Тожик тили ва адабиёти фанидан тест саволлари № Саволҳо Ҷавоби 1 Ҷавоби 2



Download 55,43 Kb.
bet3/3
Sana24.02.2022
Hajmi55,43 Kb.
#242471
1   2   3
Bog'liq
2 5316700755422350216

59.
Экзотизм калимаи юнонӣ буда, чӣ маъноро ифода мекунад?
Бегона, хориҷӣ
Рафиқ, дӯст
Ҳамсоя, наздик
Дур, ҳамсоя
2
60.
Оиди таҳлили ҳикояи Баҳманёр кадом адиб мулоҳизаи ҷолиби худро баён карда мегӯяд: «тавассути навиштаҳои Баҳманёр табиат аз як воситаи муқаррарӣ, як воситаи санҷиши инсон, ба объекти муҳими тасвири тадқиқи бадеии зиндагӣ ва олами ботинии инсон табдил ёфта истодааст», он кист муайян кунед?
Абдухолиқ Набиев
Меҳмон Бахтӣ
Низом Нурҷонов
Раҳим Мусулмонқулов
2
61.
Тавассути кадом пасванд дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳам исмҳои гуногун ва ҳам сифатҳои нисбӣ сохта мешаванд?
Пасванди - ӣ
Пасванди - зор
Пасванди - истон
Пасванди - ча
1
62.
Девони ашъори Аттори Нишопурӣ беш аз чанд ғазалро дар бар мегирад?
Беш аз 873 ғазалро
Беш аз 837 ғазалро
Беш аз 673 ғазалро
Беш аз 773 ғазалро
1
63.
Дар услубиёти сермаъноӣ кадом намуди калимаҳо қобилияти дақиқ ифода кардани мафҳумро дошта, онҳо дар тадқиқи масъалаҳои нозуки илмӣ ба кор меоянд?
Калимаҳои якмаъно
Калимаҳои семаъно
Калимаҳои думаъно
Калимаҳои чормаъно
2
64.
Суханҳои зерин ба қалами кадом адиб тааллуқ дорад, ки чунин гуфтааст: «Сурудҳои Меҳмон Бахтӣ яке аз муҳимтарин омилҳои худогоҳии халқ ва бедории ифтихори миллии тоҷикон мегарданд. Дар онҳо болоравии тафаккури таърихии ҳамватанон ва ифтихормандӣ аз аҷдоди бузурги худ мушоҳида мешавад»?
Атахон Сайфуллоев
Худоӣ Шарифов
Абдулҳамид Самад
Низом Нурҷонов
1
65.
Тавассути кадом пасванд дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳам исмҳои гуногун ва ҳам сифатҳои нисбӣ сохта мешаванд?
Пасванди - ӣ
Пасванди - зор
Пасванди
- истон
Пасванди - ча
1
66.
Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро» осори назмии кадом адибро наздик ба 250 ҳазор байт медонад?
Атторро
Саноиро
Мавлавиро
Ҷомиро
2
67.
Агар ҳамгунаҳо дар навишт ҳамгуна шаванд онро чӣ меноманд?
Навишторӣ (омограф)
Овозӣ (омофон)
Нақл кардан (рассказыват)
Баён кардан (изложит)
1
68.
Кадом қиссаи Абдулҳамил Самадро Муҳаммадҷон Шакурӣ ҷолиби диққат унвон карда, Ҷӯрахон Бақозода бошад, таълифи ин қиссаро «дар эҷодиёти адиб як навъ таҳаввули ҷиддӣ» ё як навъ «ҷаҳиши сифатӣ» шинохтаанд?
«Баъд аз сари падар»
«Косаи давр»
«Сарлашкар»
«Гардиши девбод»
1
69.
Калимаҳои аслан кадом забоне, ки дар вазнҳои тафъил ва тафаъул омадаанд, дар забони тоҷикӣ исмҳои амаланд?
Калимаҳои аслан арабӣ
Калимаҳои аслан тоҷикӣ
Калимаҳои аслан форсӣ
Калимаҳои аслан туркӣ
1
70.
Алишер Навоӣ дар «Насоим-ул-муҳаббат» ашъори Атторро тахминан ба чанд ҳазор байт мерасад гуфта таъкид кардааст?
120 ҳазор байт
1200 ҳазор байт
220 ҳазор байт
102 ҳазор байт
1
71.
Ҳамгунаҳо мисли калимаҳои сермаъно дар услубҳои бадеӣ, рӯзноманигорӣ ва муошират ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ дар кадом намуди санъати бадеӣ истифода мешаванд?
Таҷнис
Талмеҳ
Ташхис
Ташбеҳ
2
72.
Кадом адабиётшинос ба китоби «Аспи обӣ»-и Баҳманёр тақриз навишта, аз ҷумла таъкид карда буд, ки «боиси диққати ҷиддии адиб ба экология барои соҳибдилон маълум: торафт хароб шудани муҳити табиӣ. Оё инҳо нишони харобӣ нестанд, ки ҳаво торафт ғализ мешавад, об торафт бештар заҳролуд мегардад, ба полезу боғот торафт зиёдтар дору мезанем. Обанборҳои азим месозем... Адиб ҳам ба табиат аз чандин ҷониб нигаристааст: онро ба одобу ахлоқ, ба урфу русуми аҷдодӣ, ба саодати имрӯзию фардоӣ, ба тансиҳатию умрдарозӣ ва ғайраю ҳоказо пайвастааст»?
Раҳим Мусулмонқулов
Тӯрақул Зеҳнӣ
Хуршеда Отахонова
Раҳим Ҳошим
1
73.
Воситаҳое, ки сарфи назар аз мақсадҳои мушаххас, навобаста аз хоҳишу ҳиссиёти одамон дар шуури мо ҷой дорад забон буда, вале воҳидҳои забоние, ки чун воситаи муошират барои ифодаи мақсадҳои мушаххаси ҳар фард истифода мешаванд, чӣ ном дорад?
Нутқ
Забон
Нутқи хаттӣ
Ҳиҷо
1
74.
Қисмати аввали китоби «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттор бо Ҷаъфари Содиқ оғоз гардида, бо кадом шахс ба поён мерасад?
Мансури Ҳаллоҷ
Имом Муҳаммади Боқир
Ҳотами Той
Иброҳими Хаввос
3
75.
Дар кадом навъи муродифҳо на танҳо мафҳумҳои ашё, аломат ва амалу ҳолат, балки баҳои мусбат ё манфие ҳам ифода меёбад, ки онро сарбории маънои ҳиссӣ ё обуранги ҳиссии мусбат ё манфии калимаҳо меноманд?
Муродифҳои луғавӣ
Муродифҳои шевагӣ
Антонимҳои луғавӣ
Омонимҳои луғавӣ
1
76.
Кадом адиб бо устод Айнӣ вохӯрданашро дар як асари худ нависта чунин мегӯяд: «Ман одамеро, ки ба Айнӣ баробар шуда тавонад, надидаам», он кист муайян кунед?
Сарвари Гӯё
Ҳаким Карим
Раҳим Ҳошим
Тӯрақул Зеҳнӣ
2
77.
Нутқе, ки мувофиқи меъёрҳои ҷорӣ, меъёрҳои мақбули умум гуфта ё навишта мешавад, чӣ ном дорад?
Нутқи дуруст
Нутқи муносиб
Нутқи бамантиқ
Нутқи муассир
2
78.
Дар қисмати чандуми «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттор роҷеъ ба рӯзгор ва фаъолияти 25 нафар авлиё маълумот дода шудааст, ки ҳамагӣ 97 нафарро ташкил дода, дар байни онҳо зикри як нафар зан – Робияи Адвия низ ҳаст?
Дар қисмати дуввум
Дар қисмати якум
Дар қисмати сеюм
Дар қисмати чорум
2
79.
Дар санъати суолу ҷавоб бештар кадом калимаҳо серистеъмол мебошанд, ки пас аз онҳо ду нуқта, тире ва савол, тире ва нуқта, тире ва хитоб гузошта мешавад?
Гуфт, гуфто, гуфтам, гуфтамаш, гуфтанд
Дид, дидам, дидамаш, диданд
Рафт, рафто, рафтам, рафтамаш, рафтанд
Нишаст, нишастам, ӯ нишаст, нишастанд
1
80.
Кадом адиб дар мисоли баъзе шеърҳои Фарзона мушоҳида кардааст, ки дар шеъри ӯ «фазои ирфонӣ-мазҳабии тоза ҷараён дорад»?
Алиасғари Шеърдӯст
Саид Нафисӣ
Мӯъмин Қаноат
Лоиқ Шералӣ
2
81.
Нутқе, ки дар асоси риояи комили маънои калима, ибора ва ҷумлаҳо ба вуқӯъ пайвастааст, ба кадом навъи нутқ мансуб аст?
Нутқи дақиқ
Нутқи муассир
Нутқи муносиб ва бамаврид
Нутқи бамантиқ
1
82.
Бори аввал кадом котиб асари «Самаки айёр»-ро китобат кардааст?
Фаромурз бинни Худодод
Шайх Абулҳасани Харақонӣ
Парвиз Нотили Хонларӣ
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
2
83.
Кадом намуди услуб маълумоти дақиқро ба тариқи хаттӣ ифода карда, бо ёрии ҷумлаҳои соддаи пурраи хабарӣ, ҷумлаҳои мураккаби пайвасту тобеъ, ки дар таркибашон ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда, сабаб, мақсад, шарт ва хилоф доранд, ифода меёбад?
Услуби расмӣ
Услуби китобӣ
Услуби илмӣ
Услуби бадеӣ
1
84.
Кадом адиб дар шеъри «Дареғо»-и худ аз хидматҳои бузурги Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров ёд карда, мавқеияти шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангиро дар пешрафти халқу ватан таъкид менамояд, он кист муайян кунед?
Меҳмон Бахтӣ
Фарзона

Мӯъмин Қаноат


Гулрухсор
2
85.
Нутқе, ки калима, ибора ва ҷумлаҳои он байни ҳам аз ҷиҳати маънӣ сахт марбут буда, якҷоя мазмуни муайянеро далолат мекунанд, ба тоифаи кадом нутқ дохил мешаванд?
Нутқи бамантиқ
Нутқи бемантиқ
Нутқи муассир
Нутқи дақиқ
1
86.
Суханҳои зерин: «... агар касе дар ҳикоёти «Гулистон» аз назари арӯз диққат кунад, сатре нест, ки мисраи тамом ё нотамом дар он набинад ва ҳеҷ насре дар Араб ва Аҷам ин сифат надорад ва ин ҳунар худ хоси Саъдист» ба қалами кадом адиб тааллуқ дорад?
Маликушуарои Баҳор
Алихони Орзу
Увайс ибни Одам
Дейл Корнегӣ
1
87.
Дар кадом намуди услуб луғатҳои сиёсию иҷтимоӣ, калимаю истилоҳоти хоси одобу ахлоқи ҷомеа, соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, маориф, илму фарҳанг ба тарзи фаровон кор фармуда мешаванд?
Услуби публитсистӣ
Услуби рӯзноманигорӣ
Услуби расмии коргузорӣ
Услуби гуфтугӯӣ
1
88.
Дар ҳошияи яке аз байти Лоҳутӣ кадом шоири суханшинос навишта буд, ки «дар ин сухан такаллуф ва таоруфи шарқӣ нест. Бемуболиға устод Абулқосим Лоҳутӣ ҳамчун сар ва афсари инқилоби Эрон ин ҷо роҳи сипардаи худ ва маромномаи шоиронаи худро бо хуни дил, бо забони оташ ва бо забони теғдор дар саҳифаи рӯзгор сабт кардааст...» он кист муайян кунед?
Мӯъмин Қаноат
Лоиқ Шералӣ
Мирзо Турсунзода
Садриддин Айнӣ
1
89.
Нутқе, ки на фақат ба фаҳм, балки ба ҳиссиёт низ таъсир мебахшад, ба кадом намуди нутқ тааллуқ дорад?
Нутқи муассир
Нутқи бамантиқ
Нутқи дақиқ
Нутқи муносиб ва бамаврид
1
90.
Кадом адиб соли 1285 ҳиҷрии қамарӣ «Қобуснома»-ро тасҳеҳ намуда, ба он муқаддимае навишта, бо иловаи асари Амир Темур – «Тузуки Темурӣ» ба нашр расондааст?
Ризоқулихони Ҳидоят
Зиёпошшои Усмонӣ
Ҳабиби Яғмоӣ
Абулфатҳи Бустӣ
2
91.
Кадом намуди услуб ба ду шохаи калон – шохаи марбут ба илмҳои табиию дақиқ ва илмҳои иҷтимоӣ ҷудо мешавад?
Услуби илмӣ
Услуби рузноманигорӣ
Услуби гуфтугӯӣ
Услуби расмии коргузорӣ
1
92.
Кадом шоир менависад, ки шеъри «Чи шуд, ки...»-ро «ман дар аввали соли 1924, ки ҳақиқатан бадбахтона дар гирдоби фалокати нэпманӣ гирифтор будам ва инро ҳеҷ гоҳ пинҳон накардаам ва бештарини рафиқон ҳам медонанд...навишта будам»?
Пайрав Сулаймонӣ
Мирзо Турсунзода
Садриддин Айнӣ
Мӯъмин Қаноат
1
93.
Ҳолати рӯҳӣ ва ҳиссиёту ҳаяҷоне, ки ба воситаҳои гуногуни забонӣ ифода карда мешавад, дар услубшиносӣ чӣ ном дорад?
Мафҳуми ҳиссӣ-муассирӣ
Услуби гуфтугӯӣ (гуфторӣ)
Услуби расмӣ – коргузорӣ
Услуби публитсистӣ (рӯзноманигорӣ)
1
94.
Ҳикояе аз «Гулистон»-и Саъдӣ дар «Оини зиндагӣ» ном асари кадом адиб низ мавҷуд аст, ки дар равоншиносии муосир аз он ба тариқи тамсил истифода бурдааст, ки қаҳрамони сужети он худи Саъдӣ мебошад?
Дейл Корнегӣ
Алихони Орзу

Увайс ибни Одам


Маликушуарои Баҳор
1
95.
Нутқе, ки мувофиқи шароит ва муносиби ҳоли мухотаб таҳрир ё адо мегардад, ба кадом навъии нутқ мансуб аст?
Нутқи муносиб ва бамаврид
Нутқи муассир
Нутқи бамантиқ
Нутқи дақиқ
1
96.
Ба пайбурди адабиётшинос Юсуф Акобиров «ин иқрори гуноҳ набуда, худ бадтар аз гуноҳ буд. Ӯ ин иқрорномаро барои он навишта буд, ки агар фардо сиёҳпӯшон барои ба ҳабс маҳкум карданаш оянд, ба онҳо «тавба»-и хешро нишон хоҳад дод ва хоҳад гуфт, ки ман гуноҳ кардаму гуноҳҳоямро ба гардан гирифта, ислоҳ мешавам», сухан дар бораи кадом шоир меравад, муайян кунед?
Пайрав Сулаймонӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Садриддин Айнӣ


Бозор Собир
1
97.
Кадом навъи забон вазифаи худро чун воситаи мубодилаи афкори одамон ба тарзи шифоҳӣ ва хаттӣ иҷро мекунад?
Забони адабӣ
Забони лаҳҷагӣ
Забони шевагӣ
Забони иқтибосӣ
2
98.
Ҷалолиддини Румӣ вақте ки бо аъзои оила ҷилои ватан мекунад, дар роҳ бо ҳамон мӯйсафеди дар хоб дидааш рӯбарӯ шуда, аз дасти ӯ кадом китобашро мегирад, он кадом асар буда, мӯйсафед чӣ ном дорад, муайян кунед?
«Асрорнома»-и Шайх Фаридуддини Аттор
«Табақот-ус-сӯфия»-и Абдуллоҳи Ансорӣ
«Кашф-ул-маҳҷуб»-и Абулҳасани Ҳуҷвирӣ
«Рисолаи қушайрия»-и Абулқосими Қушайрӣ
1
99.
Яке аз шохаҳои муҳимтарини услуби китобӣ кадом услуб ба ҳисоб меравад?
Услуби илмӣ
Услуби рузноманигорӣ
Услуби расмии коргузорӣ
Услуби гуфтугӯӣ
1
100.
Ҳабиб Юсуфӣ охирин шеъре, ки дар майдони набард, дар муҳорибаи Ленинград (Санкт-Петербург) соли 1943 навиштааст, чӣ ном дорад, ки 16 банд дошта, дар архиви пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Республикаи Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад?
«Лаҳзаи хурсандии ман
«Роҳи нотамом»
«Муҳаббат ва ҳақиқат»
«Ишқи Ватан»
2

Тӯғри жавоблар: “ Ҷавоби 1” га берилган.




Download 55,43 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish