Илми фарҳангшиносӣ дар инкишофи худ давраҳои зеринро тай намудааст:
давраи этнографӣ ( солҳои 1800 – 1860 )
давраи эволютсионӣ ( солҳо 1860 – 1895 )
давраи таърихӣ ( солҳои 1895 – 1925 )
Дар ин давраҳо раванди ҷамъшавии донишу тасаввуротҳои нави илмӣ оид ба фарҳангшиносӣ вусъати нав ба нав пайдо мекунад. Тадқиқотҳо дар соҳаи илми фарҳангшиносӣ асосан характери назариявӣ доштанд. Вале аз нимаи дуюми асри 20 вазъият тамоман тағйир меёбад. Минбаъд фарҳанг дар амалияи тамоми соҳаҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи инсон самаранок истифода бурда мешавад.
Илми фарҳангшиносӣ яке аз илмҳои қадима буда, комёбиҳои фарҳангии давраҳои гуногуни ҷомеаи инсониро фаро мегирад. Омӯзиши илми фарҳангшиносӣ ба аҳли башар имконият медиҳад, ки аз дастовардҳои бузурги фарҳангу тамаддуни гузаштаю имрӯзаи худ огоҳ шаванд ва ба пешрафти он мусоидат намоянд.
Ҳанӯз дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Европа омӯзиши илми фарҳангшиносӣ ба роҳ монда шуда буд, ки он мақсаду вазифаҳои муайяни худро дошт. Бо омӯзиши фарҳанг инсон мушкилоту камбудиҳои тамоми форматсияҳои ҷамъиятиро барои худ ошкор намуда, барои дар оянда содир нашудани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ягон фард дар олам одами маданӣ тавлид наёфтааст. Инсон дар ҷомеа хусусиятҳои маданиро аз бар карда, онро зина ба зина ташаккул дадааст. Таърих собит намудааст, ки дар ҷомеаи инсонӣ шахсиятҳое буданду ҳастанд, ки ба пешрафти фарҳангу тамаддуни инсоният саҳми арзанда гузоштаанд ва мегузоранд. Ва таърих шахсонеро ҳам медонад, ки ба пешрафти фарҳангу тамаддуни аҳли башар таъсири манфӣ расонидаанд ва мерасонанд.
Маданият ва предметҳои он аз тарафи инсон аз давраҳои қадим то инҷониб ба вуҷуд оварда шудаанд. Аз ин рӯ, инсон соҳиби маданият ва маданият хоси инсон дониста шуда, фарҳанг ҳамчун субъект инсонро ба объекти худ табдил додааст.
Инсон предметҳои ғайримадании тайёри табиатро мақсаднок истифода бурда, аз онҳо предметҳои маданӣ меофарад.
Намояндагони зиёди илму фарҳанги Шарқу Ғарб ибораҳои гуногуни фарҳангро истифода бурдаанд.
Мутафаккири барҷастаи Шарқ Абӯнасри Форобӣ дар вақташ лоиҳаи иттиҳоди ормонии одамонро пешниҳод намуда буд, ки аз рӯи он мардум дар иттиҳод дар асоси амали қонун арзи зист дорандва ҳукми қонун кафили хушиву хуррамии онҳо аст. Ба андешаи Форобӣ шаҳри ҳақиқӣ бояд дар ҷои мувофиқ бунёд ёфта, талаботи мардумро қонеъ намояду миёни аҳолӣ ахлоқи нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ устувор бошад. Дар шаҳри намунавии Форобӣ ҳамаи табақаҳои аҳолӣ паҳлӯи ҳам хушу хурсандона кор ва зиндагӣ мекунанд.Олимони давраи навтарин А. Кребер, Коган, Шербина, Д. Лоренс, Т. Рейтер аз рӯи хусусиятҳояш таърифи гуногуни фарҳангро додаанд. Ба ақидаи А. Кребер “ Маданият – кулли фаъолияти ҷамъиятии инсон аст “ аз нигоҳи Т. Рейтер бошад, “ Маданият чизҳои моддӣ ва ғайри моддии аз ҷониби инсон бунёдшуда “ дониста мешавад. Д. Лоренс “ Маданиятро рафтору кирдори ба қоидаву қонун даровардашуда медонад “ . То имрӯз аз тарафи мутафаккирони олам зиёда аз 300 намуд таърифи фарҳанг ба вуҷуд оварда шудааст. Ин таърифҳо давраҳои қадим, имрӯз ва ояндаро дар бар гирифта, метавонанд дар оянда инкор шаванд.
Илми фарҳангшиносӣ дорои хусусиятҳои хоси фалсафӣ мебошад. Фарҳанг системаи донишҳо дар бораи қонуниятҳои зиндагию ҳаёти инсон буда, бо қонунҳои табиат алоқаи ногусастанӣ дорад. Дар раванди фаъолияти бошууронаи дигаргунсозандагии табиат ва ҷамъият ҳар як насли инсон таҷрибаи андӯхтаи ниёгонро аз бар менамояд ва дар баробари ин сарватҳои моддӣ ва маънавӣ меофарад, роҳ ва усулҳои истеҳсоли онҳоро такмил медиҳад.
Do'stlaringiz bilan baham: |