Туфторт чжлум
Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистони
Шимолӣ ва Бадахшон
Нақша:
-
Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Россия.
-
Барпо намудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ.
-
Барпо намудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон.
Иштироки Россияи подшоҳӣ дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ вазъияти иқтисодию сиёсии мамлакатро хеле вазнин намуд. Ҷанги тӯлонӣ хоҷагии халқи мамлакатро хароб кард. Беқурбшавии пул, гаронии нархҳо, гуруснагӣ ва қашшоқии мардум ҳақиқати ҳоли давр гардида буд.. ин ҳама охири соли 1916 ва аввали соли 1917 дар Россия вазъияти нави инқилобиро ба вуҷуд овард. Пешсафи ҳаракати инқилобӣ коргарони пойтахти Россия шаҳри Петроград ба ҳисоб мерафт.
Ҳамин тавр, 27-уми феврали соли 1917 дар Россия Ҳукумати подшоҳӣ, яъне мутлақият сарнагун гардид. худи ҳамон рӯзи 27-уми феврал аъзоёни Думаи давлатӣ бо дастгирии ҳизбҳои буржуазй ва помешикии Россия бо мақсади дар пойтахт ҷорй намудани тартибот Кумитаи Муваққатиро интихоб намуданд, вале шӯриш дар шаҳри Петроград идома мекард ва он Кумитаи Муваққатии Думаи давлатиро ба воҳима андохт. Сарварони Кумита маҷбур пгуданд, ки бо роҳбарони Шӯроҳои намояндагони коргарон ва аскарони шаҳри Петроград музокира намоянд, то ки барои идоракунии мамлакат Ҳукумати Муваққатӣ ташкил карда шавад.
2-юми марти соли 1917 бо сарварии княз Г.Э. Лвов Ҳукумати Муваққатй ташкил карда шуд. Бо ҳамин дар Россия инқилоби дуюми буржуазӣ - демократӣ бо галаба анҷом ёфт. Он мутлакиятро, ки ҳамчун нишонаи ҷамъияти феодалй ба ҳисоб мерафт, сарнагун намуд. Аммо дар мамлакат дуҳокимиятӣ - Ҳукумати Муваққатӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон ба вуҷуд омад. Шӯришгарон дар симои Шӯроҳо ҳокимияти асосии худро медиданд ва фақаат аз рӯйи дастурҳои он амал мекарданд. Сарварони Шӯроҳо бошанд, яъне меншивикон ва эсерҳо мегуфтанд, ки ин инқилоб - инқилоби буржуазӣ-демократӣ аст, бинобар ин ҳокимият бояд ба ихтиёри буржуазия гузарад. Вале ҳукумати муваққатии буржуазӣ, ки чун ҳукумати расмӣ ба ҳисоб мерафт, дар назди инқилобчиён-коргарон ва аскарон обрӯ ва эътиборе надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам дар Россия то воқеаъҳои июлии соли 1917 дуҳокимиятй мавҷудияти худро нигоҳ дошт.
Чун дар маркази империяи Россия-шаҳри Петроград, дар гӯшаю канори он, аз ҷумла дар Туркистон ҳам дуҳокимиятӣ, яъне
145
намояндагии Ҳукумати мувақкатии бржуазй ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бунёд гардиданд.
1 марти соли 1917 хабари ғалабаи инқилоби февралӣ дар Петроград то ба Тошкант омадаа расид. Моҳи Марти соли 1917 дар баробари Тошкант боз дар дигар шаҳрҳои калонтарини кишвари Туркистон-Самарқанд, Хуҷанд, Андиҷон, Скобелев ва гайраҳо Шӯроҳо ба вуҷуд омаданд.
Моҳҳои май-июли соли 1917 дар Тошкант, Самарқанд, Хӯқанд, Хуҷанд, Андиҷон ва дигар шаҳрҳо «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон» ба вуҷуд омаданд. Онҳо дар кори муттаҳиду муташаккил кардани меҳнаткашони миллатҳои маҳаллӣ ва ба ҳаёти сиёсӣ ҷалб намудани онҳо роли калон бозиданд. Баъди Инқилоби Октябр ин Иттифоқҳо ба Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон муттаҳид шуданд.
Ҳукумати муваққатӣ бо ёрии Шӯроҳо, ки дар он эсерҳою меншевикҳо акеариятро ташкил менамуданд, 7 апрели соли 1917 Комитети Туркистонй ташкил дод, ки он бояд ҳокимияти буржуазияи русро дар ин кишвар мустаҳкам мекард. Дар баробари ин дар Туркистон, аз он ҷумла дар маҳалҳои шимолии Тоҷикстон - Хуҷанд, Уротеппа, дар истгоҳи Даргамир дар шахси комитетҳои иҷроия органҳои маҳаллии ҳокимияти буржуазӣ ташкил ёфта буданд.
Ҳамин тавр, дар маҳалҳои шимолии Тоҷикистон, монанди тамоми мамлакат аз рӯзҳои аввали инқилоб дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омад.
3 апрели соли 1917 хабари сарнагун гардидани ҳукумати подшоҳии Россия то ба Бавдахшон ҳам расид. То ин вақт як қисми ғарбии Бадахшон бо номи бекигарии Шуғнону Рӯшон (маҳалли Хоруг) аз ҷиҳати идоракунӣ расман дар ҳайати аморати Бухоро бошад ҳам, вале амалан чун қисми Шарқии бадахшон дар ихтиёри отряди Помирии Россия буд, ки отряд дар як вақт сарҳади байни Бадахшону Афгонистон ва чӣ оромии Бадахшонро назорат мекард. Бинобар он вазъи сиёсии Бадахшон асосан аз мавқеи афсарон ва аскарони ин отряд сахт вобастагӣ дошт.
Афсарон ва аскарони отряди Помир хабари сарнагун гардидани мутлақиятро хуш қабул карданд. Дар худи ҳамон моҳ кумитаи Умумипомирии аскарон таъсис ёфт, ки он дар шароити Бадахшон бояд вазифаи Шӯрои намояндагии аскаронро мебозид. Дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 1917 дар Бадахшон Кумитаи Умумипомирии Хукумати Мувақкатй низ ташкил ёфт,_ки сарвараш собиқ амалдори подшоҳӣ Белов интихоб гардида буд. У дар як вақт сардори отряди Помирӣ ва комиссари граждании Ҳукумати Муваққатй ба ҳисоб мерафт. Барои бевосита роҳбарй кардан ба аҳолии маҳаллӣ дар Хоруг (волости Шугнон) ва дар дигар волостҳои Помир комитетҳои иҷроия ташкил карда мешаванд.
146
Умуман дар Бадахшон ҳам баъд аз инқилоби февралии Россия дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсӣ, махсусан тарзи идоракунии он тағйиротҳои ҷиддй ба амал омадаанд.
Дар Россия баъди ба охир расидани дуҳокимиятӣ ва яккаҳукмрон гардидани Ҳукумати Муваққатӣ ҳам (яъне аз аввали моҳи июли соли 1917) вазъият беҳтар нагардид. Ҷанги якуми ҷаҳон, ки Россияиштирокчии он буд, ҳамоно давом дошт. Дар мамлакат мисли пештара қашшоқӣ, гуруснагӣ, беқурбшавии пул ҳукмфармоӣ мекард. Хулоса, хавфи таркиш ҳувайдо буд.
Баъди воқеаҳои июлии соли 1917 дар Петроград (тирборон кардани намоиши осоиштаи коргарон ва ба охир расидани дуҳокимиятӣ) Ҳизби болшевикӣ мардумро ба шӯриши яроқнок даъват намуд. 24 октябри соли 1917 шӯриш дар Петроград сар шуд. 25 октябр пгӯриши яроқнок дар Петроград ғалаба кард. Аз ин рӯ, 25 октябр (бо санаи нав 7 ноябр) ҳамчун рӯзи ғалабаи Инқилоби Октябр ва бунёди Хокимияти Шӯравй ҳисоб мешуд ва онро дар даврони шӯравӣ ҳар сол бошукӯҳ ҷашн мегирифтанд.
Инкилоб, ки дар пойтахт галаба карда буд, кишварҳои канориро ҳам фаро гирифт. 28 октябри соли 1917 шӯриши мусалаҳи коргарон, аскарон ва камбағалони шаҳри Тошкант сар шуд ва 1 ноябр дар ин ҷо ҳокимият ба дасти Шӯрои депутатҳои коргарон ва аскарони Тошкант гузашт.
Ғалабаи Инқилоби Октябр дар маркази кишвари Туркистон -шаҳри Тошкант ба афзоиши ҳаракати инқилобӣдар ноҳияҳои миллӣ, аз он ҷумла дар қисми шимолии Тоҷикистон ҳам таъсири калон расонд. Дар як қатор ҷойҳо Шӯроҳо ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аз ҷумла, ҳанӯз баробари огози шӯриш дар Тошкант дар истгоҳи роҳи оҳани Драгомирова (Пролетарск) ҳокимият ба ихтиёри Кумитаи Инқилобй гузашт. Дар конҳои Сулукта ва Шӯроб, кони нафти САНТО Шӯроҳо бе ягон муқобилият соҳиби ҳокимият гардиданд.
11 ноябри соли 1917 дар Хуҷанд маҷлиси васеи Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бо якҷоягии намояндагони «Иттифоқи меҳнаткашон», думаи шаҳрӣ ва кумитаҳои иҷроияи волостҳои Қистақӯз ва Унҷӣ барпо гардид. ин ҷамъомад дар шаҳр ва уезди Хуҷанд ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Худи ҳамон рӯз Шӯрои шаҳрии Хуҷанд дар шаҳр ҳокимиятро ба дасти худ гирифт.
Бояд ба инобат гирифт, ки дар Хуҷанд ва дар аксари волостҳои он (ба ғайр аз Уротеппа ва то андозае Қистақӯз), аз ҷумла дар Унҷӣ, Ғулакандоз, Нов, Исфана, Уралск (Дилварзин) ва ғайра аз ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 тартиботи Шӯравӣ ба таври осоишта баркарор карда шуд.
147
Яке аз волостҳои калонтарини уезди Хуҷанд шаҳри Ӯротеппа ба ҳисоб мерафт. Ҳамон лаҳза ба гурӯҳи ноҳияҳои Уротеппа волостҳои Уротеппа, Ғончӣ, Шаҳристон, Басманда, Далён ва Мастчоҳ дохил шуда, то моҳи майи соли 1919 дар ҳайати Уезди Хуҷанд буданд. Дар Уротеппа ҳокимият моҳи ноябри соли 1917 ба дасти Шӯрои маҳаллӣ гузашт. Лекин он ба зудӣ сарнагун гардид.
Фақат моҳи июли соли 1918 Ҳокимияти Шӯравӣ дар Уротеппа аз нав барқарор карда шуд, яъне 10 июли ҳамон сол дар Уротеппа ба ихтиёри Шӯрои намояндагии аскарон, коргарон ва деҳқонон гузаштани тамоми ҳокимият эълон карда мешавад.
Баъди аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Уротеппа дар назди ҳукуматдорони кишвари Туркистон ҳалли масъалаи Мастчох ба миён меояд. Зеро дар ин гӯшаи дурдаст Ҳокимияти Шӯравӣ аллакай вуҷуд надошт. Ба Мастчоҳ қисмҳои аскарони сурх фиристода мешаванд.
Бо мақсади пешгирй намудани хунрезӣ Кумитаи Инқилобии Уротеппа қарор мекунад, ки бо қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳ роҳи мусолиҳаро пеш гирад. 30 ноябри ҳамон сол гуффтушуниди тарафайн барпо ва сулҳ имзо гардид. Тарафи Мастчоҳиҳо ваъда доданд, ки Ҳокимияти Шӯравиро эътироф намуда, хурӯчҳои зиддишӯравиро бас мекунаанд.
Бо ҳамин маъракаи барпо намудани Ҳокимияти Шӯравй дар худуди Уезди Хуҷанд, ки моҳи ноябри соли 1917 огоз гардида буд, моҳи ноябри соли 1918 ба охир расид.
Бунёди Ҳокимияти Шӯравй дар волости Ашт, Исфараю Конибодом, ки ба хдйати вилояти Фаргона дохил мешуданд, аз воқеаҳои дар ин вилоят рӯй дода сахт вобастагй дошт. Аз аввали моҳи декабри соли 1917 аксари ноҳияҳои ин вилоят, аз ҷумла волостҳои Ашт ва Исфараю Конибодом ба доираи идоракунии «Мухторияти Хӯқанд» дохил мешуданд. 6 декабри соли 1917 дар натиҷаи амалиёти ҷангии қисмҳои аскарони сурх маркази вилояти Фаргона шаҳри Скобелев (ҳозира шаҳри Фаргона) ба ихтиёри Ҳокимияти Шӯравии Туркистон гузашт.
6-7 декабри соли 1917 дар шаҳри Скобелев анҷумани Шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва мусалмонони вилояти Фарғона барпо гардид. Ин лнҷуман дар тамоми худуди вилоят ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштаги ҳокимиятро эълон кард. Вале ин қарор аз ноҳияҳои иомбурда, танҳо дар ҳудуди волости Ашт амалӣ гардид, зеро дар Ашт нуфузи мухториятчиён, яъне «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои Уламо» нисбатан суст буд. Дар Ашт ҳам Ҳокимияти Шӯравӣ ба таври осоишта барқарор карда шудааст, Волостҳои Исфараю Конибодом бошанд, ба ҳайати «Мухторияги Хӯкдн;<>:- аохил мешуданд, бинобар ин дар ин нуқтаҳо амалй гардидани онкарортс охирифевралисоли 19!8тӯлкашид.
148
13 декабри соли 1917 дар шаҳри Самарқанд анҷумани Ш Шӯроҳои вилоятӣ ба кори худ шурӯъ крад ва он дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани Ҳокимиятро эълон қард. Ҳамин тарз, моҳи декабри соли 1917 дар болооби Зарафшон, аз ҷумла дар волостҳои Панчакент, Фалгар, Искандарй, Могиёну Кшитут, Фороб ва Офтобрӯ бе ягон муқобилияти ҷиддӣ Ҳокимияти Шӯравй барпо карда шуд.
Дар Бадахшони Кӯҳӣ мисли пештара ҳар гуна тагйирот аз мавқеи отряди Помир вобастагӣ дошт. Аз тарафи дигар сарварони отряд дар қатори вазифаҳои ҳарбӣ, инчунин вазифаҳои маъмуриро низ иҷро мекарданд. Ҳамон лаҳза сарвари отряд полковники рус Фенин буд, ки аз шинохтани Ҳокимияти Шӯравй саркашӣ кард.
Ниҳоят, моҳи ноябри соли 1918, полковник Фенин ҳамроҳи чанд нафар афсарон ва аскарон тамоми маблаг ва аслиҳаи мавҷудаи отрядро бо худ гирифта, ба воситаи Вахон ба Ҳиндустон гурехт.
Дар натиҷа таносуби қувваҳо дар Бадахшон ба нафъи инқилоб тагйир ёфт. Дар ин ҷо муассисаҳои маъмурии Ҳукумати Муваққатӣ барҳам дода шуданд. Қувваҳои инқилобии Помир ба ташкили Ҳукуматк нави худ шурӯъ кард. Умумипомирии мувақкатӣ, ки сарнагун шуда буд, Кумитаи Инқилобии Помир бо сардории болшевик Воловик ташкил карда мешавад. Дар волостҳо Кумитаҳои инқилобӣ, яъне органҳои муваққатии шӯравй ташкил карда мешуданд.
Охири моҳи ноябри соли 1918 КИМ-и Ҷумҳурии Туркистон, оиди ба Бадахшон фиристодани комиссияи ҳарбию сиёсй ва отряди ихтиёрӣ бо сардории коммунист А.А. Холмаков қарор қабул кард. Комиссия ва отряд асосан аз тоҷикони Помир, ки дар корхонаҳои саноатии Туркистон кор карда, дар он ҷо матонати инқилобӣ омӯхта буданд, ташкил ёфта буд.
Комиссия ва отряд моҳи феврали соли 1919 бо душвориҳои хеле зиёд ба Хоруг омада расид. Вазифаи асосии комиссия ва отряди Холмаков ин дар маҳалҳо ташкил намудани органҳои Ҳокимияти Инқилобии ҳалқӣ ва мустаҳкам кардани отряди Помир буд. Баҳори соли 1919 бо ташаббуси комиссия ва отряд дар як қатор маҳалҳои Бадахшон Кумитаҳои Инқилобӣ ташкил карда шуданд. Дар худи ҳамон фасл анҷумани ин қумитаҳо низ барпо гардида дар онҳо оид ба муттаҳид намудани Помири Ғарбй ва Шарқӣ қарор қабул карданд. Аз ҳамон лаҳза роҳбарии умумиро дар Бадахшони Кӯҳй Кумитаи отряд бо сардории А.А. Холмаков ба ихтиёри худ гирифт.
Ҳамин тавр, баҳори соли 1919 дар Бадахшони Кӯҳӣ яиз бо ташаббуси комиссия ва отряди аз Тошкент фиристодашуда ҳокимияти шӯравӣ ташкил карда шуд. Ҳайати отряди номбурда аз қисмҳои аскарони сурх ва намояндагони мардуми маҳаллӣ иборат буданд.
149
Do'stlaringiz bilan baham: |