Моддаи 191. Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳое, ки хавфи таркиш
доранд
1) Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳо ё цехҳое, ки хавфи таркиш доранд агар ин
аз беэҳтиётӣ боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,‐
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё маҳдуд кардани
озодӣ ба мўҳлати то чор сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз
ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё
бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
‐
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо
маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба
мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 192. Вайрон кардани қоидаҳои зидди сўхтор
1) Вайрон кардани қоидаҳои зидди сўхтор аз ҷониби шахсе, ки ба ўҳдааш риояи ин масъулият
гузошта шудааст, агар он дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,‐
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани
озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштод то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз
озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон
ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 193. Муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ
1) Ғайриқонунӣ соҳибӣ кардан, истифода бурдан, ба даст овардан, фурўхтан, нигоҳ доштан,
интиқол, ба дигарон додан ё вайрон кардани маводи радиоактивӣ, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Содир намудани ҳаракате, ки аз талабот бо таҳдиди зўрӣ ё истифодаи он ё ин ки бо ягон
шакли дигари тарсонидан барои додани маводи радиоактивӣ иборат мебошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки аз беэҳтиётӣ ба
саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар аз беэҳтиётӣ боиси
марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлат аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Do'stlaringiz bilan baham: |