Мавзўи Предмети омӯзиш ва вазифаҳои фан. Мавќеи геополитикї ва таќсимоти маъмурию сиёсии Љумњурии Тољикистон Наќша


Роњњои баромад аз бунбасти коммуникатсионї



Download 1,42 Mb.
bet59/70
Sana25.06.2022
Hajmi1,42 Mb.
#704195
1   ...   55   56   57   58   59   60   61   62   ...   70
Bog'liq
ктм (1)

Роњњои баромад аз бунбасти коммуникатсионї. Раҳо додани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионї ва табдил додани он ба минтақаи транзитї бо тамоми инфраструктураи нақлиётии мутобиқба стандартҳои љаҳонї яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати иқтисодии давлат дар ояндаи наздик ба шумор меравад.
Тўли солњои Истиќлолият сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти на танҳо љумҳуриявї, балки байналмилалї, инчунин нақбҳои мошингард босуръат идома дода шуд.
Мувофиќи талаботи иќтисодиёти бозаргонї ва таѓйироти географии вазъияти бозори љањонї шоњроњи автомобилии мамлакат дар асоси меъёрњои роњсозии љањонї таъмир ва сохта мешавад. Яке аз ин роњњо ќитъањои роњи байни Чанак – Бўстон – Хуљанд – Шањристон – Айнї – Анзоб – Душанбе буда, дигараш шохаи Душанбе – Кўлоб – Ќалъаи Хумб – Хоруѓ – Мурѓоб – Кўлмаро дар бар мегирад. Дар дохили мамлакат шохроњ ба якчанд шоха људо мешавад. Он на фаќат водињои алоњидаи Тољикистонро ба шоњроњ пайваст мекунад, инчунин барои ба роњи давлатњои њамсоя баромадан имконият медињад. Ин шохањо ба самтњои гуногуни њудуди давлатњои њамсоя нигаронида шудааст. Самти баромади шохаи Душанбе – Турсунзода – Айнї – Панљакент – Хуљанд – Бўстон – Чанак ба ѓарб ва шимолу ѓарб нигаронида шудааст. Аз ќисми шимолии шоњроњ, шохае аз Хуљанд – Исфара ба самти шарќ тўл кашидааст. Ин шоха дар гузашта тавассути ќаламрави Ўзбекистон Тољикистонро бо Ќирѓизистон пайваст мекард. Дар айни замон дар натиљаи монеањои гумрукии Ўзбекистон, ин шохаро берун аз ќаламрави он сохта истодаанд. Вай ноњияи Исфараро бо вилояти Ўши Ќирѓизистон мепайвандад. Шохаи Душанбе – Вањдат – Рашт – Љиргатол – Саритош ба роњи Ќирѓизистон мебарояд. Дигар шохае аз Кўлоб тавассути шањрчаи Панљ ба бандари Панљи Поён тўл кашидааст. Ин шоха ба Афѓонистон нигаронида шудааст. Ба ин маќсад дар Панљи Поён чандин кўпрукњои нав сохта истодаанд. Барои шоњроњ ва шохањои онро бехатар намудан ва ба талаботи меъёрњои љањонї мувофиќ намудан ѓайр аз кўпрукњое, ки дар дарёи Панљ сохта шудаанд, боз дар шоњроњ ва шохањои алоњидаи он зиёда аз 10 кўпрук сохта мешавад. Пас аз ќитъањои алоњидаи шоњроњ, шохањои алоњидаи он ва кўпрукњо пурра ба кор даромадан Тољикистон барои ба роњњои давлатњои њамсоя баромадан имконият пайдо мекунад. Муњимтарин нуќтањое, ки роњњои миллии Тољикистон ба дигар мамлакатњо мебарояд (аз љумла транзит), мавзеи Сари Осиё ва Ойбеки Ўзбекистон, Панљи Поён, Ишкошим (Афѓонистон), Кўлма (Хитой), Боткен (Ќирѓизистон) ба њисоб мераванд. Ин мавзеъњо љойњое мебошанд, ки Тољикистонро бо мамлакатњои њамсоя ва дигар мамлакатњои љањон пайваст менамояд. Тавассути мавзеи Ойбек роњи Алмаато – Бишкек, тавассути Панљи Поён роњи Хуљанд – Душанбе – Ќундуз – Баѓлон – Кобул, бо воситаи мавзеи Кўлма ва Панљи Поён яке аз роњњои наќлиётии оянда Ќашќар – Хоруѓ – Кўлоб – Имом – Соњиб – Мазори Шариф – Њирот – Машњад – Тењрон мегузаранд. Охирин роњ дар натиљаи сохтани ќитъаи роњи Кўлоб – Ќалъаи Хумб – Хоруѓ ва Кўлма пайдо шуд, ки он ноњияњои шимолии Афѓонистонро бо Эрон, Тољикистон, Ќирѓизистон ва Хитой пайваст менамояд.

Download 1,42 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   55   56   57   58   59   60   61   62   ...   70




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish