Моддаи 222. Наандешидани тадбир ҷиҳати рафъи оқибати олудагии экологӣ
Саркашӣ аз гузаронидани корҳо ё номатлуб анҷом додани тадбирҳои дезактивӣ ва
барқарорсозӣ дар маҳалҳое, ки бо олудагии экологӣ фаро гирифта шудаанд, аз ҷониби шахсе, ки
вазифадор шудааст ин тадбирҳоро андешад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси марги як ё чанд
шахсон
,
бемории оммавии одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Модаи 223. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳо ва
партовҳои аз нигоҳи экологӣ хавфнок
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истеҳсол интиқол, нигаҳдошт, гўр кардан,
истифода ё дигар муносибат бо моддаҳо ё партовҳои радиоактивӣ, бактериологӣ, химиявӣ, агар он
ба расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатии инсон ё муҳити табиат таҳдид кунад,‐
бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум
сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) боиси олудагӣ, сироят ё заҳролудшавии муҳити табиати атроф гашта бошад, ба саломатии
инсон зараровар ва ё боиси саросар мурдани ҳайвонот гардида бошад;
б) дар минтақаҳои офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологӣ содир шуда
бошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ боиси
бемориҳои оммавии инсон ё марги инсон гардида бошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 224. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои
микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо (моддаҳои заҳролуд)
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар
омилҳои биологӣ ё токсинҳо, агар он аз беэҳтиётӣ ба саломатии одамон зарар расонида, боиси паҳн
гардидани эпидемия (касалиҳои сирояткунанда) ё эпизоотия (муромурии ҳайвонот) ё дигар
оқибатҳои вазнин гардида бошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои
муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо
дода мешавад.
Do'stlaringiz bilan baham: |