Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Б О Б И 8  ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҶИНОЯТ БУДАНИ КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД



Download 1,54 Mb.
Pdf ko'rish
bet16/200
Sana23.02.2022
Hajmi1,54 Mb.
#131210
TuriКодекс
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   200
Bog'liq
Penal Code tg

Б О Б И 8 
ҲОЛАТҲОЕ, КИ ҶИНОЯТ БУДАНИ КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД 
Моддаи 40. Мудофиаи зарурӣ 
1) Ҳаракате, ки дар ҳолати мудофиаи зарурӣ, яъне ҳангоми ҳимояи шахсият ва ҳуқуқҳои 
мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат аз таҷовузи 
барои ҷамъият хавфнок бо роҳи расонидани зарар ба таҷовузкунанда содир шудааст, агар ин таҷовуз 
бо зўровари барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо таҳдиди
бевоситаи истифодаи чунин зўроварӣ алоқаманд бошад, ҷиноят ҳисобида намешавад. 
2) Ҳимоя аз таҷовузи ба зўроварӣ марбут набуда, ки барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси 
дигар хавфнок нест, ё ин ки бо таҳдиди бевоситаи истифодаи чунин зўроварӣ қонунӣ ҳисобида 


мешавад, агар зимнан ба аз ҳадди мудофиаи заррурӣ баромадан, роҳ дода нашуда бошад, яъне
ҳаракати қасдонае, ки баръало ба хусусияту дараҷаи хавфнокии таҷовуз мувофиқ нест. 
3) Ҳаракатҳои шахси мудофиакунанда, ки дар натиҷаи таҷовузи нобаҳангом ба вуҷуд омадаанд, 
баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ ҳисоб намешавад, агар шахс имконияти ба таври объективӣ
баҳо додани дараҷа ва хусусияти хавфнокии таҷовузро набошта бошад. 
4) Шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз таҷовуз, новобаста аз тайёрии касбӣ ё 
дигари тайёрии махсус ё мақоми хизматиаш ё имконияти ба 
шахсон
и дигар ё мақомоти ҳокимият 
барои кўмак муроҷиат карданаш, ба мудофиаи зарурӣ ҳуқуқ дорад. 
5) Қасдан барангехтани иғвои таҷовуз бо мақсади расонидани зарар, мудофиаи зарурӣ ҳисоб 
намешавад. 
Моддаи 41. Расонидани зарар ҳангоми дастгир кардани шахсе, ки ҷиноят содир 
намудааст 
1) Ҳаракатҳое, ки ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда бо мақсади ба
мақомоти ҳокимият супурдан ё пешгирии имконияти ҷиноятҳои навро содир карданаш ба ў зарар 
расонидаанд, агар бо воситаҳои дигар дастгир намудани чунин шахс ғайриимкон бошад ва дар айни 
замон чораҳои зарурии бо ин мақсад андешидашуда аз ҳад набаромада бошанд, ҷиноят ҳисоб 
намешаванд. 
2
) Номутобиқатии ошкорои воситаю усулҳои дастгир кардан ба хавфи кирдор ва шахси 
содирнамуда, инчунин ба ҳолатҳои дастгир кардан, ки дар натиҷаи онҳо ба шахс қасдан зараре
расонида шавад, ки зарурати дастгир кардан онро талаб намекард, баромада аз ҳадди чораҳои 
зарурӣ барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда эътироф мешавад. 
3) Ҳуқуқи дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамударо дар баробари 
шахсон
и ба ин кор 
махсус ваколатдор, инчунин ҷабрдидагон ва шаҳрвандони дигар низ доранд. 
4) Ҳангоми арзёбии қонунӣ будани зарари дар вақти дастгир кардани шахси ҷиноят
содирнамуда расонидашуда ҳаракати ў дар мавриди аз дастгиршавӣ халос хўрдан, қувваю 
имконияти дастгиршаванда, ҳолати рўҳии ў ва ҳолатҳои дигари вобаста бо амали дастгир кардан ба 
назар гирифта мешаванд. 

Download 1,54 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   ...   200




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish