Моддаи 109. Ба худкушӣ расондан
1) Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси
ҷабрдида ба худкушӣ ё сўиқасди худкушӣ расонидани шахс, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор нисбати шахсе,ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад
ё ин ки дар ҳаққи ноболиғ содир шудааст,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 110. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
1) Қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад ё
боиси нобино, гунг, кар шудан ё талаф додани ягон узви бадан гардидааст ё аз кор мондани ин узв,
қатъ гардидани ҳомиладорӣ ё дар бадсуратии ислоҳнопазири рўй ифода ёфтааст, инчунин
расонидани зарари дигар ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок мебошад ё боиси харобшавии зиёди
саломатии марбут бо аз даст додани на камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ гардидаст ё
гунаҳгор баръало медонист, ки он боиси пурра аз даст додани қобилияти меҳнатии касбӣ ё бемории
рўҳӣ, нашъамандӣ ва ё токсикомания мегардад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар он:
а) нисбати ду ва ё зиёда
шахсон
;
б) нисбати шахс ё наздикони ў вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро
намудани ў;
в) нисбати шахси баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў
барои гунаҳгор аён аст;
г) нисбати шахси рабудашуда ё гаравгон;
д) хориҷ карда шудааст;
д) бо бераҳмии махсус;
е) бо усули хатари умумидошта;
ж) аз ҷониби гурўҳи
шахсон
ё гурўҳи
шахсон
бо маслиҳати пешакӣ;
з) дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ;
и) бо нияти ғаразнок ё бо кирояи зархаридон;
к) бо ҳиссиёти авбошона;
л) бо мақсади рўйпўш намудани ҷинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин
марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;
м) бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ , нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқом;
н) бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида;
о) такроран ё аз ҷониби
шахсон
и қаблан барои одамкушӣ маҳкумшуда содир гардидааст, ба
истиснои кирдорҳои пешбининамудаи моддаҳои 105, 106 ва 107 ҳамин Кодекс,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ва мусодираи
молу мулк
ё
бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар онҳо:
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
б) дар ҳолати рецидиви хавфнок содир гардида бошанд;
в) аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ва мусодираи молу мулк
ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №451).
Do'stlaringiz bilan baham: |