С. Хӯҷақулов
|
–Номзади фанҳои филология, доценти ДДС
|
Муқарризон:
Д.Ҳазратқулова
|
–Доктори фанҳои филологӣ, профессори ДДС
|
Д.Бобоева
|
–Номзади фанҳои филологӣ, дотсенти ИТС
|
Дастури таълимии фан дарҷамъомади Шўрои илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд муҳокима гардида тавсия карда шудааст. (2019____ февраль баённомаи рақами № __).
Рӯзмаррагии дастур ва мавқеи он дар таълими касбии олӣ
Моҳияти дастури таълимии фанни «Таърихи адабиёти ҷаҳон» барои толибилмони факултетҳои филологияи тоҷик дар он аст, ки онҳо бояд ҳангоми омўхтани таърихи адабиёти тоҷик муштаракй, ҳамбастагӣ, таъсир ва равобити онро бо адабиёти халқҳои гуногуни ҷаҳон дарк намуда мавқеи адабиёти тойикро дар он муайян кунанд. Фанни «Таърихи адабиёти ҷаҳон» бояд барои муайян намудани мавқеи адиб дар чамъият, дар ҳамаи асру замонҳо ғояи маърифй - маънавй доштани асарҳои вай, пайваста бо фарзанди замони худ будан барои чамъияти инсонӣ асарҳои човидона эҷод кардани ў хизмат намояд. Дар ҷараёни омўхтани адабиёти минтақа, гурўҳ ва ё халқҳои чудогона равобити онҳо бо адабиёти тоҷику ўзбек вобаста карда мешавад. Инчунин дастури мазкур барои амиқу дақиқ фаҳмидани таърихи ташаккули адабиёти халқҳои ҷаҳон ҳамчун дастуруламал хизмат хоҳад кард.
Мақсад ва вазифаҳои фанни таълимй
Мақсад аз омўхтани фанни «Таърихи адабиёти халқҳои ҷаҳон» аз ҷониби донишҷӯёни факултаҳои филологияӣ иборат аз он аст, ки толибилмон бояд оиди таърихи ташаккули адабиёти ҷаҳон ва давраҳои рушди он, асосҳои назарии илми адабиёти дунё шиносо гарданд, дар бораи хусусиятҳои муҳимтарини адабиёти халқҳои ҷаҳон, асарҳо ва дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон маълумот дошта, дар таҳлили асарҳои бадеӣ малакаи муайянро соҳиб бошанд. Вазифаи фанни «Таърихи адабиёти ҷаҳон» аз инҳо иборат аст:
ба мутахассисон – филологҳои оянда доир ба таърихи ташаккул ва инкишофи адабиёти халқҳои гуногуни олам – аз эҷодиёти даҳонакии халқ, афсонаву асотирҳои Юнони қадим сар карда, то адабиёти имрўза – замони инкишофи илму техникаи муқтадир маълумот додан;
дар асоси дастовардҳои беҳтарин адибони халқҳои гуногуни олам оиди пайдоиш ва инкишофи чинс ва жанрҳои адабӣ, равия, ҷараён ва услубҳои эҷоди бадей дониши онҳоро нисбати таърихи тараққиёти адабиёти ҷаҳонӣ афзудан;
мавқеи адабиёти бадеиро дар инкишофи тафаккури миллӣ ва маънавию фарҳангӣ муайян намуда, онро дар мисоли асарҳои адибоне, ки аз чониби башарият эътироф шудааст, фаҳмонидан. Талаботи асосй аз рӯи фанни таълимї: Донишчўён дар ҷараёни таълими фан бояд дар бораи:
Дар бораи моҳияти ба минтақаҳо, гурўҳҳо, марҳилаҳо тақсим карда омўхтани адабиёти ҷаҳон; таърихи пайдоиш ва инкишофи адабиёти ҷаҳон; пайдоиш ва инкишофи жанрҳо ва чинсҳои адабӣ; муайян намудани равия, ҷараён ва услубҳои эҷодӣ ва мавқеи онҳо дар инкишофи адабиёти умумҷаҳонӣ ба тасаввуроти муайян сощиб бошанд:
Дар хусуси мавқеи адабиёти бадей дар инкишофи маърифат ва маънавияти мардум дар асру замонҳои гуногунро бояд донад; адабиёти бадей ва ташаккули тафаккури миллӣ пайваста бо ғояҳои истиқлоли миллӣ ба донишҳои назарӣ соҳиб бошанд.
Адабиёти тоҷик ва адабиёти халқҳои ҷаҳонро дар партави робита бо адабиёти халқҳои ҷаҳон дар ташаккули инсони комили замони мо, осори вакилони адабиёти дунёро ва ғояҳои мӯҳташаму мукаммали онҳоро дар амал татбиқ намояд:
Дар асоси таҳлили асарҳои адибони гуногуни ҷаҳон муайян намудани мавзўъ ва ғояи асар; мавқеи муаллифи он дар чамъият; аҳамияти асар барои хонандагони имрўза ба тачрибаҳои зарурӣ соҳиб бошад.
Do'stlaringiz bilan baham: |