Тамоми дастовардҳои моддию маънавие, ки инсон дар тӯли фаъолияти дуру дарози таърихии худ ба вуҷуд овардааст, маданият ва ё фарҳанг номида мешавад. Ҳаммаънои “ маданият “ “ култура “ аст ва аз рӯи моҳият ҳар ду дар як поя меистанд. “ Култура “ калимаи лотинӣ буда, маънои “ кишт кардан “ , “ зироаткорӣ намудан “ , “ парваришу тарбия “ ва “ парваридану рӯёнидан “ – ро дорад.
Истилоҳи маданият чӣ маънӣ дорад? Маданият аслан калимаи арабӣ буда, маънои шаҳрдорӣ, яъне сокини шаҳр ва шаҳрвандро дорад.
Дар мамлакатҳои Шарқ тарзи зисти шаҳриёнро бо мафҳуми маданият ва тамаддун ҳаммаъно медонистанд.
Истилоҳи “ Фарҳанг “ бошад аввалин маротиба дар китоби дини зардуштиён “ Авесто “ ёдоварӣ мешавад ва аз ду бахш “ фар “ ва “ ҳанг “ иборат буда, бахши “ фар “ маънои комёбиҳои давраи пеш, бахши “ ҳанг “ маънои овардан ва ё аз насл ба насл гузаштани комёбиҳои даврви пешро дорад.
Мавзӯи 2. Ду мӯъҷизаи Шарқи Қадим
Шарқи Қадим тамаддунеро, ки дар ҳазорсолаи V11 – 1V то милод аз Миср то Хитою Эрон ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст, дар бар мегирад. Гаҳвора ё оғозкардаи тамаддуни инсонӣ маҳз Шарқи Қадим ба ҳисоб меравад. Шарқи Қадим бисёр фарҳанги қадима ва нотакрор дорад, ки аз дидани он кас чашм канда наметавонад. Бисёртар мӯъҷизаҳои Шарқи Қадим аҷибанд, ки мехоҳам дар бораи ду мӯъҷизаи ба ҳама шиноси ин сарзамин суханронӣ карда бошам.
1.Тоҷ – Маҳал ( ё Тоҷи Қаср) – дар Аграи Ҳиндустон дар соҳили дарёи Ҷомна ҷойгир шудааст. Тоҷ – Маҳал дар асоси фармони авлоди Темуриён подшоҳи империяи Бобуриҳо Шоҳ – Ҷаҳон ба хотири зани дӯстдоштааш сохта шудааст. Кори сохтмонӣ солҳи 1632 таҳти роҳбарии меъморсоз устод Аҳмади Лоҳури оғоз гардида, соли 1653 бино ба пуррагӣ сохта шудааст. Аз сабаби оне, ки сохтмони биноро соли 1632 оғоз кардаанд, барои ҳамин ин сол дар таърих ҳамчун оғози сохтмони бино асос ёфтааст.
Расми 1. Шоҳ – Ҷаҳон ( аз рост ) ва ҳамсараш ( аз чап)
Тоҷ – Маҳал ( ҳамчунин Тоҷ ) – яке аз меъмории хуби муғулҳо, ҳиндуҳо, эрониҳо ва арабҳо мебошад. Барои он ки дар сохтмони ин бинои таърихию фарҳангӣ ҳамаи онҳо асос гузоштаанд. Соли 1983 бо қарори ЮНЕСКО Тоҷ – Маҳал ҳамчун макони таърихиву фарҳангӣ ва объекти асосии ЮНЕСКО эълон гардид.
Новобаста ба он, ки санги сафеди қаср дар замони ҳозира он қадар диққатҷалбкунанда набошад ҳам, тарзи сохти он касро ба ҳайрат меоварад. Барои сохтмони ин бинои таърихӣ зиёда аз 20000 коргар ҷалб карда шудаанд.
Дар дохили қаср ду қабр ҷойгир аст, ки яке шоҳ ва дигаре ҳамсари ӯ дафн карда шудааст. Дар асл бошад, ҷойи дафни онҳо дар поёнтари қабр дар зери замин ҷойгир аст. Тоҷ – Маҳал иморати панҷгунбазест, ки баландиаш 74м дар платформа 4 манораи кунҷдор, ки наздики он боғ бо фантону бассейн ҷой гирифтааст.
Деворҳо бошанд, аз санги сафеди ҷилодор сохта шудаанд. Ҳамчунин сангҳои қиматбаҳо ба монанди фирӯза (бирюза), ақиқ, малахит, сердолик истифода шудаанд. Меъмор чунин хусусият дорад, ки дар рӯзи офтобӣ намудаш сафед, дар шафаки шом, гулобӣ ва дар шаби моҳӣ нуқраранг мешавад.
Барои сохтани ин бино 32 милллон рупийи ҳамон давра сарф шудааст.
Якчанд шахсоне, ки барои сохтмони ин бино саҳми зиёд гузоштаанд:
Do'stlaringiz bilan baham: |