Мавзȳи 13.ФарҳангизамониСомониён.
107. Давраи Сомониён кадом асрҳоро дар бар мегирад?
А.Асрҳои ΙХ-Х мелодӣ
Б. Асрҳои VΙΙΙ-ΙХ мелодӣ
В. Асрҳои ХΙ-ХΙΙ мелодӣ
Г. Асрҳои Х-ХΙΙΙ мелодӣ
108. Барои чӣ давраи Сомониёнро замони тиллоии фарҳанги халқи тоҷик меноманд?
А. Барои он ки тамоми соҳаҳои маданият ба дараҷаи баланд расид.
Б. Барои он ки истеҳсоли тилло зиёд гардид
В. Ба хотири асосгузори давлати Сомониён
Г. Ҷавоби дақиқнадорам
109. Нишонаҳои фарҳанги моддии давраи Сомониёнро номбар кунед?
А. Мақбараҳо,қасрҳои феодалӣ, масҷидҳо, маҳсулоти ҳунармандӣ ва ғайра
Б. Адабиёти гуногуни дунёвӣ
В. Адабиёти динӣ
Г. Шоирону нависанда ва олимон
110. Забони давлатии салтанати Сомон кадом буд?
А. Забони тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ)
Б. Забони арабӣ
В. Забони паҳлавӣ
Г. Забони русӣ
111. Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ дар куҷо воқеъ гардидааст?
А. Дар Бухоро
Б. Дар Самарқанд
В. Дар Балх
Г. Дар Кобул
112. «Шоҳнома» асари кист ва кадом мавзўъҳоро дар бар мегирад?
А. Асари Абулқосим Фирдавсӣ буда, муборизаи қувваҳои некӣ ва бадӣ,
ҳиссиёти ватанпарварӣ, мардонагӣ, далерӣ ва ғайра
Б. Асари Абўнасри Форобӣ буда, масоили фалсафиро дар бар мегирад
В. Асари Абдураҳмони Ҷомӣ буда, мавзўи ишқу муҳаббатро дар бар мегирад
Г. Ҷавоби дуруст нест
Мавзȳи 14.ЭҳёиАҷамвааҳамиятиумумибашариион.Фарњангидавраимаорифпарвариитоҷик.
113. Давраи Эҳёи Аҷам кадом асрҳоро дар бар мегирад?
А.Асрҳои ΙХ-ХV
Б. Асрҳои ΙХ-Х
В. Асрҳои Х-ХΙ
Г. Асрҳои ХХ-ХХΙ
114. Эҳё чӣ маънӣ дорад?
А.Аз нав зинда кардан, барқарор намудан
Б. Ба вуҷуд овардан
В. Такмил додан
Г.Ҷавоби дақиқнест
115. Маркази ҳаракати эҳё кадом шаҳрҳои Осиёи Миёна буданд?
А. Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд
Б. Нишопур, Исфаҳон
В. Кобул, Теҳрон
Г. Ҷавоби дуруст нест
116. Кадом олими бузурги тоҷик доир ба эҳёи Аҷам бештар кор кардааст?
А. Акбар Турсунов
Б. Садриддин Айнӣ
В. Абулқосим Фирдавсӣ
Г. Кароматулло Олимов
117. Дар замони Эҳёи Аҷам кадом мактабҳои фалсафӣ амал мекарданд?
А. Ишроқиён ва машшоъ
Б. Тасаввуф
В. Мактабҳои идеалистӣ
Г. Мактаби материалистӣ
118. Сифатҳои умдаи «инсони комил» аз назари суфиён чӣ аст?
А. Фазилат, нафосат, адолат
Б. Ҷасурӣ ва мардонагӣ
В. Меҳнатдўстӣ
Г. Миллатпарастӣ
119. Ҷаҳонбинии Ҷомӣ ба назарияи кадом мактаби фалсафии асрҳои миёна мувофиқат дорад?
А. Машшоия
Б. Исмоилия
В. Тасаввуф
Г. Ҷавоби дуруст нест
120. Ваҳдати вуҷуд дар таълимоти Ҷомӣ кадом маъноро дорад?
А. Ягонагии холиқу махлуқ
Б. Модда ва сурат
В. Макон ва замон
Г. Ҷавоби дақиқнест
121. Ҷунбиши ҷадидия кай ба вуҷуд омадааст?
А.Асри ХIХ
Б. Асри ХV
В. Асри ХVII
Г. Ҷавоби дақиқнест
122. Намояндаҳои ҳаракати ҷадидияро муайян кунед:
А. Тошхўҷа Асирӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ
Б. А.Фирдавсӣ, ИбнСино
В. А.Ғаззолӣ, Низомулмулк
Г. Умар Хайём, А.Берунӣ
Do'stlaringiz bilan baham: |