Реферат дар мавзӯи: “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи фарҳанги милли тоҷик дар даврони истиқлолият”
Сарзамини Тоҷикистони имрӯза таъриху маданияти қадима дорад, ки осорҳои хаттӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозӣ, ақидаҳои илмӣ ва анъанаҳои иҷтимоӣ исботи он аст. Зеро бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки ёдовар шуданаз қиссаҳои ҳаёти гузашта моро ба таърихи дур мебарад. Дар замони Сомониён аз асри 1Х – Х сар карда, аҷамиён давлатдорӣ, забон ва маданияти худро ба даст оварда, дар давоми ҳазорсолаҳо ба носозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ нигоҳ накарда, эҳтиёткорона урфу одати худро то замони овардаанд. Халқи тоҷик баъди танаффузи тӯлонӣ, тавассути Инқилоби маданӣ давлатдории худро ба даст овард. Вале ба миллати тоҷик дар тамоми рафти асри ХХ зарур буд, ки бисёр мушкили ва маҳрумиҳоро бартараф кунад, то ки ба амали эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – уми сентябри соли 1991 омада расад.
Агар мо ба гузаштаи бештар аз 70 – солаи сохти Шӯравии Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ назар кунем, он комёбиҳои бузурге, ки мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои давлатдорӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиёт, маданият, сохтмонӣ, маноат, нигаҳдорӣ ва анъанаю урфу одат ба даст овардааст, онро надида наметавонем.
Замоне, ки Бухорои шариф аз ҷомеаи феодалӣ дар натиҷаи ихтилофҳои байнихудии хонҳои Қӯқанд, Хева ва амири Бухоро пароканда гардида буд, мардуми сарзамини Осиёи Миёна дар робита бо мардуми рус дар як муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд ватани хешро ба ҷумҳуриҳои хеле тараққикардаи саноатию кишоварзӣ табдил диҳанд.
Дар давраи зикршуда, барқарор шудани давлатдории шӯравии халқи тоҷик бо якчанд зинаҳои тараққиёти таърихӣ, ки дар он фарҳангу маданият ва тамаддуни баланд таҷассуи ёфтааст, дохил мешавад.
Зинаи аввал аз ҷиҳати муттасил будани ҳодисаҳо, давраи аввали инқилоб, ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро, Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Тоҷикистон то тақсимоти миллӣ – ҳудудии Осиёи Миёна, яъне аз соли 1917 то соли 1924 – ро дар бар мегирад.
Зинаи дуюм аз ташкилёбии Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон аз моҳи октябри соли 1924 то соли 1929, яъне таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон давом кардааст. Албатта барои сохтори давлатдории ин давра саҳми арбобони тоҷик – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ниҳоят бузург буда, онҳо барои хизматҳои шоистаашон аз тарафи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик бо унвони олии давлатӣ – “Қаҳрамони Тоҷикистон” қадр шудаанд.
Зинаи сеюм – ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 16 – уми октябри соли 1929 то эъломияи мустақилият, яъне то 9 – уми сентябри соли 1991 давом кардааст. Дар ин давра хизматҳои устодони илму фарҳанг ва арбобони хирадманд – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода барои пешрафти фарҳангу тамаддуни давлатамон хеле бузург буда, аз ин хотир ба онҳо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. Инчунин саҳми Ҷаббор Расулов, Турсун Ӯлҷабоев, С. Ӯрунхӯҷаеҷ, Б. Додхудоева, М. Назаршоев, Қ. Маҳкамов, Р. Набиев барои тараққиёти Тоҷикистон назаррас буд.
Зинаи чорум – аз 9 – уми сентябри соли 1991 то замони ҳозираро дар бар мегирад. Ин давраро барои мардуми тоҷик давраи барқароркунии давлати соҳибистиқлоли демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ меноманд. Барои пешрафти фарҳангу тамаддуни ин зина саҳми фарзанди барӯманди тоҷик, арбоби хирадманди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович ниҳоят бузург буда, барои ба анҷом расонидани корҳои некӣ хирадмандонааш, яъне ризоияти миллӣ, тантанаи сулҳ, поягузори давлати соҳибистиқлол ва робитаҳои дипломатии ҷумҳурӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 –уми декабри соли 1999 ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” сазовор гардонида шуд. Агар сухан дар бораи комёбиҳои ҳар як зина равад, бояд гуфт, ки дар зинаи аввал сохтмони босуръати маданӣ бунёд карда нашудааст, чунки ин давра давраи муайянкунии сохтори давлатӣ ва муайянкунии миллати тоҷик буд. Ҳақиқатан дар ин зина мардуми тоҷик нав ба оғози бунёду бунёдкорӣ, сохтмони шаҳр ва ободонӣ шурӯъ карданд. Сохтмони иншоотҳои маданӣ, яъне бо дастоварии комёбиҳои маданияти моддӣ дар зинаи дуюми тараққиёти ҷумҳури бағоят сермаҳсул буд.
Деҳаи на он қадар калони Душанбе 15 – уми марти соли 1925 чун пойтахти Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба худ мақоми шаҳрро гирифтааст.Аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном дошт. Дар ин ҷо бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншоотҳои маданӣ оғоз ёфтанд. Аввалин идораи алоқаю телеграф, мактаб – интернатҳо, аввалин истгоҳи барқӣ – дизелӣ сохта шуд. Соли 1929 бо роҳи оҳани нав аввалин қатора ба Душанбе омад. Корхонаҳои саноатӣ, аввалин китобхона (1923) ва клубҳо (1926) кушода шуданд.Соли 1925 аввалин муолиҷахонаю беморхонаҳо барпо карда шуд. Соли 1930 дар Хуҷанд аввалин корхона ва муассисаҳои фарҳангӣ кушода шуданд.
Аммо фоҷиаҳои солҳои 1992- 1993 ба сари мардуми мамлакат бадбахтиҳои зиёде овард, ки ба соҳаи маданияту фарҳанг ҳам бетаъсир намондааст. Ҷумҳуриро бисёр мутахассисон ва ходимони болаёқатманд, аз ҷумла олимон, меъморон, рассомон, лоиҳакашон ва нависандагон тарк карданд. Бо заҳмату кӯшишҳои зиёди сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ ин бесару сомониҳо бартараф карда шуд. Аз ҷониби Президент ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дуруст қабул шуд, ки ба манфиати халқу давлат буд.Созишномаи дутарафаи Ваҳдати Миллии мардуми тоҷик ( 27 – уми июни соли 1997) дар шаҳри Москва, ҷашни рӯзҳои Истиқлолияту 1100 – солагии давлати Сомониён (соли 1999), анҷуманҳои фарҳангии байналхалқӣ, ҷашни 80 – солагии шаҳри Душанбе (соли 2004) , бузурдошти соли тамаддуни ориёӣ(соли 2006), 5500 – солагии Саразми бостонӣ барои пешрафти давлати минбаъдаи тоҷикон роҳ кушоданд
Do'stlaringiz bilan baham: |