Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков



Download 1,67 Mb.
bet9/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   20
Гуфтори сию иӯхум
Шӯриши еоли 1916 дар Ҳуҷанд ва аҳамияти таърихии он
Нақша:

  1. Россия иштирокчии ҷанги якуми ҷаҳон (солҳои 1914-1918),

  2. Сабабҳо, баҳона ва рафти шӯриши соли 1916.

  3. Аҳамияти таърихии шӯриш.

19 июли (1 августи) соли 1914 ҷанги якуми ҷаҳонй огоз гардид, ки Россия иштирокчии он буд. Дар ин ҷанг Россия 2 миллион нафар аҳолии худро талаф дод. Россия аз ҷиҳати иқтисодӣ боз ҳам хароб ва аз ҷих.ти молиявй тобеи мамлакатҳои Ғарб шуд, Барои пӯшонидани хароҷоти ҷанг мнқдор ва хелҳои андозро зиёд карданд. Дар натиҷа мардуми Россия, Ки аз ҷанг дилгир шуда буданд, ба муқобили сиёсати ҳукумати худ ҳар ҷо ҳар ҷо шӯриш бардоштанд. Яке аз бузургтарин чукин шӯршнҳо ин шӯриши соли 1916 дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад, ки оид ба сабабҳои он аллакай ишора шуд.
Ҳукумати подшоҳӣ нисбат ба худ ба садоқати мардуми Осиёи Миёна ва Қазоқистон боварӣ надошт. Аз ин рӯ, дар солҳои ҷанг ҳам аз ҳисоби мардуми таҳҷоии ин кишварҳо ба хизмати харбии Россия сафарбар карда нашуданд. Вале соли 1916 ҳукумати подшоҳӣ вазъияти ногувори фронтҳоро ба инобат гирифта, ба корҳои ақибгоҳ сафарбар намудани мардуми таҳҷоии кишвари Туркистон ва Қазокистонро зарур шуморид. 25 июни соли 1916 оиди ин масъала фармони подшоҳ эълон карда шуд. Мувофиқи он аз ҳисоби мардони аз 19 то 40 солаи кшпвари Туркистон 250 ҳазор нафар ва Қазоқистон 80 ҳазор нафар ба корҳои заминкании хатти фронт ҷалб карда мешуданд. Аз ҷумла, фақат аз уезди Хуҷанд бояд 8948 кас сафарбар мегардиданд, яъне ба корҳои ақибгоҳи фронт фиристода мешуданд. Вазнинии тақсимот ба гардани аҳолии шаҳри Хуҷандафтида буд, зеро танҳо аз ин шаҳр мебокст 2708 нафар аз ҷумлаи онҳое, ки дар корҳои пахтакорй иштирок намекарданд, сафарбар мегардиданд.
Дар асоси фармони номбурда 2 ва 3-юми июли ҳамон сол мардони Хуҷандро ба рӯйихат гирифтанд. Аксари онҳое, Ки ба рӯйихат дохил шуда буданд, қувваи асосии кориро ташкил медоданд. Аз ин рӯ, дар Айни авҷи корҳои тобистонӣ ба корҳои ақибгоҳи фронт ҷалб намудани онҳо бегуфгугӯ ба вазъияти хоҷагиашон таъсири манфӣ мерасонид. Ба ғайр аз ин хизмати ҳарбӣ дар байни мардуми Осиёи Миёна чандоя анъанаи хубе набуд ва аз ин рӯ, ин маърака ҳамовозие пайдо накард. Илова бар ин аз тарафи амалдорони маҳаллй ҳангоми ба рӯйихатгирй ба беадолатиҳо роҳ дода шуда буд. Яъне ҳар касе ки доро буд, ба амаддорон пора дода, худро аз рӯйихат баровард. Чунин
142
худаш бошад, сарбозони худро ҷамъ кард, савдогарон, хизматгузорода маъмурияти маҳаллӣ, рӯҳониён ва дигар душманони шӯришгаронро ҷамъ овард. Бо ин лашкар ҳоким боз ба сари Балҷувон тоҳт ва қалъаро гирифт.
Восеъ бо ҳамсафони худ аз қалъаи Балҷувон ақиб гашта дехак Кангуртро гирифт ва дар ин ҷо деҳқонони атрофи Кангурту Қизилмазорро ҷамъ карда, бори дуюм қалъаи Балҷувонро ишгол намуд. Ин дафъа ҳокими Балҷувон ва амалдорони амир ба кӯҳхои Қизилмазор гурехта рафтанд. Шӯришгарон на фақат Балҷувон, балки ба Ховалингу Кангурт ҳам соҳиб шуданд.
Дар ин мобайн сарбозони аз Ҳисор омада дар қарибиҳои Кангурт бо сарбозони парокандаи ҳокими Балҷувон муттаҳид шуданд.
Восеъ инро шунида ақиб гашт ва дар Сарипул ном қишлоқи кӯҳии шимолу шарқии Ховалинг, ки барои мудофиа мавқеи басо қулай буд, камин гирифт. Вале ин тадбир шӯришгаронро аз шикаст эмин дошта наметавонист. Сарбозони амир ва амалдорон шӯришро ба хун огушта карданд. Восеъ дар кӯҳҳо пинҳон шуда, чанд маротиба ба қӯшунҳои ҳокими Балҷувон ҳамла кард, вале тамоми дӯстони вай паси ҳам дар ҷангҳо ҳалок шуданд. Ниҳоят, худи Восеъ бо роҳи хиёнату фиреб дастгир карда шуд. Восеъро ишкелбанд кардан два ҳокими Балҷувон ӯро ба ихтиёри амир фиристод. Амир Абдулаҳад барои тарсонидани чашми халқ фармуд, ки Восеъ дар Шаҳрисабз дар пештоқи нимвайронаи қасри Оқсарой ба дор кашида шавад.
Қатли пешвои шӯриш Абдулвосеъ деҳқонони тоҷикро рӯҳафтода накард. Муваффақиятҳои рӯзҳои аввали шӯриш, соли 1885, қалъаи Балҷувонро фатҳ кардани шӯришгарон мардумро рӯҳбаланд намуд, ки муборизаи зидди амир беоқибат нахоҳад монд. Ва халқ гаштаву баргашта зидди тартиботҳои феодалии аморат ба по мехест.
141
ҳолат бечорагонро, ки қобилияти пора додан надоштанд, даргазаб намуд ва онҳоро ба майдон баровард.
4-уми июли соли 1916 ба қозихонаи маҳаллаи Қалъаи Нави шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 нафар шаҳриён ҷамъ омада, аз қозӣ ва пристав талаб карданд, ки барӯйихатгириро қатъ намоянд. Вале ин талаби онҳо аз тарафи қозӣ ва пристав ба инобат гирифта нашуд. Пас мардум бо чунин талаб ба назди сардори уезд, ба сӯи бозори Чоршанбе ҳаракат карданд. Дар роҳ ба ин мардум аз ҳар сӯ каси бисёре ҳамроҳ гардиданд. Ба зудй шумораи намоишчиён афзуда, то ба 7-8 ҳазор нафар расид. Вале сардорони уезд ба қувваи политсия такя намуда, талаби мардумро рад карданд. Дар натиҷа мардуми ба газаб омада ба ҳуҷум гузаштанд: Ҷӯра Зокиров, Зубайдулло Раҳматуллоев, Ҷӯра Алй ва дигарҳо аз ҷумлаи фаъолони ин ҳаракати мардумй буданд. Аз тарафи политсия ба муқобили мардум тир кушода шуд. Бегоҳии ҳамон рӯз шаҳр дар ҳолати ҳарбӣ эълон карда шуд. Дар тамоми гӯшаю канори шаҳр ҳарбиён ва политсия назорати қатъй ҷорӣ намуданд. Рӯзи дигар 5-уми июл шӯриш хомӯш гардида буд.
Шӯриши Хуҷанд барои баромади умумии кишвари Туркистон сигнале гардид. Он ба зудй ноҳия ва вилоятҳои нав ба навро фаро гирифт. 6 июли ҳамон сол намоишҳои эътирозй ба муқобили ҳукумати подшоҳӣ дар Самарқанд ва Тсшкент ба амал омаданд. 8-9 июл ҳаракати халқӣ дар Фарғона сар шуд. Дар миёнаи моҳи июл чунин ҳаракат қариб тамоми кишввари Туркистонро фаро мегирад. Баромадҳои мардумӣ дар худи он сол дар Уротеппа, Ашт, Панҷакент низ ба амал омадааст.
Дар сарзамини аморати Бухоро дар худи ҳамон соли 1916 ба гайр аз хурӯҷҳое, ки дар роҳи оҳани Бухоро ба вуқӯъ омадаанд, боз дар Қаршй, Қубодиён, Қаротегин ва гайра ҷунбишҳои мардумй рух доданд. Аз ҷумла, он сол дар Қалъаи Лабиоби (Тоҷикободи ҳозира) бекигарии Қ&ротетин ба хурӯчи халқИ-мардикори мавсимӣ Қаландаршо сарварй намудааст. Албатта хурӯҷҳои халқие, ки дар хоки аморат ба амал омадаанд, пеш аз ҳама ба муқобили зулму истибдоди амирй, махсусан бедодгариҳои амалдорони маҳаллии он нигаронида шуда буданд.
Ҳамин тавр, ба доираи шӯриш на танҳо сарзамини кишвари Туркистон, балки аморати бухоро ҳам кашида шуда буд.
Хурӯҷҳои халқӣ дар он давра дар шаклҳои гуногун: эътирози оммавӣ, корпартоии коргарон, аз хоҷагии бою кулакҳо ба дашту кӯҳҳо баромада рафтани батракҳо, фирори мардум ба хориҷа, нобуд кардани рӯйихати даъватшудагон, ба амалдорони подшоҳӣ итоат накардан, хароб кардани манзилгоҳ ва тороҷ намудани молу муяки бою кулакҳо, нихоят задухӯрди мусаллаҳона бо политсияю аскарони подшоҳй ва гайраҳо зоҳир мегардиданд.
143
Ҳукумати подшоҳӣ аз вусъати шӯриш ба воҳима афтода, 17-уми июли соли 1916 кишвари Туркистонро дар ҳолати ҳарбй эълон кард. Дар бисёр маҳалҳо. бо фармони ҳукумати подшоҳӣ ба муқобили шӯришчиён силоҳро истифода бурданд. Дар натиҷа шӯриш бераҳмона пахш карда шуд. Бисёр фаъолони он ҳабс ва бадарга карда шуданд. Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ баъди пахш намудани шӯриш миқдори муайяншудаи мардикоронро (аз ҷумлаи мардуми Туркистон ва Қазоқистон) ба таври зӯрй ба корҳои ақибгоҳи фронт фиристоданд.
Вале амалан ин шӯриш ба сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ як зарбаи қатъй зад, зеро он шӯриши миллию озодихоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Шӯриш барои бедории сиёсӣ ва баланд гардидани шуури сиёсии мардуми маҳаллй кӯмаки амалӣ расонид. Он қувваи мардуми маҳаллии Осиёи Миёнаро, ки ҳукумати подшоҳӣ ба он зътибор намедод, нишон дод, аз ин рӯ, ин шӯршп аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.
144

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish