Чи тавре ѐд шуд, њиндуизм динест, ки он аз љараѐну равияњои зиѐди
гуногун иборат буд. Ва ин њолат вазъи ногувори љамъияти ба кастањо
људошудаи сокинони кишварро ифода мекард. Људоии динї, људоии
иљтимої (кастањо) ба њаѐти љамъиятии њиндуњо таъсири сахти манфї
мерасонид ва имкон намедод, ки кишвар дар муќобили хатари аљнабиѐн
муттањид гардад. Ин њолатро фаъолони њаракати миллї баръало њис
мекарданд ва њанўз дар асрњои миѐна дар зери таъсири дини ислом чанд
кўшиши содагардонї ва ба низоми ягона даровардани динњо љой
доштанд. Чунончи, дар асри XV нафаре бо номи Кабир ба муќобили
сохти каставї, бисѐрхудої ва хурофотњо баромада, мехост њиндуњоро
дар атрофи як дин муттањид сохта, бар зидди мусалмонон мубориза
барад. Дар натиља равияе бо номи Кабир-Пантњи пайдо шуд, ки он то
имрўз вуљуд дорад.
Сикњњо
Дар охирњои асри XV дар натиљаи мубориза ба муќобили
мусулмонон равияи махсусе бо сардории марде бо номи Нанак пайдо
шуд. Ў њинду аз табаќаи тољирони кшатрий буд ва дар зери таъсири
сахти мавъизањои Кабир ќарор дошт. Муњимии таълимоти ў дар он аст,
ки Нанак мехост њам њиндуњо ва њам мусулмононро зери байраќи як дин
муттањид созад. Тарѓиботи Нанак дар байни мардум тарафдорони бисѐр
пайдо кард. Ў тавонист мардуми зиѐдеро муттањид созад. Дар давоми ду
аср тарафдорони ў аввал бо мусулмонњо ва баъд бо англисњо мубориза
бурданд. Вале ба љои муттањид сохтани намояндагони динњои гуногун
сикњњо худро бо равияи њарбию динии худ мањдуд сохтанд. Дар асри
XVII онњо давлати пурќуввате созмон дода, дар асри XVIII Панљобро
гирифтанд. Аз рўи маълумотњои соли 1970 шумораи сикњњо дар
Њиндустон 10 миллион нафарро ташкил медод. Сикњњо бе чуну чаро ба
сардорони худ итоат мекунанд. Китоби муќаддаси онњо «Ади-грантњ»
мебошад. Љамъияти онњо нињоят муттањид аст. Онњо аз фоидаи худ
барои общинаашон фоизи муайяне људо менамоянд, урфу одатњои худро
риоя мекунанд, либосњои миллї мепўшанд, мўи сару риши худро
наметарошанд, дастмонаи махсуси оњанї дар банди дастњои худ
меандозанд, ки аз рўи он сикњ буданашон маълум мегардад.
Азбаски динњою равияњои нињоят зиѐди њиндуистї ва инчунин сохти
каставї мардуми Њиндро аз њамдигар људо мекарданд, дар натиља
мардуми Њиндустон наметавонист дар муќобили аљнабиѐн муттањид
гардад, англисњо ин кишвари пањноварро ишѓол намуданд. Аз ин рў
зиѐиѐни њиндуњо дар асрњои XVIII-XIX ба ташкил намудани њаракати
динї-ислоњотї пардохтанд. Дар Банѓола ба ин њаракат олим Чайтаня
роњбарї мекард. Ў равияи нави вишнуизмро созмон дод, ки дар он на
маросимњои зиѐд, балки имону њиссиѐт чизи асосї буданд. Шогирди ў
Рам Моњан Рай бошад кўшиш ба харљ дод то аз дини бисѐрхудоии
њиндуия дини яккахудої бисозад. Бо ин маќсад ў њаракате созмон дод бо
номи «Брањма Самаљ», то ба ин восита зиддиятњои каставиро њељ
набошад мулоиму суст созад.
Дар нимаи дуюми асри XIX дар шимоли Њинд њаракати наве бо номи
«Ария Самаљ» пайдо гардид. Тарафдорони ин њаракат ба муќобили
ислому масењият баромада мардумро даъват мекарданд, ки ба дини
тозаю содаю ќадимаи худ-ведањо баргарданд. Њозир дар асри XXI ба
пешравию инкишофи маданию техникї нигоњ накарда мардуми њинду
њар кадом талаботи динњои худро риоя карда меоянд, маросимњои
ќурбонињои зиѐду дилбазани худро иљро менамоянд.
Хусусан дини њиндуия, ки сохти каставиро дастгирї менамояд ба
муттањидсозии љамъияти њиндуњо монеаи асосї мебошад. Махсусан
ањволи кастаи поѐнї-«махавњо», ки имрўз шашяки ањолии Њиндустонро
ташкил медињад, нињоят бад аст. Њарчанд расман људо кардани мардум
ба кастањо дар Њиндустон манъ карда шудааст, аммо дини њиндуия
чунин мешуморад, ки сохти каставиро худи Худо муайян намудааст. То
имрўз брањман агар ба «махав» даст расонад, дасташ гўѐ «њаром»
мешавад.
Дини њиндуия маросимњои майда-чуйдаи бисѐре дорад, ки риояи
онњо ваќти зиѐдеро талаб менамояд. Иљрои баъзе аз талаботњои дини
њиндуия ба мардуми њиндї зарари зиѐд мерасонад. Масалан талаботи
манъи куштани њайвоноти даррандаву њашароти зарарнок. Тибќи ин
талабот њинду њаќ надорад њайвоноти дарранда (шеру палангу гург)-ро
ва инчунин морњои зарарноку каждум ва ѓайраро бикушад. Дар натиља
њар сол њазорон нафар аз љониби даррандањо ва хазандањо кушта
мешаванд.
Њукумати Њиндустон динро дастгирї менамояд, вале дар айни замон
кўшиш мекунад, то онро модернизация намояд ва аз њар гуна маросиму
урфу одатњои даѓалу зарарнок онро озод намояд.
Аз дини њиндуия равияи йога ба Америкаву Аврупо (асарњои
Рамачараки) ва кишварњои дигар гузашта васеъ пањн шуда истодааст.
Do'stlaringiz bilan baham: |