ТОЖИК ТИЛИ ВА АДАБИЁТИ ФАНИДАН ТЕСТ САВОЛЛАРИ
№
Саволҳо
Ҷавоби 1
Ҷавоби 2
Ҷавоби 3
Ҷавоби 4
Дараҷа
1.
Кадом адиб оиди маданияти сухан чунин гуфтааст: «Бо қатъияити тамом бояд гӯем, ки маданияти сухани тоҷикӣ дар ягон давру замон чун имрӯз паст нарафта буд» он кист, муайян кунед?
М. Шукуров
Р. Ғаффоров
С. Ҳошимов
Б. Камолиддинов
2
2.
Суханҳои зерин: «Байтҳои боқимондаи «Офариннома» аз ҷиҳати пайдарпайии фикр мураккаб нестанд, маълум мешавад, ки ба тариқи интихоб мондааст. Аз ин асар гоҳ тасвири эпикии шахсу ҳаёт ба назар меояд, гоҳ панд ва гоҳ муҳокимаи ҳакимонаи ҳаёт ва бештари онро панду ахлоқ ташкил медиҳад» ба қалами кадом адабиётшинос тааллуқ дорад?
Холиқ Мирзозода
Атахон Сайфуллоев
Юрий Бобоев
Абдуманнон Насриддинов
2
3.
Дар ҷумлаи соддаи дутаркиба бо шакли пурраи сифати феълии замони гузашта ифода ёфтани хабар (рафтагӣ) хоси кадом услуб аст, вале шакли нақлии феъл дар услуби китобӣ маълум аст?
Хоси услуби гуфтугӯӣ аст
Хоси услуби илмӣ аст
Хоси услуби расмӣ-коргузорӣ аст
Хоси услуби рӯзноманигорӣ аст
1
4.
Кадом адиб ба муносибати ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро эҷод мекунад, ки ин асар дар Эрон чоп шуда, пас сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ мегардад?
Меҳмон Бахтӣ
Мӯъмин Қаноат
Сотим Улуғзода
Холиқ Мирзозода
2
5.
Муаллифи суханҳои зерин: «Алфоз қаволиби маъниҳост. То лафз хуш наояд, маънии баланд аз вай сар барназанад» -ро муайян кунед?
Аҳмади Дониш
Садриддин Айнӣ
Ҷалол Икромӣ
Муҳаммадҷон Шукуров
2
6.
Номи асари «Қобуснома» - и Унсурулмаолии Кайковус аз номи кӣ гирифта шудааст?
Аз номи бобояш Қобус
Аз номи падараш Қобусшоҳи Усмонӣ
Аз номи устодаш Ҳабиби Яғмоӣ Қобус
Аз номи тазкиранавис Ризоқулихони Ҳидоят
2
7.
Яке аз сабабҳои дорои хусусиятҳои услубӣ будани ҳиссачаҳо ба масъалаи чӣ вобаста аст?
Ба масъалаи муродифҳо
Ба масъалаи оммонимҳо
Ба масъалаи антонимҳо
Ба масъалаи пасояндҳо
3
8.
Суханҳои зерин: «Мӯъмин Қаноат сифатҳои модарро пайиҳам номбар намекунад, балки тамоми диққаташро ба як нукта ҷамъ кардааст. Ӯ мехоҳад, ки меҳри бузургвори модарро васф кунад ва нишон диҳад, ки модар фарзандони худро ба чи тариқ бузургӣ омӯхт, чӣ тавр ... бо меҳр парварда забардаст кард» ба қалами кадом адабиёшинос тааллуқ дорад, муайян кунед?
Муҳаммадҷон Шукуров
Соҳиб Табаров
Тӯрақул Зеҳнӣ
Юсуф Акобиров
2
9.
Ҳунари сухандонию сухансанҷӣ дар тамаддуни мардуми форсизабон таърихи қадима дошта, ба ин маънӣ кадом адиб чунин гуфтааст: «Метавон гуфт аз ҳамон рӯзгоре, ки сухан пайдоиш гирифта, сухансанҷӣ низ ба вуҷуд омадааст» он кист, муайян кунед?
Ҳоҷӣ Муҳаммад Кошонӣ
Баҳриддин Камолиддинов
Муҳаммадҷон Шукуров
Садриддин Айнӣ
3
10.
Муаллифи суханҳои зерин: «Саъдӣ комилтарин нобиғаест, ки рӯзгор дар шеъру адаб парварида ва агар падари пири фалак бисёр ҳам сабр кунад, модари гетӣ чун ӯ фарзанд натавонад зод», ки ба Саъдии Шерозӣ бахшида шудааст, он кист муайян кунед?
Ҳабиби Яғмоӣ
Зиёпошшои Усмонӣ
Ризоқулихони Ҳидоят
Абулфатҳи Бустӣ
2
11.
Ҳиссачаи «оре», ки муродифи «ҳа» мебошад, ба кадом навъи услуб тааллуқ доштанашро муайян кунед?
Услуби китобӣ
Услуби илмӣ
Услуби расми-коргузорӣ
Услуби рӯзноманигорӣ
2
12.
Кадом адиби бузург дар бораи повести «Одамони кӯҳна»-и Фазлиддин Муҳаммадиев чунин гуфтааст: «дар повести «Одамони кӯҳна» хуштабъии ин нависанда ҳадду канор надорад, маҳдудият ва худдориро намедонад, хаёлоти ӯ нозук, рангин ва баландпарвоз аст», муаллифи суханҳои болоиро муайян кунед?
Муҳаммадҷон Шукуров
Ҷӯра Бақозода
Соҳиб Табаров
Юсуф Акобиров
2
13.
Аз нестӣ ба ҳастӣ овардан, эҷод кардан, сохта ва пардохтани чизеро, ки то ҳол ба миён наомадааст, онро чӣ мегӯянд?
Офариниш
Ҳусни баён
Меъёри адабӣ
Латофати табъ
3
14.
Муаллифи суханҳои зерин: «Агар мақсад аз меҳнати адабӣ нафъи омма бошад, ҳар сухани «Бӯстон» як дурри ноёб – як гавҳар ва ҳар байташ як хазина аст» ба қалами кадом донишманд мансуб аст, муайян кунед?
Зиёпошшои Усмонӣ
Абулфатҳи Бустӣ
Ҳабиби Яғмоӣ
Ризоқулихони Ҳидоят
3
15.
Тобишҳои ҳиссӣ – муассирӣ тавассути бо зарфҳо васл шудани кадом пасвандҳо падид меоянд?
Пасвандҳои
-ак (-ек),
- акак (-екак)
-она, -вор
Пасвандҳои
-ча, -ича, -ак
(-як), -акак
(-якак)
Пасвандҳои
- зор, - истон
Пасвандҳои - он (- гон, - ён,
- вон)
1
16.
Ҷалол Икромӣ дар кадом асараш: “Дар бораи зиддиятҳои синфӣ, саргузашти пурфоҷиаи қаҳрамонаш Саидро бо камоли маҳорат ба тасвир мегирад. Тасвири ҷузъиёти маишию психологӣ дар ин асар равшан аст. Дар ин замина нависанда мекӯшад, ки муносибатҳои нави заҳматкашону ҷомеа ва ҷараёни ташаккули руҳияи заҳматкашон, аз ҷумла, коргаронро нишон диҳад” он кадом асар аст муайян кунед?
«Тирмор»
«Шодӣ»
«Ман гунаҳкорам»
«Зоғҳои бадмур»
2
17.
Ба нияти таъсир ба рӯҳия ва қалби шунаванда гуфта мешавад ва муассиру дилпазир аст, ба кадом навъи сухан мансуб аст?
Сухани ороста
Сухани воло
Сухани ҳамосӣ
Сухани содда
3
18.
Кадом нависанда аввалин бор санъати саҷъро дар асарҳои худ васеъ корбаст намуда, ин санъатро дар насри форсӣ-тоҷикӣ ҷорӣ намудааст?
Хоҷа Абдуллоҳи Ансории Ҳиротӣ
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Унсурулмаолии Кайковус
Шайх Абулҳасани Харақонӣ
1
19.
Имконоти услубии феъл дар чӣ зоҳир мегардад?
Дар шахсу шумора
Дар пешванду пасоянд
Дар пешоянду пасванд
Дар исму сифат
3
20.
Сотим Улуғзода дар фаолияти тарҷимониаш нахустин асари кадом адибро тарҷума кардааст?
«Ғурмагас»-и Э.Л. Войнич
«Рӯ ба рӯ кардан»-и Тур
«Хизматгори ду хоҷа»-и Голдонӣ
«Модар»-и М.Горкий
3
21.
Барои барангехтани эҳсосот ва ба ҳаяҷон овардани шунавандагон эрод мешавад, ба кадом навъи сухан дохил мешавад?
Сухани воло ва ҳамосӣ
Сухани сохта
Сухани мураккаб
Сухани содда
2
22.
Кадом қиссахоне ҳикоятҳои ширини парокандаи «Самаки айёр»-ро ҷамъ намуда, қиссаи бузурге тартиб додааст?
Садақа бинни Абулқосим
Парвиз Нотили Хонларӣ
Алихони Орзу
Шайх Абулҳасани Харақонӣ
2
23.
Хусусиятҳои услубии ҷонишин дар услубҳои муошират (гуфтугӯӣ) ва кадом услуб бештар падид меоянд?
Услуби бадеӣ
Услуби илмӣ
Услуби расмӣ-коргузорӣ
Услуби рӯзноманигоӣ
1
24.
Суханҳои зерин ба қалами кадом адиби машҳур тааллуқ дорад: «…ҳавас доштам, ки бо сиёҳӣ нависам, лекин дар интернат сиёҳӣ набуд. Рӯзе аз рӯзҳо ман, ҳамчуноне ки чанде пеш дар деҳа карда будам, нони ҳар пагоҳ дар интернат мегирифтагиамро сарфа намуда, дар ду рӯз ду нон зиёд кардам ва баъд онро назди баққол бурда ба сиёҳӣ иваз намудам...» муаллифи ин суханҳо кист, муайян кунед?
Сотим Улуғзода
Садриддин Айнӣ
Мирзо Турсунзода
Ҷалол Икромӣ
1
25.
Истилоҳи меъёр дар забоншиносӣ одатан ба чанд маънӣ фаҳмида мешавад?
Ба ду маънӣ
Ба се маънӣ
Ба як маънӣ
Ба чор маънӣ
3
26.
Муаллифи суханҳои зерин: «Дар ин қиссаҳо ҳеҷ як иштироккунандаи бадкирдор (манфӣ) беҷазо намемонад ва инчунин қаҳрамононе, ки хонанда ба онҳо муҳаббат пайдо карда, ба болои тақдири онҳо ларзида меистад, бисёр таҳлукаҳои фоҷионаро аз сар гузаронда, ба муроду мақсадашон мерасанд» кист, муайян кунед?
Садриддин Айнӣ
Ҷалол Икромӣ
Наҷмиддин Комилов
Абдулғанӣ Мирзоев
1
27.
Тобишҳои услубӣ дар сифатҳо тавассути кадом пасвандҳои шаклсоз падид меоянд?
- ак (- як),
- акак (- якак)
- он (- гон,
- ён, - вон)
-ча, -ича
– ҳо, - он
1
28.
Кадом адиб силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон»-и Мирзо Турсунзодаро яке аз муҳимтарин асарҳои замони мо номида, Расул Ғамзатов сабаби шӯҳрати онро «ба шеърияти баланд ва эҳсосоти самимии он, ки аз ғами мардуми ҷабрдидаи ҳинд ва фахри кишвари хеш сар задааст», нисбат медиҳад?
Самад Вурғун
Чингиз Айтматов
Муҳаммадҷон Шакурӣ
Файз Аҳмади Файз
3
29.
Суханҳои зерин: «Моҳияти ҳама гуна забони адабӣ дар танзиму пойдории он аён мегардад» ба қалами кадом забоншинос тааллуқ дорад?
Л. Шерба
Б. Камолиддинов
Т. Зеҳнӣ
Р. Ғаффоров
2
30.
Повест аз кадом калима гирифта шуда, чӣ маъноро ифода мекунад?
Калимаи русӣ, маънояш ривоят, гуфтор, қисса
Калимаи юнонӣ, маънояш афсона, ҳикоя, шугун
Калимаи туркӣ, маънояш матал, суханронӣ, нақл
Калимаи форсӣ, маънояш роман, пешгуфтор, асотир
3
31.
Хусусиятҳои услубии сифат дар воситаҳои ифодаи дараҷаи олӣ бо кадом пасвандҳои шаклсоз зоҳир мегардад?
Пасвандҳои шаклсози - ак (- як), - акак
(-якак
Пасвандҳои шаклсози - он (- гон, - ён,
- вон)
Пасвандҳои шаклсози - ча,
- ича
Пасвандҳои шаклсози - ҳо ва - он
1
32.
Ҳабиб Юсуфӣ дар ҳаммуаллифии Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ кадом асарашро эҷод намудааст?
«Оби ҳаёт»
«Роҳи нотамом»
«Лаҳзаи хурсандии ман»
«Сатрҳои нотамом»
2
33.
Кадом навъи пасвандҳои шаклсоз ба исмҳо васл шуда, на танҳо хурдиву навозишро ифода мекунанд, балки дорои тобишҳои ҳиссӣ–муассирии дӯстдорӣ, тамасхур, нописандӣ, беэътиноӣ ва таҳқир низ мебошанд?
Пасвандҳои шаклсози -ча,
-ича, -ак (-як),
-акак (-якак)
Пасвандҳои шаклсози - ҳо ва - он
Пасвандҳои шаклсози - он (- гон, - ён,
- вон)
Пасвандҳои шаклсози - от ва артикли - е
1
34.
Фаридуддини Аттор зинаҳои камолоти рӯҳӣ ва пок кардани қалбро аз чанд водии маънавӣ иборат медонад?
Аз ҳафт водии маънавӣ
Аз ҳашт водии маънавӣ
Аз чор водии маънавӣ
Аз шаш водии маънавӣ
2
35.
Ҳангоми риоя накардани мақоми овозӣ дар талаффузи баъзе овозҳо ғалатҳо содир мегарданд, ки онҳо боиси костани чӣ мегарданд?
Ҳусни баён
Офариниш
Меъёри адабӣ
Латофати табъ
1
36.
Кадом адабиётшинос қасидаи «Кремл»-и Абулқосим Лоҳутиро «аз беҳтарин асарҳои назми солҳои бистум» таъбир карда, онро муфассалан таҳлил ва бо «Харобаҳои Мадоин» муқоиса мекунад?
Атахон Сайфуллоев
Муҳаммадҷон Шукуров
Раҳим Ҳошим
Хуршеда Отахонова
3
37.
Бо ёрии чӣ, ҷумла мазмуни ахбор, пурсиш ва фармоиш пайдо мекунад, бо воситаи тасниф ҷумла ба фосилаҳо ҷудо шуда ба таҷзияи сомони маъно замина фароҳам меоварад?
Оҳанг
Латофати табъ
Ҳусни баён
Пешояндҳо
3
38.
Аввалин намунаҳои шеъри сӯфиёна ба кадом адиб мансуб дониста мешавад?
Боязиди Бастомӣ
Фаридуддини Аттор
Абдуллоҳи Ансорӣ
Аҳмади Яссавӣ
3
39.
Яке аз талаботи маданияти сухан дар калимаҳои ҳамнишин сабуку равон ва озоду равшан талаффуз шудани чӣ мебошад?
Овозҳои нутқ
Садонокҳо
Латофати табъ
Ҳамсадоҳо
2
40.
Кадом қиссаи Абдулҳамид Самад яке аз асарҳои дилангези ӯ буда, дар он лавҳаҳои зебои зиндагӣ ва ормонҳои дирӯзу имрӯзи зиндагӣ дар симои Шариф-паҳлавон, зани вай, Фарҳод, Зикамоҳ ва дигарон бо камоли ҳунар таҷассум ёфтаанд?
«Аспи бобом»
«Паррончакҳо»
«Баъд аз сари падар»
«Косаи давр»
2
41.
Дастури забон як қисми илми забоншиносӣ буда, аз чанд соҳа ва чиҳо иборат аст?
Аз ду соҳа, сарф (морфология) ва наҳв (синтаксис)
Аз ду соҳа, овозшиносӣ (фонетика) ва наҳв (синтаксис)
Аз як соҳа, луғатшиносӣ (лексикология)
Аз як соҳа, аломатҳои китобатӣ (пунктуатсия)
2
42.
Ба сифати шоири соҳибдевони адабиёти тасаввуфии форсу тоҷик кадом адиби тасаввуф эътироф гардидааст?
Бобо Кӯҳӣ
Саноӣ
Муҳаммад Ғаззолӣ
Фаридуддини Аттор
3
Do'stlaringiz bilan baham: |