Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков


Гуфтори сию якум Салтанати амир Шоҳмурод ва ислоҳотҳои он



Download 1,67 Mb.
bet7/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   20
Гуфтори сию якум Салтанати амир Шоҳмурод ва ислоҳотҳои он
Нақша:

  1. Амир Шоҳмурод ва шахсияти вай.

  1. Сиёсати дохилии амир Шоҳмурод (таҳия ва татбиқи ислоҳоти молиявӣ, судй, маъмурй ва ҳарбӣ бо мақсади мустаҳкам намудани Ҳокимияти Марказй).

  2. Муборизаи амир Шоҳмуред барои васеъ намудани қаламрави аморати Бухоро.

Тавре ки дар боло зикр гардид, норозигии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро мегирифт. Дониёлбӣ на фақат худсариҳои феодалонро бартраф карда иатавонист, балки худаш торафт бештар мутеи қушбегй ва қозикалон мегардид. Яке аз писаро1 £ ӯ Шоҳмурод худро тамоман ба тариқати сӯфия бахшида, муриди шайх гардид. вай дар зоҳир аз дарвеши мискин ҳеҷ фарқе надошт. Бо фармоиши шайх ҳатто дар бозор ҳаммолй мекард. Соддагӣ ва дастрасии зоҳирӣ, тарзи зиндагии шикастнафсонаи шоҳзода, ки ба куллй хилофи зиндагонии айшу ишратона ва пурдабдабонаи аъёну ашроф ва худи Дониёлбӣ буд, боиси дар байни оммаи халқ ва аҳли зӯҳду тақво шӯҳрат ва эътибори зиёд пайдо кардани ӯ гардид.
Шоҳмурод махсусан ба рӯҳониён ихлос ва эҳтироми беандоза доштани худро бо ҷидду ҷаҳди тамом таъкид менамуд. Дониёлбӣ чунин маъруфияти писарашро ба назар нагирифта наметавонист ва шоҳзода дар умури давлат беш аз беш нуфуз пайдо намуд. У ба бекор кардани баъзе андозҳо низ муваффақ шуд. Падарро ба ҷузъ вориси худ таъин кардани ӯ дигар чорае намонд.
Пас аз вафоти Дониёлбӣ валиаҳди ӯ либоси тавба дар тан фарёдкунон дар кӯчаҳои Бухоро гашта, бо нолаву зорй аз мардум илтиҷо менамуд, ки гуноҳҳои нисбат ба мардум кардаи марҳумро бубахшанд. Вай ҳиссаи худро аз мероси падар гирифта, амр кард, ки сарватро ба касоне, ки аз онҳо ситонида шудааст баргардонанд. Чунон вонамуд мекард, ки гӯё ӯ ғайри хоҳиши худ ба тахти салтанат нишастааст ва аз ин рӯ боз ба асбоби таҷаммул наздик нашуда, худро дар маслаки зӯҳду тақво нигоҳ медошт.
Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи ӯ (либоси фақру фоқа мепӯшид ва онро то ҷиғда-ҷигда шуда дариданаш аз тан намекашид, таоми оддӣ ва хеле кам мехӯрд, ҳеҷ гоҳ ҳадя намегирифт, дар як рӯз барои эҳтиёҷоти худ фақат як танга хапҷ мекард ва гайра) муосиронашро дар ъайрот магузошхавд. У барои тахдиди синфи хоҷагон ва ашроф, қушбегӣ ва қозикалонро дар ҳузури умум ба қатл расонид. Чунин рафтору кирдори ӯ, ки аз рӯи мулоҳизаҳои сиёсӣ сурат
119
мегирифт, дар кори соҳиб шудан ба тахти салтанат ва ба тарафи худ кашидани таваҷҷӯҳи оммаи мардум роли муҳим бозид7.
Ин таваҷҷӯҳ барои Шоҳмурод ниҳоят дараҷа зарур буд, зеро дар соли ба тахт нишастани ӯ (1785) косаи сабри аҳолии Бухоро лабрез шуда, онҳо шӯриш бардоштанд. Дар рафти шӯриш беш аз ҳазор кас кушта шуд. Аз ин рақам ба хубӣ маълум мешавад, ки муборизаи халқ то чӣ андоза вусъат доштааст.
Шоҳмурод маҷбур шуд савганд хӯрад, ки аҳолии Бухороро аз ҷабру зулм ва хироҷу андозҳои аз ҳад зиёд озод хоҳад намуд ва фармони ӯро ба рӯи санг сабт намуда, дар пештоқи масҷиди ҷомеи Бухоро гузоштанд. Албатта, ин як ваъдаи хушку холӣ ва фақат гасилаи аз газаби халқ раҳоӣ ёфтан буд. Аз Бухориён минбаъд ҳам молиёти махсус, ки ба макс^дҳои ҳарбӣ андохта мешуд, меситониданд.
Аҳди салтанайк амир Шоҳмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи мангития давр^и клсбатан устувор гардидачи аморат ба шумор меравад. У ба мақса^и бартараф намудани норозигии умумй, ки дар вақти ҳукмронии падараш пайдо шуда буд, баъзе ислоҳот ҷорй намуд. Вай чунин андозҳои шаръӣ, монанди хироҷ ва закотро боқӣ гузошта, дигар ҳамаи молиёт, боҷ ва ҷаримаҳоро барҳам дод. Лекин ба ивази нн ҷизя - андоз аз қавмҳои ғайри мусалмон ситондашавандаро хеле зиёд кард. Ба аскарон моҳона муқаррар намуд. Бисёр заминҳои вақфро, ки амирони собиқ мусодира харда буданд, дубора барқарор кард. Ба ин восита ӯ рӯҳониёни исломро ҳомии худ карда, дар роҳи мустаҳкам намудани ҳокимияти худ аз нуфузи дар байни оммаи мардум доштаи онҳо моҳирона истифода бурд
Ислоҳоти пулие, ки ӯ дар огоуи ҷукуси худ гузаронид, барои ҳаёти иқтисодии мамлакат аҳамияти каж>н пайдо намуд. Сиккаҳоро аз нуқраи пуриёр мебаровардагӣ шуданд. Сиккаҳои кӯҳнаи пеш аз ислоҳот (сиккаҳои нуқраи камиёр) аз эътибор соқит карда шуданд. Ин ислоҳоги пулй ба ривоҷу равнақи тиҷорат мусовдат намуд.
Ба мақсади афзудани иқтидори ҳокимияти марказӣ Шоҳмуроди зирак ҳокимони вилоятҳоро аз вазифаашон сабукдӯш намуда, ҳокимони нав таъйин намуд. Ба ҳар шаҳру деҳа қозй таъйин карданро низ ӯ ба таомул даровард. Муқобилати феодалони ҷудогона дарҳам шикаста шуд. Ҳатто саркаштарини онҳо низ сари итоат хам кард. Чунончи, Ниёзалй, ки дар вақти Дониёл худро дар Шаҳрисабз мустақил эълон карда буд, итоати амир Шоҳмуродро қабул намуд.
Амир Шоҳмурод умури маҳкамаро низ як дараҷа ба тартиб даровард. Худаш рисолае роҷеъ ба ҳуқуқ таълиф намуд, ки барои қозиҳо ҳамчун дастур хизмат мекард. Дар он замон қонуне ҷорӣ
7 Соддаги ва иорсоии Шоҳмурод ба дараҷаи афсона расида, номи аслии у «Амир Маъсум» (ба маънии «амири бегуноҳ») машҳур шудааст.
120
гардид, ки мувофиқи он агар касе нисбат ба моликият ҷинояте содир кунад, сарфи назар аз мартабаҳои ҷамъиятии ӯ ба сахттарин ҷазо гирифтор мешуд. чунин тартибот як .андоза пеши роҳи горату тороҷҳои аз ҳад зиёдро гирифта, ба манфиати табақаҳои осоишталабл аҳолӣ буд. Ҳама медонистанд, ки барои роҳзанӣ сар аз тан ҷудо мекунанд, барои дуздй дасти ростро мебуранд ва гайра. Шоҳмурод ин чорабиннҳоро таҳти байрақи мубориза дар роҳи риояти аҳкомп шариат амалӣ намуда, бо ин баҳона барои муҳофизати расму оин мансаби раисро ҷорӣ намуд, ки ӯ мебоист иҷрои тамоми фармудаҳои шариатро хӯрдагирона назорат мекард.
Устувору мустаҳкам шудани ҳокимияти марказӣ боиси тач.мини амнияти роҳҳо гардид ва ин дар баробари ислоҳоти пул барои равнаки тиҷорат заминаи мусоид фароҳам овард. Хоҷагиҳои воҳаҳои зироатӣ, хусусан водии Зарафшон, инчунин ҳавзаи дарёҳои Аму ва Қашқадарё дубора рӯ ба сабзиш ниҳоданд. Дар бобати афзудани нуфузи нохияхои камодам чораҳо лида шудаанд, ки каналҳои нави обёрӣ акнун на аз они феодалҳои чаҳаллӣ, балки моли подшоҳӣ маҳсуб меёфтанд ва аз ин ҳам хазинаи давлат ганӣ мегардид. Агар натиҷаи пешрафти корҳои обёрӣ протсесси ба зиндагонии муқимӣ гузаштани гоифаҳои бодиянишини ӯзбек дар заминҳои навобод қувват гирифт.
Амир Шоҳмурод риёкорона қиёфаи дарвеши порсоро ба худ гирифта, таассуби диниро ривоҷ медод ва аз он ба мақсади ҷорй кардани сиёсаташ истифода менамуд. У таҳти шиори «ҷиҳоди муқаддас бар зидди шиаҳо» чандин маротиба ба Хуросон лашкар каши два бисёр маҳалҳои онро тороҷ намуд. Амири мангит дар ин лашкаркашиҳо ҳар як каси қобили меҳнатро аз аҳолии Хуросон асир карда, ба Бухоро меовард. Ба ин восита бозори гулом фурӯшии Бухоро хеле авҷ гирифт. Дар охирҳои асри ХУШ, вақте ки Эрон саргарми ҷангҳои дохилии худ буд, Шоҳмурод дубора Марвро ишгол кард. Пас аз чанде вай ба муқобили бародари худ Умарбй, ки дар Марв ҳукм ронда, барои чудо шудан аз Бухоро кӯшиш мекард, дохили муҳориба гардид ва сарбанди дарёи Мургобро ба куллӣ вайрон намуд. У тадриҷан қисмати зиёди аҳолии ин воҳаро ба Самарқанду Бухоро кӯчонда, дар таъмири харобаҳое, ки аз ҷангҳои собиқ ба амал омада буданд, истифода бурд. Ин сиёсати пешгирифтаи Шоҳмурод то андозае ба тармими харобиҳои водии Зарафшон, махсусан атрофи Самарқанд ва Бухоро мусоидат кард. Вале дар айни замон вай боиси тамоман ба харобазор табдил ёфтани воҳаи Марв гардид. Шоҳмурод якчанд дафъа ба тарафҳои Уротеппа (Истаравшан) лашкар кашид ва дар ин мавридҳо низ аксари аҳолии қобили меҳнати Хуҷанд, Ӯротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро зӯран ба Самарқанд бурда, дар сохтмони биноҳо ва иншооти объёрӣ истифода бурд. Маҳз бо қувваи ин одамон дар Самарқанд 24 масҷид ва дигар иморатҳои гуногун сохта шуданд.
121
Амир Шоҳмурод соли1800 ҷаҳони фониро падруд гуфт ва 1-уми декабри ҳамон сол писараш Ҳайдар (1800-1826) ба сари ҳукумати Бухоро омад. Вале ӯ сиёсати падари худро давом дода натавонист.
Баъди фавти амир Ҳайдар писараш Насрулло (1826-1860) ба сари ҳокимият омад. Мардум барои бераҳмӣ ва ҷаллодиҳояш ба ӯ «амири қассоб» лақаб гузошта буданд. «Вай подшоҳи қаттол ва хунхор буд, дар ягон кор ҳеҷ касро писанд намекард ва фикри дигаронро ҳурмат намекард», - гуфтааст муаррих Мирзо Сомӣ.
122
Гуфтори сию дуввум Таъсисёбӣ ва пурзӯршавии хонии Хӯқанд
Нақша;

  1. Дар охирҳои асри ХУП ва ибтидои асри ХУШ истиқлолияти воқеӣ ба даст давровардани Фарғона.

  2. Комилан ташаккул ёфтани давдати хонии Хӯқанд дар нимаи дуюми асри ХУШ.

  3. Афзоиши қудрат ва нуфузи давлатн хонии Хӯқанд дар ахди Олимхон (1800-1810) ва Умархон (1810-1822).

Қувват гирифтани парокандагии феодалй дар давлати хонии Аштархониён пеш аз ҳама дар тангшавии ҳудуди он зоҳир мегардад. Балх ва Бадахшон истиқлолия? ба даст медароранд. Фарғона бошад, ҳанӯз дар охирҳои асри ХУП ниммустақил шуда, дар ибтидои асри ХУШ (соли 1710) дар ин ҷо хонии мустақил арзи ҳастй менамояд, ки асосгузораш пешвои қабилаи ӯзбеки минг, бунёдгузори шаҳри Хӯқанд Шоҳрухбий буд. Ташаккули хонии Хӯқанд дар миёна ва нимаи дуюми асри ХУШ, дар замони ҳукмронии Эрдонабӣ (1754-1774) ва Норбутта (1774-1800) ба анҷом мерасад.
Норбуттаро дар тахти хонӣ писаронаш Олимхон ва Умархон иваз намуданд. Бартолд В.В. ин ду бародаронро асосгузорони ҳақиқии давлат ва шаҳри Хӯқанд номидааст.
Дар аҳди Олимхон (1800-1810) аҳамияти сиёсии Хӯқанд дар натиҷаи муттаҳид намудани Фаргона ҳамроҳ карда шудани Тошканд ва Чимкент афзуд. Хусусан, аз ҷониби Олимхон тобеъ карда шудани шаҳрҳо ва водиҳои Оҳангарон, тамоми вилояти Тошканд, инчунин Сайрам - марказҳои муҳими роҳи корвони ҷониби Россия аҳамияти бузург доштанд. Олимхон аз тоҷикони кӯҳистони Қаротегину Дарвоз лашкари зархарид созмон дод ва он такягоҳи мубориза барои ҳокимияти марказиятнок, инчунин бунёди қӯшуни калони хонии Хӯқанд гардид.
Баъди забти Тошканд иқтидори Олимхон аз қудрати амири Бухоро кам набуд. У соли 1805 ба таври расмӣ рутбаи хонро қабул намуд ва давлати Фаргона хони Хӯқанд ном гирифт.
Таърихнигори бухорй Абдулкарим Олимхонро хони ниҳоят бераҳм номидааст. Бедодгариҳои ӯ ҳангоми забти Тошканд, ғазо ба дашти қазоқ, нисбати рӯҳониёни маҳаллӣ ва мардуми оддй беҳадду ҳудуд буд. Ба фикри муҳаққиқи барҷаста ПЛ.Иванов заминдорону феодалҳо аз ошӯбҳои дар лашкар саршуда истифода бурданд ва бо сардории бародари хон Умар зидди Олимхон сӯиқасд ташкил карданд. Дар натиҷа Олимхон соли 1810 кушта шуд.
123
Умархон (1810-1822) бо дастгирии феодалону амалдорони олирутба ба сари давлат омад ва иттифоқи ҳокимияти хон ва заминдорони калон дар тамоми давраи подшоҳии ӯ ҳамчун омили мустаҳкамшавии хонии Хӯқанд боқӣ монд. Муаррихон замони ҳукмронии Умархонро ҳамчун подшоҳии дурахшон тасвир кардаанд.
Яке аз аввалин тадбирҳои фаъолияти давлатии Умархон кӯшиши барпо намудани иттифоқ бо амири Бухоро Ҳайдар буд. Лекин ин иттифоқ мустаҳкам шуда наметавонист, зеро дере нагузашта мубориза барои Уротеппа ва Хуҷанд аз нав сар шуд ва солҳои дурудароз ба низои байни ду давлат табдил ёфт. Умархон баҳори соли 1814 ба ахди дӯстӣ бо амири Бухоро эътибор надода, барои забти шаҳри Туркистон, ки он вақт дар зери ҳокимияти амир Ҳайдар буд, лашкар фиристод. Лашкари Хӯқанд бо ҳамла шаҳрро ба даст даровард ва аҳолии онро бераҳмона талаву тороҷ намуд. Забти Туркистон имконият дод, ки масоҳати паҳновари даштҳои қазоқнишии аз баҳри Арал то Ҳафтрӯд ишгол карда шавад. Он ҷо қалъаҳои Оқмачит (Оқмасҷид - ҳоло шаҳри Қизилӯрда), сипас Авлиёато, (Ҷамбули ҳозира), баъдтар Пишпек ва гайра сохта шуданд. Ҳамин тариқ, як қисми қабилаҳои қиргизу қазоқ ҳам ба қаламравии хонии Хӯқанд дохил гардиданд.
Пас аз марги Умархон писар ва вориси ӯ Муҳаммадалӣ (Мадалӣ) ба тахт нишаст. Тақрибан бист сол (1822-1842) зимоми умури хонии Хӯқандро дар дасти худ нигоҳ дошт. У чандин дафъа ба самти ҷанубу шарқ лашкар кашид. Соли 1834 лашкари Хӯқанд мулкҳои Дарвоз ва Қаротегинро зери даст намуд ва муддате чанд хокими Кӯлоб низ ба итоатн вай сар даровард. Мадалӣ бо Уротеппа ҷанг кард. Ҳамчунин бо Қоинар юришҳо намуд. Дар аҳди ӯ даҳҳо ҳазор аҳолии Қошгари аз зулму штами ҳукумати Хитой ба дод омада, ба умеди наҷот сӯи Фарғона фирор карданд ва дар ҳамин ҷо маскан гирифтанд.
Вале васеъшавии ҳудуди хонии Хӯқанд ҳокимияти Мадалнхонро мустаҳкам яакард. Ба замми норозигии умум рафторҳои хилофи шаръии Мадалӣ издивоҷи ӯ бо ду хоҳарони ҳамшир ва бо модарандари худ - зани падараш Умархон эътирози хоси омро ба вуҷуд овард.
Муҳаммадалихон ба мисли ҳукмрони Бухоро Насрулло, як марди золим ва бераҳме буд. У ягон меъёреро риоя накарда, одамони гунаҳкору бегуноҳро ба қатл мерасонид, чун ишратпарасти фосиқ умр ба сар мебурд, айшу нӯш ва кайфу сафо шугли доимии ӯ ба шумор мерафт. Ба қавли муҳақкиқ Н.В.Наливкин ин «хунхори ҷавон» (вақти ба тахт иишастанаш 12 ё 14 сола буд) соҳиби тоҷу тахт гардида, тамоми умр «фақат ба фисқу фуҷур ва қатлу куштор машгул шуд. У аз 1гуштибонии аъёну ашроф ба куллй маҳрум гардид, мардум ҳамеша дар ғалаён буданд. Амири Бухоро Насрулло аз ин фурсат истифода бурда, соли 1842 Хӯқандро забт кард ва Муҳаммадалихонро бо ҳамаи аҳли оидааш, аз ҷумла модараш шоираи шаҳири тоҷик Макнуна
124
(Нодирабегим)-ро ба қатл расонд (баҳори соли 1842). Лекин дар тобистони ҳамон сол (1842) дар натиҷаи шӯриш ҳукумати амир Насрулло дар Хӯқанд сарнагун шуд. Дере нагузашта, Хӯқанд боз истиқлолияти худро соҳиб гардид ва Хуҷанду Тошкандро ҳам дубора ба даст овард (соли 1840 Хучанд, соли 1842 Тошканд ба Бухоро гузашта).
Ҳамин тавр, марзҳои пештараи хонии Хӯқанд аз нав барқарор гардид. Тоҷикону ӯзбекони шаҳрӣ бо қипчоқҳо ҳамкорӣ карда, амакбачаи Олимхон Шералихон (1842-1845)-ро ба тахт нишонданд ва диёрро аз манғитиёни ситамгар озод карданд. Пешвои қипчоқҳо Мусулмонқул бар зидди ҳукумати Шералӣ шӯриш карда, вориди Урда шуд ва ҳамчун ноибсалтанат тамоми ҳокимияти давлатиро ба дасти худ гирифт. У Шералиро ба қатл расонд ва то соли 1852 салтанат ронд. Дар ин муддат вай Худоёри 14 сола писари Шералй)-ро ба тахт шинонд. Мусулмонқул ҳамчун ноибсалтанати Худоёрхон се маротиба ҳокимиятро аз даст дод ва аз нав соҳиб гардид. Тадриҷан Худоёрхон ҳамчун сардори давлат ба воя расида ба ашрофи заминдор ва шаҳрии аз ҳукмронии ашрофи қипчоқ ниҳоят норозй такя карда, соли 1852 куштори оммавй ва чабру лати хосу оми қабилаи қипчоқҳои нимкӯчманчии ӯзбекро амр намуд. Саркӯбкунии қипчоқҳо се моҳ давом кард.Ҳамагй 20 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Мусулмонқул ба даст афтод. У ба Хӯқанд оварда шуд ва қатл гардид.
Баъди торумори қипчоқҳо ҳукмронии якуми мустақили Худоёрхон (1852-1858) барқарор шуд. Вале муборизаи _дохилии сиёсӣ қатъ нагардид. Соли 1858 Худоёрхон ҳангоми газои Уротеппа, ки ҳокимаш Ғаффорбеки Юз буд, сахт шикаст хӯрд. Бадодараш Маилахок, ки. ҳокими Тошканд буд, аз ин вазъият истифода бурда, бо ёрии феодалҳои қиргиз ва қипчоқ ба сари ҳукумати Хӯқанд (декабри соли 1858 - феврали соли 1862) омад. Худоёрхон баъди шикаст дар ҷанги зидди Маллахон дар Риштон ба Бухоро паноҳ ёфт.
Маллахон мансабҳои маъмурӣ ва ҳарбии давлатро ба аъёни қиргизу қипчоқ супорид. Баъди се солу чор моҳи ҳукмронӣ Маллахон аз сӯи қасди амирони норизо феврали соли 1862 кушта шуд.
Ҳукмронии дуввуми Худоёрхон аз миёнаи соли 1862 то аввали соли 1863 давом кард. Амалиёти душманонаи амирони қипчоқҳо ва қиргизҳо. Исёни ҳокими Исфара ва Чоркӯҳ, балво дар Тошканд вазъияти Худоёрро мушкил намуданд. Ҷангҳои бетанаффус, қаҳру газаби мардум, исёни зиддиҳукуматии қипчоқҳо ва қирғизҳо Худоёрро маҷубр намуд, ки амири Бухоро Музаффарро ба Хӯқанд даъват кунад. Қӯшуни Бухоро бо сардории Музаффар дар муборизаи зидци шӯришгарону балвогарон зафар наёфт. Ибтидои соли 1863 Худоёр ҳамроҳи амир Музаффар Хӯқандро тарк намуд. Ҳукумати кӯтоҳмуддати Султон Саид (1863-1865) ва ҳукмронии саввуми
125
Худоёрхон (1865-1875) айёми гуруби хонии Хӯқанд ва барҳамхӯрии он буд. Бояд ёдрас намуд, ки ҳанӯз дар замони ҳукмронии Муҳаммадалихон, ҳеҷ набошад дар нимаи дуввуми он, дар хонии Хӯқанд падидаҳои бӯҳрони дохилӣ ба зуҳур меомаданд.
126

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   ...   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish