Вазорати таълими халқии
Республикаи Ўзбекистон
Раёсати таълими халқии
Вилояти Намангон
Шўбаи таълими халқии ноҳия Чуст
Намунаи нақшаи дарси яксоатаи муаллимаи мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 58-и ноҳияи Чуст
ШАРОПОВА ГУЛБАҲОР
Коркарди дарси мазкур ба муаллимони забон ва адабиёти тожик барои истифодаи эжодкорона тавсия карда мешавад.
Муаллиф: : Г.Шаропова.
Муаллимаи забон ва адабиёти тожик, тоифаи оли.
Муҳаррир:Х Қурбонов.
Раҳбари методи муттаҳидаи забони модари ва адабиёт
Муқарриз:: М Қурбонова .
Муаллимаи забон ва адабиёти тожики мактаби рақами 58, тоифаи як.
Нақшаи дарс
T/r
|
Қисмҳои дарс
|
Вақт
|
1
|
Ташкили дарс
|
2-дақиқа
|
2
|
Пурсиши дарси гузашта
|
8-дақиқа
|
3
|
Кор бо гурўҳҳо
|
15-дақиқа
|
4
|
Хониши ифоданок
|
5-дақиқа
|
5
|
Жамбасти кори гурўҳҳо
|
13-дақиқа
|
6
|
Супориши вазифаи хонаги
|
2-дақиқа
|
Сана_________ Синф: Адабиёт синфи 9 В
Мавзўъ: ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ САДРИДДИН АЙНӢ
Мақсади дарс:
А) таълими: хонандагонро ба мавзўъ ва мазмуни асарҳои Садриддин Айнӣ шинос кардан.
Ифоданок хондани шеърҳо.
Б) тарбияви: дар дили хонандагон ҳисси ватандўсти ва ватанпарвариро афзун кардан.
С) ривождиҳандагии таълим: инкишоф додани қобиляти фикркуни, ҳозиржавоби ва хулосабарории хонандагон; инкишоф додани нутқи даҳонии хонандагон; дўстдоштани адабиёти бадеи.
Усули дарс: Интефаъол, кор бо гурўҳҳо.
Жиҳози дарс: Расми Садриддин Айнӣ, китоби дарси, китобҳои шоир, саволномаҳо, фломастер, коғазҳои калони сафед, бўр, слайд ва компютер.
Алоқамандии фанҳо: Таърих, забони модари, тарбия.
Қисми ташкили:
а) ба чо овардани одоби мулоқот.
б) аз назар гузаронии тозагии синф.
в) ҳозиру ғоиб кардан.
2. Пурсиши мавзўи гузашта.
Аз сабаби он ки дарс дар усули интерфаъол гузашта мешавад, хонандагони синфро ба 4 гурўҳ жудо мекунам ва ба онҳо номҳои алоҳида медиҳам.
Ҳамин вақт “Хазиначи”-и синфро интихоб карда мегирам ва ў ба хонандагони чавоб дода карточкаи рағбат месупорад.
Аз рўи мавзўи гузашта ба ҳар як гурўҳ супориш дода мешавад.
Супориш ба гурўҳи дониш;
А Фитрат кай ва дар кучо ба дунё омадааст?
Нахустин мажмўаи А Фитрат чи ном дошт ва боз кадом мачмўаҳои шоирро медонед?
Супориш ба гурўҳи “Парвоз”
А Фитрат таҳсилро дар кучо гирифт?
А Фитрат барои чи ба Истамбул меравад?
Супориш ба гурўҳи “Адаб”
А Фитрат дар кадом мавзўьҳо шерьҳо навиштааст?
Асарҳои насрии А Фитрат кадомҳо аст?
Супориш ба гурўҳи “Нур”
Ҳиссаи ватанпарвари А Фитрат дар кадом ашъораш ифода ёфтааст?
А Фитрат бо чанд забон эчод кардааст?
Гурўҳҳо ба кор сар мекунад
Кори хонандагон аз тарфи муаллим назорат карда мешавад:
Do'stlaringiz bilan baham: |