Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Моддаи 194. Тасарруфи маводи радиоактивӣ



Download 1,54 Mb.
Pdf ko'rish
bet93/200
Sana23.02.2022
Hajmi1,54 Mb.
#131210
TuriКодекс
1   ...   89   90   91   92   93   94   95   96   ...   200
Bog'liq
Penal Code tg

Моддаи 194. Тасарруфи маводи радиоактивӣ 
1) Тасарруфи маводи радиоактивӣ, ҳамчунин таҳдиди тасарруфи онҳо бо мақсади маҷбур 
намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат 
ё худдорӣ намудан аз он,‐
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз 
озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. 
2) Ҳамин кирдор, агар: 
а) такроран; 
б) аз ҷониби гурўҳи 
шахсон
ё гурўҳи 
шахсон
бо маслиҳати пешакӣ; 
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ; 


г) бо истифодаи зўроварӣ, ки ба ҳаёт ё саломатии шахс хавфнок намебошад ё таҳдиди
истифодаи чунин зўроварӣ анҷом дода шуда бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол бо мусодираи 
молу мулк
ё 
бидуни он ҷазо дода мешавад. 
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар: 
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил; 
б) бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин 
зўроварӣ: 
в) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи
молу мулк
ё 
бидуни он ҷазо дода мешавад. 
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаҳои 199 ва 202‐и ҳамин Кодекс ҳамон вақт ҷиноят 
такроран содиршуда эътироф карда мешавад, агар шахс пештар як ё бештар ҷиноятҳои
пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, инчунин ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 186, 244‐251‐и 
ҳамин Кодексро содир карда бошад. 
Моддаи 1941. Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти  
ядроӣ 
Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ бо тарзе, ки
раҳоиёбӣ ва ё хатари раҳоиёбии маводи радиоактивӣ ба вуҷуд омада, боиси хавфи марг ё
расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият, ба 
муҳити зист мегардад, бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти
байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, ҳамчунин таҳдиди содир 
намудани чунин кирдор бо ҳамин мақсад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад. 
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур зери мафҳуми «маводи радиоактивӣ» маводи ядроӣ ва дигар 
моддаҳои радиоактивии нуклиддоре фаҳмида мешавад, ки худ аз худ таҷзия меёбанд (ҷараёне, ки
зимни он афканишоти ионии як ё якчанд намуд, масалан, алфа–афканишот, бета–афканишот, 
афканишоти нейтронӣ ва гамма–афканишот сурат мегирад) ва онҳо вобаста ба хусусиятҳои 
радиологӣ ва ё таҷзияи худ метавонанд боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ва ё зарари ҷиддӣ ба 
моликият ва муҳити зист шаванд. 
«Маводи ядроӣ» ‐ плутоний, ба истиснои плутонийи дорои ҷамъи изотопҳо, ки зиёда аз 80 
фоизаш плутоний–238 аст; уран–233; урани бо изотопҳои уран–235 ё уран–233 ғанигардонидашуда; 
урани дорои омехтаи изотопҳое, ки дар табиат дар шакле вомехўранд, ки аз маъдан ё пасмондаҳои 
маъданӣ фарқ мекунанд; ва ҳар гуна маводи дорои як ё якчанд элементҳои зикргардидае мебошад, 
ки дар ин ҳолат «урани бо изотопҳои уран–235 ё уран–233 ғанигардонидашуда» урани дорои 
изотопҳои уран–235 ё уран–233 номида мешавад ва ё дорои ҳар ду изотопест ба андозае, ки фоизи 
барзиёди маҷмўи ин изотопҳо дар муқоиса бо изотопи уран–238 нисбат ба фоизи изотопи уран–235 
дар муқоиса бо изотопи уран–238, ки дар табиат вомехўрад, зиёдтар аст. 
«Объекти ядроӣ» аз инҳо иборат аст: 
а) ҳама гуна реактори ядроӣ, аз он ҷумла реакторҳое, ки дар киштиҳои баҳрӣ, воситаҳои 
нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё объектҳои кайҳонӣ барои истифодабарӣ ба сифати манбаи 
барқ барои ба ҳаракат овардани чунин киштиҳо, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё 
объектҳои кайҳонӣ ва ё ҳама гуна дигар мақсад насб карда шудаанд; 
б) ҳама гуна иншоот ё воситаи ҳамлу нақл, ки барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, азнавкоркардабароӣ 
ё интиқоли маводи радиоактивӣ истифода мегардад. 
«Восита» аз инҳо иборат аст: 
а) ҳама гуна воситаи таркандаи ядроӣ; ё 
б) ҳама гуна воситаи паҳнкунандаи маводи радиоактивӣ ё афканандаи радиатсия, ки метавонад 
вобаста ба хусусиятҳои радиологии худ боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари воқеӣ ба
моликият ё муҳити зист гардад. 

Download 1,54 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   89   90   91   92   93   94   95   96   ...   200




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish