Мавзўи 4.Ањолї ва хусусиятњои геодемографии он. Сарчашмахои ахборот оид ба ахоли, динамикаи шумораи мутлаќи ањолї дар Тољикистон
Наќша:
Мафњуми ањолї ва моњияти тадќиќи он
Демография њамчун илм оид ба ањолї
Сарчашмањои ахборот оид ба ањолї
Шумораи мутлаќи ањолї ва афзоиши шумораи мутлаќи ањолї. Нишондињандањои мутлаќ ва нисбии он
Ҳанӯз солҳои 40-умиасригузаштагеографибузургвабоистилоҳ“Падаригеографияииқтисодӣ”Н.Н. Баранский муаллифони китобҳоигеографиярооидинодидагирифтанимасъалаҳоимарбутбааҳолӣтанқидкарда, навиштабуд: “Одамрофаромӯшкардед!!!”. Дарҳақиқатҳамаҳолӣасоситашаккулиҳарякдавлатмебошад. Барои нигоҳдоштанимустақилият, ҳудуд, инкишофи иқтисодӣвағайраҳоаҳолӣлозимаст. Аҳолӣ ин қувваиасосииистеҳсолкунандаваистеъмолкунандамебошад. Ҳарякдавлатбароибаландбардоштанисифатиаҳолиихудманфиатдораст. Барои амалӣкардани сиёсати давлатӣваинкишофииқтисодӣ – иҷтимоии давлат доштани маълумот оиди сохтори миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, синусолӣ, ҷинсӣ ва шумораи аҳолииҳарякиингурӯҳҳоиаҳолӣ зарур аст. Бинобар ин ҳардавлатташкилотҳоимахсусидавлатиихудродорад, ки бо қайд ва ҳисоби аҳолӣмашғуласт.
Дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷамъияти инсонӣ дар қатори омилҳои табиӣ, таърихӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ нақши омилҳои демографӣ мефзояд. Зеро ҳодисот, равандҳо ва вазъи демографӣ ба тамоми раванди тараққиёти ҷамъиятӣ алоқаманд буда, таъсири муттақобила мерасонад. Бинобар ин, бе таҳлили илмии омилҳои демографӣ тараққиёти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии давлат ва қисматҳои ҷудогонаи онро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст.
Предмети омӯзиши демография ин таҷдиди аҳолӣ (такрористеҳсолкунии насли одамӣ), яъне раванди беохири азнавшавии шумора ва сохтори аҳолӣ бо воситаи ивазшавии насл, бо воситаи раванди таваллуд ва фавт мебошад. Ҳамин тариқ демография илмест, ки қонунҳои таҷдиди аҳолиро, яъне қонуни барқароршавии насли одамонро, ки натиҷаи таъсири муттақобилаи таваллуд ва фавт, никоҳ ва талоқ мебошад, тадқиқ мекунад. Чи хеле ки маълум шуд, объекти омӯзиши демография ин одамон, яъне аҳолӣ аст, предмети омӯзиши демография бошад, қонуниятҳои таҷдиди аҳолиро дарбар мегирад. Демография қонуниятҳои таҷдиди аҳолиро вобаста ба шароитҳои муайяни чамъиятӣ - таърихӣ меомӯзад. Таҷдид, чи хеле ки қайд шуд, ин такрористеҳсолкунии насли одамӣ, яъне раванди беохири азнавшавии шумора ва сохтори аҳолӣ дар раванди беохири таваллуд ва фавт мебошад.
Демография ҳамчун илми мустақил қонуниятҳои тавлиднокӣ, фавтнокӣ, талоқнокӣ ва таҷдиди аҳолиро ҳамчун раванди ягона, вобаста ба шароитҳои иҷтимоӣ меомӯзад. Демография инчунин тағйироти сохтори синну солӣ, сохтори никоҳӣ ва оилавии аҳолӣ ва алоқамандии равандҳои демографиро тадқиқ карда, қонуниятҳои тағйироти шумораи мутлақи аҳолиро чун натиҷаи таъсири мутақобилаи ин ҳодисаҳо меомӯзад.
Дар асоси таҳлили тамоюлоти раванди демографӣ мутахассисон тағйиротҳои минбаъдаи шумора ва сохтори аҳолиро пешгӯӣ мекунанд. Ин пешгӯикуниҳои демографӣ на танҳо ба демографҳо, балки барои ҳамаи соҳаҳо зарур аст. Маҳз дар асоси пешгӯикуниҳои демографӣ ба нақшагирии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ: истеҳсолоти молу маҳсулот, соҳаи хизматрасонӣ, сохтмонҳои манзилӣ-маишӣ, захираҳои меҳнатӣ, тайёр кардани мутахассисон, роҳ ва воситаҳои нақлиёт имконпазир мегардад.
Фаҳмиши объективии қонунҳои таҷдиди аҳолӣ ва унсурҳои вай, муайян кардани хусусиятҳои иҷтимоии таҷдид ва тамоюлҳои вай ба демография имконият медиҳад, ки ба сиёсати оилавӣ, ки қисми таркибии сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сиёсати демографӣ, ки ба тағйиротҳои равандҳои демографӣ ва суръати афзоиши аҳолӣ нигаронида шудааст, маслиҳатҳои муфид диҳад.
Чи хеле ки б а Шумо маълум шуд, объекти омӯзиши демография ин аҳолӣ ва аниқтараш таҷдиди аҳолӣ мебошад. Дар зери мафҳуми аҳолӣ гурӯҳи одамонро, ки дар як территорияи муайян зиндагӣ мекунанд, мефаҳманд. Барои аксарияти илмҳое, ки аҳолиро объекти омӯзиши худ карор додаанд, ду хусусияти асосии аҳолӣ: миқдорӣ (яъне аҳолӣ ин маҷмӯи одамон) ва марзӣ (яъне аҳолӣ ба як територияи муайян вобаста аст) басанда аст, барои демография ин чиз ҳарчанд зарур аст, лекин нокифоя аст.
Барои омӯзиши аҳолӣ донистани шумораи аҳолӣ, сохтори синну солӣ, омилҳои ба таҷдид таъсиркунанда зарур аст, ки ҳамаи инҳоро демографияи оморӣ меомӯзад. Лекин демография боз тадқиқ карданаш лозим, ки кадом қонуниятҳо ба шумораи аҳолӣ, таркиби синну солӣ, ҷинсӣ ва ғайраҳо мусоидат мекунад, яъне бо ибораи дигар аҳолиро аз нуқтаи назари такрористеҳсолкунӣ меомӯзад. Дар демография аломати асосии аҳолӣ на аломати миқдорӣ ва на марзӣ, балки қобилияти худтаҷдидкунии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин дар демография аҳолӣ чун маҷмӯи худтаҷдидкунандаи одамон фаҳмида мешавад
Ҳоло ки мо оиди аҳолӣ ва ҷанбаҳои он ҳарф мезанем дар дунё ҳодисаҳои зиёде вобаста ба аҳолӣ рух медиҳад, ки аз ҳама ҳодисоти муҳим ин таваллуд шудани кӯдак мебошад. Олимон муайян карданд, ки дар тамоми ҷаҳон дар як сония 4 кӯдак ба дунё меояд. Ва баъзе одамон бо сабабҳои гуногун (пирӣ, беморӣ, ҳодисаҳои нохуши табиӣ, вазъияти иҷтимоӣ-гуруснагӣ, вазъи сиёсӣ-ҷанг, ҳодисаҳои нохуши техногенӣ ва ғайраҳо) мефавтанд. Дар Тоҷикистондар 1 рӯз 651 вадар 1 соат 27 нафаркӯдактаваллуд мешавад. Ҳамин тариқ, дар байни он кӯдакони тавлидшуда намояндагони 2 ҷинс ва дар байни одамони фавтида низ намояндагони 2 ҷинс мавҷуданд (лекин бо кадом миқдор?). Ҳамин тариқ аҳолӣҳамеша ҳам дар вақту ҳам дар фазо тағйир меёбад. Дар раванди таваллуд ва фавт афзоиши табиии аҳолӣ ба вуҷуд меояд.
Демография чун дигар илмҳои аҳолиро меомӯхта, бе ахборот оиди аҳолӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ахборотҳо оиди аҳолӣҳам барои тадқиқотҳои илмӣ ва ҳам барои пешгӯикунии демографӣ зарур аст. Чи хеле ки дар боло қайд шуд, шумора ва сохтори аҳолӣ мунтазам тағйир меёбад: одамон тавлид меёбанд, мефавтанд, ҷои зисташонро тағйир медиҳанд, ақди никоҳ мебанданд ва қатъи никоҳ (талоқ) мекунанд, мактабҳои олиро тамом мекунанд ва ихтисоси нав мегиранд.
Ҳамаи тағйиротҳое, ки дар шумора ва сохтори аҳолӣ ба вуҷуд меояд, ба инкишофи иқтисодиёт ва ҷамъият таъсир мерасонад. Дар як вақт тадқиқи қонуниятҳои инкишофи ҳодисаҳои демографӣ танҳо дар асоси ахбороти аниқ ва мӯътамади ҳодисаҳои демографӣ имконпазир аст.
Ахборот оиди аҳолӣ ба ахбороти якумин ва ахбороти дуюмин тақсим мешавад. Ба ахбороти якумини аҳолӣ маълумотҳои оморӣ дохил мешаванд. Ахбороти дуюмини аҳолиро дар асоси коркарди ахбороти якумини аҳолӣ, бо ёрии коэфитсентҳо ва ҳисобкуниҳои гуногун ҳосил мекунанд.
Ахбороти аниқвамӯътамадрохадамотҳоимахсусиоморидавлатӣмедиҳанд. ЧунинташкилотдарТоҷикистон Агентии омори назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистонба ҳисоб меравад.
Ҳоло чор сарчашмаи асосии ахбороти якумин оид ба аҳолӣ ва равандҳои демографӣ фарқ карда мешавад:
1) барӯихатгирии аҳолӣ,
2) ҳисоби ҷории ҳодисаҳои демографӣ,
3) тадқиқотҳои махсуси (ё интихобӣ) аҳолӣ,
4) рӯихат ва регистрҳои аҳолӣ.
Барӯихатгирии аҳолӣ сарчашмаи асосии ахборот оиди аҳолӣ мебошад. Маҳз барӯихатгирии аҳолӣ ба демографҳо, сотсиологҳо, иқтисодчиён ва ташкилотҳои давлатӣ ахбороти ба онҳо лозимаро медиҳад. Мувофиқи нишондоди комиссияи омории СММ «барӯихатгирии аҳолӣ ин раванди ягонаи ҷамъ кардани маводҳо оиди аҳолӣ, баҳо додан, таҳлил кардан, нашр кардан ва паҳн кардани нишондиҳандаҳои демографӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ба як вақти муайян ва давлати муайян тааллуқ дорад». Чи хеле ки аз муайянкунии СММ оиди барӯихатгирии аҳолӣ бармеояд, дар барӯихатгирии аҳолӣ на танҳо маълумотҳои демографӣ, балки маълумотҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ ҷамъ карда мешаванд. Якумин барӯихатгириимуташаккилдартериторияиқисмати шимолии марзи имрӯзаиТоҷикистонсоли 1897 дардоираи Якумин барӯихатгирии умумии аҳолии империяи Русия гузаронида шуда буд. Барӯихатгирии аҳолии Тоҷикистон дар ҳайати СССР солҳои 1920, 1926, 1937, 1939, 1959, 1970, 1979, 1989 гузаронида шуда буд. Ҳамчун давлати мустақил барӯихатгирии аҳолии худро Тоҷикистон солҳои 2000 ва 2010 гузаронид. Интизор меравад, ки барӯихатгирии навбатии худро Тоҷикистон соли 2020 мегузаронад.
Дар барӯихатгирии аҳолӣ якчанд категорияи одамон фарқ карда мешавад. Дар зери мафҳуми категорияҳои аҳолӣ характеристикаҳои умумии ин ё он маҳалҳои аҳолинишинро мефаҳманд. Ҳоло дар барӯихатгирии аҳолии Тоҷикистон 2 гурӯҳи аҳолиро муайян мекунанд: доимӣ ва мавҷуда.
Аҳолии доимӣ - ин гурӯҳи одамоне, ки дар ҷои муайян доимӣ зиндагӣ мекунанд, новобаста аз он, ки онҳо дар вақти барӯихатгирӣ дар куҷоянд ва онҳо ба рӯйихати ин аҳолӣ (яъне, қайди ҷои истиқомат доранд ё не) дохил мешаванд ё не. Ин категорияи асосии одамон мебошад.
Аҳолии мавҷуда ё шуморавӣ - ин гурӯҳи одамоне, ки дар ҷои муайян то вақти муайян зиндагӣ мекунанд, новобаста ба он, ки онҳо дар ҷои муайян чанд вақт зиндагӣ кардан мехоҳанд. Аҳолиимавҷуда (АМ) –ҳамаи одамоне мебошанд, ки дар лаҳзаинозукибарӯихатгирииаҳолӣдарҳудудидодашуда, якҷоябоаҳолиимувақаттӣқарордоштанд.
Як қисмиаҳолиидоимӣ, киҳангомибарӯихатгирииаҳолӣдарҷоидоимиизисташқарорнадошт, аҳолиимувақатанғоиб (МҒ) меноманд. Якқисмиаҳолиимавҷуда, кидарҳудудидодашудақарордоштулекиндоимӣдаронҷозиндагӣнамекунад, аҳолиимувақатансокин (МС) меноманд. Байнионҳочуниналоқамандӣмавҷудаст:
АМ=АД+АМС-АМҒ
АД=АМ+АМҒ-АМС
Дар аксарияти ҳолатҳошумораиаҳолиидоимӣазаҳолии мавҷудакамаст. Масалан, мувофиқи барӯихатгирии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2000, дар вилояти Суғд аҳолии мавҷуда 1875546 нафар ва аҳолии доимӣ 1871979 нафарро ташкил карда буд.
Барӯихатгирии аҳолӣқонунҳои (принсипҳои) асосии худро дорад: ҳамарофарогиранда, яквақта, конфиденсиалӣ бо барномаи ягона ва муттамарказонидашуда.
Қайд ва ҳисоби ҳодисаҳои демографӣ. Чи хеле ки дар боло қайд шуд, барӯихатгирии аҳолӣ шумора ва сохтори аҳолиро дар як вақти муайян тадқиқ мекунад. Саволе ба миён меояд, ки дар фосилаи байни барӯихатгирӣ демография маълумотҳоро аз куҷо мегирад? Сарчашмаи маводҳоро оиди ҳодисаҳои демографии давраи муайян аз қайди рӯзмарраи аҳолӣ, яъне қайдҳое, ки ба ҳодисаҳои муайян алоқаманданд гирифтан мумкин аст. Масалан, таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқро аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ ё ЗАГС-запис актов гражданского состояния), аз як ҷо ба ҷои дигар сафар карданро аз хадамоти корҳои дохилӣ (дар сурате, ки кӯчиш дар дохили мамлакат бошад) ва хадамоти сарҳадӣ (дар сурати муҳоҷират аниқтараш эммигратсия ва иммигратсия) гирифтан мумкин аст.
Нишондиҳандаи аввалине, ки таҳлили тағйироти аҳолӣ аз он сар мешавад, нишондиҳандаи шумораи мутлақи аҳолӣ мебошад. Нишондиҳандаи шумораи мутлақи аҳолӣ шумораи умумии аҳолиро дар вақти муайян ва територияи муайян мефаҳмонад. Маълумотҳоро оиди шумораи мутлақи аҳолӣ аз барӯихатгирии аҳолӣ ва ё аз ташкилотҳои махсус бо ёрии таҳлили тавлидшудагон, фавтидагон инчунин аз салдои муҳоҷират мегиранд. Мафҳуми «шумораи мутлақи аҳолӣ» ба назар содда намояд ҳам, дар асл мураккаб аст. Чи хеле ки дар мавзӯъҳои гузашта қайд шуда буд, дар омори демографӣ аҳолии доимӣ ва мавҷударо фарқ мекунанд.
Барӯихатгирии аҳолӣҳар ду категорияи одамонро ҳисоб мекунад, ки бо мақсадҳои гуногун истифода бурда мешавад. Дар як вақт шумораи доимии аҳолӣ ва шумораи мавҷудаи аҳолӣ (шуморавӣ) аз ҳамдигар зиёд фарқ мекунад.
Шумораи мутлақи аҳолӣ дар давоми вақт ба таври ҳамешагӣ тағйир меёбад. Барӯихатгирии аҳолӣ ин тағйиротро дар давоми вақти муайян муайян мекунад. Агар дар дасти мо маълумотҳои 2 давраи барӯихатгирӣ бошад, мо метавонем тағйироти шумораи мутлақи аҳолиро дар давоми
ин вақт ҳисоб кунем. Ин тағйирот, яъне фарқи байни нишондиҳандаҳои мутлақи аҳолӣ дар вақти астрономӣ афзоиши мутлақӣ аҳолиро мефаҳмонад. Афзоиши мутлақи аҳолӣ мусбӣ ва манфӣ мешавад. Агар шумораи мутлақи аҳолӣ дар давоми вақт аз будааш зиёд шавад афзоиши мутлақи аҳолӣ мусбӣ ва агар баръакс бошад манфӣ мешавад. Баъзе маълумотҳоро оиди афзоиши мутлақи аҳолии Тоҷикистон дар солҳои гуногун дида мебароем:
Do'stlaringiz bilan baham: |