734025, ш.Душанбе,хиёбони Рӯдакӣ, 37.
208
МУҚАДДИМА
Миллати имрӯзаи тоҷик аз ҷиҳати шумора халқи бузурги Осиёи Марказй ва Шарқи Миёна ба шумор рафта, аҳолии асосии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд, миллионҳо тоҷикон дар мамлакатҳои хдмсоя ва инчунин дар дигар давлатҳои дунё зиндагй мекунанд.
Тоҷикон дар ҳудуди кишварҳои маданию ҷугрофии қадимтарин -Хуросон, Моваруннаҳр, Хоразм, Ҳафтрӯд, Бадахшон ва минтақаҳои ҳамшафати онҳо таърихан ташаккул ёфтаанд.
Халқи тоҷик дар асоси халқиятҳои қадимтарин ва қадими муқимию зироаткори эронӣ: сугдиён, бохтариён, тахориён, марғониён, портҳо, фаргониҳо ва қавмҳои эронзабони кӯҳистонӣ ва бадавии саккоиҳо в& конгӯйҳо ба вуҷуд омаданд.
Раванди ташаккули халқи муосири тоҷик дар ҳазораи авали қарни мо дар доираи аввалан давлати Сосониён ва сониян давлати Сомониён сурат гирифтааст.
Миллати тоҷик ҳамчун як узви мардуми форсизабон, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин халқ таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшонн қаҳрамонию мардонагй ва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад.
Мо саҳифаҳои ибратомези таърихи аҷдодони хешро дар муборизаи эшон баҳри муҳофизати ватани худ бар зидди аҷнабиёни Юнону макдунӣ, арабҳо, мугулуҳо, туркҳо ва Руссияи подшоҳӣ мебинем. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо на бо ҷангу ҷидолҳо, балки бо инкишофи кишоварзӣ, бунёду ободии шаҳрҳои бостонӣ.ба монанди Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Хирот, бо ба ҷаҳони мутамаддин тақдим намудани фарзандони барӯманд ба монанди Муҳаммадии Хоразмӣ, Абӯнасри Форобй, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунй, Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Ҷомию Беҳзод, С. Айнию Б. Ғафуров ва дигарон, ки сафҳояшон садҳо, ҳазорҳо нафаранд, ном баровардааст.
Халқи тоҷик махсусан, дар замони ҳуҷумҳои забткоронаи аҷнабиёни мугул, таҳдидҳои сахти нестшавии ҷисмониро аз сар гузаронид, ки садҳо ҳазор нафар фарзандонашро сар бурида, шаҳру деҳаҳои обод намудаашро ба харобазор табдил доданд.
Зарурият ба ёдоварист, ки омӯзиши фанни таърих умуман, ва таърихи халқи тоҷик хусусан, дар инкишофи ҷаҳонбинӣ, тафаккури эҷодӣ, нерӯи акдонӣ, худшиносӣ ва ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад (пеш аз ҳама ба ҷавонон). Таърих илмест, ки гузаштаю имрӯзаи инсоният ва қонуниятҳои инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро меомӯзад.
Таърих аз арабӣ - илме, ки ҳодиса ва воқеаҳои замони гузаштаро меомӯзад, илме, ки аз инкишофи ҷамъияти инсонӣ баҳс мекунад.
5
Do'stlaringiz bilan baham: |