Моддаи 71. Шартан татбиқ накардани ҷазо
1) Агар суд ҷазоро дар намуди корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд
кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намуда,
ба хулосае ояд, ки ислоҳ кардани маҳкумшуда бе адои ҷазо, вале дар шароити назорати рафтораш
имконпазир аст, он гоҳ метавонад дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намояд.
2) Ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо суд хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии
ҷинояти содиршуда, бораи шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои сабуку вазнинкунандаро ба назар
мегирад. Шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати шахсе, ки барои ҷинояти махсусан вазнин ва
инчунин қаблан барои ҷинояти қасдона ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст, ба
истиснои ноболиғон, маъюбони гурўҳи якум ва дуюм, занон, инчунин мардоне, ки ба синни нафақа
расидаанд, татбиқ карда намешавад.
3) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо суд мўҳлати санҷиш муқаррар менамояд, ки дар
давоми он маҳкумшуда бояд бо рафтори худ ислоҳ шуданашро исбот кунад. Мўҳлати санҷиш бо
давомнокии аз як то панҷ сол таъин гардида, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳисоб
карда мешавад.
4) Дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо мумкин аст ҷазоҳои иловагӣ, ба истиснои
мусодираи
молу мулк
, таъин карда шаванд.
5) Суд дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намуда, метавонад иҷрои
вазифаҳои муайяни зеринро ба зиммаи маҳкумшуда гузорад: дар мўҳлати муайян зарари
расонидаро барқарор намудан, иваз накардани истиқоматгоҳи доимӣ, ҷои кор ё таҳсил бидуни огоҳ
кардани мақомоте, ки ба рафтори маҳкумшуда назорат мекунанд, ба ҷойҳои муайян нарафтан, ба
кор ё таҳсил дохил шудан, даври муолиҷаи майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикоманӣ ё касалиҳои
зуҳравӣ тамом кардан, аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани оила.
6) Агар маҳкумшуда бо гузашти на камтар аз нисфи мўҳлати санҷиш бо рафтори худ ислоҳ
шуданашро исбот кунад, суд бо пешниҳоди мақомоти ба рафтори маҳкумшуда назораткунанда
метавонад дар хусуси бекор кардани маҳкумӣ ва бардоштани доғи судӣ қарор қабул намояд.
7) Агар маҳкумшуда дар ҳолати шартан татбиқ накардани ҷазо ба вайрон кардани тартиботи
ҷамъиятӣ роҳ дода барои содир намудани он ба ў ҷазои маъмурӣ таъин шуда бошад ё ашаддӣ аз
ўҳдадориҳое, ки суд ба зимааш гузоштааст, саркашӣ намояд суд метавонад бо пешниҳоди мақомоти
дар қисми нуҳуми ҳамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан маҳқумшавӣ ва барои
адои ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристодани маҳкум қарор қабул кунад.
8) Агар маҳкумшуда дар давоми мўҳлати санҷиш ҷинояти нав содир намояд, суд шартан
татбиқ накардани ҷазоро бекор намуда, мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин
Кодекс ҷазо таъин мекунад.
9) Ба рафтори маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ў шартан татбиқ накардани ҷазо таъин карда
шудааст ‐ мақоми ваколатдори давлатӣ, ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ бошад‐ фармондеҳии
қисмҳои ҳарбӣ назорат мекунанд. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)
Do'stlaringiz bilan baham: |