Утбӣ, Унсурӣ, Манучеҳрй, Фаррухӣ, Абулфайзи Байҳақӣ, Гардезӣ ва дигарон) умр ба сар бурда, бо шоҳасарҳои худ дар таърихи тамаддуни башарият ҳиссаи сазовор гузоштанд.
Ҷангҳои доимй, юришҳои бардавом аҳволи оммаи мазлум, хусусан, деҳқонон ва ҳунармандонро тоқатнопазир гардонданд. Ноҳияҳои обод ба харобазор табдил ёфта, иншоотҳои ободӣ вайрон карда шуданд ва аз кор баромаданд. Хоҷагии қишлоқ ва ҳунармандй рӯ ба таназзул ниҳоданд. Хусусан хушксолии солҳои 1010-1011 ба иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ расонд. Дар шаҳри Нишопур аз гуруснагӣ ҳазорҳо одамон ҳалок шуданд. Дар натиҷа шӯру ошӯбҳо хомӯш намегашт (хусусан шӯриши соли 1034 дар Тӯс).
Давлати Ғазнавиён баъди вафоти Маҳмуд (1030) рӯ ба таназзул ниҳод. Дар замони ҳукмронии Масъуд ибни Маҳмуди Ғазнавӣ мулкҳои зӯран забт кардаи Ғазнавиён ба ҳукумати марказӣ итоат накарда, худро мустақил эълон мекарданд.
75
Гуфтори бистум Салчуқиён ва Хоразмшоҳиён
Нақша:

  1. Зуҳури давлати Салчуқӣ дар Хуросон ва давраи аввали забткориҳои он. Тужралбеки Салчуқӣ (1040 -1063).

  2. Вусъати давлати Салчуқй дар давраи ҳукмронии Алп - Арслон (10634072) ва Ҷалолиддини Маликшоҳ (1072-1092).

  3. Суқути давлати Салчуқӣ ва ҳамчун маркази сиёсӣ сар бардоштани Хоразм.

Давлати Салчуқиён дар натиҷаи забткориҳои қабилаҳои бодиянишини Ғӯз (оғӯз) таҳти роҳбарии сулолаи Салчуқиён дар Шарқи Миёна ва Наздик ба вучуд омадааст.
Ҳоло Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар зидди Қарохониҳо, ки барои Мовароуннаҳр мубориза мебурд (дар ибтидои асри XI) ба як гурӯҳи Салчуқиҳо барои маскан намудан дар шимоли Хуросон ба онҳо рухсат дода буд. Кӯшиши озод шудан аз ҷабри андозҳои вазнин ва ба даст овардани замину чарогоҳҳои борҳо боиси исён намудани Салчуқиҳо гардид. Мубориза гоҳ ба фоидаи Салчуқиёни Хуросон ва гоҳ ба фоидаи ҳукумати Ғазнавй анҷом меёфт. Соли 1035 Масъуд бар зидди Салчуқиҳо ба Нисо қувваи зиёди ҳарбироравона намуд. Дар ин муҳориба, Салчуқиҳо ба лашкари Масъуд зарбаи сахт заданд. Баъдтар Салчуқиён ба Ғазнавиён боз якчанд маротиба зарбаҳои сахт зада, қисми зиёди Хуросон, аз ҷумла Нишопурро ишғол карданд.
Султон Масъуд тамоми қувваҳои ҳарбии худро ҷамъ карда ба сӯи истиқоматгоҳи Салчуқиҳо ҳаракат намуд. Дар баҳори соли 1040 дар наздикии Дандонакон (наздикии Марв) муҳорибаи ҳалкунанда ба вукӯъ пайваст. Дар натиҷаи ин муҳориба (аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо мумкин аст, онро яке аз хунинтарин ҷангҳо дар таърихи халқҳои осиёи Миёна донист) салтанати Ғазнавиён дар Хуросон ба таври доимӣ хотима ёфт. Дар баробари тамом шудани ҳарбу зарб сардори Салчуқиҳо Туғрал дар майдони ҷанг тахте ороста бар он нишаст ва худро ҳокими кули Хуросон эълон намуд.
Салчуқиён минбаъд Хоразм (1043), Эрони Ғарбӣ (1042-1051), Озарбойҷон (1054) ва Ироқро (1055) забт карданд. Халифаи Аббосиён ал Қоим маҷбур шуд, ки Туғрали Салчуқй (1038-1063)-ро ҳамчун султон ва «подшоҳи Шарқу Ғарб» эътироф кунад. Гарчанде ки халифа расман ҳокими олӣ ба шумор мерафт (султони Салчуқиён волии халифа буд), вале ӯ мавқеи пештараи худро аз даст дода буд.
Дар давраи салтанати Алй Арслон (1063-1072) ва Маликшоҳи Салчуқӣ (1072-1092) лашкари Салчуқиён ба ғарб ҳаракат карда, соли 1071 кӯшуни императори Византия Романи 1У Диогенро торумОр кард.
76
Оихо солҳои 1071-1081 Арманистон, Гурҷистони Шарқӣ, Шервон, як қисми Осиёи хурд, Сурия ва Фаластинро зери тасарруфи худ дароварданд. Дар давраи ҳукмронии Маликшоҳи Салчуқӣ иқтидори ҳарбию сиёсии давлати Салчуқиён хеле афзуда, Исфаҳон пойтахти он шуд (дар давраҳои гуногун Рай ва Марв ҳам пойтахти Салчуқиён буданд). Сарҳади давлати Салчуқиён дар Ғарб то баҳрҳои Миёназамину Мармар, дар Шарқ то Қошгар, дар Шимол то баҳри Арал ва дар Ҷануб то халиҷи Форс ва биёбони Сурия тӯл кашида буд.
Вилоятҳои мамлакат аз ҷиҳати этникӣ ва иқтисодӣ гуногун буда, байни онҳо алоқаҳои мустаҳкам мавҷуд набуданд. Давлати Салчуқиён, ки бо зӯрии яроқ барпо гардида буд, аз охири асри XI рӯ ба таназзул ниҳод. Тадриҷан Гурҷистон, Шервон, қисмси гарбии осиёи Хурд, Сурия ва Фаластин мустақил шуданд. Баъди вафоти Султон Санҷар (1118-1157) давлати Салчуқиён барҳам хӯрд.
Зарурият ба ёдоварист, ки маданияти Салчуқиён нисбат ба халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон хеле паст буд ва бисёр султонҳои онҳо, аз ҷумла Туграл ва Алп Арслон бесавод буданд. Бинобар ин дар мақомоти давлатии Салчуқиён тоҷикон, форсҳо ва баъзе намояндагони туркҳои муқимӣ роли калон мебозиданд.
Бузургтарин арбоби давлатии аҳди Салчуқӣ Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ бинни Исҳоқ буд, ки дар Хуросон таваллуд ёфта, тақрибан 30 сол (1063-1092) дар замони ҳукмронии Алп Арслон ва Маликшоҳ хидмати вазириро адо кардааст. У дар дарбори ин подшоҳон, алахусус Маликшоҳ, обрӯй ва нуфузи бениҳоят калон пайдо намуда лақаби «Низомулмулк»-ро гирифтааст. У марди хеле оқил ва фозиле буд. Дар корҳои мамлакатдорӣ комилан ба таҷрибаҳои давраи Сомониён такя мекард ва барои эҳё намудани анъанаҳои мадании он давра кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод.
Низомулмулк барои ташкил намудани мактабҳои олии диния -мадрасаҳо кӯшиши зиёде кард. Дар бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла, дар Багдод, Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв ва гайра ин қабил мактабҳо таъсис ёфта, ба шарафи ташкилкунандаи худ унвони «Низомия»-ро гирифтанд. Барномаи таъмини мадрасаи «Низомия»-и Багдод дар баробари аз ёд кардани Қуръон, ҳадисҳо ва дигар риштаҳои умумии динй, ҳамчунин илми ҳуқуқ, забон ва адабиёти араб, риёзиёт ва амсоли инро дар бар гирифта буд. Мадраса мебоист намояндагони табақаи амаддорро дар рӯҳи эътиқод ба дини ислом тарбия мекард. Ғайр аз ин, дастпарварони мадраса бояд аз болои мардум назорати диниро анҷом диҳанд, онҳоро аз равияи исмоилия дур гардонанд.
Ғалабаи қарохитоиҳо дар соли 1141 Салчуқиёнро хеле заиф гардонид ва яке аз омилҳои рӯ ба таназзул ниҳодани давлати машҳури Салчуқиён, инчунин ҳамчун маркази сиёсй сар бардоштани Хоразм гардид.
77
Сарсулолаи хонадони хоразмшоҳӣ Анӯш - Тегин ҳанӯз дар замони Маликшоҳи Салчуқӣ ба воситаи хизмат ва лаёқате, ки аз худ нишон дода буд, ҳокими Хоразм таъин гардид. Баъди вафоти Анӯш - Тегин ҳукмронии Хоразм ба тариқи мерос ба писари ӯ Қутбиддин Муҳаммад (1097-1127) расид.
Қутбиддин Муҳаммад лақаби Хоразмшоҳро гирифта дар тамоми давраи ҳукмронии худ аз фармонбардортарин ҳокимони Султон Санҷар ҳисоб мешуд. Баъд аз сари ӯ ҳукумати Хоразм ба писараш Отсиз (1127-1156) гузашт, ки ин шахсро мумкин аст асосгузори ҳақиқии давлати бузурги Хоразмшоҳӣ номид. Отсиз ва ворисони ӯ аз ҳар як лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ доданд, то ки истиқлолияти Хоразмро аз Салчуқиён таьмин намоянд. Отсиз гарчанде то охири умри хеш аз итоати Салчуқиён сар напечид, лекин дар ҳар сурат барои исгиқлолияти Хоразм заминаҳои мусоид ҳозир карда тавонист. (аз ҳамон вақт, яъне аз миёнаҳои асри ХП ҳокимияти Салчуқиён дар Хоразм мавҷудияти худро фақат исман нигоҳ дошт).
Дар аҳди салтанати писари Отсиз Эл-Арслон (1156-1172) ва вориси ӯ Алоуддин Текеш (1172-1200) давлати Хоразмшоҳиён ба яке аз давлатҳои пурзӯри Шарқи Миёна мубаддал гардид. Текеш ба Мовароуннаҳр ва Хуросон чанд дафъа бо муваффақият лашкар кашида, шаҳру деҳаҳои зиёдеро забт намуд. Дар соли 1187 Нишопурро ишғол кард, соли 1193 Марвро ҳам ба тасарруфи худ даровард.
Пас аз марги Текеш писари ӯ Муҳаммад (1200-1220) ба тахти Хоразмшоҳӣ нишаст. Дар соли 1203 _бо пуштибонии Қарохитоиҳо Хуросонро тамоман ба даст даровард. У Хирот ва гирду атрофии онро низ ба худ тобеъ намуда, дар соли 1207 ба пойтахти худ баргашт. Вай пас аз он ки аз кори Хуросон хотирҷамъ шуд, дар фикри забт кардани Мовароуннаҳр ва барҳам додани ҳукмронии Қарохитоиҳо афтод. Дар худи ҳамон соли 1207 ӯ бо баҳонаи фурӯ нишонидани шӯриши аҳолии шаҳри Бухоро, ки бар зидди садрҳо бардошта буданд, бо қӯшуни сершуморе ҳаракат карда, бо ҳамин васила ба тасарруфи Мовароуннаҳр огоз намуд.
78
Гуфтори бисту якум Ғуриён - дуввумин давлати миллии тоҷикон
Нақша:

  1. Мухтасар дар бораи мамлакати Ғур ва мардуми он.

  2. Таъсисёбӣ ва ташаккули давлати Ғурӣ.

  3. Муборизаи тӯлонии Ғуриён бо Ғазнавиён ва оқибатчги он.

  4. Таҳаввул ш таназзули давлати Ғуриҳо.

Пас аз сукути салтанати Сомониён дар сарзамини ҳозираи Афғонистон, дар саргаҳи дарёи Ҳарирӯд давлати дуввуми миллии тоҷикон бо номи гуриён (Ғур вилояти кӯҳй буда, дар қисми ғарбии Афгонистони кунунӣ воқеъ гардида буд), таъсис меёбад. Асосгузори сулолаи Ғуриён Сайфиддин ибни Иззоуддини Хусайн аз хонадони сурӣ буд ва гӯё шаҷара (генеология)-и ин хонадон ба Сомониён мерасидааст.
Дар асрҳои миёна ин кишварро мамлакати Ғур меномиданд ва аксарияти мутлақи мардумашро қабилаҳои кӯҳистонии тоҷик ташкил менамуданд. Иқлими хубу обҳои фаровонаш барои тараққиёти зироатчигй ва чорводорӣ мусоидат менамуд. Ба гайр аз он аҳолии Ғур ба истихроҷи маъдан ва таҳияи силоҳ ва либосҳои ҷангӣ низ шугл меварзиданд, ки онҳо аз чизҳои асосии содиротӣ ҳисоб мешуданд.
Дар интиҳои қарни X вилоятҳои аз ҳамдигар мустақили Ғурро подшоҳчаҳо, ки онҳоро муаллифони араб «малик», яъне подшоҳ меномиданд, идора менамуданд. «Малик» асосан пешвои қабила буда, дар баъзе ҳолатҳо ҳокимияти худро аз болои якчанд қабила барқарор мекард. Одатан дар сари ҳар вилоят ду пешво - ҳоким ва сипаҳсолор (сарлашкар) меистоданд, ки ҳукуматро байни худ баробар тақсим карда буданд.
Дар мамлакати Ғур муносибатҳои феодалӣ нисбат ба Мовароуннаҳру Хуросон дертар пайдо мешавад. Дар тӯли қарнҳои X-XI дар кӯҳистони Ғур муносибатҳои нимпатриархалӣ ва нимфеодалӣ афзалият доштанд.
Дар Ғур дини ислом бо душворӣ паҳн мешуд. Ҳатто истилогарони араб натавонистанд, ки мамлакати Ғурро ба тасарруфи худ дароваранд. Мардуми озодидӯсту далери он муддати дуру дарозе ба оину мазҳаби қадимаи худ содиқ монданд ва баъзе қабилаҳо то миёнаҳои асри XI ҳам дини исломро комилан қабул накарда буданд.
Охири асри XI дар Ғур айёми ташаккулёбии муносибатҳои феодалӣ буд. Дар нимаи дуввуми асри XI ва нимаи аввали асри ХП ҳокимони вилояти Мандеш (аз хонадони Сурӣ) тамоми қаламрави Ғурро ба зери тасарруфи худ дароварданд. Дар миёнаҳои асри ХП
79
давлати феодалии Ғуриҳо таъсис ёфт. Аввал шаҳри Фирӯзкӯҳ, сонӣ баъди барҳам хӯрдани Ғазнавиён шаҳри Ғазна пойтахти онҳо буд.
Лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ (1009 ва ё 1010) ва писараш Масъуди Ғазнавӣ (1020) Ғуриёнро маҷбур намуда буданд, ки (исман ҳам бошад) ҳокимияти олии Ғазнавиёнро эътироф намоянд, вале даҳсолаҳо муборизаро барои истиқлолият қатъ накарданд. Воқеан, дар ҳамин давра, Ғуриён Бомиён ва як қисми Тахористонро ба давлати худ ҳамроҳ намуданд. Онҳо нимаи аввали асри ХП аз сустшавии Ғазнавиён истифода бурда, истиқлолияти худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди салтанати Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ (вафоташ соли 1146) ба кувваи бузурге соҳиб гардиданд.
Султони Ғазна Баҳромшоҳ (1118-1152) аз пурзӯршавии Қутбиддин Маҳмуд тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба Ғазна овард ва заҳр дода ҳалок намуд. Бо вуҷуди ин, дуюмбора тасарруф намудани мамлакти Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Байни Баҳромшоҳ ва бародарони Қутбиддин Маҳмуд чандин муҳорибаҳои шадиде ба амал омаданд ва ӯ якзайл шикаст хӯрд. Баъдтар султони давлати Ғуриён Алоуддини Ғурӣ (1149-1156/1157) лашкари Баҳромшоҳро комилан торумор карда, солҳои 1150-1151 Ғазнаро ба даст даровард, боигарии онро талаву тороҷ намуд ва шахр хароб карда шуд. Баҳромшоҳ ба гурехтан маҷбур шуд.
Бояд зикр намуд, ки муборизаи Ғуриҳо ва Ғазнавиён бо ин ҳама ба охир нарасид. Дар солҳои 1186-1187 бародарзодаи Алоуддин Ғиёсидцини Муҳаммад (1163-1203) дар яке аз ҷангҳо султони охирини Ғазнавиён, ҳокими Лоҳур Хисравмаликро асир гирифта, ба Фирӯзкӯҳ бадарға кард. Инак, салтанати Ғазнавиён мавҷудияти худро комилан бас кард. Ғуриҳо тамоми мулкҳои дар Хглздустон доштаи Ғазнавиёнро соҳиб шуданд ва ҳукмрони давлати бузург гардиданд, ки дере нагузашта дар натиҷаи футуҳоти минбаъдаи онҳо ҳудуди он хеле вусъат пайдо намуд. Дар охири асри ХП маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон ва Узбекистони имрӯза ба ҳайати давлати Ғур ҳамроҳ карда шуданд.
Солҳои 1152-1206 давлати Ғуриён ба дараҷаи олии тараққиёт расид ва нерӯмандтарин қудрати Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гардид. Дар ин давра ба ҳайатии он Афгонистони кунунй, Хуросон бо Сиистон, Синд, Панҷоб, Кашмир ва вилоятҳои дигари шимоли Ҳиндустон, маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон ва Узбекистони имрӯза, аз ҷумла Вахш, Хуталон, Чағониён, Шуғнон ва Вахон дохил мешуданд. Дар идораи давлат асосан усули давлатдории Сомониён истифода карда мешуд.
Дар оғози асри ХШ давлати Ғуриён рӯ ба таназзул овард. Баъди Хуросонро (соли 1204) забт намудани Муҳаммади Хоразмшоҳ, Шаҳобуддини Ғурӣ (1203-1206) ба Хоразм лашкар кашид, вале аз
80
қӯшуни муттаҳидаи Хоразмшоҳиён ва Қарохитоиҳо шикаст хӯрд ва дере нагузашту вафот кард.
Дар натиҷаи нисбат ба Мовароуннаҳру Хуросон ҳеле ақибмонда будан, пурзӯр гаштани қувваҳои марказгурез, задухӯрди байни ҳокимони алоҳидаи маҳаллӣ, ҷангҳои беохир бо давлатҳои ҳамсоя ва ғайра, давлати Ғурро сусту заиф гардонд. Ин буд, ки соли 1215 Муҳаммад Хоразмшоҳ онро пурра ба худ тобеъ намуд. Боқимондаи сулолаи Ғуриён ба Ҳирот омада, давлати кӯчаки Куртҳои Ҳиротро ташкил намуданд. Давлати Курт дар асл идомаи таърихии давлати Ғурӣ будааст.
Воқеан, андаке пештар баъди вафоти Шаҳобиддини Ғурӣ аз ҷониби яке аз лашкаркашони Ғуриён - Қутбиддини Ойбек давлати мустақили Салтанати Деҳлиро таъсис медиҳад, ки омили муҳимтарини афзоиши нуфузи сиёсӣ, идорӣ ва фарҳанги тоҷикон дар сарзамини паҳновари Ҳинд мегардад. Салтанати Деҳлӣ ҳам мисли давлати Куртҳои Ҳирот давоми таърихии давлати Ғуриён ҳисоб мешудааст.
Хулоса, давлати Ғур - дуюмин давлати миллии тоҷикон, ҳамчун давлати комилуласли тоҷикӣ босуботтарин ва пайгиртарин идомадиҳандаи суннати давлатдории Сомонӣ (давлатдории тоҷик) буда, фаъолияти он дар ин арса боиси эҳё ва таҳкими минбаъдаи ин суннат ва омили муҳими умри дубора ёфтани фарҳанги асили миллии тоҷик будааст.
81
Гуфтори бисту дуввум Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони мугул
Нақша:

  1. Вазъи сиёсии давлати Хоразмшоҳиён дар арафаи ҳамлаи Мугулҳо.

  2. Ҳуҷуми ӯрдуи Чингизхон ба Осиёи Миёна.

  3. Мудофиаи қаҳрамононаи шаҳрҳои бостонии тоҷикон: Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд.

Тавре ки дар боло зикр гардид, дар давраи ҳукмронии Алоуддин Текеш ва писари ӯ Муҳаммад Хоразм ба давлати пурқувват табдил ёфт. Сарҳади он аз соҳилҳои шимолии баҳри Хазар (Каспий) то халиҷи Форс ва аз Кавказ то қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш васеъ гардид. Вале марказиятнокиии ин давлат хеле суст буд. Иддае аз ҳокимони маҳаллӣ фақат зоҳиран ҳокимияти Хоразмшоҳиёнро эътироф намуда, аслан вилоятҳои зердасти худро қариб ки мустақилона идора мекарданд.
Ҳокимияти Муҳаммади Хоразмшоҳ ва вазъи дохилии давлати ӯ устувор набуд. Халқҳои мутеъ ва оммаи заҳматкаш аз ҷониби ҳокимони маҳаллӣ ва Хоразмшоҳ бераҳмона истисмор карда мешуданд. Аз ин лиҳоз мардуми оддӣ Муҳаммади Хоразмшоҳро чашми дидан надоштанд ва ӯро пуштибонӣ намекарданд.
Он чиз ҷолиби диққат аст, ки ҳатто ашрофи феодалони ҳарбӣ ва рӯҳониёни бонуфуз ҳам нисбат ба Муҳаммад мавқеи душманонаро ишгол карда буданд, яъне бо сабабҳои гуногун аз ӯ норозй буданд. Ҳатто аскарони кироя, ки тамоми ғалабаҳои вайро таъмин карда буданд, дар охир аз итоати ӯ сар кашиданд.
Хулоса, давлати бузурги Муҳаммади Хоразмшоҳ аз дарун маҳкам ва устувор набуд ва бинобар ин дар натиҷаи зарбаҳои истилогарони мугул ба осонӣ аз по афтод.
Дар ибтидои асри ХШ дар марзи Муғулистони имрӯза дар натиҷаи аз байн рафтани муносибатҳои патриархалӣ - авлодӣ нахустин давлати феодалии мугул зуҳур менамояд, ки асосгузорашТемучин (1155-1227) ё худ Чингизхон буд.
Баъди 25 соли мубориза Темучин тамоми қабилаҳои мугулро ба итоати худ даровард. Ва, ниҳоят, соли 1206 дар Қурултои бузург (маҷлиси бузург) хонҳо якдилона Темучини 50 соларо «хони бузург» ё «хони хонон» эълон карда, ӯро Чингизхон номиданд. Чингизхон дар муддати нисбатан кӯтоҳ лашкари сершумору боинтизоме созмон дод ва ба истилои мамлакатҳои ҳамсоя шурӯъ намуд. Дар солҳои 1207-1211 Сибири Ҷанубӣ ва солҳои 1211-1215 Хитойи Шимолӣ, аз ҷумла, Пекинро ба тасарруфи худ даровард. Ҳангоми забти Пекин 30 ҳазор зан ба хотири он ки ба дасти мугулҳо наафтанд, худкушй карданд.
82
Соли 1218 қӯшуни мугул, тақрибан бидуни муқовимат Ҳафтрӯдро тасарруф намуда, ба сарҳади давлати Хоразмшоҳиён омада расид.
Зикр бояд намуд, ки Чингизхон ба юриши Осиёи Миёна, яъне давлати Хоразмшоҳиён диққати ҷиддӣ дода, тайёрии ҳаматарафа мебинад. У тавассути тоҷирони Осиёи Миёна (онҳо кайҳост мушовирони Чингизхон буданд) дар бораи вазъияти дохилии давлати Хоразмшоҳиён маълумот ба даст меовард.
Илова бар ин, Чингизхон роҳи фиребу найрангро пеш гирифт ва ба Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ нома навишта, ӯро писархонди худ номид. Муҳаммад аз ин нома дарғазаб шуд ва гуфт, ки ин Чингизхони муғул нисбат ба ӯ беҳурматиро раво дида, бузургтарин лашкаркаши исломро писархонд гирифтааст.
Дар ҳақиқат шумораи сарбозони Муҳаммад нисбат ба сарбозони мугул хеле зиёд буд. Вале ӯ намедонист, ки Чингизхон кайҳо ба ҷанги зидди Хоразмшоҳиён омодагй гирифтааст ва тоҷирони Осиёи Миёна, чй хеле ки гуфтем, ҳамчун ҷосус хизмат мекарданд. Ба замми ин Муҳаммад ҳанӯз то ҳуҷуми мугулҳо лашкари худро ба гурӯҳҳои хурд-хурд тақсим намуда, дар шаҳрҳо ва истеҳкомҳои аз пойтахт дур (бо мақсади дар мутеъ нигоҳ доштани оммаи аҳолй) ҷойгир намуда буд.
Соли 1218 Чингизхон ба сарзамини Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ корвонеро, ки аз 500 шутур молҳои қимматбаҳо ва 450 нафар тоҷир, аъёну ашроф ва ашхоси мӯътабари хони мугул иборат буд, равон менамояд. Ба гумони он ки корвон мақсади ҷосусӣ дорад, ҷанговарони Хоразмшоҳ бо иҷозати ӯ дар шаҳри сарҳадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардида буд, корвонро тороҷ намуда, корвониёнро ба қатл мерасонанд.
Вақте ки пешвои мугулҳо аз воқеаи Утрор (ба истилоҳ «Фоҷиаи Утрор») хабардор шуд, ӯ се рӯз мотам гирифт ва савганд хӯрд, ки агар Хоразмшоҳ гунаҳкори ин фоҷиа ҳокими Утрор Иналхон (Иналчик)-ро ба ӯ насупорад ва товони молҳоро барнагардонад, сарзаминашро ба хоку хун огушта месозад, чунки қатли сафирон барои мардуми муғул ҷинояти набахшидание ҳисоб мешуд. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талабот ба пойтахти Хоразмшоҳиён омада буд, бо амри Муҳаммад ба қатл расид ва ҳамроҳони ӯ бо ришу мӯйлаби тарошидашуда пас гардонида шуданд. Ин рафтори аблаҳона ва ҷангталабонаи Муҳаммад ҳамлаи Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.
Чингизхон моҳи сентябри соли 1219 бо 200 ҳазор лашкар ба Утрор расида қувваҳои низомии худро ба се қисм тақсим кард; як қисмро ба ихтиёри писаронаш Уқтой ва Чағатой дод, то ки Утрорро муҳосира кунанд; қисми дуюмро бо сарварии писари дигараш Ҷӯҷӣ барои забт кардани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир равона кард. Худи ӯ бо ҳамроҳии писари хурдиаш Тулуй қувваҳои асосиро гирифта ба самти Бухоро ҳаракат намуд.
83
Утрор ба аҷнабиёни муғул як моҳ (тибқи баъзе ҳуҷҷатҳо 6 моҳ) муқовимат намуд. Душман шаҳрро ишгол кард ва кули мудофиакунандагони онро ба қатл расоцд. Ҷӯҷӣ бошад, шаҳрҳои соҳили Сиро паси ҳам ғасб намуда аҳолӣ ва аскарони мудофиакунандаро аз дами теғ гузаронид.
Дар аввалҳои соли 1220 Чингизхон ба Бухоро расид ва онро муҳосира кард. Дастаи хурди низомиён, ки нисбат ба лашкари мугул хеле кам буд, якҷоя бо сокинони шаҳр далерона муқовимат намуданд. Фақат дар рӯзи сеюм мудофиакунандагон, ки алоқаашон аз ҳар тараф бурида шуда буд, ночор аз муқовимат даст кашиданд. Аксарияти онҳо сафи қӯвваҳои муҳосиракунандагонро рахна карда аз шаҳр берун шуданд. Вале 400 нафар ватанпарастони далер дар қалъаи шаҳр паноҳ бурда, то дами марг қаҳрамонона ҷангиданд. Ғосибони мугул шаҳрро талаву тороҷ намуда, онро оташ заданд, ҳазорон сокинонашро куштанд ва боқимондагонро гулом гардониданд.
Пас аз гирифтани Бухоро истилогарони мугул ба сӯи Самарқанд равона шуданд. Муҳаммади Хоразмшоҳ ба мудофиаи ин шаҳри бостонии тоҷикон диққати махсус дода, дар ин ҷо қувваи бузург ҷамъ оварда буд. Гарнизони шаҳр аз рӯи баъзе маълумотҳо 110 ҳазор ва маълумотҳои дигар 50-60 ҳазор сарбоз доштааст. Ба ақидаи шоҳидони давр Самарқанд метавонист ба муҳосираи чандин сола тоб оварад. Лекин ин тавр нашуд.
Дар рӯзи сеюми муҳосира муҳофизатчиёни диловар аз шаҳр берун шуда, ба душман ҳамла оварданд ва як миқцор аскаронашро нобуд карданд. Вале чӣ мегӯед, ки худашон ба иҳотаи душман афтоданд ва бисёрии онҳо дар майдони набард ҳалок гардиданд.
Ин ҳамлаи бебарор ба рӯҳияи мудофиачиён таъсири ногуворе расонд. Аз ин ҳолат истифода бурда, калоншавандаҳои шаҳр ва рӯҳониён қозӣ ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то ки дар роҳи таслим гуфтугузор ба амал оваранд. Илова бар ин субҳидам онҳо хоинона дарвозаи шаҳрро ба рӯи душман кушоданд. Истилогарон вориди шаҳр гардида ба қатли ом ва ғоратгарй сар карданд. Фақат хоинони ватан ҷон ба саломат бурданд. Вале муҳофизатгарони меҳанпараст ва ҷасуру шуҷоъ ба истилогарон муқобилияти сахт нишон доданд. Бо вуҷуди ин ҳама корнамоӣ онҳо дар муқобили лашкари мисли мӯру малахи аҷнабиён дуру дароз истодагарй карда натавонистанд. Пас аз афтодани қалъа муҳофизатгарони қаҳрамон дар масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда муборизаро идома доданд. Чингизхон чунон дар ғазаб шуда фармон дод, то ки масҷидро оташ зананд. Вале дшюварони ватанпараст ва бо ору номус аз ин наҳаросида, дар ҷои худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд.
84
Бояд зикр намуд, ки истилогарони мугул Самарқандро ба харобазор табдил дода, бештар аз нисфи аҳолии онро ба қатл расониданд. Ба замми ин 30 ҳазор нафар. косибону ҳунармандони Самарқандро ба писарон ва хешу табори Чингизхон ва боз ҳамон қадар заҳматкашони шаҳр ба хизмати қӯшуни мугул супорида шуданд. Шаҳр аз одам холӣ гардид. Ҳатто пас аз 1,5 сол ҳам, ки қисми аҳолии он ба ҷойҳои худ баргаштанд, аҳолии Самарқанд фақат чоряки сокинони пештараи онро ташкил намуданду халос.
Чингизиёни ҷаллод сокинони зиндамондаи Бухоро, Самарқанд ва Хуҷандро ба азобу уқубати даҳшатангез гирифтор намуда, пас аз андаке таваққуф ба тарафи дашти Қаршӣ ва Тирмиз ҳаракат карданд. Ғосибон шаҳри Тирмизро ба хок яксон намуданд ва сокинонашро ба қатл расониданд (тирамоҳи соли 1220). Сипас, дар ибтидои соли 1221 Чингизхон аз дарёи Аму гузашта, ба хоки Афгонистон пойи ифлоси худро гузошт.
85
Гуфтори бисту саввум
Оқибатҳои истилои Осиёи Миёна аз ҷониби мугулҳо.
Шӯриши Маҳмуди Торобӣ
Нақша:

  1. Оқибатҳои мудҳиши истилои муғулҳо ва ваҳшониятҳои онҳо.

  2. Харобии хоҷагӣ пас аз истилои муғул ва қашшоқу бенаво гардидани мардуми заҳматкаш.

  3. Шӯриши Маҳмуди Торобӣ ва аҳамияти таърихии он. Шахсияти Маҳмуд.

Соли 1221 - соли ба анҷомрасии истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Чингизиён _ба ҳисоб меравад. Дар баҳори ҳамин сол писарони Чингизхон Уқтой, Чагатой ва Ҷӯҷӣ бо сад ҳазор нафар лашкари мугул пойтахти Хоразмшоҳиён шаҳри Гурганҷ (Урганҷ)-ро муҳосира намуданд. Мудофиакунандагони Урганҷ муддати шаш моҳ бо мугулҳо мардонавор ҷангиданд. Ғосибон аз он ҳама талафоте, ки дар ҷанги Гурганҷ доданд, хеле ба хашму ғазаб омада тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тамоман ба хок яксон кунанд, то ки аз он асаре боқӣ намонад. Ба ин мақсад онҳо сади соҳили дарёи Амуро вайрон намуда, шаҳри Гурганҷро ғарқи об намуданд.
Аз навоҳии тоҷикнишин танҳо Бадахшон ва баъзе вилоятҳои кӯҳистони Тоҷикистони Шарқӣ, инчунин чанде аз маҳалҳои Ғур, ки бо қалъаҳои мустаҳкам муҳофизат шуда буданд, ба дасти мугулҳо надаромаданд.
Муаррихи араб Ибн-ал-Асир, ки шоҳиди манзараи мудҳиши истилои мугулҳо ва ваҳшонияти онҳо буд, рафтори гайриинсонии аҷнабиёни чингизиро чунин тасвир мекунад: «Онҳо (ӯрдуҳои Чингиз) ба касе раҳм намекарданд, баръакс занон, мардон ва кӯдаконро мекуштанд, шиками занони ҳомиларо пора карда, кӯдакони таваллуднашударо сар мезаданд... Шарораҳои ин бало ба ҳар тараф парида, офати он насиби умум гардид ва ҳамчун абри сиёҳе, ки вайро боди сахт меронад, аз вилояте ба вилояте сайр намуд. Халқе, ки аз канори мамлакати Чин баромад (яъне Мугулистони имрӯза)... ба Мовароуннаҳр тохт, ишгол кард, хароб намуд, ба қатл расонид ва ба ягмо бурд. Шаҳре набуд, ки аз дасти мугулҳо саломат монда бошад, онҳо ҳама ҷойро вайрон мекарданд, аз наздикии ҳар чизе ки мегузаштанд, тороҷ менамуданд, ҳар як чизе, ки ба назарашон гайри қобили истеъмол менамуд, месӯзониданд. Масалан, онҳо молҳои абрешимӣ ва дигар хел молҳоро тӯда-тӯда тӯъмаи оташ мекарданд».
Истилои мугул ба сари халқҳои Осиёи Миёна мусибатҳои беҳадду ҳисоб овард. Дар натиҷаи талаву тороҷ ва сӯхторҳо шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба харобазор табдил ёфтанд, аҳолии заҳматкаши онҳо
86
қатли Ом гардиданд. Корҳои зироат ва обёрӣ хеле паст рафт. Карл Маркс дар баёни зулми мугулҳо чунин таъкид карда буд, ки «ба рӯҳи халқе, ки.қурбони он гардидааст, на фақат фишор меовард, балки вайро таҳқир менамуд ва мехушқонид». Ба қавли Маркс истилогарони муғул «одамонро ба ҳайвон, замини зироат ва деҳоти пурнуфусро ба чарогоҳ табдил медоданд».
Дар ҳақиқат, истилои мугул ба ҳаёти хоҷагии Осиёи Миёна зарбаи сахт расонид. Сӯиистеъмолкунии ҳокимони маҳаллӣ, ки худсарона андоз ва молиётро назар ба дараҷаи муқарраршуда якчанд маротиба зиёдтар меситониданд, аҳволи халқро ба куллӣ тоқатнопазир мекард. Зулму истибдод ва ҷабру ситам аҳолии зиндамондаи шаҳру қишлоқро аз ҳар гуна майлу иштиёқи пеш бурдани хоҷагӣ маҳрум сохт. Ин буд, ки вазъияти хоҷагии мамлакатро дар даҳсолаҳои аввали истилои мугул боз ҳам харобтар гардонид. Махсусан вазъи ҳаёти шаҳр хеле вазнин гардида буд. Дар айни замон халқҳои Осиёи Миёна, пеш аз ҳама тоҷикон бар зидвдг бедодгариҳои Чингизиён қаҳрамонона мубориза мебурданд. Аз солҳои 30-юми асри ХШ дар байни аҳолии воҳаҳои зироатӣ ва косибону ҳунармандони шаҳр ҷунбиши зидди золимони аҷнабӣ ва маҳаллӣ шурӯъ гардид. Ин ҷунбиш махсусан дар Бухоро ва гирду атрофии он пурқувват шуд ва дар соли 1238 шӯрише дар ин ҷо ба амал омад, ки бо номи шӯриши Маҳмуди Торобӣ машҳур аст.
Асосан шаҳри Бухороро аъён ва ашрофи феодалии маҳаллӣ (амирон ва садрҳо), ки дар зулм кардан ба халқ аз хонҳои мугул ақиб намемонданд, идора мекарданд. Аз ин ҷост, ки аввалин душмани бархӯрдаи шӯришчиён ҳукмронони маҳаллии Бухоро буданд.
Пешвои шӯриш Маҳмуд ном косиби элакбофи деҳаи Тороби назди Бухоро буд. Махмуд, ки нотиқи оташинсухан буд, дар кӯчаҳои Тороб ва гирду атрофи он нутқҳои ғазабноке эрод карда, мардумро ба муборизаи зидди зулми мугулҳо ва тарафдорони онҳо даъват намуд. Хукмронони Бухоро дар қасди дастгир кардани Маҳмуд афтоданд. Пас аз он ки кӯшиши онҳо натиҷа набахшид, хостанд Маҳмудро бо фиреб аз Тороб ба Бухоро бурда, дар он ҷо ба қатл расонанд ва шӯришро бе роҳбар кунанд. Лекин Маҳмуди зирак қасди душманро пешакӣ фаҳмида хатари таҳдидкунандаро бартараф намуд. У ба Бухоро танҳо нарафта, бисёре аз пайравонашро бо худ гирифт.
Тарафдорони сершумори Маҳмуд дар яке аз баландиҳои наздикии шаҳри Бухоро ҷамъ шуданд ва Маҳмуд дар ҳузури иддаи зисти аҳолии меҳнаткаш нутқ эрод намуд ва мардумро ба муборизаи яроқнок даъват кард. Ин нутқи Маҳмуд хеле муваффақият пайдо кард. Ҳамаи аҳолии маҳалҳои атроф омада ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Вақте ки Маҳмуд қувваи бузурге ҷамъ намуд, аз рӯҳониён, садрҳо ва дигар намояндагони табақаи ҳоким талаб намуд, ки ӯро халифа хонанд. Намояндагони синфи ҳоким ба вазъияти танг афтоданд. Азбаски халқ тамоман ба
87
тарафи шӯришчиён гузашта буд, онҳо ба ҷузъ қабул кардани талаби Маҳмуд дигар чорае надоштанд. Сипас Маҳмуд ба иҷрои накшаҳояш иқдом намуд. Садрҳо ва намояндагрни табақаи ҳоким аз щаҳр ронда шуданд. Лекин Маҳмуд ба хубӣ мефаҳмид, ки «бузургони Бухоро» аз муқовимат даст намекашанд ва онҳо барои баргардондани ҳокимияти аз даст рафтаи худ, албатта кӯшиш хоҳанд кард. Ҳамин тавр ҳам шуд. Онҳо дар Кармина қарор гирифта, бо ҳамроҳии қувваҳои мусаллаҳи мугулҳо низ ба ҷанг тайёрӣ медиданд.
Ниҳоят, дар наздикии шаҳри Бухоро дар байни шӯришчиён ва аскарони мугул муҳорибаи сахте ба амал омад. Қувваи шӯришчиён хеле хуб ташкил шуда буд. Онҳо мардонавор меҷангиданд. Маҳмуд шахсан худаш ҳамеша дар миёни корзор буд. Аҳолии деҳаҳои атроф бо каланд ва табар мусаллаҳ шуда, ба кӯмаки шӯришчиён омаданд. Ин галабаи шӯришчиёнро хеле тезонид. Қӯшуни мугулҳо ва феодалони маҳаллй шикаст хӯрда, ақиб нишастанд. Шӯришчиён онҳоро то Кармина таъқиб намуда; аксарашонро нобуд карданд. Дар ин муҳориба 10 ҳазор кас кушта шуд.
Вале, мутаассифона ҷараёни мубориза ба зудӣ тагйир ёфта, шӯриш ба шикаст дучор гардид. Пешво ва илҳомбахши шӯриш Маҳмуд дар наздикии Кармина кушта шуд. Дигар аз роҳбарони боистеъдоди шӯришчиён, дӯсти Маҳмуд Шамсиддини Маҳбубӣ низ ҳалок гардид. Шӯришчиёне, ки аз сарвар маҳрум гардида ва аз ҷиҳати яроқ камбудӣ доштанд, чанд рӯз пас аз ин сокинони атрофии он ба тарзи ваҳшиёна қатлу горат шуданд.
Таърихнигор Ҷувайнӣ, ки шӯриши Маҳмуди Торобиро аз мавқеи синфии худ бо назари манфӣ тасвир кардааст, дар бораи тадбироти нисбат ба синфҳои ҳоким пеш гирифтаи Маҳмуд чунин менависад: «Вай аксарияти одамони наҷиб ва мӯҳтарамро таҳқир намуд ва қисми дигари ин гурӯҳ гурехта, худро аз ӯ халос карданд». Дар айни замон Ҷувайнӣ маҷбур шудааст иқрор намояд, ки ӯ (Маҳмуд) ба мардуми авом ва дарбадарони бехонумон хайрхоҳӣ мекард.
Ҷувайнй дар воқеаномаи худ бо ҳар васила кӯшиш намудааст, ки симои Маҳмудро бар хилофи ҳақиқат нишон диҳад. У Маҳмудро ҳамчун марди нимдевона ва мутаассиб тасвир намуда мегӯяд, ки аз паси вай фақат «мардуми авом ва дарбадар» мерафтанд. Ин суханони Ҷувайнӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки чунбиши Маҳмуди Торобӣ ҳақиқатан дорои хусусиятҳои халқй будааст.
Шӯриши Маҳмуди Торобӣ на фақат бар муқобили госибони мугул ва зулми онҳо, балки бар зидди рӯҳониён, тоҷирон ва феодалони маҳаллӣ, ки истилогаронро пуштибонӣ мекарданд, равона гардида буд. Барзгарон ва косибону ҳунармандон ба ин сабаб аз паси Маҳмуд рафтанд, ки ӯ ба муқобили зулму ҷабри тавонгарон сар бардощта,
88
Гуфтори бисту чаҳорум
Вазъи сиёсии Мовароуннаҳр дар миёнаҳои асри Х1У
ва ба сари ҳокимият омадани Темур
Нақша:

  1. Низоъҳш байнихудии Ҷағатоиҳо ва оқибатҳои онҳо.

  2. Ба ду мулки мустақил ҷудо шудани улуси Чағатой.

  3. Талоши Темур барои Ҳокимияти Сиёсӣ ва амири Мовароуннаҳр

гардидани ӯ.
Дар солҳои 40-уми қарни Х1У улуси Чагатой, ки аз Ҳафтрӯд, водии Илй, Мовароуннаҳр, соҳили чапи Амударё ва қисмати ҷанубу гарбии Хоразмро бо шаҳрҳои Кот ва Хева дарбар мегирифт, ба ду мулки мустақил тақсим мешавад.
Қисмати Шимолу Шарқии Улус, ки ба он Ҳафтрӯд, водии Или, назди Тёншон ва Қашгар дохил мешуданд, дар адабиёти таърихӣ номи Моголистонро гирифтааст ва мардумаш асосан саҳронишин буданд.
Қисмати Ғарбии Улус (Мовароуннаҳр, қисмати Ҷанубу Шарқии Хоразм ва заминҳои он сӯи Амударё) Мовароуннаҳр ном дошт ва сокинонаш муқиминишин буданд.
Инқирози Улуси Чағатой ба ҳаёти хоҷагии ҳар ду мамлакат таъсири манфй расонд. Инчунин боиси бесарусомониҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ихтилофҳои феодалӣ гардид. Бахусус дар Улуси гарбӣ, яъне Мовароуннаҳр вазъият хеле ташвишовар буд.
Муборизаи шадиде, ки соли 1336 байни гурӯҳи феодалҳои бодиянишин бо сарварии амир Казаган ва Қазонхон (1336-1348) сар шуда буд, соли 1348 бо галабаи Казаган ва тарафдоронаш ба охир расид. Оқибат ҳокимияти олй пурра ба дасти амир Казаган ва амирони вилоятҳо гузашт.
Вале амир Казаган амирони маҳалҳоро ба худ мутеъ гардонида натавонист. Мамлакат ба беш аз даҳ бекигариҳои ба ҳамдигар душман пароканда гардид. Аз ин зазъияти мураккаби дохилии Мовароуннаҳр хони Моғулистон Туглуқ Темур истифода бурдан хост ва ниҳоят баҳори соли 1361 ӯ бо лашкари сершумор вориди Мовароуннаҳр гардид. Самарқанд ва Кешро ишгол кард. Аҷибаш он аст, ки бекҳои турк баҳри мубориза алайҳи душман муттаҳид нашуда ба он тарафи дарёи Аму гурехтанд ва ҳатто баъзеи онҳо, аз ҷумла Темур хидмати Туглуқ Темурро қабул намуданд. Барои ин икдомаш Темур ҳокими Кеш ва вилояти он гардид.
Вале дере нагузашту ӯ ба ҳомии аввалаи, хеш хиёнат намуд ва ба тарафи ҳокими Балх амир Ҳусайн, ки орзуи ҳукмронии Мовароуннаҳр шуданро дошт, гузашт ва бо амири мазкур муборизаи сиёсӣ анҷом дод.
90
Тайи кашмакашҳо (соли 1362) дар Сиистон аз даст ва пои росташ захмӣ шуда, то охири умр ланг шуд ва бинобар ин бо исми Темури Ланг маъруф гардид. Воқеан, соли 1364. ба амир Ҳусайн ва Темур муяссар шуд, ки Мовароуннаҳрро аз мугулҳо озод намоянд ва ҳукмронии худро барқарор кунанд. Лекин ин дер давом накард. Баҳори соли 1365 писар ва вориси Туглуқ Темур Илёсхоҷа ба Мовароуннаҳр ҳамла овард ва байни лашкари ӯ қӯшуни муттаҳидаи амир Ҳусейну Темур дар соҳили дарёи Чирчиқ набарди хунине ба амал омад, ки дар таърих бо номи «ҷанги рӯи лой» машҳур аст4.
Дар ин задухӯрд Темуру Ҳусайн пурра маглуб шуданд ва Самарқанду Шаҳрисабзро ба ҳоли худ гузошта, шармандавор ба самти Балх фирор намуданд. Сипас, барои душман роҳ ба сӯи Самарқанди бостонӣ кушода шуд. Сокинони шаҳр ба воҳима афтоданд, чунки Темур ва Ҳусайн кувваи ҳарбии Самарқандро ҳамроҳи худ бурда буданд.
Ҳамон соли 1365 лашкари Илёсхӯҷа ба Самарқанд наздик шуд. Дар чунин лаҳзаи мураккаб ва такдирсоз аҳолии заҳматкаши шаҳр ҷасорат нишон дода, ба ҳимояи меҳани хеш бархост. Дар ҷамъомади мардуми шаҳр, ки дар масҷиди ҷомеъ баргузор гардид, толибилми мадраса Мавлонозода нутқи оташин эрод карда, бо розигии ҳамаи ҳозирон вазифаи роҳбарии мудофиаи шаҳрро ба ӯҳдаи худ гирифт. Дар атрофии ӯ 10 ҳазор нафар ҷавонони мусаллаҳ гирд омада, баҳри ҳифзи шаҳри азизи хеш савганд ед карданд. Дар ташкили мудофиаи моҳиронаи Самарқанд ёварони ҷасури Мавлонозода - Мзвлоно Хурдаки Бухорӣ ва Абӯбакр Калавии Наддоф низ нақши муҳим бозиданд. Мавлонозода ва ёваронаш се шабу се рӯз дам нагирифта шаҳрро ба қалъаи мустаҳкам табдил доданд. Дар наздикии дарвозаи шаҳр дидбонҳо гузоштанд; шаҳр ба қисмҳои мудофиавӣ тақсим карда шуда, сангарҳо сохта шуданд ва бағайр аз дарвозаи асосй дигар ҳамаи дарвозаҳоро бастанд. Дар ду тарафи кӯчае, ки аз дарвозаи асосй сар мешуд, сангарҳои мустаҳкам сохта сарбозони бо камон ва туфанг мусаллаҳро дар шинакҳо ҷойгир намуданд. Худи Мавлонозода дар охири ин кӯча бо 500 тирандозони моҳир қарор гирифт ва мунтазири мугулҳо шуд.
Илёсхӯҷа, ки аз гурехтани Ҳусайну Темур хабар дошт, пиндошт, ки шаҳр бе мудофиа мондааст. Аз ин рӯ, мугулҳо яку якбора ба ҳамин дарвозаи кушодаи шаҳр дохил шуданд. Ҳангоме ки онҳо ба ҷои
4 Темур соли 1336 дар дехаи Хоҷаилгор марбутаи Кеш (ҳозира Шаҳрисабз) дар оилаи беки кабилаи мугулии туркшудаи барлос таваллуд шудааст. Ба ақидаи муаррихон то солҳои 60-ум, яъне то сар шудани фаъолияти сиёсиаш ӯ ба роҳзанӣ шугл меварзидааст ва ба қавле сардастаи роҳзанон будааст; ба ҳамсояхо тохтутоз мекардааст.
91
камингирифтаи дастаи Мавлонозода расиданд, мудофиакунандагон аз паси сангарҳо истода, душманро ҳам бо даст ва ҳам бо фалахмон ба зери борони санг гирифтанд. Муғулҳо қариб ду ҳазор касрр талаф дода, маҷбур щуданд ақиб нишинанд.
Дуруст аст, ки лашкари мугул рӯзи дигар дубора ба Самарқанд ҳамла оварданд, лекин муваффақият ба даст дароварда натавонистанд. Бинобар он онҳо қасос гирифтанӣ шуда, шаҳрро ба муҳосираи дуру дараз гирифтанд. Пас аз чаид муддат аспҳоя онка 6а касалии тоун гирифтор шуда, боиси ҳалокати қисмизиёдашон мегардад, аз тарафи дигар қобилияти ҷангии сипоҳиёни мугул ҳам суст гардида буд. Ана барои ҳамин ҳам мугулҳои истилогар маҷбур шуданд, ки аз муҳосираи Самарқанд даст кашанд ва фақат ба горат кардани атрофи шаҳр қаноат карда, шармандавор пас гарданд.
Ба ҳамин тариқ Самарқандиҳои меҳанпараст корнамой нишон дода, шаҳри худро аз чанголи золимони муғул наҷот доданд, ки ин барои ояндагон намунаи ибрат буд. Овозаи ин галабаи пуршараф фавран дар манотиқи дуру наздик паҳн гардид.
Бояд зикр намуд, ки ифодаи «сарбадор» камтар пештар, солҳои 1336-1337 дар маҳалли Сабзавори Хуросон пайдо шуда буд ва муҳофизони Самарқанд ҳам ин номро ба худ мегиранд. Ин истилоҳ аз чунин шиори шӯришчиён бармеояд, ки гуфтаанд: «Ё сар ба дор медиҳем ва ё зулми муғулҳоро рафъ менамоем
Мухолифони сарбадорон «Сарбадор»-ро ба маънии «дорбоб» истифода менамуданд, яъне роҳбарони ҳаракати соли 1365-уми Самарқандро ҳамчун исёнчӣ, мухолифони ҳукумати «қонунии» мавҷуда тасвир менамоянд.
Масалан, муаррихи давраи Темур Мирхонд мегӯяд: «Гурӯҳе аз онҳо (яъне аҳолии Самарқанд), ки зӯру тавоно ва ошӯбгару ҷинояткори гузаро буданд..., ҳокимиятро гирифтанд ва ба ситам шурӯъ карданд».
Дигар муаррих Хондамир, агарчанде хидмати Сарбадоронро дар бобати дафъ намудани ҳуҷуми мугулҳо ба эътироф намудан маҷбур шудааст, вале мисли бародарзодааш Мирхонд ба онҳо баҳои ноҳақ медиҳад: «Пас аз он, ки Сарбадорони Самарқанд ин кори хеле муҳимро (яъне дафъи ҳуҷуми мугул) бо муваффақият анҷом доданд, ба роҳи шарора ва фитна даромада дасти горат ба моли раият заданд».
Муаррихи дигар Шарафиддин Алии Яздӣ перомуни сарбадорони Самарқанд навиштааст: «Ба сари як гурӯҳ мардум боди гурур ва ифтихор вазид; онҳо ба берун аз ҳадди худ қадам гузоштан ҷасорат намуда, цастони хунрези ситамгари худро ба ҳар тараф дароз карданд». Яздӣ ин баҳои ба Сарбадорон додаи худро бо шеъре тақвият менамояд: «Эй бор худоё, магузор, ки гадо шахси мӯътабар гардад».
9?
Сабаби баҳоҳои бӯҳтономези таърихчиёни феодалии давраи Темур аз он иборат буд, ки Сарбадорон манфиатҳои ҳунармандону косибон ва.табақаҳои камбизоати .шаҳрро ҳимоя мекарданд. Аз ин рӯ, ҳамаи иқдомоти онҳо мухолифи манфиатҳои табақаҳои дорои Самарқанд буданд.
Дере нагузашта хабари ғалабаи Сарбадорон ба гӯши Темуру Ҳусайн расид. Онҳо маслиҳат намуда, тасмим гирифтанд, ки дар ишголи Самарқанд шитоб накунанд, зеро аз дучор шудан ба муқовимати сахти мудофиакунандагони шаҳр метарсиданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки Самарқандро бо макру ҳилла ба даст дароранд.
Бо ин мақсад ба номи роҳбари сарбадорон Мавлонозода мактуб навишта ваъда медиҳанд, ки идораи шаҳрро ба ӯ вогузор намуда, ба касе ҷазо намедиҳанд ва номаро бо либосҳои фохира ва тӯҳфахо мефиристанд ва худашон аввали баҳори соли 1366 бо лашкар ба Самарқанд омада, дар даромадгоҳи он қарор мегиранд. Пас роҳбарони Сарбадоронро ба назди хеш хонданд. Онҳо ба суханони маккорона бовар карда, дар қароргоҳи Ҳусайн ҳозир шуданд. Ҳусайн аҳдшиканона ҳамаро (ғайр аз Мавлонозода, ки бо илтимоси Темур ӯ зинда монд) ба қатл расонид.
Ҳамин тариқ ҷунбиши сарбадорони Самарқанд бераҳмона пахш карда шуд. Ҳусайн ҳукмрони Мовароуннаҳр гардид, Темур ба Шаҳрисабз баргашт. Дар ҳамин ҷо тоҷикон имконият доштанд (баъди Сомониён ва Ғуриён) дар Мовароуннаҳр сулолаи тоҷикиро бо сардории Мавлонозода боз ба сари қудрат оранд, аммо бахти тоҷик омад накард ва Темуру Ҳусайн бо фиреб ҳокимияти сиёсиро дар Мовароуннаҳр ба даст дароварданд.
93
Гуфтори бисту панҷум Ташкилёбии империяи Темур ва пароканда гардидани он
Нақша:

  1. Ба сари ҳокимият омадани Темур ва оғози забткориҳои вай.

  2. Кишваркушоиҳои Темур ва барпо гардидани шоҳаншоҳш ӯ.

  3. Муборизаи сулолавии Темуриён ва салтанати Улуғбек.

  4. Табаддулотҳои дарборӣ баъди қатли Улуғбек ва оқибатҳон он.

Пас аз шикасти Сарбадорон ва ба дасти амир Ҳусайн гузаштани Самарқанд муносибати ӯ ва Темур барои ҳокимияти олӣ тезу тунд мегардад. Муборизаи пинҳонии онҳо сар мешавад. Ниҳоят соли 1370 Темур дар Самарқанд табаддулот гузаронд, Балхро ишғол намуд, Ҳусайнро асир гирифта зуд ба қатл расонд ва ба мақсадаш расид.
Ҳамон сол дар анҷумани пешвоёни қабилаҳои бодиянишин, заминдорони калон, рӯҳониёни мусулмон ва сарлашкарон Темур амири Мовароуннаҳр эълон карда мешавад. Ҳамоно Самарқанд пойтахти давлати Темур гардид.
Дар солҳои аввали ҳукмрониаш Темур барои таъмини марказияти давлат ва таъмини амнияти ноҳияҳои сарҳадӣ талош меварзад; ҷангу низоъҳои дохилиро барҳам зада, алайҳи феодалони маҳаллие, ки майли мустақилшавӣ доштанд, сахт мубориза мебарад. Иқдомҳои марказият додани давлат аз ҷониби Темур боиси пуштибонии тоҷирон ва пешоварони сарватманд мегардад. Ба рӯҳониён имтиёзҳои иқтисодӣ дода, Темур онҳоро ба тарафи худ кашид. Ба ғайр аз он ӯ девор ва аркҳои Самарқанд, Бухоро, Қаршй ва Шаҳрисабзро аз нав сохта, аҳолии он шаҳрҳоро хайрхоҳи худ намуд.
Инчунин, Темур ба муғулҳои Ҳафтрӯд ва Урдаи Сафед (дар поёноби дарёи Сир) зарба зада сарҳади шимолии давлати худро бехатар гардонид. Амир Темур аз солҳои 70-уми асри Х1У ба забт намудани мамлакатҳои ҳамсоя огоз намуд. ӯ соли 1372 Хоразмро забт кард. Хоразмиён ба муқобили Темур қаҳрамонона ҷангиданд ва 5 мароп 5а шӯриш бардоштанд. Дар вақти ҳуҷуми охир (с. 1388) бо амир Темур Урганҷ - пойтахти Хоразм, ки яке аз марказҳои тиҷоратӣ байни Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна буд, ба хок яксон карда шуда ва дар он ҷав кошта шуд.
Соли 1381 Темур давлати Курт ва давлати Сарбадорони Хуросонро шикаст дод ва ба худ тобеъ намуд. Аз соли 1388 муборизаи шадид ва дағ шнок бар зидди хони Олтин Урда Тӯхтамишхон оғоз гардид. Соли 1 395 Темур қувваҳои ҳарбии Тӯхтамишхонро комилан торумор намуда, пойтахти он шаҳри Саройро забт ва хароб намуд. Дар айни замон (1392) Темур Арманистон ва Гурҷистонро горат ва ба худ мутеъ тамуд. Эронро низ ба хоки давлати худ хамроҳ кард.
94
Диққати Темури Лангро бештар Ҳиндустон ба худ ҷалб менамуд. Аз ин ҷост, ки ӯ се маротиба ба ин кишвари бостонӣ лашкар кашид. Соли 1398 шаҳри Деҳлиро гирифт ва ганҷинаҳои зиёди онро ба гррат бурда, соли 1399 ба Самарқанд баргашт. Соли 1400 Темур дар сарзамини Сурия қувваҳои ҳарбии ҳокими (хидев)-и Мисрро торумор намуд. Соли 1402 ба лашкари султони турк Боязид зарбаи ҳалокатовар зад ва худи ӯро асир гирифт. Орзуи Темур забти Чин буд. Ин буд, ки зимистони соли 1405 ба ин кишвари кӯҳан лашкар кашид. Лекин орзуяш амалӣ нагашт. 18-уми феврали соли 1405 дар шаҳри сарҳадии Утрор ногаҳон вафот кард.
Дар натиҷаи кишваркушоии 35 солаи Темур империяи бузурге ташкил ёфт, ки ба он Мовароуннаҳр, Хоразм, вилоятҳои назди Каспий, Афгонистони кунунй, Эрон, қисман Ҳиндустон, Ироқ, Кавкази Ҷанубӣ ва як қатор кишварҳои Осиёи Ғарбй дохил мешуданд.
Махсус бояд зикр намуд, ки кули лашкаркашиҳои Темур мақсадҳои горатгарона ва истилогарона дошта, ӯ аз дигар ваҳшигариҳо вл ҷаллодиҳои мудҳиш низ худдорй намекард. Дар ин бора далелҳои зерин шаҳодат медиҳанд:
Ободиҳои лаби дарёи Волга ва шимоли Ҳиндустон ваҳшиёна ба харобазор табдил дода шуданд; Арманистонро «бо қаҳтӣ, бо дами тег, бо асорат, бо азобу уқубати гӯшношунида ва муомилаи гайриинсонии худ (Темур) ба биёбон табдил дод» (ба қавли як шоҳид); бо амри Темур дар Исфаҳон 70 ҳазор нафар аҳолии бегуноҳро сар бурида «калламанора» сохтанд (1387); ба қатл расонида шудани 100 ҳазор асирони Ҳинд дар Багдод рӯзи иди Қурбон 90 ҳазор касро кушта аз сари онҳо 120 калламанора сохтан; воқеаи фаҷиавии Сабзавор (дар Хуросон, соли 1383), яъне одамони зиндаро дар байни хиштпораҳо гузошта ва аз болои онҳо оҳак ва гил рехта девори баланд сохтан, асиронро зинда ба зинда гӯронидан ва гайраю ва ҳоказо.
Ҳадаф аз бераҳмй ва ваҳшигариҳои Темур аз он иборат буд, ки бо ҳамин роҳ аҳолии ба ғорат ва истисмори бераҳмона дучор кардаашро дар итоати худ нигоҳ дорад.
« ...Сиёсати Темур, - навишта буд К.Маркс, - аз он иборат буд, ки ҳазорҳо занону бачагон, мардону ҷавононро азобу шиканҷа диҳад, қир кунад ва ба ин тариқа дар ҳама ҷо воҳима андозад»5.
Баъди вафоти Темур шоҳаншоҳии паҳновари ӯ аз по афтода Мовароуннаҳр ба саҳнаи муборизаи дохилӣ барои тоҷу тахт табдил ёфт. Дар ин муборизаи зиёда аз чорсола галаба насиби писари хурдки Темур Шоҳрух, ки ҳокими Ҳирот буд, гардид. Ӯ идора кардани Самарқанд ва умуман Мовароуннаҳрро соли 1409 ба писари понздаҳсолааш Улугбек супорид ва худ дар Самарқанд, ки расман
5 Архиви Маркс ва Энгельс. Ҷилди У1, сах. 185
95
пойтахти шоҳаншоҳии Темуриён ҳисоб мешуд, мондан нахоста ба мулки хосаи худ Ҳирот баргашт.
Дар айёми салтанати Шоҳрух (1405-1447) .шоҳаншоҳии темурӣ бидуни хеле аз даст дддани кдламрави хеш ҳамоно ба як дараҷа иқтидори пешинаашро нигоҳ медошт. Аз заминҳои таҳти тасарруфи Шоҳрух амалан ду давлати мустақил: яке давлати худи Шоҳрух (Хуросон бо марказаш Ҳирот) ва дигаре давлати Улуғбек (Мовароуннаҳр бо марказаш Самарқанд) ба вуҷуд омад. Дуруст аст, ки Улугбек вассали Шоҳрух ҳисоб мешуд, вале бо вуҷуди ин ӯ аз номи худ тангаҳо бароварда, дар ҷангҳо мустақилона баромад мекард. Масалан, Улугбек соли 1414 ҳокими Фаргона - Аҳмад ва соли 1425 амирони мугулро мағлуб сохта ҳокими мутлақи Мовароуннаҳр шуд. Лекин минбаъд пирӯзиҳои ҷангӣ ба Улугбек насиб нагардиданд.
Яке аз муҳимтарин тадбироти Улугбек ин ислоҳоти пулии соли 1428-и ӯ буд, ки дар бобати ба низом даровардани муомилоти пулӣ ва тиҷорат нақши муҳим бозидааст. Ё ин ки дар аҳди Улуғбек андози замин назар ба дигар давраҳо мӯътадил будааст.
Улуғбек толиби илму адаб ва фарҳанг буд, аз адабиёт хуб бохабар буд, забонҳои туркй, тоҷикӣ ва арабиро ба хубй медонист ва худ ба туркиву тоҷикӣ шеър ҳам мегуфт, оид ба илми мусиқй панҷ рисола таълиф намуда, ба илми тиб рағбати зиёде доштааст.
Бо вуҷуди он ки ӯ қариб дар ҳамаи соҳаҳои илму Фан маълумоти мукаммалеро соҳиб гардида буд, аз ҳама зиёдтар риёзиёт ва алахусус илми нуҷумро дӯст медошт ва бештари вақти худро ба ин илмҳо сарф менамуд.
Улугбек маъруфтарин мунаҷҷимон ва риёзидонҳои он замонро ба Самарқанд ҷамъ карда, расадхонаи беҳтарини он айёмро бунёд намуд. Бо амри ӯ дар Самарқанд, Бухоро, Кеш ва Ғиждувон биноҳои боҳашамат, аз ҷумла мадрасаҳо сохта шудаанд.
Мутаассифона, саргарми илмҳои дунявӣ гардидани Улуғбек зиддияти байни ӯ ва аҳли таассубро тезу тундтар мегардонад. Маҳз бо иғво ва ташвиқи рӯҳониёни иртиҷоӣ Улугбек моҳи октябри соли 1449 бо фармони писараш Абдулатиф кушта мешавад. Сипас, баъди шаш моҳ ӯ ҳам аз ҷониби сӯиқасдкунандагони ҳарбӣ ба қатл расонида шуд. Баъд аз ин якчанд габаддулотҳои дарборӣ ба амал омаданд. Оқибат ҳокимият дар Мовароуннаҳр ба дасти Абӯсаид (1451-1469) ва дар Хуросон Абулқосим Бобур (наберагони Шоҳрух) гузашт. Вале кӯшиши ҳар яки ин ҳокимон барои соҳиб шудан ба тамоми мероси Шоҳрух бе натиҷа анҷом меёбад.
Пас аз фавти Абулқосим Бобур (1456) Абӯсаид тамоми Мовароуннаҳру Хуросонро муттаҳид намуда, то соли 1468 салтанат ронд. Дар замони ҳукмронии ӯ таъсири дарвешияи иртиҷоӣ бо сардории феодали хеле калон Хоҷа Аҳрор пурзӯр мегардад.
96
Вале низоъҳои бахгаихудии хонадони темуриҳо хомӯш намегардид, муборизаи шадид барои ҳокимияти олӣ ҳамоно идома дошт. Дар натиҷа, соли 1469 ҳокимият дар Мовароуннаҳр ба дасти писари Абӯсаид Аҳмад (1469-1494) гузашт ва дар Хуросон бошад, ҳукмронии дигари темурӣ - Султон Хусайн Бойқаро (1469-1507) барқарор гардид «а ӯ ҳокимияти қавии худро барқарор карда, қариб 40 сол салтанат ронд.
Инак, аз нав дуҳокимиятй ташкил ёфт, ки оқибат ба пурра барҳам хӯрдани давлати бунёдкардаи Темур оварда расонид.
97
Гуфтори бисту шашум Касбу ҳунар ва тиҷорат дар даврони Темур ва Темуриён
Нақша:
1. Дар даврони Темур ва Темуриён ба дараҷаи баланди тараққиёт
расидани касбу ҳунар:
а) бофандагӣ;
б) коғазбарорӣ (беҳтарин коғаз дар ҷаҳон);
в) кулолгарӣ ва коркарди маъдан;
2. Ривоҷу равнақи муносибатҳои молию пулӣ дар аҳди Темуриён.
Замони ҳукмронии амир Темур ба иқтисодиёти бисёр шаҳрҳои Мовароуннаҳр таъсири мусбат расонидааст. Барқарор гардидани ҳокимияти нерӯманд онҳоро аз ҳуҷумҳои муттасили ҳокимони ҳамсоя, ҷангҳои дохилӣ ва сулолавй, бедодгариҳои амалдорон наҷот медиҳад. Ҳамаи ин ба тараққиёти саноати косибй, тиҷорати дохилӣ ва берунй мусоидат намуданд.
Дар ин давра ҳам мисли солҳои пешин бофандагй яке аз соҳаҳои асоситарини ҳунармандӣ ба ҳисоб мерафт. Матоҳои ҳархелаи одцй ва қимматбаҳо истеҳсол карда мешуданд.
Афзудани талабот ба матоъҳои қимматбаҳо хислати хоси охири асри Х1У - ибтидои асри ХУ буд. Барои доираи танги харидорон газворҳои махсусан қимматбаҳо тайёр карда мешуданд. Бахмал паҳншудатарин матоъи либосҳои идонаи асилзодагон будааст.
Дар ахди Темур ва Темуриён аз байни матоъҳои қимматбаҳо кимхоб (матои шоҳии гулдор), ки хеле маҳину зебо буд, ҷои махсусро ишғол мекард. Хилъатҳое, ки (яктак, хилъат, халат, ҷома) аз ин матоъ дӯхта мешуданд, одатан ба амирон ва сафироне, ки ба дарбори Темуру Темуриён ташриф меоварданд, пешкаш мешуданд.
Қисми асосии истеҳсоли матои серистеъмолро газвори пахтагй, аз ҷумла суфи хом, яъне «карбос» ташкил менамуд, ки аз он асосан сару либоси ҳаррӯзаи одамони оддӣ тайёр карда мешуданд. Умуман, дар ин давра афзудани навъҳои гуногуни матоъ ба чашм мерасид.
Дар Самарқанд байни ҳунарҳо тайёркунии қоғази хатнависй ҷои асосиро ишгол мекард. Дар айни ҳол қогаз ҳам мисли маснуоти саноати бофандагӣ моли содиротй ба мамлакатҳои дигар ҳисоб мешуд.
Дар охири асри Х1У ва асри ХУ Самарқанд чун маркази асосии истеҳсоли қоғази хатнависӣ дар тамоми мамолики Шарқ боқй монда буд.
«Дар ҷаҳон беҳтарин қогаз дар Самарқанд истеҳсол карда мешавад», - навиштааст Заҳируддин Муҳаммад Бобур. Қоғаз яке аз молҳои асосии содиротии ин шаҳр ба кишварҳо ва вилоятҳои дигар будааст. Масалан, муаррихе навиштааст, ки молҳои зерин аз
98
Самарқанд ба хориҷи кишвар содир мешаванд: қоғаз, мармари сабз, чӯбу тах^ай сохтмон, ранги сафед ва себ (яъне қоғаз дар ҷои аввал).
Дар ҳар давру замон Мовароуннаҳр маркази. муҳими саноати кулолгарӣ буд ва дар ахди амир Темур ва Темуриён ҳам ин соҳа байни ҳунарҳо яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамуд.
Барои тайёр кардани маснуоти сафолй гили (лойи) маҳаллӣ, аз ҷумла атрофи Самарқанд истифода мешуд, ки сифати хеле баланд доштааст. Дар воқеъ сафири Испания Клавихо навишта буд, ки гили ин ҷо дар олам аз ҳама беҳтарин гил ҳисоб мешавад.
Дар иктнсодиёти давлатҳои Осиёи Миёнагии асрҳои Х1У-ХУ коркарда маъдан нақши калон мебозидааст. Металлистони баландихтисос ва гулдаст аз мисс, қӯргошим, пӯлод, оҳан ва гайра маснуоти ҳар хела тайёр мекарданд, ки талабгорони сершумор . доштанд.
Хулоса, дар даврони амир Темур ва Темуриён касбу ҳунар ба дараҷаи баланди тараққиёти он замон расида будааст ва косибону ҳунармандони гулдаст бештар тоҷикон будаанд.
Рӯйдоди ҷолиби диққати ҳаёти иқтисодии садаи ХУ дараҷаи баланди инкишофи касбу ҳунар ва тиҷорати пули дохилӣ будааст. Манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, ки умуман дар асри ХУ ва хусусан дар чоряки чоруми он ва чоряки аввали асри ХУ1 муносибатҳои молию пулӣ ба авҷи тараққиёти худ расидааст. Афзоиши истеҳсоли умумии мол ва алалхусус молҳои сермасриф хусусиятҳои хоси ҳамин давра будааст. Маҳз дар ҳамон айём табақаҳои васеи аҳолии шаҳр ва як қисми аҳолии деҳаҳо, пеш аз ҳама деҳаҳои назди шаҳрӣ ба гирдоби муносибатҳои молию пулй кашида шуда буданд.
Ба қавли муҳаққиқи намоёни сиккаҳои Осиёи Миёна Давидович Е.А. ҳеҷ вақт на давраҳои пешин ва на давраҳои пасин, ҳатто то давраи истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Россия истеҳсоли молй, тиҷорати пулӣ ва дараҷаи ба робитаи молию пулй ҷалб шудани доираҳои васеи аҳолӣ ба андозаи он вақта нарасида будааст.
Дар таърихи асрҳои миёнаи Осиёи Марказй марҳалаи баландтарини ривоҷу равнақёбии муносибатҳои молию пулй ба замони ҳукмронии Темуриён рост меояд. Таърихи муомилоти пулии замони Темуриён асосан чор давраро дар бар мегирад:

  1. Давраи аввал ба сиёсати пулии худи амир Темур (1370-1405) марбут аст;

  2. Давраи дуюм баъди марги Темур оғоз ёфта, то ислоҳоти пулии Улуғбек (1428) давом кард;

  3. Ислоҳоти Улуғбек оғози марҳилаи нави сиёсати пулй гашта, то солҳои 60-уми асрҳои ХУ-ро дар бар мегирад;

  4. Давраи чорум аз солҳои 60-ум то сукути давлати Темуриён (1501)давомёфт.

99
Дар давраи ҳукмронии Темур сиккаҳо аз се навъи фулузот: тилло, нуқра ва мис зарб зада мешуданд. Дар сарчашмаҳо ва адабиёти таърихй сиккаҳои тиллоӣ «динор», «танга» ва «ашрафӣ» ном бурда мешаванд.
Дар сиёсати пули Темур барориш ва муомилоти сиккаҳои нуқрагӣ ҷои асосиро ишғол менамуд. Воҳидҳои сиккаҳои нуқрагии калон, танга ё тангача ва сиккаҳои хурди нуқрагӣ мирӣ номида мешуданд. Вазни танга 6,4 граммм ва вазни мирӣ 1,62 граммм муайян гашта бошад ҳам, вале он ба таври қатъӣ риоя карда намешуд. Дар бисёр ҳолат сиккаҳои баровардашуда аз вазни муайянгашта камтар буданд. Қиматнокии сиккаҳои нуқрагӣ аз рӯи вазни онҳо ба ҳисоб гирифта мешуд. Масалан, 1 танга баробари 4 мирӣ қиммат дошт. Ҳамчунин сиккаҳои нуқрагини вазнашон 12,4 граммм (ду тангагӣ), 9,2 граммм (якуним танга), 2,8 гармм (нимтанга) қариб 0,5 граммм (сеяки мирӣ) бароварда мешуд. Дар муомилот чунин сиккаҳо нақши муҳим надоштаанд, зеро онҳо ниҳоят кам бароварда мешудаанд.
Дар тӯли ҳукмронии Темуриён вазни танга якчанд маротиба тагйир ёфтааст. Агар дар аҳди Темур танга 6,4 грамммро ташкил медода бошад, пас дар давраи ҳукмронии Шоҳрух (1405-1447) вазни танга се маротиба то 6 грамм, 5,6 грамм ва 5,2 грамм кам карда шуд. Аз нимаи дуюми асри ХУ вазни танга ба 4,8 гармм расида буд. Гарчанде ки вазни танга тағйир меёфт, лекин баландии он нигоҳ дошта мешуд. Ва таркиби он аз 96-98% нуқраи холис иборат буд.
Дар аҳди Темур барориши сиккаҳои мисӣ назар ба сиккаҳои нуқрагй хеле кам ба роҳ монда шуда буд. Сиккаҳои мисй асосан дар Самарқанд зарб зада мешуданд.
Яке аз хусусиятҳои асосии марҳалаҳои минбаъда дар он зуҳур меёбад, ки барориши сиккаҳои тиллоӣ ва нуқрагй кам мегардад. Масалан, то ба ҳол ба сиккашиносон якчанд тангаҳои тиллоии Шоҳрух ва Султон Ҳусейн маълуманду халос. Дар сиёсати пулии ворисони Темур баръакс барориш ва муомилоти сиккаҳои мисй нақши муҳимтаре пайдо намуда буд. Хусусан, дар чоряки аввали асри ХУ доираи барориши сиккаҳои мисӣ ниҳоят васеъ гашта, дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Андиҷон, Шоҳрухия, Қаршй, Тирмиз, Шаҳрисабз, Утрор зарб зада мешуданд. Вале дар маҳалҳои зарб зада мешуда тартиби ягонаи сиккасозӣ ба инобат гирифта намешуд ва он боиси монеа ва мушкилиҳои зиёди муомилоти пулӣ ва тиҷоратӣ гашта буд.
Аз нав ба низоми муайян даровардани муомилоти пулӣ ва тиҷоратй ба саъю кӯшиши Улуғбек (1400-1449) алоқаманд аст. Улуғбек (сЛ428) баҳри пешгирии мамониатҳо ва худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ, ки дар сикказанй ва муомилот ба миён оварда буданд, ислоҳоти пулӣ
100
гузаронид, ки мақсад аз он ба низом даровардани муомилоти пулӣ, мисӣ ва тиҷорат буд.
Ба. ин васила ба Улуғбек муяссар гашт, ки низоми дурусти муомилоти пулй ва молиро дар саросари мамлакат ҷорӣ намояд. Ин ислоҳот дар такомули муносибатҳои молию пулӣ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши босазое гузошта боиси он гашт, ки низоми пулӣ муддати якчанд даҳсолаҳои минбаъда дар қаламрави Мовароуннаҳр устувор нигоҳ дошта шавад.
Аз ибтидои солҳои 70-уми асри ХУ гардиши умумидавлатии сиккаҳои мисӣ тамоман вайрон гашта, ҳокимони маҳаллӣ аз нав ташаббусро ба дасти худ гирифта бо салоҳдиди худ сикка мезаданд, ки мақсад аз он ҳар чй бештар фоида ба даст даровардан буд. Маҳз ба ҳамин сабаб якчанд ноҳияҳои мамлакат ба бӯҳронҳои шадиди муомилоти пулй гирифтор гашта, вазъи иҷтимоию иқтисодиро ниҳоят ноустувор месохтанд.
!01
Гуфтори бисту ҳафтум
Барҳам хӯрдани давлатҳои темурӣ ва ба сари ҳокимият омадани
сулолаи Шайбониён
Нақша:
1. Мухтасар дар бораи саҳронишинони Дашти Қипчоқ ва ҷамоаи ©нҳо.
2о Ҳуҷуми бузурги саҳронишинон бо сардории Муҳаммади Шайбонӣ шш забт гардидани давлати осиёимиёнагии Темуриён.
3. Хуросонро ишғол кардани Шайбонихон ва комилан аз байн рафтани сулолаи Темуриён.
Дашти Қипчоқ, ки масоҳати бузурги байни дарёҳои Иртиш ва Уралро фаро мегирифт, аз қадим макони сукунати қабилаҳои туркзабон буд. Дар асри XIII ин ҷойҳоро муғулҳо забт кардаанд. Истилогарони мугул оҳиста-оҳиста бо қабилаҳои туркони маҳаллӣ омезиш ёфта забони онҳоро қабул мекунанд.
Ин туркони маҳаллӣ ва қабилаҳои муғулии забонашон туркгардидабаъдан дар манбаъҳои таърихӣ бо номи ӯзбекон машҳӯр мегарданд. Узбекони бодиянишин ба Осиёи Миёна омада номи худро ба халқи ӯзбек, ки кайҳо ташаккул ёфта буд, медиҳанд ва ба онҳо омезиш меёбанд.
Дар охирҳои қарни ХУ ва ибтидои қарни ХУ1 ӯзбекҳои бодиянишин бо сарварии пешвои хеш Муҳаммад Шайбонихон мамолики Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ-Шайбонӣ машҳур гардид. Шайбонихон Аслан аз хонадони Чингизхон буд. Бобои ӯ Абдулхайрхон дар нимаи аввали асри ХУ давлати пуриқтидори кучманчиён ташкил намуд. Қавму тоифаҳои туркзабони муттаҳидкардаи ӯ аз аслу насабҳои гуногун иборат буданд. Онҳо дар дашту саҳроҳои беканоре, ки аз поёноби дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, сукунат доштанд. Вале ин иттиҳодияи бавуҷудовардаи Абдулхайрхон заминаи иқтисодй надошт ва бо зӯри силоҳ вуҷуд мекард. Ин буд, ки вай пояҳои худро устувор карда натавониста, ба зудӣ пас аз фавти Абдулхайрхон аз по афтод.
Шайбонихон хост таҷрибаи бобояшро такрор намояд, вале дар ибтидо кораш барор нагирифт. Ҷангу талошҳо бо дигар Чингизиёни ҷоҳталаб ва ихтиёрхоҳ гоҳ ба фоида ва гоҳ ба зарари ӯ анҷом меёфт. Бояд гуфт, ки дар ин муборизаҳо борҳо аз ёрию дастгирии Темуриён баҳраманд гардида буд.
Воқеан дар он замон душмани ашаддии Темуриён дар қисмати Шимоли мамлакат «могулҳо» ба шумор мерафтанд, ки Тошкандро
102
маркази худ ихтиёр карда буданд6. Онҳо чандин бор ҳатто ба ноҳияҳои Мовароуннаҳри Марказӣ ҳамла намуда, молҳоро толон ва аҳолиро тороҷ мекарданд. Темуриён Щайбонихонро ба муқобили могулҳо истифода карданй шуданд. Лекин Шайбонихон иттифоқчии бад баромад. Ӯ фақат аз паи манфиати худ шуда, аксаран хилофи ваъдаи худ амал мекард, гоҳ тарафи Темуриёнро мегирифт ва гоҳ тарафи могулҳоро. Ҳар замон ба мулкҳои ину он ҳуҷумҳои горатгарона менамуд. Ниҳоят ӯ чунин шаҳрҳои истеҳкомӣ, мисли Утрор, Сайрам ва Яссаро ба тасарруфи худ дароварда, ҳамқавмони худро даъват кард ва дастаи қавии аскарӣ созмон дода, бо мугулҳо муоҳида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннаҳр шурӯъ намуд. Аввал ӯ пойтахти Темуриёни Осиёи Миёна шаҳри Самарқандро ба муҳосира гирифт. Вақте ки волии Бухоро бо қӯшуни худ ба тарафи Самарқанд равона шуд, Шайбонихон аз муҳосира даст кашида ба муқобили ӯ шитофт ва дар роҳ ӯро торумор намуда, ба сӯи Бухорои заифгардида ҳаракат кард. Аз муҳосира ҳатто се рӯз нагузашта аъёну ашроф ва рӯҳониён шаҳрро ба вай таслим намуданд.
Дар чунин лаҳзаҳои такдирсоз ҳам, ки мамлакатро хатари ҷидцй таҳдид мекард, ашрофи Самарқанд ва шоҳзодагони темурӣ тамоман саргарми нифоқу низоъҳои байни худй буданд. Гуруҳи саршохаи Темуриёни Осиёи Миёна Султон Алиро тарафдорӣ менамуданд, гурӯҳи дигар хешованди вай - Бобурро ба Самарканд даъват намуда, таслими шаҳрро ба ӯ ваъда медоданд. Ҳангоми Самарқандро муҳосира намудани Шайбонихон ин низоъҳо боз ҳам қувват кард (гирифт). Баъзе намояндагони хеле бонуфузи рӯҳониён ҳисси навмедй ва кайфияти мағлубиятро падид меоварданд.
Султон Алй дар ҳамин ҷо хиёнатро гумон бурда, аз дигарон пештар бо як гурӯҳ рикобдорони худ ба қароргоҳи Шайбонихон равона шуд. Ашрофи Самарқанд аз ин воқиф гардида, бо тӯҳфаву инъомҳои зиёде ба ҳузури Шайбонихон омада, сари таъзим фуруд оварданд. Ҳамин тавр, соли 1500 Самарқанд бе ҷанг ба дасти Шайбонихон гузашт.
Аммо ин муваффақияти аввалин, ки ба зудй ва осонй ба даст омада буд, бақое наёфт. Як қисми ашрофи Бухоро ва Самарқанд тарафдори барқарор намудани ҳокимияти Темуриён буд. Акнун ҳарифи асосии шайбонихон шоҳзодаи ҷавони темурӣ Бобур гардид. Қароргоҳи Шайбонихон дар ҳаволии Самарқанд буд. Аъёну ашрофе, ки пинҳонӣ бо Бобур мукотиба доштанд, ба рӯи ӯ дарвозаи шаҳрро кушоданд ва ӯро подшоҳ эълон карданд. Вале дар муҳорибаи кушоди соҳили
6 Бо истилоҳи «мугулҳо» як дониста нашавад, зеро ин халқест, ки дар асри ХУ1 дар баъзе ноҳияҳои Осиёи Миёна зиндагй мекард ва дар адабиёти гарбу русӣ бо номи «могилы» машҳур буд.
103
Зарафшон, ки дар моҳи апрели соли 1501 ба вуқӯъ омад, Бобур шикаст хӯрд ва ба Самарқанд ақиб нишас! ва онро Шайбонихон ба муҳосира гирйфт. Рӯзҳои муҳосира тӯл кашид. Мардум ба маҳрумиятҳои зиёде дучор гардиданд. Дар шаҳри муҳосирашуда гуруснагӣ ҳукмфармоӣ мекард. Кор ба ҷое расид, ки бенавоён ва мӯҳтоҷон гӯшти сагу харро мехӯрдагй шуданд. Бобур барои кӯмак ба ҳокимони гуногун муроҷиат намуд, вале имдоде нарасид. Барои онҳо манфиати умум бегона буд, ҳар яки онҳо нақшаи худро доштанд. Хусусан кӯтоҳандешии сардори Темуриёни Хуросон Султон Ҳусайн, ки на фақат дасти ёрӣ дароз накард, балки ҳатто ба Шайбонихон чоплусй намуд, Бобурро дар ҳайрат гузошт.
Сокинони шаҳр, сарбозон ва ҳатто наздикони Бобур ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ тоб наёварда, ба ҳар сӯ фирор мекарданд. Ниҳоят, худи Бобур ҳам роҳи гурезро пеш гирифт. Шаҳри пойтахтии Самарқанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Ин ҳодиса соли 1501 рӯйдод.
Муддате чанд Шайбонихон барои аз хатар эмин намудани ақибгоҳи худ чораҳои лозимӣ дида, пас ба истилои мулкҳои чанубии Темуриён камар баст. Дар вилояти хеле калоне, ки марказаш Ҳисор буд, Хусравшоҳ идора мекард. Шоҳзодагони темурӣ дар ин лаҳзаи душвор барои кӯмак ва пуштибонй ба Хусравшоҳ рӯ оварданд, чунки ӯ бо сарватмандӣ ва иқтидори ҳарбӣ шӯҳрат ёфта буд. Вале ӯ нисбат ба вазъияти мавҷуда нодонӣ ва нофаҳмии тамом зоҳир намуд; ба ҷои муттаҳид шудан бо Темуриён ва ё лоақал кӯмак расонидан ба онҳо, ки борҳо илтимосаш карда буданд, аз тарси даъвоҳои онҳо роҳи макру фиребро пеш гирифт ва дар натиҷа комилан дар ҳолати чудоӣ ва танҳой монда, аз аввалин хабари ҳаракати қӯшуни Шайбонихон ба Ҳисор буздилона фирор кард. Қаламрави ӯ, ки ноҳияҳои Ҷанубии Тоҷикистон, қисмати Шимолии Афгонистон ва Ҷанубии Узбекистонро фаро мегирифт, ба осонӣ ба таҳти тасарруфи Шайбонихон даромад. Дере нагузашта, соли1505 Хоразм ҳам аз тарафи қӯшунҳои Шайбониён ишгол карда шуд.
Навбати забти пойтахти дигари Темуриён - Ҳирот расид. Султон Ҳусайн фақат акнун то чӣ андоза ҷиддӣ будани хатари таҳдид карда истодаро дарк намуда, бо қувваи асосии худ ба муқобили Шайбонихон равона шуд. Вале ӯ, ки пир ва бемор буд, дар роҳ вафот намуд. дар байни асилзодагони темурӣ низоъу нифоқ ба амал омад. Дар натиҷа ду писари Султон Ҳусайнро ба тахт нишонданд, ки онҳоро ду гурӯҳи ашрофи соҳибнуфуз пуштибонӣ мекарданд.
Шайбонихон аз ин дигар шароити мувофиқро орзу ҳам карда наметавонист. Ин буд, ки Бобур навиштааст: «Ин амрест гариб: ҳеҷ гоҳ касе нашунидааст, ки дар як мулк ду подшоҳ якҷоя ҳукмронй кунанд».
104
То ҷамъ кардани қӯшун, то тамом шудани баҳсу мунозираи наздикони ду подшоҳ, ки ба як қарор омада наметавонистанд, Шайбонихон Балхро забт намуда, ба хоқ яксон кард ва зуд ба тарафи Ҳирот раҳсипор гардид. У дар наздикии шаҳр қӯшуни хуб ба ҷанг омодашудаи темурирр маглуб намуд.
Бисёр амирону амалдорон аз майдони ҷанг ва баъзеҳо аз шаҳр гурезон шуданд. Ҳар ду подшоҳ ҳам - яке ба Ғарб ва дигаре ба Шарқ фирор карданд. Рӯҳониёни олимақом ва аъёну ашроф бо ҳам машварат намуда, ба Шайбонихон хати таслим ва итоат фиристоданд. Сипас дар як муддати кӯтоҳ шаҳру вилоятҳои боқимонда то худи Астаробод забт карда шуд. Дар тамоми шаҳрҳои калони собиқ темурӣ - Самарқанд, Бухоро, Марв, Балх, Ҳирот, Машҳад, Нишопур, Тӯс, Астаробод ва гайра пулҳои нуқрагинро ба номи фотеҳи нав сикка заданд. Шайбонихон ҳам ба ин аҳамияти бузурги сиёсӣ медод, зеро ин амр маънии расман ба сари тахти подшоҳӣ омадани ӯро дошт.
105
Гуфтори бисту ҳаштум
Вазъи сиёсии Осиёи Миёна баъди вафоти Шайбонихон
ва замони Абдуллохони П
Нақша:

  1. Муборизаи хунини байни Муҳаммад Шайбонихон ва шоҳи Эрон Исмоили 1 ва оқибатҳои он.

  1. Ҳуҷуми Бобур ва муваффақиятҳои ӯ.

  2. Шикасти Бобур ва сабабҳои он.

  3. Сиёсати «ҷамъоварии мулкҳо» аз ҷониби Абдуллохони Шайбонӣ.

Дар мамлакати паҳновари Шайбонихон чанд сол сулҳу осоиш ҳукмфармо гардид. Вале дар соли 1510 якбора аз ду самт - ҳам аз Шимолу Шарқ ва ҳам аз Ҷанубу Ғарб ин оромӣ халалдор карда шуд. Саҳронишинони қазоқ, бо могулҳо як шуда дар наздикии дарёи Сир ба давлати Шайбониён зарбаи ҳалокатовар расонида буданд. Дар айни замон подшоҳи Эрон Исмоили 1 аз Ғарб ба тарафи Хуросон лашкар кашид. Вай яке аз паси дигаре шаҳрҳои Хуросонро ишгол карда, фотеҳона ба сӯи Ҳирот ҳаракат намуд.
Исмоили 1 аслан аз хонаводаи суфияи шаҳри Ардабил буд. Чун аз байни шайхони ин хонадон Сафиуддини Исҳоқ ба «порсоӣ» ном бароварда буд, тамоми авлоди ӯ ва аъзои тариқати дарвешия ба худ номи сафавиро гирифта пас аз қадам гузоштан ба арсаи сиёсат бо унвони сулолаи Сафавиён шӯҳрат ёфтанд. Дар асри ХУ пуштибони асосии ин сулола тоифаҳои бодиянишини турк буданд, ки дар вилояти Озарбойҷони Эрон зиндагй мекарданд. Онҳоро ба озарй қизилбош -сурхсар меномиданд, зеро сарбозони бодиянишин ба хотири 12 имоми шиа саллаи 12 рахи аргувонӣ доштаро ба сари худ мебастанд. Ин тоифаҳо ҳам аз ҷиҳати маънавй ва ҳам аз ҷиҳати сиёсй тобеи шайхони сафавӣ буданд.
Яке аз намояндагони шайхони сафавӣ Исмоили 1 Табрезро забт карда, онро пойтахти худ қарор дод ва дар соли 1501 унвони шоҳаншоҳи Эронро ба худ гирифт. Қизилбошҳо бо сардории Исмоили Сафавӣ дар як муддати кӯтоҳ қисматҳои гарбии Эронро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд.
Инак, ду давлат - Шайбониён ва Сафавиён дар ҳамсоягии якдигар қарор доштанд. Вале дар байни онҳо аз сулҳу салоҳ асаре набуд. Сарони ин ду салтанат ба мақсадҳои сиёсии худ ранги мазҳабӣ медоданд: Шайбонихон дар қаламрави худ ба муқобили шиаҳо мубориза мебурд, дар сурате, ки Исмоил ва қизилбошҳо шиаҳои мутаассиб буданд.
Шайбонихон барои зарба задан ба шоҳ Исмоил қалъаи Марвро такягоҳ интихоб менамояд. Сипас кӯшуни худро ба он ҷо ақиб кашид
106
ва фавран аз қувваҳои ҳарбии ҳамқавмонаш кӯмак хоста, худ ба мустаҳкам кардани қалъаи шаҳр машгул гардид. Шоҳ Исмоил аз ин воқиф гардида, ба зудй худро ба .Марв расонид. Азбасқи қалъаи Марвро бо ҷанг фатҳ кардан хеле душвор буд, шоҳ Исмоил фиребе ба кор бурда, қувваи худро аз муҳосира гирифт ва чунон вонамуд кард, ки гӯё ақибнишинй мекунад. Шайбонихон ин ^ор саҳви барои сарлашкари корозмуда авфнопазире содир намуд. У ба ин ҳиллаи шоҳ Исмоил фирефта шуда, аз қалъа берун баромад ва бо андак қуввае вайро таъқиб кард. Дар натиҷа ба иҳотаи душман афтода, тамоми сарбозонашро талаф дод ва худ дар майдони ҷанг кушта шуд. Исмоил аз косахонаи сари Муҳаммад Шайбонихон барои худ ҷоми шароб сохт.
Шоҳ Исмоил ба мукобили Шайбониён на фақат бо силоҳ мубориза бурд, балки тамоми тадбироти дипломатии худро ба кор андохт. У бозмондагони хонадони Темуриро ба ҳар роҳ ташвиқ менамуд, ки барои мулки падару бобоёни худ талош варзанд. Дар ҳоле ки намояндагони бонуфузи сулолаи Шайбониён ба ҳалли масъалаи вориси тахти салтанат саргарм буданд, Темуриён Фаргонаро ишгол намуданд. Бобур, ки то ин вақт мавқеи худро дар Кобул мустаҳкам карда буд, фавран бо роҳи Кундуз ба сӯи Хисор ҳаракат кард. Муҳорибаи ҳалкунандаи Пули Сангин дар дарёи Вахш (дар он ҷое, ки ҳоло нерӯгоҳи барқии Норак сохта шудааст) бо галабаи Бобур анҷом ёфт. Тамоми ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр бидуни ҷанг ба таҳти тасарруфи ӯ даромаданд. Худи султонҳои шайбонӣ ҳам аз муқовимат даст кашида, шаҳрҳои Самаркднд, Бухоро, Каршӣ ва гайраро ба ихтиёри Бобур вогузоштанд.
Ғалабаи ба осонӣ даст омада, Бобурро рӯҳбаланд ва дар айни замон як дараҷа фориғбол ҳам намуд. Бобур ва наздикони ӯ, ҳатто сарбозонаш ҳам ба базму зиёфат ва айшу ишрат машгул шуданд. Ин ҳама маблаги зиёдеро талаб мекард ва Бобур барои пайдо кардани он аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонид. Кӯшуни чандинҳазорнафараи Бобур, ки таъминоти он аз ҳисоби аҳолӣ муқаррар гардида буд, тамоми чизу чораи мардумро ба горат бурд. Махсусан дастаҳои қизилбош, ки шоҳ Исмоил ба кӯмаки Бобур фиристода буд, боиси норозигии аҳолӣ мегардиданд. Кайфияти шиапарастии Бобур ва инро рӯйирост намоиш додани ӯ ба онҳо ҳеҷ маъқул набуд.
Табақаҳои васеи Бухоро ва Самарқанд ба сари кор омадани Бобур ва пирӯзиҳои ӯро бо хушнудӣ истиқбол карда буданд. Вале ним сол ҳам нагузашта, вай аз чунин пуштипаноҳи муқтадир маҳрум гардид. Баҳори соли 1512 бародарзодаи Шайбонихон ҷавони хеле гаюр ва шуҷоъ Убайдулло султон бо қӯшуни на чандон калон ба Бухоро ҳамла овард ва ба ҳайрати ҳамзамонони худ дар набарди шадид ба қӯшуни миқдоран чандин маротиба зиёди Бобур ғалабаи қатъӣ ба даст даровард.
107
Бобур ба Хисор фирор кард. Тирамоҳи ҳамон сол, вақте ки қӯшуни сершумори қизилбош ба ёрии ӯ расид, барои дубора ба даст даровардани Мовароуннаҳр охирин кӯшиши. худро ба кор бурд. Қувваҳои аскарии ӯ дар хоки Мовароуннаҳр чун мӯру малах ҳаракат мекарданд, гӯё ки ба ин сарзамин офати табий рӯ оварда бошад. Онҳо ба ҳар ҷое, ки пой мегузоштанд, сокинонашро аз дами теғ мегузарониданд. Ниҳоят дар назди Гиждувон ба Убайдулло султон муяссар гардид, ки қизилбошҳоро комилан торумор намояд.
Қатлу куштори ваҳшиёнаи мардум аз ҷониби қизилбошҳо сабаб шуд, ки аҳолии маҳаллӣ ба атрофии Шайбониён муттаҳид гардида, нисбат ба онҳо ҳусни таваҷҷӯҳ ва нисбат ба Бобур ҳисси нафрат пайдо кунанд.
Дере нагузашта Шайбониён ҳамаи вилоятҳои Осиёи Миёна: Тошкент, Фаргона, Ҳисор ва гайраро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Мувофиқи одати шайбониён шахси аз ҳама калонсоли хонадон бояд сардори давлат мешуд. Ба ҳамин сабаб, пас аз он югдар соли 1512 ҳамаи муддаиёни салтанат аз Осиёи Миёна ронда шуданд, ба сари ҳокимият на ин ки Убайдуллохон - обрӯмандтарин намояндаи хонадони Шайбонӣ, балки Кӯчкунчихон омад, ки обрӯву эътибори казоӣ надошт, дар ҳукуматдорй шахси беҳунаре буд. Баъди ӯ писараш Абӯсаидхон ҳукмрон гардид ва фақат пас аз ин Убайдуллохон (1533-1539) имкони ба тахт нишастанро пайдо намуд.
Ҳанӯз дар ахди Шайбонихон давлат ба амлок, яъне мулкҳои хоса тақсим шуда буд. Акнун ин тақсимот боз ҳам расмитар гардида, мулкҳо тамоман ба ихтиёри намояндагони хонадони салтанатӣ гузаштанд. Соҳибони амлок дар корҳои дохилии қаламрави худ истиқлолияти комил доштанд. Онҳо акнун метавонистанд мулкҳоро ба фарзандонашон мерос гузоранд. Амлок фақат дар натиҷаи нифоқи байнихудӣ гоҳо аз даст ба даст мегузашт. Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Балх, Ҳисор ва амсоли инҳо амлоки калонтарин ҳисоб мешуданд. Соҳибони ин мулкҳо дар вақтҳои гуногун ҳукмрони мамлакат ҳам гардидаанд. Аз ҳама бештар ин маснад ба ҳокимони Самарқанд насиб гардидааст. Аз соли 1560 Бухоро мустақиман пойтахти давлати Шайбониён гардид.
Се чоряки аввали аср давлати Шайбониён як давлати амлокй буд, ки онро яке аз соҳибони мулк, сарфи назар аз иқтидор ва эътибори худ, бо номи хон ва хоқон идора менамуд. Ба вай унвонҳои олӣ медоданд, хутбаро ба номи вай мехонданд ва дар сиккаҳо номашро сабт мекарданд. Ин қоида то солҳои 40-и асри ХУ1 давом намуд, баъдтар баъзе амлоқдорон гоҳо сиккаҳоро ҳатто бо номи худ мебаровардагӣ шуданд, Ки ин маънои на фақат исман, балки амалан ҳам соҳибихтиёр гардидани онҳоро дошт. Дар аҳди се ҳукмронии аввал Кӯчкунчихон,
108
Абӯсаидхон ва Убайдуллохон) вазъи дохилии давлат нисбатан оромтар ва шароити хоҷагидорӣ мусоидтар буд.
Аз солҳои 40-уми асри ХУ1 ҷангу низоъҳои феодалй як ҳодисаи муқаррарй гардид. Оташи нифоқ аввал дар байни амлокдорони калон фурӯзон шуда, баъд амлокдорони хурдро ҳам фаро гирифт: яке гами муҳофизати мулки худро мехӯрд, дигаре дар фикри тасарруфи мулки нав буд. Ҷангҳои байнихудӣ хеле авҷ гирифт. Баъзе султонҳои Шайбонӣ на фақат сардори давлатро эътироф намекарданд, балки бо ӯ ва тарафдоронаш меҷангиданд. Оқибат ду гурӯҳи асосии мухолифи якдигар ба вуҷуд омад: хонадони амлокдорони тошкандӣ бо сардории хоқон Наврӯз - Аҳмадхон ва гурӯҳе, ки дар сари он Абдулло - султони ҷавон меистод, ки дар охири охирон пирӯзӣ насиби ин гурӯҳ мегардад. (Абдулло султон писари ҳокими Миёнқол Искандархон буд. Маркази ин вилоят шаҳри Кармина буд. Вилояти Миёнқол дар байни Самарқанд ва Бухоро воқеъ гардида буд.)
Абдулло султон як қатор муваффақиятҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ ба даст даровард. Сипас писарони Наврӯз Аҳмадхонро аз Самарқанд ронда, соли 1557 Бухороро тасарруф намуд. Пас падарашро аз Кармина ба Бухоро хонд ва дар соли 1560 ӯро сардори давлат эълон кард. Амалан бошад, зимоми ҳокимиятро Абдулло дар дасти худ нигоҳ медошт.
Абдулло собиткддамона ба кори минбаъдаи «ҷамъ кардани мулкҳои хоса» икдом намуд. Соли 1573 Балх, соли 1574 Ҳисор, соли 1578 Самарқанд ва ниҳоят соли 1582 Тошкентро ба таҳти тасарруфи худ даровард. Соли 1583 баъди вафоти падар Абдулло (ки бо номи Абдуллои П маъруф гардидааст) ҳукмрони мамлакати шайбониҳо эълон гардид.
Ӯ дар байни хоқонҳои Шайбонй ягона касе буд, ки дар муборизаи зидди худсариҳои соҳибони мулк муваффақ шуда, давлати то як андоза мутамарказ ба вуҷуд оварда тавонист. Вале Абдуллохон бо ин ҳама қаноат накарда, орзуи ба қаламрави худ баргардонидани ҳамаи он мулкҳоеро, ки замоне сарсилсилаи ин хонадон Муҳаммад Шайбонихон фатҳ карда буд, дар дил мепарварид. Дар ҳақиқат ҳам, бар хилофи пешгузаштагони бетолиаш. Ӯ дар ин роҳ пирӯзиҳои намоён ба даст овард. Дар соли 1584 ӯ бадахшонро забт кард. Соли 1588 Ҳирот ва пас бисёр шаҳрҳои дигари Хуросон ба тасарруфи Абдуллохон даромаданд. Фатҳи Хоразм қувват ва вақти зиёдеро талаб кард: ӯро лозим омад, ки се маротиба ба он ҷониб лашкар кашад. Ниҳоят соли 1595 каму беш дар ин ҷо ҳокимияти худро барқарор месозад.
Ба анҷом расидани ҷангҳои байнихудй ва ба дараҷаи муайян марказият ёфтани давлат барои ба ҳолати муқаррарӣ даровардани ҳаёти хоҷагӣ баъзе заминаҳои мусоид фароҳам намуд. Дар нақлу ривоятҳои халкӣ таъмиру бинокориҳои зиёде аз қабили сохтмони иншоотҳои обёрӣ, роҳҳо, сардобаҳо, пулхо, корвонсаройҳо, биноҳои
109
тиҷоратӣ ва амсоли инҳо ба номи ӯ марбут гардиданд. Ин нақлу ривоятҳо асоси воқеӣ доранд. Абдуллохони П ба масъалаҳои тиҷорати дохилӣ ва хориҷй диққати махсус медод. Инро ободонии роҳҳои корвонгард ва умуман беҳтар намудани шароити тиҷорат, ки дар аҳди ӯ ба вуқӯъ пайвастаанд, собит менамояд. Дар ин бобат ислоҳоти пули ӯ, вазифа ва натиҷаҳои объективии он хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ мебошанд. Абдуллохони П бо Ҳиндустон, Туркия, Европаи Шарқӣ робитаҳои хуби иқтисодӣ ва тиҷоратй барпо намуд.
*
110
Гуфтори бисту нӯҳум Ба сари қудрат омадани сулолаи Ҷониён (Аштархониён)
Нақша:

  1. Вазъи сиёсии Осиёи Миёна баъди вафоти Абдуллохон (1598).

  2. Ба сари ҳокимият омадани Аштархониён ва ё Ҷониён.

  3. Таъмини нисбатан устувори ҳокимияти хонӣ дар давраи ҳукмронии Имомқулихон (1611-1642).

  4. Кашмакашҳо барои ҳокимият дар аҳди ворисони Имомқулихон ва оқибатҳои он.

Соли1598 Абдуллохони П вафот кард ва ба ҷои ӯ писараш Абдулмӯъмин ба тахт нишаст. Лекин дере нагузашта, худи ҳамон сол вай аз тарафи нӯкари зархариди як гурӯҳ феодалони зидди ҳукумати марказӣ кушта шуд. Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён Пирмуҳуммадхони П ба зудӣ дар ҷангу низоъҳои байнихудӣ ҳалою гардид.
Сафавиён, Хевагиҳо ва казоқҳо аз задухӯрдҳои миёни Шайбониён фавран истифода намуданд. Подшоҳи сафавй шоҳ Аббоси 1 қисмати зиёди Хуросон ва ҳатто Хиротро забт кард. Балх ҳам дар доираи таъсири давлати Сафавиён қарор дошт. Қазоқҳо чанд шаҳр, аз ҷумла калонтарин мулки Шайбониён Тошкентро ба даст дароварданд. Хоразм, ки Абдуллохони П бо сад машаққат ба зери итоати худ давроварда буд, дубора истиклолият ёфт. Аъён ва ашрофи феодалӣ маснади хониро ба Ҷонмуҳаммад султон (Ҷонибек-султон) пешниҳод намуданд, ки аз авлоди ҳамон Чингизиёне буд, ки пас аз пароканда шудани давлати Олтин Урда дар Аштархон ҳукумати хонӣ ташкил дода буданд. Вақте ки Астрахан (1556) ба Россия ҳамроҳ карда шуд, Ҷонибек гурехта ба назди Шайбониён омад ва хоҳари Абдуллохони Шайбониро ба занй гирифт.
Ҷонибек-султон пешниҳоди аъёну ашрофро рад карда ба маснади салтанат писари калони хеш Динмуҳаммадро тавсия намуд. Аммо Динмуҳаммад, ки он вақт дар Абевард ва Нисо ҳукмронй мекард, ҳанӯз фурсати ба Бухоро омаданро наёфта, ба ҳуҷуми лашкари Эрон дучор гардид ва дар ҷанг кушта шуд. Бинобар ин ба ҷои ӯ бародараш Боқимуҳаммад (1599-1605) ба тахт нишаст.
Ягона муваффақияти дар ҳаёти сиёсии мамлакатт ба даст овардаи Ҷониёни аввал ин буд, ки онҳо ҳокимияти худро дар Балх дубора барқарор намуданд. Дигар ҳамаи кӯшишҳои онон дар бобати барҳам додани низоъҳои дохилӣ ва муборизаи зидди бодиянишинон натиҷаи дилхоҳе набахшид. Дар соли 1605 Боқимуҳаммад вафот карда, ба ҷои ӯ бародараш Валимуҳаммад (1605-1611) ҳукмрон гардид. Чун ӯ ба маишат дода шуда буд, аз ӯхдаи идораи мамлакат баромадв
111
натавонист. Аъёну ашроф ба зудӣ аз вай рӯ гардониданд ва рӯзе ҳангоми дар дашти Қаршӣ машгули шикор буданаш тахти хониро ба писари Динмуҳаммадхон Имомкулиҳон (1611-1642) муносиб диданд. Вақте ки Валимуҳаммадҳон аз воқеа хабардор гардид, аз Мовароунннаҳр фирор карда, дар назди подшоҳи Сафавй паноҳ бурд. Шоҳ Аббос ӯро хуш пазироӣ намуда, боқувваи зиёде дубора ба Мовароуннаҳр равона кард. Аммо дар муҳориба лашкари Эрон шикаст хӯрда, худи Валимуҳаммадхон асир афтод ва бо фатвои уламо кушта шуд.
Ба Имомқулихон .муяссар гардид, ки ҳудуди давлати худро васеътар намояд: ӯ бар_зидди қазоқҳо лашкар кашида, Тошкентро бо зӯрӣ тасарруф намуд. У бо бодиянишинони дигар - қароқалпоқҳо ва қалмиқҳо, ки торафт ба сарҳади Ҷониён наздик мешуданд, низ бомуваффақият муборйза бурд. Имомқулихон ҳамчунин тавонист, кӣ мувақкатан бошад ҳам, ҷангу низоъҳои байнихудии феодалонро боздорад. Муаррихони он замон давраи аҳди ҳукмронии Имомқулихонро ҳамчун давраи гӯё пур аз рафоҳият ва осоиши мамлакат тавсиф кардаанд. Агарчи ин тавсифот муболигаомез намояд ҳам, дар он асоси ҳақиқат вуҷуд дорад. Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, Ки дар замони Имомқулихон ҳатто баъзе корҳои объёрӣ анҷом дода шудааст.
Аз ҳамон рӯзе ки Имомқулихон аз давлатдорй даст кашид, бародараш Надирмуҳаммадхон (1642-1645) ба тахт нишаст, вазъият тагйир ёфт. Надирмуҳаммадхон аъён ва ашрофи феодалии қабилавиро ба худ ҷалб карда натавонист. Рӯз аз рӯз муносибати байни ӯ ва намояндагони бонуфузи табақаи ҳоким бадтар гардид. Ба ин сабаб ҳукмронии Надирмуҳаммадхон дер давом накард. Аъён ва ашрофи феодалй, ки аз сиёсати пешгирифтаи ӯ норозӣ буданд, ба муқобили вай сӯиқасд карда. Ба тахти салтанат писараш Абдулазизхонро (1645-1680) нишонданд.
Надирмуҳаммадхон маҷбур шуд, ки бо мансаби ҳокими Балх қаноат кунад. Аммо дар ин ҷо ҳам мавқеи худро мустаҳкам карда натавонист. Дигар писарони Надирмуҳаммад, ки гоҳ тарафи падар ва гоҳ тарафи бародарро мегирифтаанд, худаашон низ ба талоши ҳокимият ва мулк ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пай Балх, ки аз ободтарин вилоятҳои мамлакат ба шумор мерафт, ба харобй рӯ овард. Надирмуҳаммад чун дид, ки бо кувваи худ коре карда наметавонад, барои кӯмак ба ҳукмрони сулолаи Темуриёни Ҳинд Шоҳиҷаҳон муроҷиат кард ва ӯ хоҳиши Надирмуҳаммадро дарҳол қабул кард. Бо сардории писаронаш Аврангзеб ва Муродбахш аскари зиёдеро ба Балх фиристод. Надирмуҳаммад аз ҳақиқати масъала бохабар шуда, фавран фирор намуд. Истилогарон Балхро ишгол намуда, мудцати ду сол тамоми сарвати ин вилоятро тороҷ карданд.
112
Ниҳоят, Абдулазизхон бо тайёрии зиёд ба муқобили лашкари Ҳинд бархоста, дар натиҷаи муҳорибаҳои шадид галаба ба даст давровард.
Дере. нагузшта, бо ёрии. Аббоси П Балх брз ба дасти Надирмуҳаммад гузашт. Абдулазизхон бар зидди падаараш бо бародараш Субҳонқулихон забон як карда, ӯро ба муқобили падараш фиристонд. Субҳонқулӣ Балхро ба зудй ишгол кард (1651). Надирмуҳаммад ночор ҳаҷҷи Маккаро интихоб кард, вале дар роҳ вафот кард.
Надирмуҳаммад писаронаш (Абдулазиз ва Субҳонқулихон) боз ба ҳам дарафтоданд. Аз нав Балхи тоҷикон ба арсаи ситезаҳои хунини аштархониҳо мубаддал шуд. Абдулазизхон қӯшуни навро бар зидди Субҳонқулихон равона намуд, то ки Балхро ба тасарруфи худ дароварад. Вале ин ба ӯ муяссар нашуд. Субҳонқулихон муқобилияти сахт нишон дода, Балхро дар дасти худ нигоҳ дошт. Абдулазизхон бо бародараш созиш намуда, Субҳонқулихонро вориси тахт ва волии Балх эътироф намуд.
Ҳокимони Хева аз ҳамаи ин ҷангу ҷидолҳои дохилии сулолаи Ҷога ;н ба манфиати худ истифода намуданд. Онҳо чандин маротиба ба I ^ҳияҳои марказии Мовароунннаҳр ҳуҷум карда, тороҷгариҳо содир карданд. Ҳатто то Бухоро расида, боре як қисмати шаҳрро гирифтанд. Фақат мардонагй ва далерии аҳолй, ки асосан тоҷикон буданд, имкон дод, ки шаҳр аз душман тоза карда шавад.
Субҳонқулихон чунин вазъиятро фурсати муносиб (мусоид) дарёфта ҳокимиятро ба даст даровард, яъне тахтро соҳиб шуд ва подшоҳи Бухорову Балх гардид (1680-1702). Дар ахди салтанати Субҳонқулихон вазъияти душвори мавҷуда на фақат аз баййн нарафт, балки бадтар гардид. Тохтутози Хевагиҳо ҳамоно давом мекард.онҳо ҳатто Самарқандро забт карданд ва аъёну ашрофи шаҳр хони Хеваро ба расмият шинохтанд, ки ба иввази он Субхонқулихон бераҳмона аҳолии Самарқандро, ки асосан тоҷикон будаанд, хонахароб намуд. Ниҳоят Субҳонқулихон фаҳмид, ки то дар Хева қоимақоми худро нанишонад. Тохтутози хевагиҳо тамом нахоҳад шуд. Бинобар ин бо ҳар роҳ аъёну ашрофи Ховаро ба тарафи худ кашида, оқибат муваффақ гардид, ки Хева ҳукмронии ӯро эътироф намояд.
Баъди ба итмомрасии маъракаҳои Хеваро ба тарафи худ кашида, оқибат муваффақ гардид, ки Хева ҳукмронии ӯро эътироф намояд. Ин дар тамоми давраи ҳукмронии Субҳонқулихон ягона муваффақияти ба назар намоёни сиёсатмадории ӯ мебошад. Вай дар дигар ҳамаи корҳои боқимондаи давлатдорӣ (мамлакатдорӣ) ба чизе комёб шуда натавонист.
Низоъҳои байнихудии феодалй хомӯш намегашт. Ҳоло сарони тоифаҳои ӯзбек беш аз беш қувват мегирифтанд. Худи Субҳонқулихон ҳам дар бисёр мавридҳо нуфузи баъзеи онҳоро балакд мебардошт.
113
Чунончи, вақте ки писараш Сиддиқмуҳаммад худро дар Балх мустақил эълон карда, ба ин ваҷх бо амри падараш ба қатл расид, ӯ ҳукумати Балхро, ки дер боз мулки ворисони салтанат ҳисоб.мешуд, ба яке аз мирони қабилаи юз супорид.
Субҳонқулихон муқобиляти феодалони маҳаллиро бартараф карда натавонист. Ҷангҳои мунтазаме, ки ӯ мебурд, боиси холй шудани хазинаи давлат ва қувват гарифтани зулму истисмори оммаи меҳнаткаш мегардиданд. Барои ҷангҳои дохилии зидди феодалони саркаш сармояи зиёде лозим буд ва аз ин рӯ Субҳонқулихон пешакй аз аҳолӣ ситонидани андози ҳафтсоларо талаб кард. Дар вазъияти онвақтаи мамлакат ҷорй шудани ин усули андоз барои аҳолӣ ниҳоят дараҷа вазнин буд. Ришвахӯрӣ ва сӯиистифодаҳое, ки амалдорони ҳукумати хонӣ дар вақти ҷамъоварии андоз мекарданд, халқи меҳнатиро боз ҳам бештар қашшоқу бенаво менамуд.
Дар давраи салтанати кӯтоҳмуддати Убайдуллохон (1702-1711) муборизаи байни ҳукумати марказӣ ва феодалон хеле шиддат ёфт. Убайдуллохон охирин кас аз хонадони салтанатии Ҷониён буд, ки дар роҳи маҳдуд намудани худсариҳои феодалон ва пурқувват кардани хокимияти марказӣ саъю кӯшиши зиёде ба харҷ додаст. Ба Убайдуллохон аз Субҳонқулихон вазъияти сахте ба мерос монд. Амирон-сардорони тоифаҳои ӯзбек худро тамоман соҳибихтиёр ҳис мекарданд. Аксари амирон ба ҳамқабилаҳои худ такя карда, ҳокимияти марказиро тамоман ба эътибор намегнрифтанд. Онҳо байни худ хусумат мепарвариданд, гурӯҳҳо ташкил медоданд, баъзан ошкоро ҳокимияти хони Бухороро эътироф намекарданд.
Воқеан ҳам вазъияти Убайдуллохон бисёр мураккаб буд ва ҳар гоҳ ба вай лозим меомад, ки барои ҳалли мушкилот тадбирҳои гуногун андешад. У кӯшиш мекард, ки байни амирон мухолифат пайдо шавад ва онҳо бо ҳам ҷангида. Якдигарро заиф гардонанд. Инчунин вай тадбиротеро пешбинй карда будааст. Ки аз як тараф ба мустаҳкам сохтани пояҳои иқтисодии даавлати ӯ ва аз тарафи дигар ба роҳи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ заиф гардонидани амирон нигаронида шудаанд. Муноссибати Убайдуллохон бо амирон душманона ва муборизаҳояш бо онҳо рӯйирост ва ошкоро буд.
Душманӣ то дараҷае расид, ки ҳангоми яке аз сӯйиқасдҳо дар соли 1711 Убайдуллохон кушта ва дарбори хонӣ тороҷ карда шуд. Пас аз ҳалокати Убайдуллохон бародараш Абулфайзхон (1711-1747) ба тахт нишаст. Дар замони ин охирин намояндаи сулолаи Ҷониён давлати хонӣ ба қисмҳои мустақили ҷудогона тақсим мегардад.
114
!Гуфтори сиюм Танащлв давлати Цоннён ва Ьа сащ ҳокимият омадани сулрлаи Мангития
Нақша:
1. Парокандагин сиёсии давлати Ҷокиён ва сусту нотавон гардидаии
он.
2. Ҳуҷуми ҳокими Эрон Нодиршоҳ ба Осиёи Миёна ва ба худ тобеъ
вамудани хонии Бухоро.
3. Муҳаммад Раҳимхони Манғитӣ ва барқароршавии салтанати
Манғития (1753-1920)
Соли 1711 Абдулфайзхони 16 сола (1711-1747) бародари Убайдуллохон, ки шоҳи тамоман ҳақиру нотавон ва бозичаи дасти амирони ӯзбек буд, ба сари тахт нишаст. Дар аҳди Абулфайзхон бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байни худй ва исёнҳои феодалй ба қуллаи кулминатслонии худ расид. Солҳои 1716-1717 қабилаи қипчоқҳо ба микдори қариб 100 ҳазор нафар аз тарафи Миёнқол ба фафи Самарқанд ва Қаршӣ ' -уҳоҷират намуданд (баҳона тангии чарогоҳҳо). Онҳо мисли малах кин ;зор ва дарахтони он вилоятҳоро нобуд карданд ва нисбат ба мардум ҳар чӣ мехостанд, бадкирдорй намуданд. Абулфайзхон ба муқобили Қипчокҳо ягон чораи қатъӣ ва самарабахш наандешид. Ӯ ҳамчун хони иродааш заиф амал кард, ки амрҳояш берун аз остонаи қаср эътибор надоштанд. Абулфайзхон аз пагоҳ то бегоҳ дар қасри худ бо шаробнӯшию фосиқӣ банд буд.
Хокимони вилоятҳо аз фалаҷии ҳукумати марказй ва беназоратии фаъолияташон сӯиистеъмол карда ба горату тороҷи мардуми бадбахт машгул мешуданд. Сафири Пётри Кабир дар Бухоро Флорио Беневинӣ навишта буд; «Самарқанд ҳам шаҳри бузург аст, аммо ҳоло беодам ва хароб шудааст». Ба гуфти ӯ ҳар вилоят бо пойтахти худ мисли Тошкент, Хуҷанд, Балх, Бадахшон, Хисор ва дигарон ба Бухоро итоат намекунанд ва соҳиби ҳокимони мустакил мебошанд. Онҳо мардумро мувофиқи табъи худ горат мекарданд.
Ҳамин тавр, ин ҳама задухӯрдҳои байнихудии хонҳо ва бедодгариҳои беамсоли феодалон ач ҳаёти пурмашаққати халқҳои осиёи Миёна. Аз ҷумла тоҷикон дар ахди салтанати Ҷониён шаҳодат медиҳанд.
Чунон ки дар боло хотирнишон гардид, дар миёнаҳои асри ХУШ Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ пароканда ва аз харобиҳои иқтисодӣ хеле заиф шуда буд, ба ҳуҷуми шоҳи Эрон нодиршоҳ дучор гардид. Нодиршоҳ дар Қафқоз, Афгонистон ва Ҳиндустон зафар ёфта, дар соли 1740 аз Амударё гузашт ва вориди
115
хонии Бухоро шуд. Лашкари хеле хуб мусаллаҳ ва муташаккил дошт Нодиршоҳи Афшор.
Писари Муҳаммадҳаким - Муҳаммадраҳими ҷоҳталаб ба истиқболи Нодиршоҳ рафта, дар назди ӯ сари итоат фуруд овард. Худи МуҳамМадҳаким, ки аз тарафи Абулфайзхон барои музокирот ба ҳузури Нодиршоҳ фиристонда шуда буд, низ ба манфиати шоҳи Эрон амал кард. Нодиршоҳ Муҳаммадҳаким ва писраш Муҳаммадраҳимро қабул намуд, бо ваколатҳои зиёд сарфароз гардонид ва Муҳаммадҳакимро вассали худ дар Бухоро таъин кард. Абулфайзхон маҷбур шуд, Нодиршоҳро дар наздикии Бухоро истиқбол намояд. У ба номаш ҳамчун ҳокими хонӣ боқӣ монд, воқеан бошад, комилан ба Муҳаммадҳаким таслим гардид. Дар натиҷаи ин газо хонии Бухоро ба мулки тобеи шоҳи Эрон мубаддал гашт.
Дар худи ҳамон сол Нодиршоҳ Хеваро низ забт кард ва ба сари ҳокимияят қоиммақоми худро нишонд. У ҳам дар Бухоро ва ҳам дар Хева захираҳои озуқа, пул ва дигар чизҳои пурқимматро мусодира карда, аскарони маҳаллиро ба қушуни худ ҳамроҳ намуд. Пас аз вафоти Муҳаммад Ҳакимбии атолиқ писари ӯ Муҳаммадраҳим қӯшуни пурқӯвват ва бо интизоме ташкил дода, исёни амирони мухолифро фурӯ нишонид ва дар дарбори Абулфайзхон мавқеи асосиро ишгол намуда, амалан ҳукмрони давлати хонӣ гардид.
Дар соли 1747 Нодиршоҳ бо дасти дарбориёни худ кушта шуда, давлати бузурги ташкилкардаи ӯ фавран рӯ ба завол ниҳод. Аҳмадхон, ки яке аз сарлашкарони Нодиршоҳ буд, дарҳол ба Қандаҳор рафта, сардорони қабилаҳои афгон (худ ҳам афгон буд)-ро ба атрофии худ муттаҳид намуд ва худро подшоҳи Афғонистон эълон карда, асоси давлати кунунии афгонҳоро гузошт. Дар асри XIX қисми зиёди заминҳои дар соҳили чапи дарёи Аму воқеъ гардидаи тоҷикон, ӯзбекон ва туркманҳо ба ҳайати давлати Афғонистон дохил карда шуд. Дар солҳои 70 асри XIX муаррихи афгон Муҳаммад Ҳаётхон дар асари машҳури худ «Ҳаёти Афгон» роҷеъ ба қисмати талхи деҳқонони тоҷик чунин навишта буд: «Кайҳост, ки онҳо аз хуқуқи заминдорӣ маҳрум гардида, ба деҳқони кироянишин ва ё муздури афгонҳо табдил ёфтаанд».
Соли 1747 аз кушта шудани Нодиршоҳ дере нагузашта, Муҳаммадраҳим Абулфайзхонро бо ду писараш ба қатл расонид ва бо ҳимояи табақаи ашроф ва рӯҳонӣ ба тахти хонии Бухоро нишаста, дар соли 1753 ба ҳукмронии Мангития асос гузошт. Вай барои мустаҳкам кардани ҳокимияти марказй пеш аз ҳама бар зидди ҳаракатҳои худсаронаи сардорони қабилаҳои бодиянишини ӯзбек мубориза бурд. Ва мухолифати феодалони маҳаллиро нисбат ба ҳокимияти марказӣ то дараҷае барҳам дод. Ба ҳар як вилояти тобеи худ ҳоким таъин кард. Ба муқобили марказгурезҳо қувваи ҳарбиро ба кор мебурд. Чунончи,
116
вилояти Ҳисор бо зӯрӣ тобеъ карда шуд. Муҳаммадраҳим амаки худ Дониёлбиро ҳокими Ҳисор ва вилоятҳои атрофии он, яъне кӯҳистон таъин намуд. Самарқандро забт карда, ҳокимияти онро ба бародари худ супорид. Дар Шаҳрисабз, Тошкент вд дигар вилоятҳо низ одамони худро ба сари кор овард. Фақат Уротеппа, ки дар нимаи дуюми асри ХУШ ба ҳайати шаҳрҳои Хуҷанд, Ҷиззах, қалъаҳои Зомин, Ём ва гайра дохил мешуданд, ҳамчун мулки мустақил боқй монд.
Дар аҳди ҳукмронии Муҳаммадраҳим дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пай бисёр воҳаҳои зироатӣ ба майдони муҳориба мубаддал гардида, ба иқтисодиёги мамлакат зарар ҳои зиёде расонида шуданд. Соли 1756 ӯ худро хон эълон намуд.
Баъд аз вафоти Муҳаммадраҳим дар соли 1758 амаки ӯ Дониёлбӣ атолиқ (1758-1785) ҳукуматро ба даст гирифт. Лекин вай лақаби хониро қабул накарда, исман Абдулгозй ном набераи Абулфайзхонро ба тахт нишонид ва худаш маъмури вазифаи атолиқӣ гардид. Дониёлбй бештар ба қувваи ҳарбй такя мекард ва барои он чизеро дарег намедошт.
Ин буд, ки дар аҳди Дониёлбй сарлашкарони ашрофии қабилаҳои мангит заминҳои зиёдеро ба тариқи танхоҳ соҳиб шуда, барои ҳар чӣ зиёдтар фоида ситонидан аз ин заминҳо саъй мекарданд. Дониёлбй аз рӯҳониён ва шайхони дарвешй ҳимоят ва пуштибонй медид.
Чӣ тавре ки адиб ва олими маъруфи точик дар асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш қайд мекунад, ки дар ахди Дониёлбӣ хеле андозҳои нав, ба монанди никоҳона, ашгаона, мӯҳрона, ҳаққи тарозу ва амсоли инҳо ҷорй карда шуд. Ҳамаи шҳо сабабгори боз ҳам қашшоқу бенаво гардидани табақаҳои меҳнаткаши аҳолй мегардиданд ва ба қавли Аҳмада Дониш мӯҳри муаҷҷал даҳ дирам, никоҳонаи қозӣ даҳ динор, як ман гандум даҳ танга, ҳаққулмизон лонздаҳ танга ва гайра муқаррар намуда буданд.
Худкомии аъёну ашроф ва боз ҳам бадтар гардидани зиндагии ахолии меҳнаткаш дар ибтидои ҳукмронии Дониёлбй зиёдтар гардид. Аҳолии меҳнаткаш дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар Бухоро борҳо шӯриш намуд. Ҳукмрони кӯҳансол дигар аз ӯхдаи ба сари итоат овардани вассалҳои саркаш ва фурӯъ нишондани шӯру ошӯбҳои мардум баромада наметавонист.
Дар даврони ҳукмронии охирин намояндагони сулолаи Аштархониён ва аввалҳои сулолаи Мангитиён қувват гирифтани парокандагии феодалй беш аз ҳама дар тангшавии ҳудуди давлати хонй зоҳир мегардид. Балх истиқлолият ба даст даровард. Фаргона ҳодо дар охири асри ХУП истиқлолият ба даст дароварда буд. Давлати хонии Хева дар асри ХУШ давраи хеле сахти ҷангу ҷидолҳои байнихудиро аз сар мегузаронд, ба замми ин дар солҳои 60-ум саросари онро гуруснагӣ ва вабо фаро гирифт. Дар Хева қариб одам
117
намонд. Андаке ба ифоқа омадани тартибу низоми ин хонӣ ба фаъолияти ҳукмрони он Муҳаммадамин алоқаманд аст. У Аслан аз қабилаи ӯзбеки кунғурот буда, ба сулолаи қунғуротҳо, ки то соли 1920 давлати хониро идора кардаанд, асос гузоштааст.
Мулкҳои кӯҳистоние, ки дар сарзамини кунунии Тоҷикистон аксаран дар навоҳии Ҳисору Кӯлоб воқеъ гардида буданд, аз давраи салтанати Ҷониён дар амал ҳамчун мулкҳои ниммустақил боқӣ монда, аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ идора мешуданд. Мулки Уротеппа ҳам, ки саргаҳи Зарафшон - аз Панҷакент то Мастчоҳ ҳамоно дар ҳайати он буд, истиқлолияти худро нигоҳ медошт.
118

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish