Маъруза 1. Кинематика. Ҳаракати мунтазам. Ҳаракати номунтазам. Шитоб.
Нақша:
Предмети фанни физика ва қисмҳои он.
Бузургиҳои фанни физика ва системаи воҳидҳои он.
Ҳаракати каҷхаттаи нуқтаи материали.
Ҳаракати росткахаттаи нуқтаи материали.
Ҳаракати гирдхаттаи нуқтаи материали.
Суръати кунҷи, шитоби кунҷи, давр ва басомад
1. Предмети фанни физика ва қисмҳои он. Дунёи моро иҳотакунанда моддий аст, яъне аз материяи доимо дар ҳаракат буда ташкил ёфтааст. Умуман материя ҳамаи чизҳое мебошад, ки ба берун мавҷуд буда ба воситаи органҳои мо ҳис карда мешавад ё ки ба воситаи асбобҳо қайд карда мешавад. Намуди конкретии материя бисёр буда, онҳо аз зарядҳои бунёди сар карда то ҷисмҳо (сахт, моеъ, газ) ва майдонҳо (камқувват, гравитациони, электромагнити ва пурзӯр) дохил мешаванд. Ҳаракати материя аз дар фазо ҷойивазкунии ҷисмҳо сар карда то ба тағъироти тафаккури вобаста будаги ҷараёнҳоро дар бар мегирад. Намудҳои гуногуни ҳаракати материяро фанҳои гуногун меомӯзад, ин чунин фанҳои физика ҳам. Яъни предмети фанни физика аз омӯхтани ҳаракати муайяни материя иборат аст. Фанни физика ҳаракати аз ҳамма содда ва аз ҳамма умумии материяро меомӯзад.
Фанни физика ҳаракатҳои механики, ҷараёнҳои гравитациони, электромагнити, даруни молекулави, атоми ва ядровиро меомӯзад. Ҳаракатҳои физика омӯзанда барои ҳамин ҳам умумий аст, ки ингуна ҳаракатҳоро ҳаракатҳои мураккабтарини материя ки дигар фанҳо (биология, химия) меомӯзад дар бар мегирад, масалан фаолияти ҳаёти организм, ки аз тарафи фанни биология омӯхта мешавад, ҳаракатҳои механики, электрикий, даруни атомий, ядровиро ки физика меомӯзад дар бар мегирад.
Қисмҳои фанни физика инҳоянд: механика, назарияи молекулавий кинетики (молекуляр физика), электродинамика, оптика, физикаи даруни ядровий, атомий ва зарраҳои элементари.
2.Бузургиҳои фанни физика ва системаи воҳидҳои он. Қонунҳои физики ба воситаи формулаҳо дода мешавад, ки онҳо қиймати бузургиҳои физикиро бо ҳамдигар пайваст мекунад. Барои муайян кардани қиймати ингуна бузургиҳои физики, онҳоро чен кардан лозим аст. Чен кардани бузургиҳои физики аз он иборат аст, ки онҳо бо воҳидашон муқоиса карда мешавад. Барои ҳар як бузургии физики ихтиёрий воҳид интихоб кардан мумкин аст. Лекин дар практика ин тавр намекунанд, якчанд бузургиҳоро интихоб карда мегиранду барои онҳо воҳид интихоб мекунанд. Воҳиди дигар бузургиҳоро бошад, аз рӯи формулаҳои онҳоро бо бузургиҳои асосий пайвасткунанда истифода бурда ёфта мешаванд. Бузургиҳои физикие, ки барои он воҳид интихоб карда шудааст бузургиҳои асосий ва бузургиҳои физикие, ки воҳиди онҳо аз рӯи воҳиди бузургиҳои асосий ва формулаҳо муайян карда мешавад бузургиҳои ҳосилавий ном дорад.
Ҳамаи воҳидҳои асосий ва ҳосилавий якҷоя системаи воҳидҳоро ташкил медиҳад. Бузургиҳои асосии системаи байналмилли СИ 6 то мебошад. 1.дарози, 2-масса, 3-вақт, 4-ҳарорати термодинамики, 5-қувваи ҷараёни электрики, 6-қувваи рӯшнои мувофиқан воҳиди ингуна бузургиҳои физики метр, кг, сония, Келвин, Ампер, Люкс мебошад. Воҳиди бузургиҳои ҳосилавий аз рӯи формула ва воҳиди бузургиҳои асосий муайян карда мешавад. Масалан, суръат 𝜗=; [𝜗]= бошад, аз они шитоб аз рӯи формулаи a=; [a]= мебошад.
Бузургиҳои асосии системаи СГС 3 то : 1)дарози, 2) масса, 3) вақт воҳиди мувофиқан см, гр, сония аст. Воҳиди суръат дар системаи СГС см/с шитоб см/с2 мешавад.
Do'stlaringiz bilan baham: |