Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Моддаи 13. Қувваи бозгашти Қонуни ҷиноятӣ



Download 1,54 Mb.
Pdf ko'rish
bet4/200
Sana23.02.2022
Hajmi1,54 Mb.
#131210
TuriКодекс
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   200
Bog'liq
Penal Code tg

Моддаи 13. Қувваи бозгашти Қонуни ҷиноятӣ 
1) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук ё ба тариқи 
дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад, яъне ба 
шахсон
е 
татбиқ мегардад, ки то эътибор пайдо кардани чунин қонун кирдор содир кардаанд, аз ҷумла ба
шахсон
е, ки мўҳлати ҷазоро адо мекунанд ё кардаанд, вале доғи судӣ доранд. Аз лаҳзаи эътибор
пайдо кардани қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, кирдори то эътибор пайдо
кардани қонун содиршуда ҷиноят ҳисоб намешавад. 
2) Агар қонуни нави ҷиноятӣ ҷазои кирдореро, ки шахс барои содир кардани он мўҳлати
ҷазоро адо мекунад, сабук созад, ҷазои таъиншуда бояд мутобиқи ҳадди болоии ҷазое, ки қонуни 
ҷиноятии нав муайян кардааст, ихтисор карда шавад. 
3) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро муқаррар менамояд, ҷазоро пурзўр мекунад 
ё ба тариқи дигар вазъи шахсеро, ки ин кирдорро содир намудааст, бадтар месозад, қувваи бозгашт 
надорад.
 Моддаи 14. Амали қонуни ҷиноятӣ нисбати  
шахсон
е, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии 
Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд 
1) Шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намудааст, мутобиқи ҳамин
Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, 
Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст тртиби дигар муқаррар нашуда бошад. 
2) Чунин кирдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда ҷиноят эътироф карда 
мешавад, агар: 
а) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ шудааст ё идома ёфтааст ва ё ба итмом расонида 
шудааст; 
б) берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят дар ҳудуди он 
фаро расидааст; 
в) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, вале оқибати ҷиноят берун аз ҳудуди он 
фаро расидааст; 
г) дар шарикӣ бо 
шахсон
е содир шудааст, ки фаъолияти ҷинояткоронаи худро дар ҳудуди 
давлати дигар ба амал баровардааст. 
3) Шахсе, ки дар киштии обӣ ё ҳавопаймои қонунан таҳти парчам ё аломатҳои шиносоии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 
ҳаракаткунанда ҷиноят содир карда бошад, мутобиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида 
мешавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, 
тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Шахсе, ки дар киштии ҳарбии обӣ ё ҳавопаймои ҳарбии
Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз маҳалли воқеъбудаи онҳо ҷиноят содир кардааст, ҳамчунин
мутобиқи ҳами Кодекс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. 
4) Масъалаи ҷавобгарии ҷиноятии намояндагони дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва 
шаҳрвандони дигари дорои масуният, дар ҳолати аз ҷониби ин 
шахсон 
содир шудани ҷиноят дар 
ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал мешавад.

Download 1,54 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   200




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish