43
44
45 46 47
48 49
50
Носири Хисрав - олим ва шоири бузурги точик
Абӯрайҳони Берунй - олими энснклопедист
Шӯриши Малик Санҷар дар Бухоро
Мудофиаи қаҳрамононаи Хучанд бо сарварив
Темурмалик
Шӯриши Маҳмуди Торобӣ
Оқибатҳои истилои Осиёи Миёна аз тарафн Мугулхо
Илму фарҳанг дар асрн ХШ - ннман авватн асрн Х1У
(Румӣ, Зоконӣ, Саъдӣ)
Ҷунбиши сарбадорони Самарканд
Осиёи Миёна дар давраи хукмроннн Удугбех
Илм дар асрҳои ХГ¥ - XV
Адабиёти тоҷик дар асрхои ХГУ-ХУ
Санъати меъморй, накхошн ва миннётурй.
Камолиддини Бехзод (ХГУ-ХГ)
Маданияти халки тоҷик дар асрн ХУ1
Фарҳанги тоҷикон дар асрн ХУ1 — диии аввалн асри
ХУШ
Илму адаби замони Ҷон^ён. С:-:7г_7и Зардӯзй
Самарқандӣ, Сайидон На^г.ӣ. Бсггн-т. ьа :е:;-нп:со
Ҷунбишҳои халкӣ дар ибтидон асри ХУШ
Шартномаи Зирабулок ва мохнхтв он
«Масъалан Помир» ва халли ое
Маорифи халқ ва илм дар ниман дуюмн асрн ХГХ -
нимаи аввали асри XX
Аҳмади Дониш - маорифпарвари бузургн тоҷнк
Адабиёт ва санъати миллин тоҷик дар ннман дуюмн
асри ХГХ - ибтидои асри XX
Моҷарои Анвар-пошо ва оқибатҳои он
Анҷумани якуми муассисони Шӯрохои ҶХШС
Тоҷикистон ва карорхои он
Торумори дастаи босмачиёни Иброхимбек
Саноатикунонии Ҷумҳурӣ
Коллективонии хоҷагни қишлок; каҷравнхо ва
иштибоҳхо дар ин рох
Маориф ва илм дар солхои 30 - юм
Ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва маданй дар
ум
Бозсозй ва бурду бохти он
Ҷамт.
14
БАҲО
|
А
|
Б
|
С
|
д
|
Г
|
Холҳо
|
535-600
|
475-534
|
415-474
|
355-414
|
0-354
|
Иҷроиш дар шакли фоиз
|
90%
|
80-89%
|
70-70%
|
60-69%
|
0-59%
|
Рафтори хонандагон дар аудитория
|
5
|
4
|
3
|
2
|
0
|
Баҳои ҷории дарсазхудкуни чунин
|
аст:
|
|
|
№
|
Намуди фаъолият
|
Баҳои хол
|
миқдор
|
Ҷамъи ҳосили бахо
|
1.
|
Иҷрои корҳои амалӣ
|
0.5
|
20
|
10
|
2.
|
Вазифаи хонагӣ
|
0,5
|
|
5
|
3.
|
Семинарҳо
|
0,5
|
|
. 5
|
4.
|
Презентатсия
|
2,5
|
|
5
|
5.
|
Рафтор, ахлоқ
|
1,0
|
|
8
|
б.
|
Иштирок дар дарс
|
0,5
|
|
7
|
7.
|
Холи рейтингй
|
|
|
40
|
Санҷиши фосилавй. Баъди хар 7 хафта гузаронвда мешавад;
|
№
|
Шаклҳои санҷиши фосилави
|
Вакти гузаронидан
|
Баҳо холҳо
|
1.
|
Гузаронидани тест
|
Хдфтаи 7
|
15
|
2.
|
Гузаронидани тест
|
Ҳафтаи 14
|
20
|
3.
|
Ҷамъбастй
|
Ҳафтаи 21
|
25
|
4.
|
Холирейтингй
|
|
60
|
15
АДАБИЁТИ АСОСИ
-
История таджикского народа в 3 томах, 5 книг. Т. 1.,М.1963, кн. 1. М.1963, т.2, кн.1, М.1965; т.З, кн. 2, М. 1965.
-
Ғафуров Б. Тоҷикон, таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна.-Душанбе: «Ирфон», 1983 - китоби якум
-
Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна ва давраи нав.- Душанбе: «Ирфон», 1983 - китоби дуюм.
-
Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна ва давраи нав.- 1,2.-Душанбе: «Ирфон», 1998.
-
Мухторов С, Раҳматуллоев А. Таърихи халқи тоҷик. - М: 2002
-
Набиева Р., Зикирев Ф. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе, 2001.
-
Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. - Душанбе: «Ирфон», 1997
-
Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. - Аз Ориён то Сомониён. - китоби якум, дуюм. - Лондон, 2000.
-
Таърихи халқи тоҷик. - Душанбе: «Сарпараст». - 2003. - китоби якум дар зери таҳрири академик Н.Неъматов.
Ю.Турсунов Н.О. Таърихи тоҷикон. - Хуҷанд, 2001. П.Раҳмонов , Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби дуюм. - Душанбе: «Ирфон», 2002.
АДАБИЁТИ ИЛОВАГИ
-
Айнӣ С. Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик, исёни Муқаннаь (очерки таърихй-тадқиқй). - Душанбе: «Маориф», 1978
-
Неъматов Н.Н. Давлати Сомониён (Тоҷикон дар асрҳои ГХ-Х).
-
Неъматов Н.Н. Тоҷикон. Тоҷикистони таърихй. Тоҷикистони муосир. - Душанбе, 1993
-
Мухторов А. Ҳисор. Очерки таърихй охири асри XV аввали асри ХХ.-Душанбе, 1995
-
Массов Р. История топорного разделения. - Душанбе: Ирфон. -1981.
-
Эркаев М., Николаев Ю., Шарофов Я. Очерки таърихи Тоҷикистони Советй. - Сталинобод, 1961.
-
Ҳотамов Н.Б. Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX-то соли 1924). - Душанбе, 2001.
-
Лугмонов Т., Нуриддинов Ҳ. Ҳазору дусад саволу ҷавоб аз таърихи халқи тоҷик, - Душанбе, 2003.
16
Гуфтори аввал Ҷамоаи ибтидой дар марзи Тоҷикистони имрӯза
Нақша:
-
Марҳилаҳои асосии ҷамои ибтидоӣ.
-
Асри санг ва давраҳои асосии он.
-
Асри биринҷ - давраи сифатан нав дар ҳаёти одамони қадим.
-
Ҷамъияти Осиёи Миёна дар аввали асри оҳан.
Таърихи инсониятро ивазшавии пай дар пайи форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодй ташкил медиҳад. Инсоният зина ба зина инкишоф ёфта, аз ҷамоаи ибтидоӣ ба ҷамъияти ғуломдорӣ, баъд ба ҷамъияти феодалӣ ва аз он ба ҷамъияти капиталистӣ (сармоядорй) ва нкҳоят ба ҷамъияти сотсиалистӣ (коммунистӣ) мегузарад. Дар вақташ дар илми таърихшиносии шӯравӣ ҳамин даврабандии Карл Маркс қабул шуда буд ва имрӯз ҳам баъзе аз олимони ҷомеъашинос онро эътироф мекунанд.
Асоси муносибатҳои истеҳсолии ҷамоаи ибтидоиро моликияти ҷамъиятй будани олот ва зоситаҳои истеҳсолот ташкил медиҳанд. Вобаста ба тағирёбии олоти истеҳсолот ин ҷамоа ба се марҳила тақсим мешавад: асри сангин, асри бринҷӣ ва асри оҳан.
Бояд қайд намуд, ки дар бисёр маҳалҳои ҷумҳурй олотҳои алоҳида ва бошишгоҳҳои одамони асри санг ёфт шудаанд. Масалан, қадимтарини онҳо маснуоти сангине мебошад, ки аз маҳалли Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг ёфт шудаанд ва онҳо 800000 сол доранд. Пас, маълум мешавад, ки дар марзи Тоҷкисони имрӯза одамони ҷамоаи ибтидой зиёда аз ним миллион сол пеш маскан гирифта будаанд.
Дар аввалҳои асри сангин (палеолит-асри антиқаи санг) одамон чизҳои дар табиат дар шакли тайёр мавҷуд бударо истифода карда, ба шикорчигй ва гункунй машғул мешуданд. Сонитар (неолит-асри ҷадиди санг) одамон шаклҳои ибтидой (яъне дагали) зироатчигӣ ва ром намудани ҳайвоноти ваҳширо низ касб кардаанд.
Комёбии бузурги одамони асри санг ин-ихтирои тиру камон буд, ки
боиси сермаҳсул гардидани шикори онҳо гардид. "Камон, зеҳи камон
ва тир аслиҳаи бисёр мураккабе мебошад, ки ихтирои онҳо таҷрибаи
дуру дарози ақли расо ва аз ин рӯ, бо бисёр ихтирооти дигаре шинос
буданро низ талаб мекард." Инчунин дар ин давра табару тешаҳои
сангӣ ва сарнайзаҳои аз қайроқсанг ва чақмоқсанг сохта шудаи ба сари
найзаҳои чӯбин ва устухонӣ васлкардашаванда низ паҳн гардида
буданд. ,— ,.,--,.
1К'
17
Д0518
-Л
Ҳамин тавр, кашфиётҳои ёдгориҳои асри сангин тасдиқ менамоянд, ки одамон дар ҳудуди Осиёи Миёна, аз ҷумла дар сарзамини кишвари мо. аз замонҳои хеле қадим .сукунат доштаанд.
Марҳилаи муҳими таърихи ҷамоаи ибтидой асри биринҷӣ буда, он ба пешрафти ҷамъияти инсонй таъсири калон расонидааст. Дар ин давра усулҳои гудозиши маъдан ва истихроҷи метал ихтироъ гардида, дар чорводори ва зироатчигӣ тағиротҳои сифатй рӯй медиҳанд. Дар зироатчигй техникаи коркарди замин беҳтар гардида, усули обёрии сунъӣ ҷорй мешавад. Дар соҳаи чорводорӣ бошад, истеъмоли шири чорво, чун қувваи корӣ ва нақлиёт истифода намудани ҳайвонот ҷорй мегардад.
Ҳамин тавр, ихтирои фулузоти биринҷӣ (гудохтаи якҷояи мис ва қалъагӣ) боиси тараққиёти қувваҳои истеҳсолй гардида, барои гузаштани одамон ба ҷамъияти синфӣ замина фароҳам оварда буд.
Воқеъан тараққиёти қувваҳои истеҳсолй дар тарзи ҳаёти ҷамъиятй ҳам тагирот ба вуҷуд овард.
Маҳз ихтирои биринҷ сабабгори он шуд, ки дар ҷабҳаи металлкоркунӣ ва чорводорй мардум мавқеи асосиро ишгол карданд. Занон бошанд, ба мардон итоат мекардагӣ мешаванд. Акнун фарзандон чун пештара на дар ихтиёри авлоди модарй, балки дар ихтиёри авлоди падарӣ мемонданд. Ҳамин тавр, ба ҷои авлоди модаршоҳй, авлоди падаршоҳй меояд. Оқибат занҳо мустақиляти нисбии худро пурра аз даст дода, мутеъи мардон мегарданд.
Афзудани маҳсулнокии меҳнат ба он оварда расонд, ки дар дохили авлодҳо оилаҳои ҷудогона мавқеи махсуси иқтисодиро ишғол намуда, соҳиби чорво, маҳсулоти зироат, чизҳои рӯзғор олоти истеҳсолот ва гайра мегардиданд. Дар натиҷа, оҳиста оҳиста ҷои моликияти ҷамъиятиро моликияти хусусй мегирифт.
Зарурият ба ёдоварист, ки дар тамоми гӯшаю канори чумҳуриамон, аз ҷумла дар Қаромазор, ноҳияи Ашт, Панҷакент, водии Ҳисор, Қӯргонтеппа ва Дарвоз ашёҳои биринҷӣ ва мисй ёфт шудаанд ва онҳо гувоҳи онанд, ки дар ин ҷо асри биринҷӣ хеле ривоҷ ёфта будааст.
Аҷдодони тоҷикон бо оҳан дар охири ҳазорсолаи ду-сеяки аввали ҳазорсолаи 1 қабл аз милод шинос шуданд. Лекин фақат дар асрҳои 3-2 қабл аз милод оҳан ҳамчун масолеҳи истеҳсолоти ҳунармандӣ маъдани биринҷро аз миён бардошт.
Дар марзи Тоҷикистони имрӯза қӯраҳои оҳангудозӣ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ёфт гардиданд. Кофтуковҳои бостоншиносӣ собит месозанд, ки дар гузашта кишвари мо маркази калони истеҳсоли оҳан дар Осиёи Марказӣ будааст. Дар байни аҳоли паҳн гардидани оҳан дар навбати аввал ба шудгори замин сохтумони иншоотҳои обӣ ва гайра таъсири бебаҳо расонид. Чӣ хеле, ки Ф.Энгельс қайд кардааст: «Оҳай
18
ба одам хизмат мекардагй шуд... Ҳамаи инҳо якбора мукссар нашуданд: аввалин оҳани ҳосил кардашуда бисёр вақтҳо аз бирчғч;; ҳам мулокмтар буд.1»
Дар ибтидои чизҳои аз оҳан тайёркардашуда, кам буда ҳела қиматбаҳо ҳисобида мешуданд. Танҳо дертар аз оҳан яроқ ва олоти меҳнат месохтагӣ шуданд. Он протсесси бисёр меҳнатталаб буд, ҳунар ва маҳорати зиёдро талаб мекард Барои ҳамин ҳам оҳангаронро шахсони сеҳрангез мсдонистанд.
Ёдгориҳои асри оҳан дар Тоҷикистон ҳоло хеле кам ёфт шудаакд.Онҳо дар Қайроқум, дар дараи Оқ-тангаи Ӯрогегта, Қабрисгони Шаймаки Помири Шарқӣ ва дигар ҷойҳо ёфт шудаақг..
Хулоса, дар сеяки аввали ҳазорсолаи 1 тг милод оҳан оҳкс-а оҳиста ба ҳастии одамон дохил мешавад. Азхудкушш оҳан рафтз. рафта олоти биринчиро танг мекард. Одамон бо ёрии сяҳо заминҳои нав ба навро азхуд мекарданд, ки боиси тарккиётк қувваҳои истеҳеолкунанда мегардид.
» Ф Л гельс. П&йдоишн оила, молихияти яусуьй ва давлат...,с. 182
19
Гуфтори дуввум
Хоразм, Бохтар ва Суғд - қадимтарин давлатҳои ғуломдорӣ
дар Осиёи Миёна
Нақша:
1. Давлатҳои қадимтарини Осиёи Миёна:
а) Хоразми бузург;
б) Подшоҳии Бохтар;
в) Мамлакати Суғд;
2. Робитаҳои доду гирифти тоифаҳои саҳронишин ва бохтариёну
суғдиёни мукиминишин.
Тоҷикон ва эрониёни имрӯз ба радифи халқҳое дохил мешаванд, ки анъанаҳои хеле қадимаи давлатдорӣ доранд. Ҳанӯз дар ҳазорсолаи Ш қабл аз милод дар ҷанубу гарби Эронзамин давлати Элам ба вуҷуд меояд, ки дар қатори қадимтарин давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон Бобул ва Шом (Ассирия) меистодааст. Дар Эронзамини Шарқӣ, яъне дар ҳавза-дарёҳои Ому, Сир, Мургоб, Теҷан, болооби Ҳинд низ давлат хеле барвақт ба вуҷуд меояд. Дар давраҳои ҳукмронии Виштасп байни асрҳои X - УП пеш аз милод давлат ба маънои томаш бо дастгоҳи мукаммали маъмурӣ ба вуҷуд меояд, ки он подшоҳии Бохтар буд.
Мувофиқи ахбори таърихнависи қадими Юнонӣ Ктесий подшоҳии Бохтар дар давраи қадим, ҳанӯз то ташкил шудани давлати Мод дар асри УШ то милод ва дар вақти мавҷудияти ин давлат дар асри УП то милод вуҷуд доштааст ва он пурзӯру тавоно будааст.
Тибқи ахбори Ҳеродот дар Эронзамини Шарқӣ дар давраҳои қадим то пайдошавии давлатҳои Ҳахоманишиён ва Мод давлате вуҷуд доштааст, ки ба он Хоразмиён роҳбарй мекардаанд. Ва аз сабаби хеле паҳновар буданаш таърихнависон шартан «Хоразми бузург» номидаанд. «Хоразми бузург» қисми зиёди Осиёи Миёнаро ишгол карда, то худуди Марву Ҳиротро дар бар мегирифт. Вале бояд қайд намуд, ки ин давлат дар резшпгоҳи дарёи Ому - дар сарзамини Хоразми имрӯза, Қарокалпокистон ва навоҳии ҳамҷавори он пайдо шудааст ва минбаъд васеъ ва бузург гардидааст.
Тавре ки дар боло зикр гардид, дигар давлати тавонои Эронзамини Шарқӣ - подшохии Бохтар будааст, кн ба хайатн он Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубии имрӯза (водиҳои Хисор ва Вахш, минтақаи Кӯлоб), Бадахшон, кисмн ппшоли Афгоннстон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон дохнл мешуданд.
Олимону мутафаккиронн антнкн Ктеснй, Ҳеродот, Диодот ва дигарон дар бораи хаёти шсгисодню нчтнмон ва сиёсии Бохтар маълумот медиҳанд. Онхо кайд намудадах ки дар асри УШ пеш аз милод дар байни Ассурия ва Бохтар алокдхои иктнсодӣ ва тиҷоратӣ
20
ҷой доштанд. Аз Бохтар ба Ассурия корвони уштурҳо рафтуомад мекардаанд.
Дар борабари тиҷорат, инчунин сарчащмаҳои таърихӣ дар бораи макони канданиҳои фоиданок будани Бохтаристон маълумот додаанд. Яке аз канданиҳои фоиданоки машҳури Бохтар санги лоҷувард буд, ки дар кӯҳҳои Бадахшон, дар ҳазораҳои Ш-П то милод ҳосил карда мешуд. Дар ҳамон замонҳо санги лочувардро то Миср бурда мефурӯхтанд. Лоҷуварди Бадахшон хусусан дар Ассурия арзиши балаад доштааст. Чунин ривояте ҳаст, ки ҷосусони Ассурия ба Бохтар дохил шуда, то ба кӯҳҳои!ючуварди Бадахшон роҳ ёфтаанд.
Ҳеродот бохтариҳоро бо мардуми Бобулистон ва Миср дар як радиф гузошта, таъкид кардааст, ки онҳо куввае буданд, ки ба Куруши Кабир барои ташкил намудани империяи ҷаҳонӣ халал мерасониданд. Сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки Бохтар заминҳои ҳосилхез ва чарогоҳҳои сералаф доштааст, заминҳояш ҳосилхезу обшор ва токзорҳои он меваҳои зиёди ширин медоданд. Бозёфтҳои археологй шаҳодат медиҳанд, ки сокинони шаҳрҳо ба косибй, ҳунармандӣ, заргарӣ, баққолӣ ва гайра машгул буданд.
Хулоса, дар асрҳои УП-У1 то милод дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубй, вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва Шимоли Афғонистон, ки марказаш шаҳри Бохтар дар он чо қарор дошт, бохтариён зиндагӣ мекарданд ва аҷдоди хеле қадими тоҷикон буданд.
Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки пеш аз ҳучуми Ҳахоманишҳо дар Осиёи Миёна давлати Суғд низ вучуд доштааст. Мамлакати Сугд водиҳои Зарафшону_Қашқадарё (вилоятҳои ҳозираи Самарқанд, Бухоро ва Қашқадарёи Узбекистон) ва баъзе ноҳияҳои Точикистони Шимолиро дар бар гирифта, кишвари бой ва шукуфон будасст. Пойтахти Сугдиён шаҳри Мароқанд (Самарқанди ҳозира) ба шумор мерафт.
Тавре ки сарчашмаҳои хаттй ва кашфиётҳои бостоншиносй нишон медиҳанд, мардуми Суғдзамин мисли Бохтариёк ҳаёти мукимиро аз сар гузаронида, ба косибиву ҳунармандӣ, зироатчигй ва боғу токпарварй машғул буданд.
Дар ҳамсоягии ноҳияҳои барзгарон, яъне Бохтариёну Сугдиён бодиянишинони чорводор зиндагй мекарданд, ки дар байни онҳо сакоиҳо ва массагетҳо хеле сершумор буданд. Сакоиҳо асосан дар Помири Шарқй ва дар қисми Шимоли Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Дар байни Суғдиёну Бохтариён ва чодарнишинони чорводор муомилоти оддӣ - молй низ вуҷуд дошт.
Дар интиҳо, бояд зикр намуд, ки ин давлатҳо (Хоразм, Бохтар ва Сугд) барои ташаккули давлати миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овардаанд ва барҳақ Бохтариёну Суғдиён ачдодони қадимтарини бевоситаи мардуми точик ба ҳисоб мераванд.
21
Гуфтори сеюм Осиёи Миёна дар ҳайатг* шоҳаншоҳни Ҳахоманишиём
Нақша: 1„ Куруши Кабир ва таъсиси давлати Ҳахоманишӣ,
Осиёи
-
Ба шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ҳамроҳ карда шудакм Миёна.
-
Ҷанги шоҳаншоҳ Куруш ва маликаи массагетҳо Томирис.
-
Корнамоиҳои чӯпони саккоӣ Шерак ва исёни Маргаёниён
Давлати Ҳахоманишиён соли 550 қабл аз милод дар натиҷаи аз ҷониби Куруши бузург торумор намудани шоҳи давлати Мод Астиаг арзи ҳастӣ менамояд. Номи сулола аз исми саравлоди он Ҳахоман, ки солҳои 700-675 қабл аз милод ҳокими вилояти Форс буд, гирифта шудааст.
Куруш, ки ба таърих чун бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён дохил шудааст, сипас сиёсати забткориро пеш гирифт. Аввал тамоми мулкҳои дар итоати Мод (Мидия) бударо ба худ тобеъ намуда, дар давоми солҳои 547-546 то милод Арманистон, давлати Юнонии Осиёи Хурд Лидияро зери тасарруфи худ даровард. Куруш ба футуҳоти хеш идома бахшида, соли 538 пеш аз милод Бобулистон ва дигар давлатҳои Осиёи Ғарбиро ишғол намуд ва ба аввалин империя, яъне шоҳаншоҳии бузурги Ҳахоманишй асос гузошт.
Баъди ин мувофиқи ахбори Ҳеродот Куруш барои тобеъ намудани Бохтар, Сугд, қабилаҳои саккоӣ ва забти Миср тайёрӣ мебинад. Зарурият ба ёдоварист, ки дар бораи чӣ тавр Осиёи Миёнаро ишғол кардани Куруш таърихнависони юнонӣ маълумоти ниҳоят кам додаанд. Аз ҷумла, Ҳеродот маълумот медиҳад, ки Куруш халқҳои Осиёи Миёнаро пай дар пай ба итоати худ даровард. Дигар таърихнависи юнонӣ Ктесий нақл мекунад, ки Куруш бо Бохтариҳо ҷангид, аммо пирӯз шуда натавонист. Бохтариҳо танҳо баъди фаҳмидани он ки шоҳи Мод (Мидия) Астиаг Курушро вориси қонунии худ эълон кардааст, муқобилиятро бас карда, ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил мешавад. Чаро? Эҳтимол Бохтариҳо муқобилият нишон доданро бар зидди давлати пурзӯру тавонои Ҳахоманишиён беҳуда шумурда, ба ин қарор омада бошанд.
Дар Осиёи Миёна аз ҳама бештар ба Куруш қабилаҳои ҷанговари саҳронишини канори шимолии ин минтақа - массагетҳо муқобилият нишон додаанд. Маҳз аз ҳамин сабаб ҷанги Курушро бо маликаи массагетҳо Томирис бисёр таърихнависони юнони қадим хеле муфассал нақл кардаанд. (Ин мавзӯъ дар дарси амалӣ васеъ ҳаллу фасл хоҳад гардид).
22
Таърихнигор Ктесий хабар медиҳад, ки Куруш пеш аз маргаш сатрапҳои (ҳокимони) Порт, Бохтар ва Хоразмро таъин карда буд. Аз ин ахбор маълум мешавад, ки Куруш то ҷанг бо массагетҳо тамоми вилоятҳои дигари Осиёи Миёнаро то сарҳади Шимолй ва Шарқии он ишгол карда, ба давлати худ ҳамроҳ карда будааст. Киропол (Курушкада) ном доштани пойтахти Уструшанаи қадим низ далели дурусти ин фикр аст. Аз ахбори муаррихони Юнонӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки як қисми вилоятҳои Осиёи Миёна ихтиёран ва қисми дигарашон маҷбуран ба Куруш тобеъ шудаанд, Аммо ҷангҳои Куруш дар Осиёи Миёна бо маънои томаш истилогарона набуда, бештар хусусияти ҷангҳои дохилиро доштанд. Мақсади асосии ин ҷангҳо дар ҳайати як давлат муттаҳид кардани халқҳои эронӣ буд.
Ҳалокати Куруш ва шикасти форсҳо дар муҳориба бо массагетҳо вориси тахт Камбиз (530-522 пеш аз милод)-ро маҷбур сохт ҳуҷуми худро ба Миср ба таъхир андохта, барои ором кардани вазъият дар сарҳади Шимолии Осиёи Миёна чораҳои зарурӣ андешад (аз ҷумла ба Камбиз муяссар шуд, ки сакоиҳоро мутеи худ гардонад. Шояд сакоиҳо муқобилиятро бар зидди давлати тавонои Ҳахоманишиён беҳуда дониста ихтиёран таслим шуда бошанд). Танҳо баъди ором кардани вазъият дар сарҳади Шимолии Осиёи Миёна Камбиз дар соли 526 ба Миср ҳуҷум карда, онро забт намуд ва ба давлати худ ҳамроҳ кард; як қисми шимолии Ҳабашистонро ҳам ишгол намуд.
Камбиз чор сол дар Миср монд. Аз набудани вай истифода бурда, моҳи марти соли 522 мӯъбаде бо номи Гаумата худро бародари Камбиз Бардия гуфта, даъвои тахти шоҳӣ мекунад. Дар асл Камбиз бародараш Бардияро кушта буд, аммо касе аз ин кор огоҳ набуд. Баробари хабари шӯриши Гаумата - Бардияро шунидан Камбиз аз Миср ба сӯи Эрон равон мешавад, аммо дар роҳ ногаҳон вафот мекунад. Баъди расидани хабари марги Камбиз Бардияи дурӯғин худро шоҳ эълон мекунад. Вале ҳукмронии ӯ ҳам дер давом накард. Ашрофони Форс 29 сентябри соли 522 сӯиқасд карда Бардияро куштанд ва Дорои 1 (522-486)-ро, ки аз авлоди Ҳахоманишиён буд, шоҳ эълон мекунанд.
Дар давраи Дорои 1 шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён хеле вусъат меёбад. Ба ҳайати он тамоми Эрон, Осиёи Миёна то сарҳади Хитой ва Ҳинд, Бобул, Ассирия, Осиёи Хурд, як қисми Кавказ, Миср, Либия ва Шимоли Ҳабашистон дохил мешуданд. Бояд зикр намуд, ки баробари ба сари ҳокимият омадани Дорои 1 дар сарзаминҳои тоҷикон мавҷи щӯришҳо авҷ гирифт. Маргиёниён соли ба сари кудрат омадани Дорои 1-ро бо шӯриши дар таърихи Шарқи Миёна калонтарин, ки сарвараш лашкаркаш Фрада буд, «ҷашн» гирифтанд. Бо фармони Дорои 1 сатрапи Бохтар Додаршиш 55243 нафар шӯришгаронро кушт ва 6572 нафари онҳоро асир гирифт. Ин воқеаи хунин 10-уми декабри соли 522
23
рух дода буд. Ин рақамҳои бузург нишонгари он аст, ки чӣ тавр аҷдоди мо баҳри озодӣ қурбонии калоне додааст.
Дигар . намунаи барҷастаи . қаҳрамонии аҷдодони тоҷикон корнамоии саиси сакоӣ Шерак алайҳи истилогарони хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки сакоиҳо бар зидди Ҳахоманишиён ҷасурона меҷангиданд. Шерак барои аз форсҳо қасос гирифтан бо пешвоёни сакоиҳо маслиҳат карда, гӯшу биниҳояшро бурида, ба чанд ҷои баданаш корд зада, ҳамчун гуреза ба қароргоҳи Дорои 1 омад. Вай арз кард, ки ҳамқавмҳояш ӯро маъюб карданд, мехоҳад аз онҳо қасос бигирад. У ба Доро қавл дод, ки лашкарй Форсҳоро ба роҳи қӯлай ба сари сакоиҳои гафлатзада хоҳад бурд. Форсҳо ба Шерак бовар карданд. Пас аз ҳафтшабонарӯзӣ дар биёбони гарми беобу дарахт гаштан ва тамом шудани обу хӯрока сирри Шерак фош гардид. Форсҳо ӯро ба қатл расониданд. Пеш аз қатл ба саволи яке аз лашкаркашони форс дар бораи он ки чй Шеракро маҷбур сохт то подшоҳи бузург Дороро фиреб диҳад, ватандӯсти шӯълавар ҷавоб дод, ки бо ҳамин роҳ ҳамдиёрони худро наҷот диҳад ва форсҳоро ба ҳалокат расонад. Агар борон намеборид, тамоми лашкари Доро несту нобуд мегардид, яъне мӯъҷиза рух дод.
Хулоса, Бохтар, Суғд, Порт ва Хоразм қисми муҳими шоҳаншоҳии Ҳахоманишиёнро ташкил менамуданд. Ҳар сатрапия (дар Осиёи Миёна чор сатрапия ташкил шуда буд), яъне вилоят ба хазинаи марказии шоҳаншоҳӣ андози муқарраршуда месупорид, барои иҷрои хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва иштирок дар ҷангҳо ба ихтиёри ҳукумати марказӣ дастаҳои сипоҳиёнро равона мекард.
Ин шоҳаншоҳӣ бо ҳамлаи Искандари Македонӣ дар солҳои 30-юми асри 1У қабл аз милод аз байн меравад.
24
Гуфтори чаҳорум Лашкаркашиҳои Искандари Македонӣ ба Шарқ
Нақша:
-
Ба тахт нишастани Искандари Макдунӣ ва сиёсати пешгирифтаи ӯ.
-
Авзои сиёсии шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ дар арафаи ҳуҷуми лашкари Юнону Макдуниҳо.
-
Лашкаркашиҳои Искандар ба Шарқ ва пирӯзиҳои ӯ.
-
Муборизаи Бес алайҳи истилогарони Юнону Македонӣ ва барор нагирифтани он.
Дар аҳди салтанати Филипппи П (солҳои 359-336 қабл аз милод) Македония, ки дар Шимоли Юнон ҷойгир буд, аз ҷиҳати иқтисодй ва ҳарбӣ хеле пурзӯр мегардад. Ба Филиппи П муяссар гардид, ки қисмати муҳими Юнонро ба тасарруфи худ дароварад. (с. 337 қабл аз милод). Ҳамон сол Филипп ба муқобили Форс ҷанг эълон кард. Соли 336 қабл аз милод қӯшуни 10 ҳазор нафараи Филшш бар зидди Форсҳо дар Осиёи Хурд амалиёти ҷангӣ сар кард. Вале дар ҳамин вақт Филипп аз дасти посбони шахсии худ кушта шуд, ки дар ташкил кардани он эҳтимол форсҳо низ буданд.
Баъди марги ногаҳонии Филшш писари бистсолааш Искандар, ки дар таърих бо номи Искандари Македонй (Макдунӣ) ва дар ривоятҳои мардуми Шарқ Искандари Зулқарнайн машҳур гардидааст, ба тахт нишаст. Искандар сиёсати ҷангҷӯёнаи падарашро идома дода, бар зидди давлати Ҳахоманишиён тайёрии ҳаматарафа мебинад. Пеш аз ҳама вай мисли падараш ба ташкил ва такмили қӯшун, усули ҷанг ва яроқу аслиҳаи ҷанговарон аҳамияти калон медиҳад.
Искандар тавассути ҷосусонаш аз вазъияти ноустувори давлати Ҳахоманишиён ба хубӣ огоҳ гардида буд.
/ Дар ҳақиқат, зарурият ба едоварист, ки ҷангҳои бетанаффус, низоъҳои сулолавӣ ва табаддулотҳои дарборӣ ҳокимияти марказии Ҳахоманишиёнро сусту ноустувор гардонида буданд. Тараққиёти иқтисодии сатрапияҳои (вилоятҳои) алоҳида, қӯшишҳои истиқлолиятхоҳии онҳоро пурзӯр намуда буд, оммаи халқ бар зидци зулму асорати Ҳахоманишиён мунтазам мубориза мебурданд, пай дар пай шӯру ошӯбҳо ба амал меомаданд.
Ана дар чунин як вазъияти ногувор Искандар баъди тадорукоти дусола соли 334 то милод бо 5 ҳазор ҷанговарони савора ва 30 ҳачор пиёдагард аз гулӯгоҳи Дарданел гузашта ҷангро дар Осиёи Хурд, ки қаламрави давлати Ҳахоманишиён буд, оғоз мекунад2. (таърихнависи
2 Таърихи халки точик - китоби якум. Дар зери таҳрири умумии академик Н.Неъматов, «Сарпараст». Душанбе, 2003, с.93
25
тоҷик Н.Турсунов чунин рақамҳоро пеш меорад: 7 ҳазор аспсаворон ва 40 ҳазор пиёданизомиён; қӯшуни Ҳахоманишиён 40 ҳазор аспсаворон, 1 миллион пиёдагардҳо, 200 аробаи дучархаи ҷангӣ ва 15 сар филҳои размӣ)3.
Рақамҳои дар боло оварда шуда собит менамоянд, ки аз ҷиҳати шумораи ҷанговарон Ҳахоманишиён афзалият доштанд.
Вале задухӯрдҳои аввалини Юнону Македониҳо ва форсҳо сусту нотавонии давлати Ҳахоманишиёнро нишон дод. Дар ду муҳорибаи асосй дар назди шаҳри Граник (майи соли 334 пеш аз милод) ва шаҳри Исса (тирамоҳи соли 333 пеш аз милод) лашкари эрониён ба шикасти сахт дучор шуданд. Аммо Искандар баъди ин галабаҳо жбора ба маркази давлати Ҳахоманишиён ҳуҷум накарда, ба самти ҷануб лаб-лаби соҳили баҳр ҳаракат карда, аввал Сирия, Фаластин, Финикия ва Мисрро забт кард. Аз баҳр дастаи киштиҳои ҷангӣ ӯро дастгирӣ мекарданд. Дар суръати яку якбора ба маркази шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ҳуҷум кардан, эрониён дар ҷанги зидди ТОнону Македониҳо метавонистанд аз нерӯҳои ҳарбии кишварҳои нбмбурда ва махсусан Миср истифода баранд. Искандар аввал ин минтақаҳоро забт карда эрониёнро аз чунин имконият маҳрум кард. Баъди Мисрро забт кардан, Искандар баҳори соли 331 пеш аз милод ба қисмати марказии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба тарафи Бобул равон мешавад.
Ниҳоят 1-уми октябри соли 331 пеш аз милод дар наздикии деҳаи Гавгамел дар шимоли Байнаннаҳрайн лашкари Юнону Македониҳо ва лашкари Ҳахоманишиён рӯ ба рӯ мешаванд. Дар байни онҳо задухӯрди шадиду хунин ба амал меояд. Дар огоз гоҳо Юнону Македониҳо ва гоҳо Эрониҳо пеш рафта пирӯз мешуданд, аммо ҳеҷ кадом тараф наметавонист комилан ғолиб шавад. Дар охир Искандар тамоми қувваҳояшро сафарбар намуда, ба муваффақиятҳои ҷузъӣ ноил мегардад. Ба он нигоҳ накарда эрониён мардонавор меҷангиданд ва ҳатто пеш ҳам мерафтанд. Аммо Дорои Ш ба ҷои то охир истодагарӣ кардан ва рӯҳияи ҷангии лашкарро баланд бардоштан, дар лаҳзаи ҳалкунандаи задухӯрд аз муваффақиятҳои ҷузъП ва муваққатии Искандар ба воҳима афтода майдони муҳорибаро тарк кард. Хабари аз майдони ҷанг гурехтани Доро барқвор дар байни лашкар паҳн гардида, ҷанговаронро ба изтироб оварда, рӯҳияи ҷангии онҳоро шикаст. Ҷанговарони эронӣ, ки ба ғалаба наздик буданд, саросемавор аз пушти шоҳи тарсончаку буздили худ қафо баргаштанд. Задухӯрд бо айби шоҳи беҷуръату беистеъдод Дорои Ш бо галабаи пурраи Юнону македониҳо ба анҷом расид. Ин охирин задухӯрди калону ҳалкунандаи байни лашкари Юнону Македониҳо ва лашкари Ҳахоманишиён буд.
3 Турсунов Н. Таърихи тоҷикон. Хуҷанд, 2001, с.169
26
Ҷанг бо галабаи пурраи Исканндар анҷом ёфт, вале ӯ бо ин қаноат накарда, аз паи дастгир кардани Доро афтод. Искандар подшоҳи Ҳахоманишиёнро, ки ба самти шимолу шарқ фирор мекард, таъқиб намуд. Дорои Ш аввал ба шаҳри Эрбатан (Ҳамадони асримиёнагӣ), сонӣ ба Рог (Райи асримиёнагӣ) ва ниҳоят ба Маргиёон (Марв) мегурезад. Дар рафти таъқиби Доро Искандар муқобилияти ҷиддие надида, шаҳрҳои марказии Ҳахоманишиён - Бобул, Тахти Ҷамшед, Истахр, Шош, Экбатан ва гайраро ишгол намуда, ғаниматҳои беҳадду хисоб ба даст медарорад.
Дар ҳамин вақг аз сустиродагӣ ва бемаҳоратии Дорои Ш сатрапҳо ва сарлашкарони бонуфуз норозй шуда, бар зидди ӯ шӯриш мебардоранд. Ба шӯриш ҳокими Бохтар - Бесс роҳбарй мекард. Ва ниҳоят, сардорони шӯриш Дороро ҳабс карда зиндон мекунанд ва сипас ба қатл мерасонанд (Марв. 330 пеш аз милод). Бессро, ки хеши Доро ва аз авлоди Ҳахоманишиён буд, шоҳ эълон мекунанд.
Бояд гуфт, ки сарлашкарон ва ҷанговарон-умед доштанд, ки Бесс мисли хешаш Дорои Ш тарсончакӣ зоҳир накарда, сатрапҳои Эрони шарқиро дар атрофи худ ҷамъ карда пеши роҳи истилогарони Юнону македониро мегирад. Бесс баъди ба Бохтар омаданаш халқро ҷамъ карда ваъда дод, ки кишварро аз истилогарон ҳимоят хоҳад кард ва барои муқовимати зидди истилогарони Юнону македонй ба ҷамъ кардани қувва пардохт. Аммо ҳодисоти минбаъд рухдода, нишон доданд, ки дар беҷуръатӣ ва бемаҳоратӣ Бесс аз хеши худ Дорои Ш чандон фарқи калон надоштааст.
Искандар вилоятҳои Гуркон, Ориё (вилояти имрӯзаи Ҳирот) ва Портро ишғол карда ба Шарқ - ба Бохтар ҳаракат накарда ба тарафи Ҷануб меравад. У вилоятҳои ҷануби Афғонистонро, ки дар он ҷойҳо низ зоҳиран тарафдорони Бесс мавҷуд буданд забт карда, ба воситаи агбаи Ҳиндукуш роҳи Шимолро пеш гирифт ва ба Бохтар ҳуҷум кард. Дар ин вақг дар ихтиёри Бесс 7 ё 8 ҳазор бохтариҳои мусаллаҳ ва боз чанд даста сарбозони дигар буданд. Вале ин дафъа ҳам тарсончакӣ карда бар зидди Юнону македониҳо ягон амалиёт намекунад ва аз дарёи Окс (Амударё) гузашта, ба Бохтари ин сӯи Амударё, яъне ба Осиёи Миёна (ба Сугд) мегурезад.
Ҷанговарони бохтарй, ки ҳамроҳи Бесс ба Суғд нагурехта пароканда шуда буданд, ба хонаҳояшон баргаштаанд. Ин рафтори тарсончаконаи Бесс бохтариёнро рӯҳафтода карда, ба Юнону македониён имконият дод, ки муқобилияти Бохтариёни боқимондаре бартараф карда, пойтахти Бохтарро ба осонӣ ишғол намоянд ва ба тарафи Амударё аз паси Бесс равон шаванд. Искандар ба соҳили Амударё расида дар давоми 5 рӯз лашкарашро ба он тарафи дарё гузаронд. Дар ин ҷо низ Бесс барои пеши роҳи истилогаронро гирифтан ягон чорае надид.
Do'stlaringiz bilan baham: |