Мо, албатта, таърихи бой, дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи бародарони ҳамзабону ҳамҷаворро эҳтиром кунем ва азизу мӯътабар дорем”.
Ҷаҳонишавӣ дар замони муосир хеле авҷ гирифта ба фарҳанги якчанд давлатҳо аз ҷумла халқи маданиятноки тоҷик зарба зада истодааст. Пайдо шудани шабакаи глобалӣ (Интернет) яке аз омилҳое мебошад, ки дар ҷаҳони муосир таъсири худро расонида истодааст.Ба воситаи ин шабака ҷавонон филмҳо ва видеоклипҳои сохтанамудаи давлатҳои абарқудратро мебинанд, ки на танҳо ба руҳи ҷисмонӣ, инчунин ба фикрронӣ, одобу ахлоқ, гум кардани маданияту фарҳанг таъсир расонида истодааст.
Маърӯза дар мавзӯи: “Муҳаммад – асосгузори дини ислом”
Арабистон – “Ал –ҷазира” аз ғарбу шарқ дар иҳотаи кӯҳҳои тавсон воқеъ гардидааст ва ба воситаи халиҷи Форс ба водии Фурот пайваст мешавад. Арабистон аз ҷиҳати ҳудуд ба чоряки қитъаи Авруосиё баробар аст. Табиати он гарм буда, ба мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва биёбонҳо тақсим мешавад. То нимаи дуюми асри V11 арабҳо ҳаёти кӯчманчигӣ ва нимкӯчманчигӣ доштанд.
Нимҷазираи Арабистон ба қисмҳои ҷанубу шимол тақсим мешавад. Қабилаҳои ҷанубӣ нисбати шимолиҳо ба роҳи тамаддун пештар гузаштаанд. Давлати ҷанубиён ҳанӯз дар ҳазорсолаи сеюми то милод бо номи Муғон пайдо шуда буданд.Қабилаҳои лаҳмиҳо, ҳасаниҳо, киндиҳо аз ҷануб ба шимол ҳиҷрат карда, тамаддуни навро ҷорӣ кардаанд. Ин қабилаҳо бо мамлакатҳои нисбатан тараққикардаи он замон – Сосониёну Римиҳо наздик шуда, давлатҳои Ҳасаниҳо, Лаҳмиҳо ва Киндиҳоро ташкил дода буданд.
Дар нимҷазираи Арабистон ҳар як авлод, қабила ва шаҳр худои худро доштанд. Дар охири асри 1 – уми то милод эътиқод ба худоҳои “як халқият” ба ҷои аввал мебарояд. Дар асри 1V – уми милодӣ сар карда, барои гузаштан ба динҳои яккахудоии яҳудӣ ва насронӣ заминаҳои мусоид фароҳам омад.
Дар ҳамин давра динҳои қадимаи бутпарастии қабилаҳои маҳаллӣ низ қувват мегиранд. Муборизаҳои ғоявӣ тамоми Арабистонро фаро мегирад. Дар ин мубориза ғояи нави сиёсӣ – ғояи ягонагӣ, муттаҳидии ҳамаи қабилаҳои Арабистон ва барпо намудани давлати ягонаи арабҳо ғалаба мекунад. Дар ин ҷода дини ислом саҳми арзанда мегузорад.
Арабҳо то ислом бутпараст буданд.Ҳар оила дар ҳавлии худ буте дошт. Аъзоёни оила пеш аз шурӯъ намудан ба коре, ё амале аввал ба зиёрати бут рафта, аз ӯ фотиҳа мегирифтанд.
Аз рӯи асотирҳо бутпарастӣ дар байни арабҳо баъди вафоти ҳазрати Одам дар замони писарони ӯ Шис ва Қобил оғоз ёфта будааст.
Арабҳо ба гурӯҳи халқҳои Сомӣ ( номи писари Нӯҳ пайғамбар буда, ӯ гӯё сараҷдоди гурӯҳи халқҳои Сомӣ – Шом (Сурия), яҳуд, ҳабаш, айсор ва осуриёни қадим мансуб мешудааст) дохил мешаванд. Аввалин маълумотҳои хаттӣ оид ба истилоҳи араб ҳанӯз дар солномаҳои шоҳони Осурӣ ва Бобулистони нав дар шакли аҷв оварда шудаанд. Аҷв аслан истилоҳи яҳудӣ буда, маънояш хушк, беоб, биёбон мебошад. Сарчашмаҳои хаттии аккадӣ, оромӣ ва яҳудии қадим низ истилоҳи “аҷв” – ро ҳамчун хушк, беоб ва биёбон маънидод кардаанд
Араб ҳамчун этноним ба категорияи номҳои қадими этникӣ, ба монанди аморейҳо, канъониҳо, оромиҳо, финикиягиҳо, яҳудиён ва ғайра дохил мешаванд.Ин ном на аз номи қабила, балки лақаби ин ё он исми мавзеъро, ки аз тарафи ҳамсоягони водинишин – яҳудиён, насрониҳо, осуриён, сабейҳо, маиниҳо дода шуда буданд, ифода мекард. Қабилаҳое, ки араб ном гирифтаанд, аслан худро наботӣ, қадарӣ, лихенӣ, самудӣ меҳисобиданд. Ҳамаи онҳо кӯчманчӣ ва нимкӯчманчӣ буданд ва дар масофаҳои дур аз ҳамдигар маскан доштанд. Онҳо як гурӯҳи этнолингвистӣ ва иҷтимоӣ – эътиқодиро ташкил медоданд ва бо тарзи зиндагии ба худ хос аз халқҳои дигари Арабистону Шарқи Наздик фарқ мекарданд. Минбаъд аз решаи калимаи “аҷв” калимаи “араб” ба вуҷуд меояд ва дар асри V11 милодӣ дар заминаи қабилаҳои араб номидашуда мафҳуми умумии халқи “араб” ташаккул меёбад.
Ислом дар луғат маънои сар хам кардан, тобеъ шудан, фармонбардорӣ, итоаткорӣ, таслим ва ё қоил шудан дар назди қудрати Худовандро дорад.
Ислом яке аз се дини умумиҷаҳонӣ мебошад. Он дар охири давраи қадим – ибтидои асри V11 – уми милодӣ дар қисми ғарбии Арабистон пайдо шудааст. Асосгузори дини ислом пайғомбар Муҳаммад (с) мебошанд.
Ислом дар нимҷазираи Арабистон яку якбора ба вуҷуд наомадааст. Ба пайдоиши он вазъияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва маънавии қабилаҳои араб, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим дар ин сарзамин маскан доштанд, сабаб гардидааст.
Аз қадимуллайём дар нимҷазираи Арабистон ду забон – забони арабҳои Шимол ва забони арабҳои Ҷануб амал мекард. Ҳарду забон ба гурӯҳи забоншои Сомӣ дохил мешуд.
Пайдоиши ислом дар ҳаёти халқи араб воқеаи муҳими таърихӣ гардид. Ҳаракати соф динии Муҳаммад (с) пайғомбар, ки мехост ҷудоии мазҳабиро барҳам зада, ба ҷои бисёрхудоӣ яккахудоиро ҷорӣ намояд, дар асл ба шикасти сохти қабилавӣ ва ба ҷои он ба вуҷуд омадани давлати ягона ва ҳамчунин мафҳуми умумии халқи араб сабаб гардида буд.
Do'stlaringiz bilan baham: |