Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков


Гуфтори чилу дуввум Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ



Download 1,67 Mb.
bet12/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   20
Гуфтори чилу дуввум Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ
Нақша:
1. Вазъи Бухорои Шарқӣ баъди сарнагун намудани тартиботи амирӣ.
2. Ташкил намудани отряди ҳарбии Ҳисор ва амалиётҳои ҷангӣ
барои барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ.
3. Вазъи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар бухорои Шарқӣ.
31 августи соли 1920, яъне як рӯз пеш аз забти Бухорои Кӯҳна амир Саид Олимхон ба Бухорои Шарқӣ гурехт ва Душанберо маркази нави худ қарор дод. Вай пешакӣ ба Англия ва ба дигар давлатҳо ба маблаги даҳҳо миллион сум чизҳои қимматбаҳо равон карда буд. Амир роҳи гурезро пеш гирифта, ба амалдорони худфармуда буд, ки роҳи оҳан, анборҳо ва дигар биноҳои истгоҳҳоро вайрон кунанд ва бо ҳамин ба хоҷагии мамлакат зарари калон расонд.
Амир бо мақсади мустаҳкам кардани мавқеи худ террори зидди меҳнаткашони Бухорои Шарқиро пурзӯр кард. Задан ва дар назди мардум ба қатл расондани деҳқонони хайрхоҳи инқилоб ҳодисаи муқаррарӣ гардида буд. Чунончи, дар Душанбе бо фармони амир дар давоми якчанд рӯз 26 нафар одамони бегуноҳи камбагал ба қатл расонида шуданд (бо тӯҳмати «хайрхоҳӣ нисбат ба аскарони сурх ва Ҳукумати Шӯравӣ»).
Дар Бухорои Шарқӣ амир Олимхон ба ҳайати қӯшунҳои худ одамони бисёреро сафарбар намуда, аз рӯзҳои аввал нокифоягии лавозимоти ҳарбиро ҳис намуд. Оҳангарони маҳаллӣ вазифадор карда шуда буданд, ки танҳо барои сарбозони амир лавозимоти зарурӣ, пеш аз ҳама шамшер тайёр намоянд. Вале ин ҳама нокифоягӣ мекарданд, Бинобар ин умеди ягонаи амир ба кӯмаки Ҳукумати Англия буд.
Ҳанӯз 12 октябри соли 1920 Олимхон ба номи кароли Англия муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ҳар чӣ зудтар чун дастгирии дӯстона, бо ҳамроҳии қосидони фиристодааш 100 ҳазор фунт стерлинг чун қарзи давлатй, 20 ҳазор туфанг бо миқдори тирҳои лозимӣ, 30 адад тӯп бо тирҳояш ва 10 адад аэроплан бо лавозимоти заруриаш фиристад. Боз ӯ хоҳиш намудааст, ки 2 ҳазор аскарони мусаллаҳи англоҳиндии дар Ҳиндустон доштаашро ба воситаи Қаротегин, барои мубориза бо болшевикон фиристад. Вале ҳукумати Англис бо сабабҳои гуногун хоҳиши амирро ба ҷо наовард, зеро метарсид, ки аслиҳаи фиристодашуда дар роҳ ба дасти озодихоҳони Афгон меафтаду он аслиҳаҳо баръакс ба муқобили худи англисҳо нигаронида мешавад. Инчунин шикаст хӯрдани он дар интервенсияи зиддишӯравии солҳои 1918-1920 ва шикастхӯриаш дар ҷанг бо озодихоҳони афгон имконият надод, ки ба амир ёрӣ диҳад.
155
Бо сабабҳои дар боло зикршуда ба Олимхон лозим омад, ки на танҳо нигоҳ доштани Бухорои Шарқӣ, балки гардонидани Бухорои Марказию Ғарбӣ танҳо ба иқтидори ҷамъ намудаи худ такя намояд. Аз ин рӯ, Олимхон аз як тараф сафи сарбозони худро пай дар пай зиёд намуд, аз тарафи дигар, баҳри пӯшонидани хароҷотҳои афзудаистода ба дӯши мардуми дар зери даст доштааш андозҳои бисёреро гузошт..
Албатта, мисли пештара ба Бухорои Шарқӣ дастаҳои аксулинқилобии дар ноҳияҳои гуногун аз тарафи аскарони сурх парокандакардашуда паноҳӣ меёфтанд. Ҳатто бекигарии Масгчоҳ декабри соли 1920 ба кӯмаки амир 400 нафар ҷангиёни мусаллаҳи худро фиристод. Ин ҳама ба амир илҳоми тоза мебахшид. Вале сиёсати нави нисбат ба мардуми сарсахти Бухорои Шарқӣ пеш гирифтаи амир ба худ характери фоҷиавиро мегирифт.
Амир ба гардани ҳокимон ва заминдорони ин диёр андозҳои зиёдро бор кард. Онҳо бошанд дар навбати худ андози ба амир супоридаашонро аз мардуми бечора бо микдори дучанд ва ҳатто аз он ҳам зиёд меситониданд. Ҷои шубҳа нест, ки аз тарафи ҳокимони Бухорои Шарқй барои кайфияти амир дар қатори тӯҳфаҳои гуногун инчунин духтар ва писарони ноболиғ пешккаш мешуданд.
Аз сиёсати дар Бухорои Шарқӣ пешгирифтаи амир, махсусан сиёсати сафарбарии ҳарбии ӯ фоҷианоктар менамуд. Зеро чун ҳарвақта ба чунин рӯйихат боз бечорагоне, ки имконияти пора додан надоштанд, дохил карда мешуданд. Ҳамин сиёсат дар водии Қаротегин дар моҳи декабри соли 1920 сар задани шӯриши калонтарин бо роҳбарии Усмон Муҳаммадаминов гардид. Шӯришчиён бо ҳуҷуми қатъй Ғармро ба даст дароварда, маҷбур карданд, ки беки Қаротегин Мир Абдулҳафиз аз он ҷо гурезад. Ин мувафақияти калони шӯришчиён буд. Аммо беки Қаротегин дастаи ҷангие ҷамъ намуда, ба Ғарм ҳамла овард ва баъди задухӯрд қалъаро ба даст даровард. Сипас Усмон маҷбур шуд, ки дар агбаи Нимич пинҳон шавад. Уро аҳдшиканона дастгир намуда ба Ғарм оварданд ва бо фармони бек азоб дода куштанд. Одина Луччак ва Мулло Тош ном сардорони шӯриш ҳам ба қатл расонида шуданд. Амир ва муқаррабони вай мақсад доштанд, ки Ҳокимияти Шӯравиро сарнагун созанд ва дар ҳудуди собиқ аморати Бухоро тартиботи кӯҳнаро аз нав барқарор намоянд. Аз ин ҷост, ки дар Бухорои Шарқӣ қувваҳои калони зиддишӯравӣ гард оварда шуданд. Ннро ба инобат гирифта, Ҳукумати ҶХШБ ба ҳукумати Россияи Шӯравӣ муроҷиат карда, аз вай илтимос кард, ки барои ин манбаи аксулинқилобро барҳам додан кӯмаки ҳарбӣ расонад. Ҳукумати РСФСР розй шуд. Инак, аз қисмҳои двизияи якуми савораи Туркистон ва қисмҳои ҳарбии инқилобии ҶХШБ отряди махсусе гашкил карда шуд, ки он дар таърих бо номи отряди эъзомияи Ҳисор машҳур аст.
156

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish