Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон



Download 1,54 Mb.
Pdf ko'rish
bet148/200
Sana23.02.2022
Hajmi1,54 Mb.
#131210
TuriКодекс
1   ...   144   145   146   147   148   149   150   151   ...   200
Bog'liq
Penal Code tg

Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон 
1) Камтар чен кардан, кам баркашидан, кам додани бақияи пул, гумроҳ кардани 
истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкунӣ ё сифати маҳсулот (хизматрасонӣ) ё дигар 
навъи фиреб додани истеъмолкунандагон дар корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, ки ба
фурўши молу маҳсулот ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғуланд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандон ба 
миқдори назаррас содир шуда бошанд; ‐
бо ҷарима ба андозаи то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба
мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. 
2) Ҳамин кирдор, агар: 
а) аз ҷониби гурўҳи 
шахсон
бо маслиҳати пешакӣ; 
б) ба миқдори калон; 
в) аз ҷониби шахсе, ки қаблан барои фиреби истеъмолкунандагон суд шудааст, содир шуда
бошад,‐


бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои 
муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. 
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар: 
б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил; 
а) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли 
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода 
мешавад. 
Эзоҳ: Фиреби истеъмолкунандагон 
ҳангоме ба миқдори назаррас содиршуда шумурда 
мешавад, ки агар зарари ба истеъмолкунандагон расонидашуда аз даҳяки нишондиҳанда барои 
ҳисобҳо бештар, ба миқдори калон бошад ‐ аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад, 
ба миқдори махсусан калон аз панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. 
Моддаи 295. Сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва 
дигар ташкилотҳо 
1) Аз ҷониби кормандони ташкилоти тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо истифода намудани 
ваколатҳои фармонфармоӣ ё дигар ваколатҳои идоравӣ бар хилофи манфиатҳои ин ташкилотҳо ва 
бо мақсади ба даст овардани фоида ва бартарӣ барои худ ё барои дигарон ё расонидани зарар ба 
шахсони дигар, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона, ҷамъият ё
давлат зарари ҷиддӣ расонда бошад, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо
ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода 
мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617) 
2) Ҳамин кирдор агар боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,‐
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои 
ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617) 
Эзоҳ: 1) Таҳти мафҳуми кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо дар моддаи 
мазкур 
шахсон
е дар назар дошта шудаанд, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё мутобиқи ваколати 
махсус вазифаи фармонфармоӣ ё дигар вазифаи идоравиро дар ташкилоти тиҷоратӣ сарфи назар 
аз шакли моликият ва инчунин дар ташкилоти ғайритиҷоратӣ, ки мақоми ҳокимияти давлатӣ 
намебошанд, анҷом медиҳанд. 
2) Агар кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда танҳо ба ташкилоти тиҷоратӣ, ки
ташкилоти давлатӣ намебошад, зарар расонида бошад, таъқиби ҷиноятӣ аз рўи аризаи ҳамин
ташкилот ё бо розигии он оғоз карда мешавад. Ҳангоми расонидани зарар ба дигар ташкилот, 
инчунин ба манфиати шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат ‐ таъқиби ҷиноятӣ дар асосҳои умумӣ ба амал 
бароварда мешавад. 

Download 1,54 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   144   145   146   147   148   149   150   151   ...   200




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish