Мавзўи Предмети омӯзиш ва вазифаҳои фан. Мавќеи геополитикї ва таќсимоти маъмурию сиёсии Љумњурии Тољикистон Наќша



Download 1,42 Mb.
bet64/70
Sana25.06.2022
Hajmi1,42 Mb.
#704195
1   ...   60   61   62   63   64   65   66   67   ...   70
Bog'liq
ктм (1)

Ноњияи иқтисодии Суѓд. Ноњияи иќтисодии Суѓд марзи воњиди маъмурии вилояти Суѓдро дарбар гирифта, дар ќисми шимолии љумњурї чойгир шудааст. Ин ноҳияииқтисодӣводиидарёиСирвадоманакӯҳҳои атрофи онро дарбар мегирад. Ноњияи иќтисодии Суѓд аз ѓарб, шимол ва шимолу шарќ бо Ўзбекистон, аз љанубу шарќ бо Ќирѓизистон ва аз љануб бо ноњияњои иќтисодии Њисор (љанубу ѓарб) ва ноњияи иќтисодии Рашт (љанубу шарќ) њамњудуд аст. Масоњати ноњияи иќтисодї 25,2 њазор км квадратї буда, 17,8% марзи љумњуриро ташкил медињад. Ањолии ин ноњияи иќтисодї дар њолати 1 – уми январи соли 2018 2690,5 њазор нафар буда, 29,2% ањолии Тољикистонро ташкил медињад.
Релефи ин ноњияи иќтисодї бештар њамвор буда, танњо дар канорањои шимолї (ќаторкўњњои Ќурама ва Меваѓул) ва љанубии вай (системаи кўњии Њисору Олой) кўњњо дида мешаванд.
Канораи шимолии ноњияи иќтисодии Суѓдро қаторкўњњњои Қурама (нишебињои љанубї) ва Мевағул (Муғул) ишғол кардаанд, ки ба системаи кўњии Тёншони Ғарбї дохил мешавад. Қаторкўњњои Қурама аз шимолу шарқба љанубу ғарб 170 км тўлкашида, ба њамин самт паст шуда меояд ва то њамвории дашти Дилварзин оњиста- оњиста паст шуда ва њамвор шуда меравад. Љои аз њама баланди қаторкўњ қуллаи Бобои об (3768 м ) мебошад, ки дар қисмати шимолу шарќиион љойгир шудааст. Қисми љанубу ғарбии қаторкўњ номи Қаромазорро гирифтааст. Ағбањои қаторкўњ барои рафтуомад қулай (мусоид) мебошад. Пешкўњњои қаторкўњ њамворињои моил мебошад. Дар самти љанубии қаторкўњ кўњњои на он қадар баланди (теппањои ) Оқчоп, Оқбел ваСупедоғмављуд аст.
Расми 22.
НоҳияииқтисодииСуғд.



Дар љанубу ғарбии қаторкўњи Қурама кўњњои Муғул љойгир шудааст, ки дашти Мирзоравот онњоро аз њам људо мекунад. Баландии мутлақи Муғул 1623 м (қуллаиМузбек) буда, қад – қади дарёи Сир 40 км тўл кашидааст. Дар ин љо захирањои зиёди канданињои фоиданоки металлї махфуз аст. Аксарияти конњо полиметаллї мебошанд.
Дар ноњияи иќтисодии Суѓд байни қаторкўњхои Қурама ва Мевағул аз шимол ва қаторкўњњои Туркистон ва Олойаз љануб води Фарғона љойгир шудааст. Баландии водии Фарғона аз сатњи бањр дар љазирањо ва обғалтњои дарёи Сир 300 -320 м буда, дар пешкўњњо аз 800 то 1000 м мерасад. Дарёи Сир водиро ба ду қисм: соњили чап ва рост тақсим мекунад. Водии Фарѓона калонтарин минтаќаи њамвории натанњо вилояти Суѓд, балки тамоми Тољикистон буда, минтаќаи асосии рушди соњаи кишоварзиву чорводорї ва саноат ба њисоб меравад.
Ќисмати љанубии ноњияи иќтисодии Суѓдро қаторкўњњои Туркистон, Зарафшон, Олой (канораи ѓарбї) ва Њисор (нишебињои шимолї), ишғол кардаанд. Қаторкўњњо арзї тўл кашида, бо води дарёњои Зарафшон, Яғноб, Искандардарё, Фондарё људо шудаанд. Баландии аксарияти қуллањо аз 5000 м зиёд аст. Қуллањояш ростфаромада ва нўгтезанд. Водии дарёњо дарањои танг ва чуқурро њосил кардаанд, ки онхо хоси релефи алпї мебошад. Танњо дарёи Зарафшон дар наздикии қишлоқи Урметан води васеъ дорад, ки терассањоро њосил карда, барои киштукор мувофиќ аст.
Дар ин ќаторкўњњо захирањои зиёди металњои ранга, ангишт, масолењи бинокорї ва ѓайрањо мављуданд. Ин минтақа инчунин минтақаи туристї ва рекреатсионї ба њисоб меравад.
Иќлими ноњия хушк ва континенталї буда, вобаста ба дарачаи баландии мањал тагйир меёбад. Олами набототаш гуногун аст: аз набототи биёбонї (дар поён) то марѓзорхои алпию субалпї, ки дар баландии зиёда аз 2500 м љойгиранд (чун чарогох истифода мешаванд). Дар ин љо дар водињо хоки хокистарї бо зернавъњои худ ва дар миёнакўњњо хокњои љигарии кўњї пањн шуда
Обњои дохилии вилояти Суѓдро шабакаи дарёњо, обанборњо, пиряхњо ва обњои зеризаминї ташкил медињанд. Дар територияи вилоят њамасола ба њисоби миёна 5,6 км. куб. љараён шакл мегирад. Дарёњои калонтарини вилоят Сир ва шохобњои он Исфара, Исфана, Хољабоќирѓон, Оќсу ва Зарафшон бо шохобњояш ба њисоб мераванд. Љараёни миёнасолонаи дарёи Зарафшон 15,1 км. кубӣ ва дарёи Сир 4,8 км. кубиро ташкил медињад. Дар вилоят 8 кўл бо масоњати умумии 7,2 км мураббаъ ва се обанбор: Бањри тољик, Фарњод ва Каттасой мављуд аст. Аз љињати масоњат обанбори Бањри тољик калонтарин дар водии Фарѓона буда, 513 км мурабаъро ишѓол кардааст. Вай дар баландии 375 метр аз сатњи бањр љойгир шуда, дарозиаш 65 км ва бараш 20 км мебошад. Обанбори мазкур танзими љараёни мавсимии дарёро бо маќсади обёрикунии водии Фарѓона, дашти Дилварзин ва дашти Гурусна таъмин менамояд.
Кўли калонтарини пайдоиши бандшуда доштаи вилоят Искандаркўл мебошад. Масоњати он 3 км. мурабаъ ва чуќуриаш 70 метр аст. Дар кўњњои Фон боз якчанд кўлњои зебо љойгир шудаанд. Ноњияи иќтисодии Суѓд аз љињати захирањои обї ва гидроэнергетикї аз дигар ноњияињои иќтисодї камбаѓалтар аст.
Хоҷагӣ. ДартӯлисолҳоиҲокимияти Шуравӣдархоҷагии халқи ноҳияииқтисодииСуғдтағйиротикуллӣбаамаломад. ДарноҳияииқтисодииСуғд соҳаҳоисаноатисабуквахурокворӣтараққӣкардаанд. Иловабариндарноҳиячунинсоҳаҳоисаноат, азқабилимошинсозӣ, коркарди металл, маъдан, масолеҳисохтмонривоҷ ёфтаанд. Дар заминаи сарватҳоизеризаминӣкомбинатҳоимаъдани Адрасмон ва Анзоб кор мекунанд. Дар ноҳияистихроҷи ангишт (Шуроб), нефт (Нефтобод, Айритон), намак (Қамишқӯрғон) вамасолехибинокорӣбароҳмондашудааст. Корхонаҳоисаноатисабук (комбинатҳоиабрешимвақолинбофӣ) ва хурокворӣ (ордкашӣ, равғанкашӣ, консерваи мева) ҷойгир шудаанд.
Кишоварзӣазсоҳаҳоизериниборатаст: пахтакорӣ, боғдорӣ, тамокукорӣвачорводорӣ. Инкишофипахтакорӣвабоғдорӣбаобёрӣниёз дорад. Заминҳоасосаназдарёҳои куҳӣ (Оқсу, Хоҷабоқирхон, Исфара) таввассути канал ва истгоҳҳоиобкашӣобёрӣ карда мешаванд. Дар боѓоти ин ноњияи иқтисодӣзардолу, шафтолу, себ, нокпарвариш меёбанд. Яке аз соҳаҳои асосии зироаткорӣ токдорӣаст (асосан навъхои ангури мавизбоб ва хурокӣ). Кишмиши сиёҳ ва сафеди Истаравшан шӯҳрати беандоза дорад.
Дар водии Зарафшон қисми зиёди боғотрозардолузорҳоишғолмекунанд. Навъҳоизардолуимаҳаллиифалғарӣ, мирсанчалӣ, моҳтобииноҳияииқтисодииСуғд дар натиҷаи корам шудани даштҳои Ашти калон, Дилварзин, Маҳрамвағайразиёдшудаистодааст. Баҳриинкишофи минбаъдаи кишоварзӣбехтарнамуданиҳолатимелиоративиизаминватаъминутаҷдиди иншоотҳои обёрӣаҳамияти калон дорад.
Дар солҳои охир дар вилоят саноати сабук аз ҳисоби коркарди пахта бо ҳамкории ширкатҳои хориҷӣ афзуда истодааст. Ҳоло дар шаҳри Истаравшан фабрикаи кешбофӣ (трикотажӣ), истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ дар шаҳри Конибодом, корхонаҳои муштараки «Кабоол-Тоҷик-Текстайлз», «Ҷавонӣ», «Сано», «Хуҷандатлас», рӯймолҳои пашмини «Зарбофи» дар шаҳри Хуҷанд ва дигарон кор карда истодаанд.
Вилояти Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо нақлиёт хуб таъмин аст. Дарозии роҳҳои вилоят 3255 км ё худ 22,7%-и роҳҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Ноҳияи иқтисодии Суғдро аз рӯи равияҳои тахассуси хоҷагӣ ва дигар фарқиятҳо ба 5 зерноҳияи хурди иқтисодӣ тақсим мекунанд:
1.Хуҷанд (н.Б.Ғафуров, Спитамен, Ҷ.Расулов, шаҳри Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум
2.Конибодом(ш.Конибодом, Исфара)
З.Истаравшан (Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон, н.Зафаробод)
4.Қурама (Мастчоҳ, Табошар ва шаҳракҳои кўҳканҳо)
5.3арафшон (н.Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ).
Дар айни ҳол хоҷагии халқи ин зерноҳияҳо бисёрсоҳа буда, дараҷаи инкишофи иқтисодии онҳо якхела нест. Зерноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан хуб тараққӣ карда, зерноҳияҳои Зарафшон, Қурамаояндадор мебошанд. Минбаъд водии Зарафшон ба таври комплексӣ тараққӣ хоҳад кард. Дар солҳои охир дар харитаи вилоят шаҳраки кўҳканҳо бо номи Зарнисор (Олтин-Топкан) аз нав пайдо шуд.
Дар вилоят 48 корхонаҳои саноатии калон, 140 корхонаҳои хурд фаъолият мебаранд. Ин корхонаҳо аз рўи 50 намуд маҳсулотҳо истеҳсол мекунанд.
Дар вилоят минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташкил карда шудааст. Ба ихтиёри он 18 корхона ва муассисаҳои иқтисодӣ фаъолият мебаранд.

Download 1,42 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   60   61   62   63   64   65   66   67   ...   70




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish